Бахшҳо

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам...

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар пайи нашри шеъри баҳсбарангезаш дар бораи қатли Фархунда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ваҳшонияти бемисл”-и ин ҷиноят боис шуд, ки ӯ дар бораи Фархунда шеър эҷод кунад.

Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди шеъри нави Бозор Собир, “Озодагон” нахуст, суол кард, ки чаро маҳз қазияи Фархунда мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст, зеро ҷиноятҳои даҳшатнок ва қатли мазлумонаи афроди бегуноҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кам нестанд?

Бозор Собир: Бале, ман дар сомонаатон хондам, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо шумо ин суолро гузоштааст. Сафир маро экстремист гуфтааст. Кори Афғонистонро монда, ба тоҷикҳо гӯиё дилсӯзӣ кардасту гуфтааст, ана шуморо ҳам мекушанд ку дар Маскаву дигар ҷойҳо. Бале дар Русия ҳам мекушанд, дар Амрико ҳам мекушанд дар дигар ҷойҳо низ мекушанд, ин дуруст аст. Дар ҳама ҷо мекушанд, лекин ба ин ваҳшонияте, ки дар Афғонистон мекушанд, дар ягон ҷои дунё нест. Боз як духтари 27-сола бечораи бекасу бепаноҳро куштаанд. Куштораш 4 соат давом кард, 4 соат ӯро дар майдон сангсор кардаанд, ҳукумат дар куҷо буд? Дар ин 4 соат президент дар куҷо буд? Сарвазир дар куҷо буд? Пулисҳо дар канор истода, тамошобин буданд. Садҳо нафар дар гирду атроф тамошо карданд. Як бечора духтарро калтаккӯбӣ карданд, аз болои бом партофтанд, аз болои ҷасадашон мошин гузаронданд, баъди ин боз сӯзонданд. Ин воқеа 4 соат давом кард, касе нагуфт, ки эй мардум шумо чӣ кор мекунед, ин чӣ гап аст? Боз дар маркази шаҳр. Ҳама тамошобин.

“Озодагон”: Шумо, ки мусоҳибаи Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро хондаед, медонед, ки сафир шеъри наватонро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хондааст ва бо зикри он, ки Шумо “марг бар Афғонистон” гуфтаед, хостори муҳокимаатон шудааст?

Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.

“Озодагон”:
Ҷаноби сафир мегӯянд, Шумо уқда, ё худ мушкилоти таърихие бо Афғонистон доред, ки ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафидед ва онро ифшо кардед?

Бозор Собир: Ман ягон мушкил бо Афғонистон надорам, лекин медонам, ки носолимиҳо дар он ҷо зиёданд. Афроди динзадаи ақибмондаи террорист дар сартосари Афғонистон ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин экстремистҳое, ки Фархундаро куштанд, маҳз тоҷикони Афғонистонанд. Боварӣ дорам, ин корро ҳатто паштую узбакҳо намекунанд.

“Озодагон”: Дар пайи нашри ин шеъратон, ки ба Фархунда бахшида шудааст, на танҳо сафири Афғонистон, балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ иддао пеш гузоштаанд, ки Шумо ҳамчун шоири миллат боре ҳам барои қатл ва “сарбурӣ”-и ҷавонони тоҷик дар Русия садо баланд накардаед?

Бозор Собир: Дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ. Ман дар ин бора чандин бор навиштагиям. Нахондаанд. Ҳатто ҳамин хел навиштам, ки ин кори саҳюнистҳо аст. Ҳамин кушторҳое, ки шумо гумон мекунед, миллатгароҳои рус мекушанд, не. Инҳоро созмонҳои саҳюнистӣ мекушанд.

“Озодагон”: Инчунин шеъри нави шуморо “як шиорпартоӣ”-и сиёсӣ гуфтаанд. Он давоми сиёсати исломситезӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешавад, нест? Оё ягон ангезаи сиёсӣ дорад?

Бозор Собир: Не, ягон чӣ, на ангеза ва на ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ягон ғарази миллию миллатчигӣ надорад. Мустақиман фоҷиаи ҳамон духтари бечора аст.

“Озодагон”: Бархе шеъри наватонро аз нигоҳи адабӣ низ мавриди интиқод қарор додаанд ва гуфта мешавад, ба пояи он шеърҳои қаблиятон нест. Баҳои худи шумо ба ин шеър дар муқоиса бо шеърҳои қаблиятон чӣ гуна аст? Аъло, хуб, миёна?

Бозор Собир: Ман инро нишаста ҳунармандӣ накардам. Инро аз ҳамон воқеа бардоштаам. Шоирӣ накардаам, санъатҳои бадеиро накофтам, аммо то ҳадди имкон талош намудам, ҳамон фоҷиаро тасвир кунам.

“Озодагон”: Шумо мегӯед, “Эй ниёгонҷӯён” ва идома медиҳед, ки ин аст, ниёгони Шумо. Ин хитоб ба кист?

Бозор Собир:
Ин хитоб ба тоҷикон аст. Аз мақолаи охири ман “Падарони миллат” гирифта шудааст.

“Озодагон”: Дар шеъратон инчунин аз муллою асҳоб зикр кардаед. Онҳо ба қатли Фархунда чӣ рабт доранд?

Бозор Собир: Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд. Фаҳмидан ҳам намехоҳанд.

“Озодагон”: Сухани Иқбол, ки “айб дар Ислом нест, дар мусалмонии мост” чӣ мешавад?

Бозор Собир:
Ман ба ин чандон розӣ нестам. Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.

“Озодагон”: Ҳамин шеваи гуфторҳои Шумо боис шудааст, ки дар бисёри доираҳо Шуморо атеист ном мебаранд. Албатта ин ҳаққи шумост, мо танҳо фаҳмидан мехостем, ки ин дуруст аст?

Бозор Собир: Бале, ман атеистам. Атеисти советӣ.

“Озодагон”: Фикр намекунед, ки баъзан ҳамин ошкоргӯиҳоятон як зарба ба боварҳои динӣ, нохунзанӣ ба ҳиссиёти диндорон мешавад?

Бозор Собир: Ман ба гӯру чӯби мардум кор надорам, лекин бо ифтротгароӣ дар Ислом сарукор дорам ва зидди онам.

Ин дар мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки шеъри нави Бозор Собир, бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақиз, аз ҷумла норозигии сафири Афғонистонро ба вуҷуд овард. Ин шеъри тозаро Бозор Собир ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
БОЗОРРО НАРАСЕД! У ГАНЧИНАИ ТИЛЛОИИ ФАРХАНГИ ТОЧИК АСТ. У ХУДОРО АЗ ХАМАИ ШУМО ЗИЁДТАР ДУСТ МЕДОРАД. У КАСОНЕРО САРЗАНИШ МЕКУНАД КИ БА НОМИ ИСЛОМ ИСНОД МЕОВАРАНД!!!!

Э неки хами магзи сари хами мардака хурден. А мардак, охи у як шоирай, у тахаюлоти худро навиштааст. Ягон каси Шуморо нагуфтаст-ку намоз нахон, масчид нарав, ё Худоро нашинос.... Ин корои шумо и коментарияхои шумо хама хурофотии шуморо нишон медихад.

Ин шеър бехтарин шеър барои бедор кардани хисси милли ва даст назадан ба чиноятхои дини мебошад.

Вокеан ин шеър хамаи пахлухои масъалахои доги рузи инсониятро вобастта ба миллатдустиву диндори фаро гирифтааст. Мазмуни амику дакик дорад. Фахмидаву нафахмида хар гап нагуед.

Сафири афгонистон чи хак дора шоири бузурги точики мора гап мезана??? Амрикоихо шеър не, шер вори даромада хамаи афгона тачовуз кардесан, ку зидди уно нота бнависа!!!! Талхаш мекафа... Ёфтиян точики бечорара... Кандта бза акаи Бозор.

ИИИИИИИИ модарамон Оиша (р) гуфта гап мезанен Амхели бдай хурмат книи аклу фаросати муллохо нисбати занон. Дар дини ислом зан сакоми хоса дорад. Хатто хадис аст, ки сахобаи Пайгамбар (с.а.с.) охиринро дар холе дарёфт намудааст, ки занаш уро чанчол мекардааст. Магар амалхои Пайгамбарамон (с..а.с.) намунаи ибрат нестанд.:? Пас ин чи гуна муллои баднафс будааст ки ба ин кор даст зада тамоми мардум уро дастгири кардаанд. Робитаро бо Афгонистон бастан лозим.

Дар хакикат ин мусулмони дар Афгонистон хамин будаст???? Дар Тоичикистон ягон кас намехохад ки бо модару хохараш чунин рафтор кунанд. Дар точикистон хама мусулмонон туморбозу чодугару муллохои нобакорро нагз намебинанд. Сари рохи хамин гуна амалхоро гирифтан даркор.


Оли! Оли! Оли! Бозор Собир Шумо фарзанди фарзонаи миллати Точикед. Дар ин шеър ман часорату мардонагии фарзандони бо нангу номуси миллати точикро дарк намудам. Мо чавонони миллат хамеша химоятгари чунин мардони бо нангу номуси миллатем....

Дини мубини Ислом марги ваҳшиёнаи Фархундаро маҳкум мекунад.
Дар Қуръони карим ояти 32-и сураи моида " (Аз ин рӯ бар бани Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас каси дигарро на ба қасоси қатли касе ё иртикоби фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад. Ва ба таҳқиқ паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои рӯшан бар онҳо фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд.) "
Пайғомбари Ислом фармуданд: куштани мусалмон куфр аст ва дашномаш фисқ аст. мушкилии мардуми мо бо Бозор Собир дар марги Фархунда нест, балки дар он аст, ки ӯ исломро таҳқир мекунад, мугуяд: асли асле, ки шумо меҷуед, Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд,

Рашти,
Аҷаб содаи. у Худоро инкор мекунаду ту бошӣ мугуйи, ки У ХУДОРО АЗ ХАМАИ ШУМО ЗИЁДТАР ДУСТ МЕДОРАД.!!!!!!!?????????

Бозор атеист аст яъне хастии Худоро инкор мекунад. Шумо бародарону хохарони ман бо умеди атеистон нашавед, зеро тамоми он олимони ихтироъкор худошинос буданд, гар чанде на хамааш дар дини ислом буданд. Бозор ва пайравонаш мепиндоранд, ки ибодату мусалмони боиси акибмондагист, не харгиз!!!! Шахсан ман медонам оилахоеро, ки и муллоянд ва писараш хофизи кулли курон, сохиби маълумоти оли, донандаи 3-4 забони хоричи ва програмисти хуб хам хаст. Инхелхо ва аз инхам зиёдтар бисёранд. Чанозаи моро муллохо мехонанд, дар тамоми чорабинихои давлатию ичтимои (гохвакто мачбуран хам бошад) сахмгузори калонанд ва дигару дигар...
Мо инсонхо агар фикр кунем, ки аз як оби палид (мани) пайдо шудаем, пас намесазад ва айбаст, ки ин кадар кибру гурур дошта бошем. Чангал бе хирс нест, аммо тамоми муллохоро гунахкор кардан даркор нест ку...
Мегуянд, ки мусалмониш хамин бошад.... КИ ГУФТААСТ, КИ МУСАЛМОНИ ИН АСТ (КАТЛУ ЗИНОВУ ТЕРРОРУ ФАСОД ВА ...) ИСЛОМ БА ХУД КОНУНУ МЕЪЁР ДОРАД, КИ КОНУНИ ХУДОСТ, БА ВОСИТАИ ПАЙГАМБАРОН БА МО РАСИДААСТ. БА ХУДО АГАР ДОНИШУ ТАРАККИЕ, КИ ШУМО МЕГУЕД ХАМИН БОШАД (САХИФАИ 8,9,10-И ХАМИН ШАРХХО), МАН БЕЗОРАМ АЗ ИНХЕЛ.. ПАС БИЁЕД БО ЧАШМИ ХАСАДУ КИНА ВА БЕСАВОДИ БА ИСЛОМУ МУСАЛМОНИ НАНИГАРЕМУ БО ЧАШМИ АДОЛАТУ ИЛМУ ДОНИШ НИГАРЕМ ВА БИЁМУЗЕМ, КИ ИСЛОМ ЧИСТ ВА МОРО БАРОИ ЧИ ХУДОВАНД БА ДУНЁ ОВАРД?

Ин авалин шеъри Бозор Собир аст, ки ман хондам. Бехад марди бузург аст, чи часорат ва чи марди дорад дар ин синну сол. Ин шеър шаходати он аст, ки у эхсосоти аслии худ ва он Хак, ки дар вучудаш тавлид шуд руи рост алайхи ин системи беадолат ифшо кард. Зиндаву пируз бошед Устод

Беном
Ахсан! Устоди арчманд!
Зинда бошед!

Точикистон аз ту ман сарват намехохам ватан хасти бас аст. Бо хасу хорат баробар зиндаги кардан бас аст. Хохишмандам ин мисрахоро шоир шарх медод ки чи маъно дорад. Бо хасу хори ватан зиндаги бас асту бо гулу чамани амрико хуб аст ё ... Кормандони озодагон хохишмандам посухи ин саволро аз худи шоир пурсон шавед. Чунки баъди сари у ин бахси норушан хохад монд.

Мусулмон
Ман ба ту мурочиат мекунам эй Бозор ки номат ба худат мувофики АСТ яне ту бозори хасти кучаги хасти туки бе хабар аз Ислом хасти як бор ЭЙ бехирад тарихи ИСЛОМРО бихон Ислом милион занхоро ки дар замони чохилият мисли тубарин бединхо зинда ба гур мекардаанд аз ин амали нангин халос намуд ИСЛОМИ Азиз занхоро баробархукуки ДОД. Эй дар хотир дорам яке аз онхое ки БОИСИ ЧАНГ ДАР ТОЧИКИСТОН ШУДААНД ТУ БУДИ ВА АЗ МИНБАРИ БАЛАНД БАЛАНДГУЯКРО ГИРИФТА МУКОБИЛИ ДАВЛАТ ГАП МЕЗАДИ ИМРУЗ КИ туро Бахшидаанд боз бо тарики дигар чанг меандози Яне бо исломситезиат ИНШООЛОХ тират хок мехурад ин мардум он мардуми соли 90 ум нест ки сафсатаи туро ГУШ кунанд.Тоҷик,
Тоҷик,

ХАКГУ1505
БОЗОР !!! - иншоаллох Худо хаминхел мезанад, ки барои дигарон дарс мешави.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)