Бахшҳо

Қиссаи ишқбозии Саид Шарифов дар Русия ва надомати тоҷикон (Видео)

Қиссаҳо аз саргузашти Саид Шарифов, як муҳоҷири тоҷик, дар Русия тавассути барномаи “Пусть говорят” баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.

Ин барнома шоми 9-уми октябр тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ба намоиш гузошта шуда, дар он аз робитаи пинҳонии Шарифов бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳил (шавҳардор)-и рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса мешавад.

Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.

Бархе аз корбарони шабкаи иҷтимоии Фейсбук, ин амали муҳоҷири тоҷикро як беобрӯӣ ва тавҳин ба миллати тоҷик хондаанд. Бархе дигар аз он ибрози нигаронӣ доранд, ки “имрӯз тавассути баъзе аз шаҳрвандони бенангу номуси Тоҷикистон, миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ манфӣ муаррифӣ мешавад”. Яке аз корбарони Фейсбук аз ҷумла навиштааст, “дар чеҳраи ингуна “барзагов” ҳама тоҷикҳо ҳамингуна муаррифӣ мешаванд.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар асл шумораи зиёди муҳоҷирини тоҷик ингуна нестанд: “Аксарияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷонашонро барои падару модару зану фарзанд медиҳанд, то онҳо хуб зиндагӣ кунанд.”



Номи муҳоҷири тоҷик замоне сархати ин барномаи русӣ қарор гирифт, ки Михаил, шавҳари Елена ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, иддао мекунад, ӯ падари фарзандаш нест. Дар ҳоле ки ин зани рус иддаои шавҳарашро рад карда, ӯро қонеъ карданӣ мешавад, ки ӯ падари фарзандаш мебошад.

Масъулони барномаи “Пусть говорят” ин қазияро мавриди пажуҳиш қарор дода, бо гузаронидани се ташхиси тиббии ДНК муайян менамоянд, ки воқеан Михаил падари фарзанди Елена нест. Бар асоси ташхисҳои тиббии мазкур, Саид Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 42 болост, падари ин тифл мебошад.
Мӯҳр
[b]кулобi
aibi hukumat chist?-inxel odamho haromi boshand.

Агар зани Саид дар вакташ ариза медод ба ВКД уро дар холати чустучуи карор медоданд ин хел шармандаги аз тарафи Саиди бе номус ба мо Точикон намерасид. Конуне бошад дар Чумхури мо,ки аризаи Модарон ,занон ,фарзандон барои Хиёнат аз тарафи Мардони бе номус дар назар гирифта шавад,то ин гуна хиёнаткорони Точикро аз Руссия департация кунанд. Точикро дидам,ки бо зани алкаши аз худ 40-сол калон зиндаги дорад.Ва фарзандони у дар бозор пакет савдо доранд,ки то бегох нон ёбанд барои Модари беморашону барои бародари хурдашон. Илтимос Конун бояд тавалуд шавад,бо номи Хиёнаткорон. Конуни танзим рост меояд барои ин гуна номардони ,бе номуси мо.

Сарирохи куча
Садкаи хамон модару падару фарзандону зану хонаводаи точик шави. Худованд туро ин кадар неъматхои хуб дод конеъ нашуда ба зино рафти ва ба хотири ду танга шуда аз тамоми ахли байтат руй гардонди садкаи номи инсони шави. Дониста бош, ки хайвон чунин намекунад. Баъдан ба дили хазорон марди точики дар русия буда ханчар зади. Шарманда карди хамара. Ду Зинокор якчо шуда ду оиларо вайрон кардед!!!!!!!!!!!!!!!! Бо кадом руй ту ба Точикистон меои?

Noz
эх Худо шарм доштам аз корат. бовар кунед дар байни русхо масхара шуда мондем. ахсан ба зану духтари точик.

Вакте ки ман ин наворро бо тарики телевизион дидам,ман аввалин маротиба шарм доштам,ки ман точикам.Ман дар Чумхурии Казокистон зиндаги ба сар дорам ва хамсояхои ман моро чун оилаи намунави мехисобанд.Дар тахсилгохи фарзандонам низ мо як оилаи намунавием.Онхо халки точикро дар сирати мо медиданд ва хар гох аз ман мепурсиданд,ки тамоми халки мо чунин зиндагони доранд.ман бо фахр мегуфтам БАЛЕ.Ман мехохам гуям,ки дар чое,ки мо зиндагони дорем асосан халкаш халки рус аст.Рости гап баъди ин навор намедонам бар чашми хамсояхоям чи гуна менигарам,

мувофики конунхои точикистон агар шахсе хукуки касеро поймол кард ё ба касе дашном дод албатта ба чавобгари кашида мешавад. Агар шахси дашномшуда вазифадор бошад ин дашном кунанда кариб,ки бо авлодаш нест мешавад. пас барои чи химоятгарони конун нисбати ин нафаре, ки миллатро паст зад , обу руи миллатро резонд, кадри модари точик ва фарзандони точикро дар тамоми чахон бекадр кард. ягон чорае надида истодаанд. САИД ШАРИФОВ хоини малат бояд дониста шавад ё худ то вазифадоронро дашном накуни хоин хисоб намешави ???

Саидачон
ин марда мард гуфтан нашояд!
ин як латтаеро мемонад - як зинокоре ки зани шавхардора бероха кардааст - се фарзанди худро партофта рафтааст
офарини оилааш ки худро заррае хам гум накард - аз у болотар монд обруи худро
аз модар ру гардониданаш чазои ин дуне ва он дуне мебинад

Ба Худо касам нафратам меояд ин чи шармандаги дар миллати мусалмон дар уммати Мухаммад с.с .Хотя охири дуньё зино дузди одамкуши инхо хамааш ошкор мешаванд ва кардаи инхоро боз хак мебароранд.Ин як джимии дигараш мурад бо хамин кличкахаш ин узбакай 1000 фоиза мусалмон нестай[quote=р]

Менталитети шаркиро бинед!Зани мухочир шавхарашро интизор шуда,ба хиенат даст намезанад.Ин зани рус бошад шавхараш дар наздаш хасту боз хиенат мекунад.Барои ин мухочир гуфтаниям:
Номард!Аз пушти тубаринхо номи точики бузург,точике,ки Сино зод,Фирдавси зод,Рудаки зод,Лоик зод,имруз паст шуда истодааст.

Махмуд
muratti,
хамин одама 2 хафта пеш дар теливизор дида тариф кардитон занаки руса кашида гирифт шери нар гуфта.вактики айбаш буромада шармандайи руйи олам шудки акнун узбек ба буровардетонми.айб хам даркор бародархо.ин хел одам хар милат ба хаст.но инаш 10000%точик аст.

мумкин аст, ки каме хам дагал бошад, лекин чунин афрод, шахиди тахайюлоти ботинии хешанд. инхоро наметавон ба сафи инсонхо дохил кард ва бо омузиши як кирдору рафтори чунин ашхос як миллатро бахо дод!. ман намегуям, ки бояд чунин бошаду чунон НЕ. хар кас дар ин дунё рохи худро худ интихоб мекунад, аммо миллатро, нажодро НА. шумо фикр мекунед, ки миллати рус, тотор, англис, амрикои ва дигару дигархо дар чамъияти худ чунин ашхос надоранд? албатта хастанд ва на якто. фарки мо аз онхо факат ин аст, ки МО бозичаи дасти дигарнему, чи хеле, ки ба хочаамон форад хамон хел ракс мекунем. чаро Малахов ва хамкасбону хаммонанандони У тоторхоро, англисхоро, арабхоро, в.г. нишон намедиханду факат моро? моро, ки дар вайронахои шахраку дехоти Русияи Бузург дар кулбаву вагонхои бешароити истикомати истикомат карда бо музди мехнати кам ва гохо хамонро нодида кор мекунем факат зери танкид ва маломат карор медиханд? чаро? чаро? чаро? дар охир гуфтаниям, ки шикаста набошед! чунин ашхос дар олам кам нестанд, факат онхоро дигарон мисли Малахов сенсантсия намекунанд. Эхтиёт бошед аз ВАО (СМИ), ки он бехтарин ярокест дар асри кунуни, ки метавонад холати тамоми дунёро дар лахзахои хеле кам дигаргун созад. эхтиёт бошеду дода нашавед, чунки ВАО-и хар давлат новобаста аз системаи давлатдориаш факат манфиатхои давлати худро пешбари мекунаду халос!!!!!

мухочир
бовар кунед,ин шарманда кард:мо дар назди русхо нисбати эхтиром бар падару модар,ва фарзанд дориамон обу ру доштем,садкаи хами фарзандхо шавад

ана ина монед одамо тамошо кунан скорости баланд кати

https://topvideo.tj/tv/196729.html

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)