Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 сентябр 2021, 07:32

(ВИДЕО) Бобоназарова: “Ба ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст”

11 октябр 2013, 11:48

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то кунун 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст. Дар ҳоле ки барои сабтиноми расмии номзад ба мақоми президентӣ дар Кумисюни марказии интихобот 210 ҳазор имзо зарур мебошад.

Ба ин тартиб, аз рӯи қонуни интихобот хонум Бобоназарова аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии президентӣ маҳрум шуда, майдонро барои рақибонаш холӣ гузошт. То кунун Кумисюни марказии интихобот шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки дар миёнашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ низ ҳаст.



Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аз рӯи таҳлилҳояш ва баромади номзадҳои дигар, ӯ яке аз рақибони аслии оқои Раҳмон дониста мешуд ва дар сурати сабтиномаш бозии асосӣ миёни ин ду нафар ҷараён мегирифт. “Аз рӯйи таҳлили ман, ҳамаи номзадҳои дигар бо ҳукумат дар як команда ҳастанд”,-афзуд ӯ.

Вай, ки рӯзи 11 октябр дар нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, “фикр мекардам, ҳатто ин миқдор имзоро намегирем. Рақиби ман як Раҳмон набуд, рақиби ман тамоми ҳукумат ва ниҳодҳо буданд.” Бобоназарова дар идома афзуд, “ба мо аз 8 ҳазор камтар овоз намерасад. Баъзеҳо ба назди мо меоянд, ки пештар имзо монда буданд. Онҳо мегӯянд, агар имзои худро бозпас нагиранд, бо мушкили зиёд рӯбарӯ мешаванд. Ман бар ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст. Медонистам, ки бисёр қонуншиканӣ мешавад, аммо то ба ин дараҷа фикр намекардам. Ин ҳама фишор ва вазъият бозгӯи ин аст, ки ҳукумат намехоҳад аз сари қудрат биравад.”

Номзади ягонаи ислоҳотхоҳон гуфт, рӯзҳои наздик ҷаласаи васеи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ даъват шуда, дар ин замина қарори худро қабул хоҳанд кард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷикро ба мақоми президентӣ пешниҳод карда, ба ҷамъоварии имзо шурӯъ намуд. Бар асоси қарори Кумисюни марказии интихобот бояд онҳо то ҳафтуми октябр 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда, ба ин ниҳод месупориданд. Аммо баъдан, КМИР эълон кард, ки бо дархости Ҳизби демократу коммунист ва сотсиалист ин муҳлатро то 10 октябр тамдид кардааст. Бо ин ҳол, ислоҳотхоҳон мегӯянд, имзои ҷамъовардаашон кофӣ нест ва онҳо зарур намедонанд, ки рӯйхаташонро ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи бойкоти интихобот гуфт, "инро ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ муайян мекунад."


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Наравед

  • 11 октябр 2013 14:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ин хукумат буи умед нест. Ба интихоботСпектакл наравед, хамдиёрони азиз. Касе меравад, у худашро тахкир кардааст!
Посух додан
  • Мухтор

  • 11 октябр 2013 14:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукуматдорон таъин фахмиданд,ки агар хонум Ойнихол Бобоназароваро ба интихобот рох диханд, бештари мардум ба у овоз медиханд.
Посух додан
  • Ман

  • 11 октябр 2013 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фахмидан мумкин,ки дар Точикистон хамаги мусалмони хаконии Худотарс 201236 ода будасту халос! Боки интихобот хамаш дуругай. Ракиби вокеи дигар нест 5% овозам намегирад.
Посух додан
  • ашти аз ашт

  • 11 октябр 2013 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охир ин кабири ва рахматако фурухтаи пулу мол шуданд йо инки тарсонданд аз боло
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом бародарони муҳтарму гироми бовар кунед ман ба ин ҲНИТ ҳайрон шудам ки чаро инро яъне ин занро мурашшаҳ намудааст боз аз номи ислом сухан мекунаду гуё ки вакили исломиҳо дар рақобати ин ҳукумати кунуни мебошад ин комилан хатоаст вақте ҳизби исломи ин гуна хатои амди мекунад ба номи ислом ҳаргиз нусрат намеёбат раҳмат ба мардуме ки ин занро барои соҳиби курси шуданашон имзо надодаанд . Вале ман тарихи ҲНИТ хондаа омада то имруз ин ҳизби мазкур худро чунон нишондод ки дар хулоса гуфта мешавад ки барои соҳиби вазифаи рафиъ шудан ҳозирааст ки аз Яҳудҳам ёри талаб намояд агар касе ки дар ин шак дошта бошад марҳамат таризи Бобоназароваро хонад то донад ки ин Бобоназаровае ки ҲНИТ интихобаш кардааст кист ва то куҷо мумкин буд ки миллати моро мебурд. Ман ба ҷавонони Назти гуфтаниаам ки эҳтёт намоед ки ин певоҳои шумо шуморо ба ҷои торике мебаранд аз онҷо баромадан бисёр душворвст.
Посух додан
  • фира

  • 11 октябр 2013 15:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо дар хакика ин имзохоро ба мехнати халол хона ба хонаи мардум гашта чам овардед ...лек дигар хизбхо не шумо дар суд мурочиат кунед санчанд ин хама хилофи конун мебошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ой бародарони нахзати ва сотсиал демократхо чи Шумо ин кадар гавго бардошта истодаед. Хамин Ойнихолро, ки дар синни нафака мебошад Шумо гаранг карда сарсону саргардонаш кардед бас нест, ки боз нисбати дигарон ин кадар сафсатгуи мекунед. Аз хамин ситоди нахзати ислом нафарони аник гуфтанд, ки онхо 1000 имзо чамъ карда натавонистанд вале ин кадар дуруг мегуед. Лидератон Кабири худ икрор шуд, ки дар якруз 10 имзо чамъ кардаасту халос. Шумо шарм намедоред, ки ин кадар дуругбофи мекунед. Наход, ки аз даруни нахзатихо як марде пайдо нашуд, ки номзадиашро пешниход кунад. Хамаи Шумо дар паси як бечорае, ки аз барномаи нахзати ислом хабар надорад, пинхон шуда лаккигари мекунед. Апаи Ойнихол иситрохат карда гард, лекин дуюмбора фирефтаи ин нахзатихою сотсиал демократхо нашавед. Чунки ин нахзати Худоро ва сотсиал демократхо демократияро фиреб медиханд. Касе аз пушти онхо равад расво шавад, ба монанди он ки аз пушти зог рави.
Посух додан
  • Абдуллох

  • 11 октябр 2013 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё ин чи беадолатис чаро касоне дарохи хак чофидоянд хамеша зердастанду озор мебинанд ту хамаашро хуб медни ки хакаст ки нохак ман дар Донишгох кор мекунам ва ба валло касам мехура ва касоне ки ин саганди маро мехонанд рузи киёмат шоид бошанд ки касе багар аз мансабдорони хушомадгу ба ин хизбхо ки имзо чамовари карданду ман мани мекунанд имзо нагузоштааст мардуми мехнат каши бечораи ки танхо хаки мехнат карданро доранду хаки озод мурдан ягон имзо нагузоштааст агар гузоштабошад хам аз руи тарс гузота аст, Дигар панох бар Худо
Посух додан
  • точик духтар

  • 11 октябр 2013 16:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародарон биёед хакро сухбат кунем рости гап ман ин нафарро яъне ОЙнихолро хамин чанд рузаи мешиносам ман худам тарафдори ХНИТ хастам ва хохам буд тасмимам дар интихобот ба Кабири овоз додан буд вале афсуз устод нагузоштан номзадиашонро.... ваи хамчун рохбари хизб бо мардум чандбор мулокот карду ба кадом минтака сафари кори кард охи ки мардум шиносаша ваия хичка намешиносад болои ин ки ба макоми президенти фикр мекунам дар Точикистон зан бошад намешавад занам мешуд зани чидди мешуд
Посух додан
  • Содик

  • 11 октябр 2013 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар чаноб марди богайрат бошад хаминро низ дар ин сабкат рох медихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О бародархо худатон ба худатон соз нагирифтед, Зоиров анчуманашро баъди интихобот мегузаронидааст, Рачаби Мирзо хизбро ранги газета кардааст, имруз дар як хизб пагох дар хизби дигар нул мезанад. Шумо бо ин кирдоратон Ойнихолро гамгин карден. Кор осон нес. Дар ичлосияи 16-уми ШО осон буд рохбарии давлатро ба ухда гирифтан. Дар дастархони тайёр даст дароз кардан осон. Хеч касро гунахкор нахисобед, гайр аз гурухатон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бечора зиёда аз 210 хазор имзо гирифтааст ку с учетом мухочирин ки дар ЧТ нестанд монед ки иштирок кунад хеч гап не ку.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба точик духтар! Устоди Шумо М. Кабири тичорат аз даст наравад гуфта Р. Зоировро фиреби дод!
Посух додан
  • кулоби

  • 11 октябр 2013 18:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале бойкоти интихоботро элон кардан лозим.Хама медонанд ки мухолифони хукумати Рахмон аз тарафдоронаш бештар уро шахсоне тарафдоранд ки дар хукумат кор мекунанд ва шароити хуб доранд вале мухолифонаш хама мардуми камбагалу Исломдуст мебошанд ки кариб хама ахолии кишвар мебошад.Бояд гуфт аз хисоби бемасъулитии хукуматдорони мо кариб аз хар оилаи шахрванди Точикистон як е ду нафар дар хоричи кишвар дар шароити гайриинсони кор мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асалому алейккум хонум Бобоназарова инхамаш мегузарад мо мефахмем ин хамаш бозихои сиёсати хаст лек хамун гуфтахои шумо дар хакикат дуруст хаст ки ин хукумат тарсу хаст ва намехохад он вазиру раисчао курсихои худро холи кунанд.Лекин чавононро дастгири кунанду онхоро таёр кунанд барои ояндаи точикистон. Як ду савол дорам барои окои Кабириву Зоиров ...
1) Окои Кабири барои чи кушиши худро накардед ба мо фурсат гиред.
2) Окои Р.Зоиров барои чи номзадии худро гузошта будед пас гирифтет мо бо ояндаи шумо интизор будем чунки шумо тасидед аз хамон хукуматдорон яъне гуфтанд шуморо агенти узбак хасти......в салому дигар бойкот точикистон!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!