Бахшҳо
20 сен 2016 14:38Тоҷикистон / Сиёсат

Хоҳиши бозгашти наҳзатиҳои фирорӣ ва ваъдаи омбудсмени тоҷик: Суҳбат мекунем...(АКС)

Як гуруҳ ҷавонони тоҷик, ки худро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшаваи Аврупо хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.

Ин гуруҳ, ки ҳудуди 20 нафарро ташкил медиҳад, 19-уми сентябр вориди толоре шуданд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ҷараён дошт. Дар ин ҷаласаи солона, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои САҲА ҷараён дорад, Тоҷикистонро дар баробари намояндагони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик намояндагӣ мекунад.

Эътирозгарони тоҷик, ки вориди толори ҷаласа шуданд, дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор рост истода ба ҷараёни ҳамоиш халал ворид накардаанд.

Дар ин бора иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла Стив Свердлов, масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар саҳифаи интернетияш хабар додаст.

Хоҳиши бозгашти наҳзатиҳои фирорӣ ва ваъдаи омбудсмени тоҷик: Суҳбат мекунем...(АКС)


Дар доираи ин ҳамоиш эътирозгарон дар хитоб ба Ализода изҳор доштаанд, ки ғурбаташон ихтиёрӣ несту хоҳони бозгашт ба Ватан мебошанд ва барои ин бояд риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таъмин бошад. Дар посух омбудсмени тоҷик изҳор дошт, ки сафараш ба Варшава ду ҳафта давом мекунад ва ваъда дод, ки тайи ин муддат бо эътирозгарон суҳбати муфассал хоҳад дошт.
Мӯҳр
ҲОҶӢ
Суҳбати муфассал мекунед, намекунед фарқ надорад. То ҳол Тоҷикистон ягон душмани идеологиашро набахшидааст!Ализода ҳам салоҳияти чунин корро надорад

мухочири сарсон
Аз хамаи эътирозгарон хохиш карда мешавад ки то тамо шудани конфронс 10 руз паи хам чамъ шудан гиранд. Ин ба нафъи мо мухочирон аст. Хатман бо ин одам сухбати ру ба ру гузаронанд. Саволхои худро кушоду равшан пешкаш намоянд ва то чавоби мушаххас нагиранд рахояш накунанд. Хатман аз аввал то охир сабт намуда ба интернет гузоранд.

Азим
Бо кадом акл дидаву дониста хукумати Точикистон аъзоени гурухи террористии "ХНИТ"ро ба зарари халк ва ба зарари озодии ватан онхоро Точикистон баргардонад???? Онхо ба ватан хеч хубие накарданд ва намекунанд!

Коно
Ализода ҷудо ҳам шух будааст ку!

а
Азим,

Ки дар Точикистон ба каси дигаре хуби карда буд?

Точик
Факат ба як шарт бояд инхоро ба ватан бозгардонид шарт хамин ки бипазиранд ки он дин ва хонаи Аллох чояш масчид аст хамон хам бо бастани занчири хукумат ва адолату конун дар пояш. Ин гули биёбони араб хамин ки аз масчид берун шуд андешахои кудакони моро хароб ва аз фархангу хираду инсоният дур хохад кард ва куштори мукаддас нафрини муккаддас милигарои харом, ракс харом консерт харом намоз нахондан гунох, фикри гайрандешон ва дигарпиндронро шунидан харом ва суханхои эшони Н ва Эшони Х.М халол ва китоби мукаддаси мо комилу чомеъ аст гуфтани харфхои бепояву бун ва зиддиинсониро таблиг мекунад. Зинда бод озоди, поянда бод Точикистони озоди ман.

Точик,
Бовар ку ҳами гапои гуфтагита тамоман нафаҳмидам, ба фикрам ки дар долони мактаб хондагии?! Ту аввал бирав илму одоби хуб биомӯз, баъд дар ин ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарф бигу... Ҳамин гапое ки дар инҷо гуфтаи бағайр аз худат касе чи гуфтани туро дар намекунад....

Эй касе кӣ худро точик гуфти, бо ин гапҳоят сад номаъкул карди. Дини Аллох ҳама вакт галаба мекунад.

Сухроб
Ба ду та А-и болои. Аз номхои арабиатон маълумай ки шумо ки хастен

немати
Аъзоёни ХНИТ дубора хамчун солхои навадум хостанд Точикистонро ноором созанду чанги бародаркушро огоз намоянд. Аммо тирашон хок хурд. Мардуми Точикистон дигар аз кафои инхо намераванд.

Мардуми точик хаку нохакро бисёр хуб медонад ин шумоён ду се фабрикахои чавоб хак надоред аз номи тамоми точикистон лаб кушоед ватан барои хама азиз аст хама мехохад дар ватани худаш кору фаолият дошта бошад агар шароити иктисоди дар ватани мо мешуд хечкас дар айни чавони ё пири оилаи худашро тарк карда ру ба мухочири намеорад.Барои хониши фарзанд шуда дар ба дар шудем донишгохо то пул нагирад бахо намемонад руирост агарчи ту аълохон бошихам.тамоми дунё холи моро медонад акнун халки точик худаш аз холи худаш бехабар аст офарин ба аклу часорататон ки аз номи милат гап мезанед якбор аз номи мухочирхое,ки дар ба дару сарсон аст гап занед мухтарам фабрикаи чавоб якбор акалан гуед ки мана мо барои ватан хамикадар хизмат кадем обод кардем гуфта бо далел онро исбот кунед коре аз дастатон намеояд аммо гунохро болои бегунох бор мекунад.Рахмат ба инсофу адлу дурандешиву саводнокитон бахои худатонро дар назди вичдонатон худатон дихед........................................

Мехровар
ман аз бегонагон харгиз нанолам....
худкушу бегонапараст...
эй хамватан ба хамдигар чунучаро чаро...
бие то кадри хамдигар бидонем....
гаразхо тира доранд дустиро...
гаразхоро чаро аз дил наронем.


Сайдамров Сафарали
ХНИТ илтимос монед ором зиндаги кунем. намаки миллат куртон кнад дар пеши хоричихо шармандамон каден ба чои пешрави.....?

Сайдамров Сафарали
Хамин ХНИТ дар фазои сиёсии Точикистон умуман лозим нест, зеро дар Интихоботи соли 2015 маълум гашт, ки ракобат карда наметавонад чунки мардум як бор нотенчира дид пайрави Рохбари давлат шавед

Шайх Рахмон
Имруз хеч кас гуфта наметавонад бигуяд,ки хизби у хизби Худо аст, чунки Худованд,ки Холики замину осмонхо ва хамаи мавчудоту махлукоти онхост, ба ягон хизбу харакат, мансабу сарвату кудрат ниёз надорад.
Аз хамин лихоз, чомеаи имрузаи мо,ки аксар (99%) мардуми мусулмонанд, эхтиёч ба хизбе бо номи ислом надоранд, мо худ дар рохи Худо хастему Худо бузург аст, Аллоху Акбар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)