Бахшҳо
14 авг 2013 08:59Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Радду бадали Зайд Саидов бо духтари “ҷабрдида” зимни рӯбарӯкунӣ

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик мегӯянд, рӯбарӯкунии зерҳимояашон бо духтаре, ки ӯро дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекунад, баргузор гардид.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ, ки рӯзи 12-уми август сурат гирифт, зерҳимояашон изҳор дошт, “ки ин духтаракро намешиносам, бори аввал мебинам ва ягон алоқае ҳам дар гузашта бо ӯ надоштаам.”

Вале духтар дар навбати худ таъкид доштааст, ки Зайд Саидовро мешиносад, гуиё ҳолати таҷовуз ба номус воқеан ҷой доштааст ва дар соли 2008-ум анҷом ёфтааст. Аммо Зайд Саидов ин ҳамаро дар ҳаққи худ тўҳмати беасос хондааст.

Исҳоқ Табаров мегўяд, ки дар мулоқоти рў ба рў духтар бо намояндаи қонунии худ ҳузур дошта, на бар ҳамаи пурсишҳо посух додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии фасод изҳор дошт, ки Зайд Саидов бо ин духтари ҷабрдида як кӯдаки семоҳа дорад. Табаров ҳам бо зикри ин таъкид намуд, ки аз гурўҳи муфаттишон дархост кардаанд, то ташхисоти ДНК гузаронда шавад: “Вале ба далели ин, ки дар Тоҷикистон ин ташхис ғайриимкон аст, шояд, ташхиси биологӣ гузаронда шавад”.

Табаров таъкид намуд, ки ин рӯбарӯкунӣ бо дархости вакилон сурат гирифт ва ҷониби ҳимоя аз кори муфаттишон дар рафти рӯбарӯкунӣ ва натиҷаҳои он розист. Ин вакили мудофеъ гуфт, ҳамарўза барои шиносоӣ бо парванда бо Зайд Саидов мулоқот анҷом медиҳанд ва изҳор дошт, ки феълан аз рафти тафтишот қаноатманд ҳастанд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ҷабрдида аз таҷовуз ба номус ва модари ӯ дар моҳи июни соли ҷорӣ ба агентӣ муроҷиат кардаанд ва пас аз санҷиши ваҷҳҳои дар ариза овардашуда 16 июли соли 2013 нисбати Саидов Зайд оиди таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Оҷонсӣ қаблан изҳор дошта буд, ки “ғайр аз модари духтари ноболиғ шоҳиди дигар низ, ки Зайд Саидов барои ин духтарро ба занӣ гирифтан ба ӯ маблағи 1300 доллари амрикоӣ дода буд, бо Саидов рӯбарӯ карда шуд. Шоҳидони мазкур дар рафти рубарукунӣ бо Саидов З. нишондодҳои худро пурра тасдиқ кардаанд.”

Ин ниҳод моҳи гузашта бо пахши як иттилоияи муфассал гуфта буд, ки “зимни баррасии ариза муайян карда шуд, ки Саидов З.Ш. моҳи апрели соли 2008 дар Душанбе дидаю дониста, ки шаҳрванд «А» 14-сола аст, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нушокии мадҳушкунанда беҳуш кардаву аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода ва ба номусаш таҷовуз мекунад. Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода намуда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» бе эътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиди зӯроварӣ, мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се бор ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд.”

Дар иттилоияи пахшкардаи Оҷонсӣ омадааст, “аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехӯрад, ки дар натиҷа Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ба модари ӯ ваъда медиҳад, ки оид ба ин воқеа ба касе хабар надиҳад ва худи Саидов З.Ш. духтари ӯро ба занӣ гирифта, шароити зиндагонияшро таъмин мекунад. Саидов З.Ш. ӯро тарсонда таҳдид менамояд, ки дар акси ҳол онҳо нисбати ӯ чора андешида наметавонанд ва худро беобрӯ месозанд.”

Масъулини Оҷонсӣ меафзоянд, “сипас, Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ғайриқонунии ӯ ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари амрикоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, дар сурати розӣ кунонидани шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, туйи домодию арӯсии онҳоро бо дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.”

Ба гуфтаи масъулини Оҷонсии зидди фасод, духтурони генеколог ба шаҳрванд “А” тавсия додаянд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ӯ безурёт шавад: “Бинобар ин, баъд аз маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло семоҳа мебошад.”

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, ба “Озодагон” хабар дод. Вай гуфт, Зайд Саидов дар посух ба суоли муфаттишони Оҷонсӣ гуфтааст, духтареро, ки аз болои ӯ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус шикоят бурдааст, намедонад ва робита ҳам надоштааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бисёрзанӣ пеш гузошта буданд.
Мӯҳр
Шер,
oo ki guftush ki hizb kushoyad holo ki nakushoda bud.hizb kushoi kori osomai?i kabirira megui amerikavu yahud dar pushtashan..zoirufa uzbaku urus dar pushtshai..o tu ki dori?odami puldor hizb namekuna.be pul mekuna ki az xorijiyon puli kalon megiran..in invalidi bechorara axmak kardagiyan..ana pulo merava hayot merava oburui nadoshtagit merava.az tuda zurho natonistanu nametonan dar zindonan..nafsi bad daaaaaa.

Аввал андеша, баъд гуфтор....
шахс бояд ба даррачаи инсони бирасад, ки баъзе чизхоро дарк кунад...Фаркичти инсон аз хайвон ин аст ки на хар чи дилаш хост, бикунад ва на хар чи хохад, бигуяд...Зайд С. шахсест. ки аксари ахли фахм, ахли кор, ахли тичорат, ва умуман шахсоне ки акалан гох гох аз ходисахо бохабар буданд уро ба неки мешинохтанд...кардани ин кор аз тарафи Зайд С. гайримумкин аст ва ин як тухмати навбати аст бо чанд сабаб...Агар Зайд ин корро мекард хатман у духтарро бо оилааш рози менамуд..ва хеч вакт вай шикоят намекард...Барои Зайд додани як хона ва як мошин ва як манбаи даромад ба як нафар хеч мушкили надошт...чун ки Зайд ин шароитхоро ба бисёр касон муаллимон, нависандагон ва шахсони камбизоат мухайё кардааст. Инро хама медонанд хатто Президент, хаму агентиии хам...АИн айбнома камбудихои чидди доранд..1.чойхои номаъулм,(Гуфтанд аз Панчакент аст ва дар яке аз хонахои Душанбе ин вокеа рух додааст, Баъдтар гуфтанд дар Русия Зайд бо у шинос шудааст...Духтари синфи 7 аз Панчакент дар Душанбе ва ё Дар Русия чи кор мекунад...)2. Нишондодхои номаълум (Такчовуз як бор мешава, духтари "ноболиг ва мактабхон" се бор искоти хамл кардаааст ва як бор тавалуд.. Дар кучо...(дар кадом родом ёнишонахояш бояд гуфта шавад, вагарна агар шудаги хам бошад, вакте исбот карда натавони додани чазо гайриимкон аст) магар у дугона надорад хамсинф надорад, Магар як бор Зайд уро зуран бурд дигар борахо чи гуна Зайд бо у наздики кард...Дигар ин ки оилааш модараш бо хабар будааст чаро саривакт шикоят накард, Гап дар бораи номус аст..тарс нест мешавад..Гуё тарсидааст, шумо фикр кунед як кас духтари шуморо мачбуран чунин кунад шумо хомуш меистед...) Дигар ин ки Зайд хеч вакт танхо намегашт, хамрох дошт, ронанда дошт...у бачаи куча набуд ки гуяд, ки "эй духтарак биё шинос шавем" Дигар ин ки дар чунин шароит ва дар чунин вазъият ба як нафар хеч эхтиёч нест ки дастдарози кунад ба номуси духтари ноболиг...(Пури духтархои бехтари ба хусус барои Зайд...)илло ягон шахси бемории равони дошда...
Дар бораи ин ки "у гунох дошт барои хамин хизб кард" Ин суханам хатост...Шахси гунахкор хизб намесзоад балки бо "боло" месозад ва дар фармони онхо мешавад ва мегуяд "Мо сад фоиз гунахкор" ва хеч далел нест барои ин гап...ку парвандаи пеш аз хизбаш...агар нест барои ин идао хам далел нест...
Такдири шахс аст...андеша хуб аст...
Барои андеша...Ман Зайдро намешиносам...бетарафона сухан мегуям...

maha
ачабо! барои модари духтар дар асоси конуни тарбияи фарзанд парванда мекушода бошанд? чигуна модар аст, ки аз холи духтараш бехабар? таачуб ин аст, ки Оҷонсии зидди фасод парвандаи чинойии тачовуз ба номусро барраси мекунад, пас суду пракуратура.....чи кор мекунанд?

Мо мардуми пастем як нафар агар дар чох занад мо ба чои дасташро гирифтан баръакс...... ду духтараки гумшударо хам дар калаи Зайд С зенед!!!!

hukumat ki fasod boshad in zaidham az hukumat bud ast.charo tarafasha megirem?fasod jazo girad.boz duxtari 14 sola.100sol btenush.

Рости вакте одам ин гапора мехона фикр мекуни ягон кудаки синфи 5 тафтишот бурдестай. Дар Точикистон аз соли 91 ин тараф театрхо ин гуна намоиш надоштанд мисли имруз ки Ожонсии Ф А С О Д савол ба ожонси хами духтара пул доде рози карде о ба нагуфте ки кадом дастуш маъюбай шумо бояд ба сахнагузорандаи ин намоишро чазо дихед ки кори коруппсиони кард пула гирифт сенарияра хуб нанавишт. Бародар Зайд Саидов Худованд нигахбонат. дигар ба чуз Зоти Пок ба хеч кас эътимод нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)