Бахшҳо

“Рӯ ба рӯ”: Аз оғоз то анҷом

Нуралӣ ДАВЛАТ

Мақолаи мазкур таърихи ташкили нахустин созмонҳо, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бахши нахустин ба фаъолияти клуб ё маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ”, ки асосан дар охири солҳои 80-уми қарни гузашта дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт, бахшида шудааст.


ҲИЗБИ ЯККАТОЗ

Нахустин ҳаракатҳо ва созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар даврони бозсозии Горбачёв дар нимаи дуюми солҳои 80-уми қарни гузашта зуҳур карданд. Пайдоиши созмонҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ натиҷаи ислоҳоти ҳукумат буд, на мардум. Дақиқтараш, ташаббусро худи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ нишон дод, на ҷомеа. То замони бозсозии нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо ҳаин ҳизби ленинӣ фаъолият дошт ва дигар ҳама созмонҳои ҷамъиятие, ки амал мекарданд, дар зери итоати он амал мекарданд.

Саркӯб кардани аҳзоби ғайриболшевикӣ дар қаламрави собиқ империяи Русияи болшевикӣ баъди пирӯзии инқилоби Октябр дар соли 1917 шурӯъ шуда, дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти тамоми аҳзоби ғайр мамнӯъ эълон гардид. Ҳама кӯшишҳо барои таъсиси аҳзоби сиёсӣ ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Комитети бехатарии давлатӣ (КБД), ки вазифаи полиси махфӣ ва ҷустуҷӯи сиёсиро иҷро мекард, саркӯб мешуданд ва ташаббускоронаш ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуданд. Ба ҳар сурат иттилоъ дар мавриди кӯшишҳои таъсис додани созмонҳои сиёсӣ ва ё ҷамъиятӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикисон то замони бозсозии Михаил Горбачёвро надорем.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ба иддаои муассисонаш, гӯё дар ибтидои солҳои 70-уми қарни гузашта таъсис ёфтааст, бештар ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва маърифатӣ машғул будааст, на ба фаъолиятҳои сиёсӣ. Азбаски таърихи ҲНИТ як бахши ин мақола аст, мо сари ин масъала зиёд таваққуф намекунем.

Хулоса, дар ҷумҳурӣ то замони бозсозӣ танҳо як ҳизб расман фаъолият дошт - Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки он ҳам ҷузъи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави Республикаи автономии Тоҷикистон шурӯъ ҳанӯз солҳои 20-уми қарни гузашта шурӯъ гашта буд ва ҳамон айём қудрати сиёсиро дар ихтиёр дошт ва кӯшиш ба харҷ дод, ки зимоми қудратро баъди шикаи бозсозӣ ва пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ низ аз даст надиҳад. Ин амал ба коммунистони тоҷик даст дод, ҳарчанд ки баъди суқути ГКЧП дар даҳаи сеюми моҳи августи соли 1991 Ҳизби лениничиён дар ҷумҳурӣ зери фишори шадид монд ва фаъолияташ барои муддати кӯтоҳе мутаваққиф ҳам гашт. Аммо дере нагузашта, коммунистҳо боз аз хандақҳо берун баромаданд ва муборизаи беамонро бо мухолифони сиёсии худ сар карданд ва дар моҳи ноябри соли 1992 ба қудрат расиданд.

ГОРБАЧЁВИ РАҲГУМЗАДА

Дар ибтидо худи Горбачёв ҳам як ортодокси коммунист буд, ки намехост монополияи қудратро бо ягон каси дигар тақсим кунад. Сарфи назар аз ин, баъди расидан ба қудрат роҳбари нисбатан ҷавони давлати шӯравӣ нишон дод, ки ӯ аслан ҳеҷ гуна барнома барои баровардани кишвар аз вазъи ногувори иқтисодӣ надорад, алалхусус дар соҳаи кишоварзӣ, ки роҳбарии онро чанд сол дар Комитети марказии ҲКИШ ба ӯҳда дошт. Барномаи озуқаворӣ, ки ҳанӯз дар соли 1982, дар даврони зиндагии Леонид Брежнев қабул шуда буд, татбиқ нашуд, вале дар даврони Горбачёв соҳаи кишоварзӣ комилан муфлис гардид.

“Рӯ ба рӯ”: Аз оғоз то анҷомГорбачёв дар ибтидо хост, ки ислоҳоти иқтисодиро пиёда кунад, аммо тамоми барномаҳои ӯ дар ин соҳа бебарор анҷом ёфтанд. Ҳарчанд ӯ аз моҳҳои аввали ба даст гирифтани зимоми қудрат мақсад гузошт, ки вазъи мардумро беҳбуд бахшад. Нахустин иқдоми густурдаи ӯ мубориза алайҳи арақхӯрӣ буд. Азбаски ҳар сол буҷаи давлат беш аз 10 фоизро аз ҳисоби фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ пур мекард, солҳои минбаъда дефитсити буҷа ба амал омад. Дар бораи зарари равонӣ ва ҷисмонӣ ба мардуми Русия, ки асрҳо боз арақ менӯшид, чизе намегӯем. Ба дунболи ин Горбачёв ислоҳотро дар соҳаи автомобилбарорӣ эълон кард ва гуфт, ки дар ояндаи наздик Иттиҳоди Шӯравӣ ба яке аз содиркунандагони аслии мошинҳои сабукрав дар ҷаҳон табдил меёбад, вале ин иқдом ҳам натиҷа надод.

Раҳбари нави шӯравӣ муборизаро бо фоидаи муфт шурӯъ кард, вале баъдан ба фаъолияти кооперативҳо иҷозат дод. Қонунҳо дар бораи корхонаҳои сотсиалистӣ, хариди давлатӣ ва ғайраро қабул кард, вале бидуни натиҷа. Баъдан Горбачёв ваъда дод, ки то соли 2000-ум ҳар як шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби манзили алоҳида мешавад.

Ҳамин нокомиҳо дар бахши иқтисод Горбачёвро таҳрик доданд, ки дар соли 1987 ба ислоҳоти сиёсӣ рӯ орад. Вале ин як тактика буд барои Горбачёв, то умри сиёсии худро дар Кремл дароз кунад. Зеро Горбачёв медонист, ки дигар роҳе барои дар сари қудрат монданро надорад ва ин натиҷаи сиёсати носанҷидашудаи худи ӯ буд. Нокомиҳои Горбачёв ду сабаб доштанд. Якум ин ки худи ӯ барои идора кардани чунин як давлати бузург бузург тайёр нест ва баъдан, бозсоии ӯ ҳеҷ гуна барнома надошт. Вақте ки Горбачёв бозсозиро шурӯъ кард, худи ӯ намедонист, ки бозсозӣ чист? Аз ин рӯ, ӯ дар ибтидои шурӯъи ин иқдом боре гуфта буд, бозсозӣ чунин махно дорад, ки бояд ҳар кас дар ҷои худаш фаъолият кунад. Горбачёв пахши барномаҳои радиоҳои мухолифи давлати шӯравӣ, аз қабили Би-Би-Сӣ, Озодӣ, Садои Амрико ва ғайраро тавассути истгоҳҳои муқтадири мавҷзан қатъ кард, сензураро барҳам дод ва як қатор диссидентҳои машҳурро аз қабили академик Андрей Сахаров озодӣ дод.

Ҳамин диссидентҳои озодшуда ҳамроҳи кормандони хурди илмӣ ва мудирони лабораторияҳои институтҳои тадқиқотӣ дар Маскаву Ленинград нахустин клубҳо ё маҳфилҳои сиёсӣ-мубоҳисавиро ташкил карданд. Дар ибтидо дар ҷаласаҳои ин маҳфилҳо бештар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор мегирифтанд, чунки ташаббускорон ба оянда ё пирӯзии бозсозӣ ва сарнавишти минбаъдаи худ зиёд бовар надоштанд.

Маъруфтарин маҳфилҳо, ки дар солҳои 1986 ва 1987 ташкил ёфта буданд, «Клуби ташаббусҳои иҷтимоӣ», «Перестройка» ва «Перспектива» маҳсуб мешуданд, вале баъдан дар аксар шаҳрҳои калон ва пойтахтҳои собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ин гуна маҳфилҳо таъсис ёфтанд.

ШАМОЛИ БОЗСОЗӢ

Аммо вазъияти Ҳизби коммунист баъди конфронси 19-уми ҲКИШ, ки дар тобистони соли 1988 баргузор гардида буд, заифтар гардид, чунки Горбачёв ислоҳоти густурдаи сиёсиро эълон кард. Мақсади аслии ин ислоҳот баргардондани қудрати сиёсӣ аз дасти Ҳизби коммунист ба ихтиёри шӯроҳо буд. Ин чӣ маъно дошт? Маънояш ин буд, ки дар Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравӣ зиёд дар бораи ҳокимияти шӯроҳо гуфта мешуд, аммо дар асл, қудрати сиёсиро Ҳизби коммунист дар дасти худ қабза карда буд. Ҳатто номи ин давлати абарқудрат дар таркиби худ вожаи «шӯравӣ» ё «шуроӣ»-ро дошт, вале дар асл, шӯроҳои ҳама зинаҳо мақомоти формалӣ ҳисоб мешуданд.

“Рӯ ба рӯ”: Аз оғоз то анҷомДар моддаи 6-и Конститутсияи соли 1977 нақши пешбарандаи Ҳизби коммунист махсусан таъкид мегардид. Гузашта аз ин, тамоми раисони шӯроҳои тамоми зинаҳо узви ҳизб буданд. Аз ин рӯ, онҳо аз хатти кашидаи ҳизб намебаромаданд ва тамомит супоришҳои онро хоҳу нохоҳ иҷро мекарданд. Ислоҳоти эълонкардаи Горбачёв дар бораи баланд бардоштани мақоми шӯроҳо зарбаи нахустинро ба якпорчагии ҲКИШ зад, зеро аз ин ба баъд мақомоти ҳизбӣ ҳуқуқ надоштанд ба корҳои хоҷагидорӣ дахолат кунанд. Яъне, фаъолияти мақомоти ҳизбӣ бо корҳои идеологӣ маҳдуд мешуд. Ин зарбае буд ба органҳои ҳизбӣ, ки дар ҳама идораҳо, шурӯъ аз зинаҳои поёнӣ то болоӣ сарнавишти корхонаҳо ва роҳбарони онҳоро дар ихтиёр доштанд.

Ҳамин тариқ, дар ибтидои соли 1989 котибони ҳизбӣ аз сатҳи ноҳия то сатҳи ҷумҳуриҳо миёни ҳам рақобати ошкору пинҳонро сар карданд, зеро баъди интихоботҳои солҳои 1989-1990 ҳам дар марказ ва ҳам дар ҷумҳуриҳои миллӣ қудрати сиёсӣ ба ихтиёри раисони шӯроҳо мегузашт.

Котибони ҳизбӣ тамоми кӯшиши худро ба он равона мекарданд, ки дар интихоботҳои раисони шӯроҳо курсиҳоро соҳиб шаванд, дар акси ҳол, аз мансабҳои равғанӣ халос мешуданд. Дар навбати худ, раисони шӯроҳо намехостанд курсиҳои худро ба роҳбарони ҳизбӣ бидиҳанд. Дар натиҷа, дар интихоботҳо ихтилофҳои шадид миёни роҳбарони шӯроҳо ва котибони ҳизбӣ авҷ гирифт.

Рахнаи ҷиддӣ дар сафҳои Ҳизби коммунист баъди таъсиси Платформаи демократӣ аз ҷониби коммунистони норозӣ ворид гардид. Бинобар ин, дар Русия, Прибалтика ва бархе ҷумҳуриҳои славянӣ теъдоди бузурги коммунистон ҳизбро тарк карданд. Дар соли 1988 нахустин аҳзоби ғайрикоммунистӣ дар Русия таъсис ёфта, ба яккатозии Ҳизби коммунист хотима дода шуд. Дар солҳои баъдӣ боз чанд ҳизби сиёсии дигар дар Русия ва ҷумҳуриҳои миллӣ таъсис ёфтанд.

Тоҷикистон то даврони бозсозӣ ва баъди он ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ як гӯшаи ақибмондаи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёфт ва сарнавишти он аслан дар Маскав ҳал мешуд. Коммунистони тоҷик асосан иҷрокунандаи супоришҳои партия ва ҳукумати шӯравӣ буданд, аз ин рӯ, аз хатти кашидаи Кремл берун намебаромаданд. Роҳбарони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон на танҳо мустақил набуданд, балки мустақил шудан ҳам намехостанд. Барои онҳо маъқул буд, ки иҷрокунандаи супоришҳо бошанд, зеро дар ин сурат барои рушди ҷумҳурӣ зиёд андеша кардан лозим намеомад. Госплани Маскав дастур медод ва инҳо дастурҳоро иҷро мекарданд. Ба ҳамин хотир, шамоли бозсозӣ ба Тоҷикистон нисбатан дертар расид, зеро пешвоён ба фармонфармоӣ одат карда буданд. Дар оғози соли 1989 ин шамол ба хубӣ эҳсос гардид ва он барои роҳбарон ғайричашмдошт буд.

Пешвоёни коммунисти ҷумҳурӣ дар сардаргумӣ қарор гирифтанд, чунки новобаста аз шиори машҳури «Партия ва халқ ягонаанд», кайҳо аз мардум дур шуда, як ҷузъи партократия ва ё номенклатураро ташкил медоданд.

ЗУҲУРИ СОЗМОНҲОИ ҶАДИД

Нахустин маҳфилҳои сиёсиву мубоҳисавӣ ва аҳзоби ғайрикоммунистӣ дар Тоҷикистон охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум зуҳур карданд. Ба ин гурӯҳ клуби «Рӯ ба рӯ», созмони «Ошкоро», Ҷунбиши мардумии «Растохез», Ҳизби демократ ва Ҳизби наҳзати исломӣ шомил мешуданд. Ҳамаи созмонҳое, ки номбар шуданд, дар як марҳилаи ҳассос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик пайдо шуда, ба равандҳои сиёсӣ таъсир расониданд.

Мо ҳоло дар ин қисмат дар бораи маҳфили сиёсӣ-мубоҳисавии шаҳри Норак - «Дирафши Ковиён» ва ҳаракатҳои «Эҳёи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанду «Ваҳдат»-и шаҳри Ӯротеппа маълумоти мухтасар медиҳем. Пайдо шудани чунин маҳфилҳо аз огоҳиҳои сиёсии як гурӯҳи муайяни шаҳрвандон ва ворид шудани онҳо ба корҳои сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин маҳфилҳо бо созмонҳои душанбегӣ иртибот доштанд ва аз таҷрибаи онҳо дар фаъолияти худ истифода мекарданд. "Дирафши Ковиён" - маҳфили сиёсӣ-мубоҳисавие буд, ки аз ҷониби комитети комсомолии шаҳри Норак таъсис ёфт ва дар ҷаласаҳои он то 300 нафар ширкат мекарданд. Толорро барои гузаронидани мулоқотҳо идораи комсомоли шаҳр пешниҳод мекард.

Дар ибтидо ташаббускорон ният доштанд, ки маҳфилеро ба мисли «Рӯ ба рӯ» таъсис диҳанд, чун аксар аъзо ва ташаббускорони «Дирафши Ковиён» дар мулоқотҳои ин клуб фаъолона ширкат мекарданд ва тарзи корбариашро медонистанд.

Ҳамчунин роҳбарияти ин маҳфил раиси клуби «Рӯ ба рӯ» ва котиби он «Ҷумъахон Исоевро ба меҳмонии расмӣ даъват карда, барои самараноктар кардани кори «Дирафши Ковиён» маслиҳатҳои муфид низ гирифта буданд. Бояд гуфт, ки аъзои фаъоли "Дирафши Ковиён" асосан равшанфикроне буданд, ки дар шаҳру деҳоти Норак зиндагӣ мекарданд. Аксаран муаллимон буданд, вале дар миёни эшон технократҳо ва низомиён ҳам ба чашм мерасиданд. Маъмулан, ба мулоқотҳо кормандони ҳизбиву ҳукумати шаҳри Норак даъват мешуданд. Аммо баъдтар «Дирафши Ковиён» ба мисли «Рӯ ба рӯ» аз созмони комсомоли шаҳри Норак фосила гирифта, мавқеи худро бо Ҷунбиши мардумии «Растохез» наздик кард. Кӯшиши ташкил кардани чунин маҳфилҳо дар баъзе ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ сурат гирифт. Масалан, комосомоли ноҳияи Вахш маҳфили сиёсӣ-мубоҳисавии «Таҷдид»-ро ташкил кард, аммо дар бораи фаъолияти он мо иттилои кофӣ дар даст надорем.

Ҳамчунин дар мавриди фаъолияти созмони «Бохтар»-и ноҳияи Ховалинг ҳам иттилооти кофӣ дар даст нест. Ба ҳар ҳол, дар бораи онҳо дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ ягон гузориши ҷолиб интишор нагардидааст. Дар ин давра бархе ҳаракатҳо, аз қабили «Эҳёи Хуҷанд» ва «Ваҳдат»-и шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) низ таъсис ёфтанд. «Эҳёи Хуҷанд» мақсад дошт, ки тамоми қудрати сиёсӣ ба таври эволютсионӣ ба шӯроҳо дода шавад. Мақсади аслии «Эҳёи Хуҷанд» баргардондани номи таърихии шаҳри Хуҷанд буд. Аъзои ин созмон ният доштанд, ки дар системаи сиёсӣ ва ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ тағйироти куллӣ ворид кунанд.

Дар охири соли 1990 ин созмон тавонист тавассути раъйпурсӣ номи қадимии шаҳр - Хуҷандро баргардонад.
Баръакси ин созмон, ҳаракати «Ваҳдат»-и шаҳри Ӯротеппа ҷонбдори бо роҳи инқилобӣ шикастани системаи кӯҳна ва ба ихтиёри шӯроҳо додани ҳокимияти сиёсӣ буд. Ба ҳамин хотир, онҳо талаб гузошта буданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ду вазифа, яъне курсии котибони ҳизбӣ ва раисони шӯроҳо ба ихтиёри як нафар дода нашавад.

Дар баробари ин, ҳаракат бо ҳукумати шаҳри Ӯротеппа иртиботи хуб дошт ва қудрати сиёсиро талаб намекард. Пешниҳоди «Ваҳдат» ин буд, ки мақомоти маҳаллӣ бояд фаъолияти ошкор дошта бошанд ва ҳар даҳ рӯз як бор дар рӯзномаи шаҳрӣ маълумот дар бораи истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулоти гӯшту шир пешниҳод кунанд.

«Ваҳдат» ҳамчунин талаб мекард, ки фонди манзили шаҳр тафтиш карда шавад ва натиҷаи расмии он чоп шавад. Гузашта аз ин, аз болои идораҳои савдо, хӯроки умумӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва хизматрасонӣ назорати ҷамъиятӣ ташкил карда шавад.

(Давом дорад)
Мӯҳр
Xele maqolai "informative" ! Xohoshi xondani 4unin maqolahoro doram.

уф
аз торих бизорамягон чизи соз навиштан даркор

бояд хнит барвакт баста мешуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)