Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам... » Страница 4 » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 сентябр 2019, 11:45

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам...

15 май 2015, 20:50

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар пайи нашри шеъри баҳсбарангезаш дар бораи қатли Фархунда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ваҳшонияти бемисл”-и ин ҷиноят боис шуд, ки ӯ дар бораи Фархунда шеър эҷод кунад.

Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди шеъри нави Бозор Собир, “Озодагон” нахуст, суол кард, ки чаро маҳз қазияи Фархунда мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст, зеро ҷиноятҳои даҳшатнок ва қатли мазлумонаи афроди бегуноҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кам нестанд?

Бозор Собир: Бале, ман дар сомонаатон хондам, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо шумо ин суолро гузоштааст. Сафир маро экстремист гуфтааст. Кори Афғонистонро монда, ба тоҷикҳо гӯиё дилсӯзӣ кардасту гуфтааст, ана шуморо ҳам мекушанд ку дар Маскаву дигар ҷойҳо. Бале дар Русия ҳам мекушанд, дар Амрико ҳам мекушанд дар дигар ҷойҳо низ мекушанд, ин дуруст аст. Дар ҳама ҷо мекушанд, лекин ба ин ваҳшонияте, ки дар Афғонистон мекушанд, дар ягон ҷои дунё нест. Боз як духтари 27-сола бечораи бекасу бепаноҳро куштаанд. Куштораш 4 соат давом кард, 4 соат ӯро дар майдон сангсор кардаанд, ҳукумат дар куҷо буд? Дар ин 4 соат президент дар куҷо буд? Сарвазир дар куҷо буд? Пулисҳо дар канор истода, тамошобин буданд. Садҳо нафар дар гирду атроф тамошо карданд. Як бечора духтарро калтаккӯбӣ карданд, аз болои бом партофтанд, аз болои ҷасадашон мошин гузаронданд, баъди ин боз сӯзонданд. Ин воқеа 4 соат давом кард, касе нагуфт, ки эй мардум шумо чӣ кор мекунед, ин чӣ гап аст? Боз дар маркази шаҳр. Ҳама тамошобин.

“Озодагон”: Шумо, ки мусоҳибаи Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро хондаед, медонед, ки сафир шеъри наватонро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хондааст ва бо зикри он, ки Шумо “марг бар Афғонистон” гуфтаед, хостори муҳокимаатон шудааст?

Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.

“Озодагон”:
Ҷаноби сафир мегӯянд, Шумо уқда, ё худ мушкилоти таърихие бо Афғонистон доред, ки ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафидед ва онро ифшо кардед?

Бозор Собир: Ман ягон мушкил бо Афғонистон надорам, лекин медонам, ки носолимиҳо дар он ҷо зиёданд. Афроди динзадаи ақибмондаи террорист дар сартосари Афғонистон ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин экстремистҳое, ки Фархундаро куштанд, маҳз тоҷикони Афғонистонанд. Боварӣ дорам, ин корро ҳатто паштую узбакҳо намекунанд.

“Озодагон”: Дар пайи нашри ин шеъратон, ки ба Фархунда бахшида шудааст, на танҳо сафири Афғонистон, балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ иддао пеш гузоштаанд, ки Шумо ҳамчун шоири миллат боре ҳам барои қатл ва “сарбурӣ”-и ҷавонони тоҷик дар Русия садо баланд накардаед?

Бозор Собир: Дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ. Ман дар ин бора чандин бор навиштагиям. Нахондаанд. Ҳатто ҳамин хел навиштам, ки ин кори саҳюнистҳо аст. Ҳамин кушторҳое, ки шумо гумон мекунед, миллатгароҳои рус мекушанд, не. Инҳоро созмонҳои саҳюнистӣ мекушанд.

“Озодагон”: Инчунин шеъри нави шуморо “як шиорпартоӣ”-и сиёсӣ гуфтаанд. Он давоми сиёсати исломситезӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешавад, нест? Оё ягон ангезаи сиёсӣ дорад?

Бозор Собир: Не, ягон чӣ, на ангеза ва на ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ягон ғарази миллию миллатчигӣ надорад. Мустақиман фоҷиаи ҳамон духтари бечора аст.

“Озодагон”: Бархе шеъри наватонро аз нигоҳи адабӣ низ мавриди интиқод қарор додаанд ва гуфта мешавад, ба пояи он шеърҳои қаблиятон нест. Баҳои худи шумо ба ин шеър дар муқоиса бо шеърҳои қаблиятон чӣ гуна аст? Аъло, хуб, миёна?

Бозор Собир: Ман инро нишаста ҳунармандӣ накардам. Инро аз ҳамон воқеа бардоштаам. Шоирӣ накардаам, санъатҳои бадеиро накофтам, аммо то ҳадди имкон талош намудам, ҳамон фоҷиаро тасвир кунам.

“Озодагон”: Шумо мегӯед, “Эй ниёгонҷӯён” ва идома медиҳед, ки ин аст, ниёгони Шумо. Ин хитоб ба кист?

Бозор Собир:
Ин хитоб ба тоҷикон аст. Аз мақолаи охири ман “Падарони миллат” гирифта шудааст.

“Озодагон”: Дар шеъратон инчунин аз муллою асҳоб зикр кардаед. Онҳо ба қатли Фархунда чӣ рабт доранд?

Бозор Собир: Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд. Фаҳмидан ҳам намехоҳанд.

“Озодагон”: Сухани Иқбол, ки “айб дар Ислом нест, дар мусалмонии мост” чӣ мешавад?

Бозор Собир:
Ман ба ин чандон розӣ нестам. Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.

“Озодагон”: Ҳамин шеваи гуфторҳои Шумо боис шудааст, ки дар бисёри доираҳо Шуморо атеист ном мебаранд. Албатта ин ҳаққи шумост, мо танҳо фаҳмидан мехостем, ки ин дуруст аст?

Бозор Собир: Бале, ман атеистам. Атеисти советӣ.

“Озодагон”: Фикр намекунед, ки баъзан ҳамин ошкоргӯиҳоятон як зарба ба боварҳои динӣ, нохунзанӣ ба ҳиссиёти диндорон мешавад?

Бозор Собир: Ман ба гӯру чӯби мардум кор надорам, лекин бо ифтротгароӣ дар Ислом сарукор дорам ва зидди онам.

Ин дар мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки шеъри нави Бозор Собир, бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақиз, аз ҷумла норозигии сафири Афғонистонро ба вуҷуд овард. Ин шеъри тозаро Бозор Собир ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • шогирд

  • 16 май 2015 00:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухани Бозор ки гуфтааст : Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.
дуруғи руирост ва тавҳин бар Исломи ноб аст. Мо дар ин чо мухтасаран чанд далилро зикр мекунем:
1 Агар Худованд ба воситаи дини Ислом миллатро намешинохт пас чаро Худованд миллатҳои гуногунро офарид то бо ҳам ошнои пайдо кунанд
2 Агар Ислом Ватанро намешиност пас чаро Набии гироми дар хитоб ба зодгоҳи худ шаҳри Макка гуфт ту маҳбубтарин порчаи замин барои ман ҳасти агар маро барои берун рафтан аз ту маҷбур намекарданд ман ҳаргиз туро тарк намекардам.
3 Агар гузаштагони мо хидмате ба ҷамъият накарда бошанд пас чаро то имруз мардуми ғарб худро шогирдони Ибни Синою Беруни ва Умари Хаёму ва Мавлави медонанд.
Хулоса, агар чанде Бозор Собир марди солхурда ва бузург аст, вале ин далел нест ки у дар илму фарҳанг низ бузургу солхурда бошад, балки гуфтаҳои у саропо сафсатаю буҳтонад чун дур аз далилу бурҳон ҳастанд ва ягон далиле надорад.
Ба ҳар ҳол ба чунин гуфтаҳо, аз тарафи шахсоне чун Бозор Собир ки ҳаргиз ба кучаи маърифтаи инсони ва Исломи нагузаштааст ва худ парвардаи сохти лодинни аст, ғамгини нашояд ва на ҳочати парешони ҳаст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз суханони ин бармеояд , ки у на фарханги инсони дораду на фарханг дини на фарханги совети у дар хунаш ягон хиси ватан дусти надорад . Хамаи мову шумо медонем ки вактоки ватанамон ба бухрони харобшави карор дошт у мисли зан гурехта рафта буд вакто ки ватан обод гашт боз давида омад боз мехохад ки бо суханони фитна ангезаш хамаро хароб кунад халку миллат ба ту барин фитна ангезон ниез надоранд. Илтимос дигар дар ягон чой аз номи миллати точик сухан нагуй худатро не хамаро шарманда карди туро аробаат дар Амрико интизораст
Посух додан
  • шухрат

  • 16 май 2015 00:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар ба акидаи ин атеистхо ислом давлатро кафо мезадаст, хуш хамин Бозор жавоб дихад кани дигар давлатхои исломийики хозир дар чахон аз хамма бодавлат хастанд ва иктисодхои онхо хатто ба дарачаи расида истодаастки акл бовар намекунад. Ва ман бовари дорамки ийнчо ислом хеч гунохе надорад факат гунохкор мо хастем. Бигзор барои ту дигар мазор биёбан хамун атеистхои ту, барои онки дар Точикистон инхел мазорхо нест, факат мазорхои дийни аст дар мо..?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллох хору залилут гардона ту бори ай Худо бехабара номи ислома нагир ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба чавобхои пурмазмуни Шоири бузурги точик ! Шоир оне ки далеру хакикатчуй аст. Бозор Собир камбудихои миллати моро доим руи рост мегуфт ва холо хам мегуяд, ки точикон дар чи ахволанд - яъне одамкушу коррупсионеру террористу нашъафурушу мардикори гулом. Хазор дуо кунед ин холат ХЕЧ ГОХ иваз намешавад, то он даме ки одамон аклу инсофи худашонро иваз накунанд. Вале афсус акидаи Устодро на чаноби сафир фахмида метавонаду на дигар точики "ватандуст". Чунки ягона акидае, ки онхо доранд ин дар назди халку президент шоирро сиёх кардан ва чазо додан мебошаду халос. Ва ба чунин такдиру холи миллат ба Худованд сад шукр мегуянд. Ва онеро ки шукр кардан намехохад, душмани ашадии дини Ислом меноманд, аммо худ бошад хар доим ба нозу неъматхои кофирони Гарби сахт ниёз дошта аз онхо хар гуна мадад пурсиданро хеч гох шарм намедоранд. Ин хаст хакикати имрузаи баъзе ватандустони точике, ки сару майнаи одамони асри миёнаро доранд.
Бинобарин, аз хукумати Точикистон хохиш карда мешавад, ки амнияти шоири халки моро таъмин намоянд, хатто мачбури ба Амрико равон кунанд хуб мешавад, зеро фикр мекунам, баъзеи аз ин ватандустон ба дасту пояшон хоким шуда наметавонанд.
Устод Бозор Собир, Шумо бояд аз ин чо хар чи зудтар биравед, чунки акидахои Шуморо дар ин кишвар намефахманд, баръакс инхо хозир боиси чангу чанчол дар чомеаи пешрафтаамон мегарданд. Вале умедворам, ки агар баъд аз чандсад сол ба Ватан баргардед, ба хоки Шумо хама зор мешаванд.
Посух додан
  • точик

  • 16 май 2015 02:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор Собир сад фоиз хак аст, вале фанатикхои чохил хакикатро дидан намехоханд. Худои араб хамеша ташнаи хун аст, дар у рахму шавкат нест....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бозор Собир Шоир неву дар хакикат аклу фахмишаш ва фаросаташ ранги хаму номаш бозор барин будаст.
Якумаш Собир ин калимай арабист ва ин ном арзандаи шахси мусалмон мебошад, ука ки нафрат ба Дини Ислом дори, хаму Собир ро иваз кун ва бачояш Ягон номи муносиби худатро мон, мисли Дарвен - Маркс - Ленин...

Аслан дар назди тарихи Ислом ту барин омаданду рафтанд, ва Хаму Ленини дуст медоштаат набуд шуду рафт аммо Исломи бузург монд и васеъ шуд. Аммо ту аз хассади дилат дарун ба дарун намедони, ки чихел худатро нест куни.
Дувум гапхой Сафири Афгонистон барои ту басанда аст. Шармандаги аз ин Зиёд намешад дигар. Вакто ки суханхой туро мехони ки будани туро мефахми, ки чигуна инсониву ва чанд кадар андешаву фаросат дори, аммо чаноби Сафир дар хакикат шахси дипломатия ва бо савод буда аст.

Афсус, ки ту Дини Исломро гайр аз намозу руза чизе намефахми, агар ту шахси хушёр мешуди як милати бузургро ва як давлате, ки таърихи кадим дорад, маргу лаънат мефиристоди, дар хаминчо пастии худатро маълум карди, ба гунохи як нафар ё даххо нафар тамоми милатрогунахгор кардан, ин худ зулм аст. Хамон авбошхое ки Фархундаро шахид карданд, мисли ту барин буданд, онхо ба лату куб куштанд, аммо ту ба шеъри бе маънеят дар хаки як милати бузург авбошона рафтор карди.
Кати ту сану ман кардан худ ахмакист. Бехтараш рафта ба табиби психолог мурочиъат кун. Аз онеро, ки дарун ба дарун худатро хурда шишти.
Посух додан
  • Фируз

  • 16 май 2015 03:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана шеьру мана шеьр чизе дар дахонаш омадаст навишьаст на кофия дораду на маьни. Ман намефахмам вакте аз Точикон нафрат дори чаро дар Точикистон зиндаги мекуни? ? Ин Шоири вазнро нигох мекунад, хар тараф ,ки вазбин бошад хамун тараф тоб мехурад. бо Ислому Мусалмонхо забон дарози карда истодааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
. Дуруст ки Исломгарои проблемахои зиед дорад ва он куштори Фархунда як вахшигарист. Албата набояд марг бар Афгонистон гуфт ! Шоир набояд инкадар эхсоси ва бемантик бошад !

СИОНИСТХО - Бозор причем сионистхо дар куштори точикон дар Россия ? Это удел неудачников то, что вы говорите ? Не надо такие нелогичные высказывание. Амрикоба зиндаги карда пешравии яхудихоро дида бо нафрат ба сайунистон ( яхудихо ) пайдо шуд?

Ватандустиро аз сайунистон ед гир ки Исроилро порча ба порча чам кардаанд ва як давлати абалкудрат сохтанд. Хайфи тубори шоири. Ту як милатчи ва чизи дигар не ! Проблемаи точико кам буд ки бо ту бемантик аз онхо антисемит тайер Кун ! Номат ки бемане " Бозор" рафтоаратам бе Мане !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор.Тамоми шеърхоятро чамъ кун ва дар тарозуе бимон ва як мисра шеъри М.Икболро аз 100 хо китоби ту вазнини мекунад.Ту як бедини бе Худо хасти.Ту набуди вакте ки аз Точикистон берун мерафти пеш аз савор шудан ба хавопаймо гашта ТУФ карди пас савор шуди рафти озодагон чоп кунед
Посух додан
  • Odil

  • 16 май 2015 07:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rost mega ami mardak. Oli fanatikoi tojik sarw meknan. Oidi ateisti bowa Bozoako islom dini haqai oliyam vaht ast emon biyor. I mulliho hamara amheli kadan. Hib wid mikrofona az dasti Nuriddinjoni Tura giriftan agane marduma anamikheli tarbiya kadesta bd.
Посух додан
  • точикистонти

  • 16 май 2015 07:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба милати точик сару кор нагиред'хубаш шоириро бас кунеду даврони пири биронед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба матонату ҳақбаёниятон Устод!!!! Намедонам, ки сафири мӯҳтарамро, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо, кайфу сафову айшу нӯш карда гаштаст, чаро аз "Марг ба Афғонистон" гуфтани Бозор нороҳат шудаст...Ҳазорн марг ба Афғонистоне, ки дар маркази Кобулаш духтараки маъсумаеро ҷавонони ҳузарб бо калтак мекушанду пулису вазиру сағиру кабираш тамошо доранду аз дасташон коре намеояд. Тфу бар чунин Ватан....Оҳ чӣ қадар дӯстат медорам Тоҷикистон..Ман ҳам бар устод мувофиқам, ки агар ман ҳам президент мебудам, баъди ҳамин ҳодиса сафорати шуморо баста ҷилу пӯстакатонро он сӯи Панҷ мекардам.
Посух додан
  • Саламшо С.С.

  • 16 май 2015 08:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман, ба фикрхои устод сад дар сад рози хастам. Чун, ки хар рузу хар соат дар афганя он мусулмонони худозадаи афгон занон, кудакон пирон ва хатто хайвонхоро чи корхо мекунанд. Садкаи давлату миллат шавед Авгонхо. Факат баъзе фанатхои мо мегуяанд, ки холо бест дар у дунё чавоб медихи, ба фикри ман ин гуфти устод як найранг ё бесаводии мардумро мефахмонад. Дигар динхо яъне гайр аз мусалмон факат ба дигар планета сафар карда истодаанд мусламон мардум бошад, факат аз паи дин ин хел карди у хел карди. гап бисёру вакт нест......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шоирон мурданду ту шоир шуди,
Аз кадом мулки Амрико пайдо шуди?

Инаст шармандаги шоир, хатто ба суолхои рузноманигори озодагон дуруст ва бо мазмун гуфта наметавонад. Боваркунед Бобозорбой ако, обуруи набудагиятонро РЕЗОНДЕД!!!

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам.....
КОРИ ХАР БЕЗ НЕСТ ХИРМАН КУФТАН

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!