Бахшҳо
23 окт 2013 11:36Тоҷикистон / Сиёсат

Амонулло Ҳукуматулло: "Аз садама баъди парвози писарам ба Олмон хабар ёфтам" (Навшуда)

Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 23 октябр бо пахши баёнияе дар рӯзномаи "Нақлиёт", нашрияи расмии Вазорати нақлиёт, садамаи шаби 9 октябр дар маркази шаҳри Душанберо, ки писараш Расули Амонулло гумонбари аслии он дониста мешавад, изҳори назар кардааст. Оқои Ҳукуматулло гуфтааст, агар Расул барои ин садама, ки се кушта бар ҷой гузошт, аз сӯи мақомоти тафтишотӣ гунаҳкор дониста шавад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

ВКД: РАСУЛ ДАР БЕМОРХОНА АСТ

Аммо Амонулло Ҳукуматулло аз он изҳори норизоӣ кардааст, ки расонаҳо ҳанӯз хулосаи тафтишотро мунтазир нашуда, “миёни ҷомеа ахбори бардурӯғ паҳн мекунанд.” “Ин куштор не, як садама аст. Куштор ҷиноят аст ва онро ҳадафмандона иҷро мекунанд. Садама ғайриинтизор ва нохост тақрибан ҳар рӯз рух медиҳад. Ман намефаҳмам, чаро атрофи ин садама ин қадар ҳаёҳӯй бардоштанд. Мумкин, ин ба манфиати афроди алоҳида бошад?”,-суол гузоштааст раиси ширкати Роҳи оҳан дар баёнияаш.

МАНБАЪ: РАСУЛ ДАР БЕМОРХОНА НЕСТ

Вай дар идома афзудааст, "ман талабгори ягон мансаби баланд нестам, ки бо ин рафтор маро дар назди роҳбарияти давлат ва халқ сиёҳ кунанд. Мақсади ман танҳо хизмати софдилона ба халқу Ватан, обод кардани як гӯшаи кишвар аст. Чун роҳбари як корхонаи калон ободии кишварро дар ободии коргоҳам мебинам ва баҳри пешрфти кор аз тамоми имконот истифода мекунам.” Раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки баъд аз ин садамаи маргбор писараш Расули Амонулло ба Олмон сафар дошт. Аммо вай гуфта, ки ин фирор не, балки сафари аз қабл тарҳрезишуда буд. Раиси роҳи оҳан таъкид намудааст, ки аз садамаи писараш танҳо баъди он хабар ёфт, ки Расули Амонуллоро ба Олмон гусел кард.

“Агар воқеа соати 2-и шаб рух дода, писарам гунаҳкор бошад, чаро то соати 8, вақти парвози ҳавопаймо, яъне дар давоми 5 соат, аз мақомти дахлдор касе ба суроғаш наомад? Ин садама як муаммо шудааст, дар сари чанбараки мошин ҳам қарор доштани Расул аз имкон берун аст. Бигузор, ҳодисаро мақомоти дахлдор аз рӯи қоидаҳои амалкунанда санҷида, мӯйро аз хамир, коҳро аз дон ҷудо карда, гунаҳкор ва ҷазоро муайян намоянд. Ман ҷонибдори ҳақиқати баррасии ҳодиса мебошам”,-афзудааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ эълон карда буд, ки “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.” Ҳарчанд, баъдан вазири умури дохилӣ гуфт, гунаҳкори аслии ин қазия маълум нест. Бо ин ҳол, дар пайи ин садама дар маркази шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") ҷон бохтаанд. Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло ҳам дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад. Номи Умар Шарифов дар ин садама бори нахуст аз забони мақомот садо медиҳад. Нахуст мақомот дар ин садам Асрор Ҳукумови 21-сола, ки гуфта мешавад, ҷиняи Амонулло Ҳукуматулло будааст, муттаҳам карда буданд.
Мӯҳр
Маъруф
Раиси мухтарам, аклан мегуфтед, ки писари ноболигатон дар соати 2 шаб чи кор мекард! Кани ичрои Конуни масъулияти падарк модар...........!

avvalo ba oilai favtidagon sabri jamil mekhoham!! Xudovand rahmatu maghfiratashon kunad!! Ba`dan 1 savole peshi man meoyad BAROI CHI SADAMAE, KI BO ISHTIROKI PISARI KABIRI RUKH DODA BUD, KI ONJO HAM 1 NAFAR BA HALOKAT RASIDA BUD IN KADAR SARU SADO NABUD??? Albata man tarafdori on nestam, to pisari Hukumov dar ozodi gardad biguzor jazoyashro muvofiki konun binad! Lekin hatto rasonahoi khabari niz ba manfiyati khud yo ba khud nazdik kor va fa`oliyat mekunand!! Ba`dan Khudovand hamai moro az balovu qazo nigoh dorad!!

sadokat
е товба - хатто як бор бахшиш намегуяд - факат буккагии хоси кулобиен!!
то кай шумо зур Хукумов? то кай хукумату халк дар дасти шумо бозича аст??

ватан,
Дар замони ҳозира ҳеҷ кас аз ҷиноят гурехта наметавонад. Бояд ба INTERPOL хабар дод. Дар куҷое набошад, пайдош карда ҳабс ва ба Тоҷикистон истердодаш мекунанд.
Як солу ду сол ҷойи вай дар маҳбаси ноболиғон дар Хуҷанд аст, пас аз он ба маҳбаси умумӣ мегузарад. То охири умр онҷо хоҳад монд! Адолати судӣ тахминан бояд ҳамин хел сурат бигирад.

БАЛЕ ИН САДАМА АСТ АММО КУНУН БАРОИ ХАМА МЕБОШАД БАРОИ ЧИ ЯК ФАРЗАНДИ КАМБАГАЛ ЯГОН КОНУНРО РИОЯ НАМЕКУНАД УРО СРАЗУ МЕГЕН МАСУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАРАЙ ФАРЗАНТОНА ТАРБЯ КУНЕН ЧО МЕКУНА АГАР Я КАМБАГАЛ МЕШИД УРА 17 СТАТИЯКАТИ ДЕЛАШ МЕКАДАН

Точик
Ин куштор не, як садама аст. Куштор ҷиноят аст ва онро ҳадафмандона иҷро мекунанд. Садама ғайриинтизор ва нохост тақрибан ҳар рӯз рух медиҳад

Дуруст мегуед, окои Хукумов! Аммо, соати 2 - и шаб, писари ноболиг (аз руи баъзе маълумотхо - маст) сари чанбарак нишастан магар чиноят нест?
Чаро ходиса соати 2 - и шаб шудаасту то соати 8 касе сурогаш наомадааст? Кормандони макомот медонистанд, ки писари кист!!! Шояд аз тарс наомада бошанд????

Салом ба хамаи мардуми сарбаланди Точикистон ба оилахои фавтида хамдарди ва ба захмиён шифои комилро хохонам. Ин руз ба сари хама меояд новобаста аз мансабу вазифа аммо аз ин садама тамоми ВАО як фочиа сохтанд хатто аз Худованд натарсида Шокир Махкамовро ки аз вазнинхона ба плата гузарониданд ва ахволаш хуб аст дируз дар сайти Озоди навиштанд ки фавтидааст ку имонатон вичдонатон. Ман фикр мекунам, ки гап танхо сари мансаби Хукумов мераваду халос ин рохи мансаб гири нест ин ночавонмарди аст бо чунин рох мансаб гирифти дон ки пагох ба сари туям хамин руз меояд инчо камбудии ВКД низ хаст бояд хамачиро фавран мавриди санчиш карор медод камера хаст Расула аз Олмон ёфтеду пас чаро Умаро аз Точикистон намеёбед.Дар ин дунёи фанду фиребу дуруг мо хама корро мекунем касеро хохем бо масади гаразхои шахси грузит мекунем аммо киёматро фаромуш накунед Оллох бузур аст аз у тарсед.

Имруз як чанги сард мукобили Хукумов шуруъ шудааст тамоми сайтхо шархоеро ки фоидаи уву Давлат навиштааст чоп намекунад зеро аллакай кайхо супориш гирифтаанд Бале у гунахкор аст фарзандашро дуруст тарбия карда натавонист соати 2 шаб на балки писари балки писарони хама дар кучаву дискоклубхоянд духтарони ноболиги мо дар огуши хабашу мангиту хоричиеянд мо хомуш мо нанги точикиро аз даст додем бале у бояд барои ин марги 3 чавонмард чавобашро гуяд Иншооллох мегуяд агар аз ин бо хар рох аз чавобгари гурезад фардо рузи киёмат мегуяд. Ман тарафдори Хукумов нестам аз у ба ман фоидае хам нарасидааст гайр аз чабри рохбаладони каторахояш аммо чунин ходисахо хамаруза рух медиханд дахо нафар мефавтанд аз даргохи Худованд илтичо мекунем, ки дигар ин рузро ба сари касе набиёяд Омин.

Амонулло Ҳукуматулло Шумо метавонед дар бораи обод кардани Точикистон набошед. Барои чи?
1. BMW аз кучост?
2. Касре, ки шумо сохтед аз кучост?
3. Тапончаи писаратон аз кучост?
4. Аз пушти писари калониатон 300 мухочир депор шуданд.
Шумо бояд отставка дихед? Шумо танхо дар халки Точик зиён овардед
Шумо - ро бояд ба зиндон кашанд.
Шумо аз ухдаи кор намебароед.
Писарони Шумо наркаманданд.
ИЛТИМОС ЧОП КУН МАРДУМ ДОНАНД КИ ХАКИКАТ ДАР КУЧОСТ.

Салом ба хама.Бисер фикр кардам хеч хукм карда наметавонам. Чаноби оли мегуем,сардори бо нангу номус мегуем ахсан ба ин шахсият,ки дар минбархо,мешунамем, ки мегуяд: таьлиму тарбияи фарзанд вазифаи аввалиндарача бахри волидайн аст.Фарзандонро нагузоред, ки шабхо ба куча бароянд.Ва конунеро имзо гузоштанд оиди ин. Мавзуь. Пас чаро мансабдорхо ин конунро итоат намекунанд.......
Хукумов бошад фарзандро хуб тарбият накардаасту боз лофи зиед мезанад. Шарм бояд дошт,Ман аз суханхои Хукумов хулосае баровардам, ки У аз холу ахволи фарзандонаш чун падар намепурсад ва хабархам надорад, ки ба чи корхо машгуланд.Daler,

кулоби
Баъди гуфтани призидент ба Точикистон омад ва холо гунохро ба сари каси дигаре бор карданианд.Хандааовар ва аламовараш ин аст ки дар мавриди чи кадар мухочирон хору зор ва чи кадар фасодкори дар Точикистон авч гирифтааст дарак надорад.Аз мушкилии як чавон даракдор мешавад он хам ба хотири он ки у хешу табораш аст ва ба обу руи Рахмон латма мезанад пас казоват кунад миллион шахрванд мехохад аз дарду мушкилии рузгорашон призидент даракдор бошад вале у даракдор шудани нест вале аз мушкили як кудак ки хешу табораш аст дарак меебад. Ое Рахмонро миллионхо шахрванди Точикистон ба призиденти интихоб кард е гурухи хешу табор е шиносхояш ?????

Чамшеди аз н. Восеъ,
Бале рост мегуй ба сари хар кас омаданаш мумкин лекин агар писари Хукумов дар саддама мегузашт чи мегуй мисли инхо Хукумов онхоро мебахшид Хечгох хатман терор кардан гуфта то хамаи авлодашро ефта "допрос" карда шиканча медоданд.

Rustam Rustamov,
Суханони бехтарин

ЧАМИК,
О бародар ту боре аз рохи Кургонтеппа тарафи Сарбанд гузар кун аз тарафи дасти чап чои фуруш мошинхои хоричи ва дар ошенаи дуюм чои фуруши ярокхои оташфишон аз они Хукумов аст мархамат чи намуде ки хохи.

насир
Шарм доред раис,рузе курсию мансаб меравад...

Daler,
барои он ки бародар Далер бачаи кабириро хамон лахза бурдан махкам кадан ивс-да ..а ин марди бузург гаштай бо падараш забонаш дароз инхел суханхо гуфтаистодааст !

Акаи Амонулло, саломатиро ехтиет кунед.Хамаш тенч меша.Бачаи шумо ягон кори бад накардаст, и садама айби мошинхои Олмони мебошад.Лекин одамони ки аз дасти ин садама мурдану маиб шудан, ана ин кори нагз нашуд.Мо медонем Шумоен аз хечи наметарсен,Худойберди гуфта гаштенда.

Мухтарам Хукумов, як саволи дигарда чавоб тиед, ки хонандаи мактаб синфи 10 ё 11 барои чи дарса партофта ба Олмон мерафтаст? Кани масъулияти Шумо?. Ё фикр доред, ки холо хам халки точик давраи Шурави барин бесаводану, ту бо КАЛУШ фиребшон мекуни?

точик бача
рост мега и одамкуши нест и садасахай и мардак тамоми чора обод дора камбагалора ёрдам додагаштай хай ак бачаш хами кора кадай шумо бачаша бген и мардакда гап нест тамоми чора бог када обод кадестай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)