Бахшҳо

Чаро Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Мулло Абдураҳим чизе нагуфт?

Каюмарси АТО

Интизор доштам, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз корҳои Мулло Абдураҳим ёдоварӣ мекунад.

Албатта, на Мулло Абдураҳиме, ки чоруми июли соли ҷорӣ дар пеши ӯ алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ сухан гуфт, балки Мулло Абдураҳиме, ки дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт масҷиди бузургтаринро сохтаву тақрибан сохтмони як беморхонаро ҳам ба анҷом расондааст. Вай ният дорад, инчунин як мактабро ҳам сохта, дар ихтиёри Идораи маориф гузорад.

Вале оқои Раҳмон дар ин бора ҳарфе нагуфт. Сухан гуфтани раисиҷумҳур дар бораи Мулло Абдураҳим барои ӯ ва мо муҳим нест. Зеро вай кореро, ки мекунад, дар роҳи ризои Ҳақ мекунад ва агар президент ва ё мақомдорон нагуфтанд, ҳатман халқ рӯзе хоҳад гуфт.

Аммо ёдоварӣ аз корҳои неки ӯ метавонист як зарра ҳам бошад, дидгоҳи гуруҳеро, ки ҳоло барои шуморидани “корҳои бад”-и рӯҳониён камар бастаанд, дигар кунад, тағйир диҳад. Аммо нагуфт. Шояд ҳам нахост ва шояд ҳам дар ин бора чизе намедонист.

Охир, ҳар боре ки ӯ ба Ашт меравад, аз маркази он ба қафо бармегардад ва намедонад, ки мардуми аз марказ болотар ва ё поёнтари он дар чи ҳоланду чӣ мехоҳанд. Агар каме болотар сафар мекард, ҳатман медид, ки Мулло Абдураҳим бо гуруҳи бузурги сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳҳои харобгаштаи деҳаҳои ҷамоати Понғози Аштро таъмиру бозсозӣ кардаанду мекунанд. Роҳҳое, ки солҳо боз ба тармим ниёз доштанд, вале мақомот ё онҳоро намедид ва ё барои азнавсозии он зӯраш намерасид.

Шояд бисёриҳо бигӯянд, ки Мулло Абдурҳаим ин қадар пулро аз куҷо ёфтааст. Вай молдору сарватманде нест, дӯстон. Вале ӯ тавонист аз мардум барои тармими роҳ пул ҷамъоварӣ кунад ва бо нерӯи ҳамон мардум роҳро мумфарш созад. Магар ҳукумат ин ҳамаро наметавонист? Ё мардум ба ҳукумат бовар кардаву пулро намедиҳанд?

Ин чанд ҷумларо барои таърифи Мулло Абдураҳим нанавиштам. Фақат хостам, мақомот ба мардум бигӯянд, ки рӯҳониёни мо ободкорӣ ҳам мекунанд. Онҳо низ мактабу беморхона месозанд ва ё ҳадди ақал барои мактабҳо мизу курсӣ ва барои бемористонҳо мошинаҳои ёрии таъҷилӣ харида медиҳанд. Яъне, ҳамаашон ҷодугару фиребгар нестанд.
Мӯҳр
Рахмати калон ба мулло Абдурахим, илох,о дао панох,и ОЛЛОХ, бошанд!!!

Abdul
Бале дустони гироми гуфтаи аксарияти Шумо дуруст, лекин бояд як чизро фаромуш накунем, ки хакикатан аштихо мардуми бофархангу бономусанд, ки дар байнашон понгозиён аксариятро ташкил мекунанд. Инчунин, фаромуш бояд накард, ки понгозиён хамавакт барои пешравии давлат хамеша кушиш, хамеша фикр мекунанд, дар хама сохахо сахми понгозиён зиёд аст. Ман дар инчо далелхоро яко як номбар кардани нестам, агар шахсе ки камтар аз таърихи солхои охир бохабар бошад, ман чиро дар назар дорам худаш нагз мефахмад. Дар инчо як бародари азиз хамаи ин навиштахоро "махалгароён ё ин ки махалчиги" гуфтанд, лекин ин тавр не, ё ин ки хамаи ин навиштахо барои фахр кардан ё чизи дигар нест. Факту далелхоро хамеша кабул кардан лозим, лекин таъна кардану паст задани якдигар чи лозим!? Хамаи мо фахр мекунем ки мо точикем! Пас чаро то хол махалгарои мекунем? Ман шахсан мардуми нохияи Ашт, хусусан Понгозро бенихоят кадр мекунам, чунки онхо арзандаи хурмату эхтироманд...

Айёми донишчуи устоди аштии мо ба як хамдарсамон хеч бахо нагузошт ки нагузошт. Хама мо чора мечустем, ки то рафикамон аз "чанги" устод рахо ёбад. Бачахо донишчуеро пайдо карданд, ки соле пеш вазъи хамдарси моро дошта будааст. У рохи халли ин мушкилро ба мо осон кард. Машваратчии мо гуфт, агар устод пурсад, ки аз кучои, чавоб гуй, ки аз Ашт мешави ва осон бахоятро мегири. Мо хамагон хамдарсамонро ба имтихон гуселонида интизори омаданаш будем. Баъди чанде у бо чехраи шармида аз назди устод баргашт ва гуфт, маслихати додаи шумо хам ба кор нарафт ва ба мо кисса кард: Устод пурсид: - "Ту бача а кучо". Дар чавоб гуфтам - Аштанда. Устод бо газаб зачеткаро ба тарафам хаво дод.
Баъди чанде мо фахмидед, ки чавоби дуруст ба саволи устод "А Ашт" будааст. Устоди мо сахт махалгаро буд!
Ачаб дарди бадест махалгарои, ки хатто наберахои таваллуднашудаи моро хам сироят хохад кард. Мо агар ба кайхон хам равем, аз махали худ кадаме дур намешавем.

777
Ташрифи Президент дар тамоми манотики Чумхури як кисми таркибии программаи пешазинтихоботи аст. ,ки сохибони хукумат албатта инро инкор мекунанд..Агар Мулло абдурахим сохибкор мебуд,кайчиро гирифта хуб медавиданд. Аз сабаби диндориаш ба кушодашави Сардори давлат иштирок накард... Аксиомаи давлатдори чунин аст. Рахмат Мулло Абдурахим.....

собик донишчу,
Дуруст мегуи.Ман ку дар шуъбаи шабони собик УДТ,дар касби бухгалтери, аникаш хисоботи бухгалтери дар саноат мехондам,лекин аз донишчуёни факультахои шаркшиносиву филологи чунин шикоятхоро мешунидам.Онхо хатто кафедраи забону адабиёти точику адабиётро "лонаи ашти"хо мегуфтанд.Ман дар як фикр хайронам,ки чаро ин Понгозихо бо таври пазирои аз рахматии Тохири Абдучаббор он кадар бо эхтиромона ихлосманди надоранду ёдоварии нек намекунанд.Хамрохи ман донишчуёни русзабонхо:кореягидухтархову русдухтарону баъзе чавонони узбеку узбекдухтархо хам мехонданд.Онхо бештар дар фанни иктисоди сиёси (политэкономия),аз корхои илмии Тохир Абдуджабборов(он солхо хамин хел садо медод ному насаби олими шодравон)иктибосхои далели меоварданд.Факульта худ иктисоди буд.Баъдтар ман аз тахсили шабона хорич шудам.Сабабаш набудани чои кори асоси.Деканат аз ман справкаи чои кор талаб мекард.Ман дар Душанбе чои кайди доими надоштам,бинобар ин дар хеч кучо манро бо таври хуччатнигори (оформление) ба кор рузона намегирифтанд.Баъдтар шодравон Т Абдучабборовро хамчун вакили мардумии парламенти РСС Точикистон медонистам.

шахоб
сойи Понғозба аз аввал ҳам бахилон рашк мекарданд ҳоло ҳам будааст
собиқ донишҷу.дониш надошта боши айба Понғозиҳоба намон.
Ашти,

tojiddin68
ассалом.саломат бошед

ман ба гапхои мардум тарафдор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)