Бахшҳо

ВИДЕО: Шоҳиён дар бораи Тоҷикистони нав, интихобот, номзадҳо ва ТВ

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Шермуҳаммади Шоҳиён -- раиси Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон.

Озодагон: Чанд рӯз қабл Human Rights Watch ё Дидбонгоҳи ҳуқуқи башар бо нашри гузорише аз фазои пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон интиқод кард. Ин танқидҳоро чӣ гуна қабул кардед?

Шоҳиён: “Мо бо он маводе, ки аз ҷониби Дидбонгоҳи ҳуқуқи башар нашр шуд, шинос шудем. Дар натиҷа маълум гардид, ки он масъалаҳои дар гузориш омада, ба баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон чандон рабт надорад. Баъзе ҳолатҳое, ки ба шакли мисол дар гузориши онҳо истифода шудааст, ба монанди боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов ва рабт доштани он ба ин маъракаи сиёсӣ, ба ҳақиқат мувофиқ нест. Чунки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 30 август, бо қарори якҷояи ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муайян карда шуд. Аз ҳамон лаҳза корҳои баргузорӣ низ барои ин маъракаи сиёсӣ шуруъ шуданд. Баъзе аз ҳолатҳое, ки дар давоми сол, ё қаблтар дар нисбати ин ё он шахс буд, ба интихобот алоқамандӣ надорад. Аз ҳамин хотир, аз аввал то ба охир раванди интихобот дар Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни асосӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Дар ягон маврид ҳолатҳои вайрон кардани Сарқонун, қонун “Дар бораи интихоботи президентӣ” ва меъёрҳои байналмилалӣ дар ин раванд ба чашм намехӯрад. Аз ин рӯ, мавқеи мо аз он иборат аст, мисолҳои конкретие, ки дар гузориш оварда шудааст, ба интихоботи 2013 дар Тоҷикистон ҳеч рабте надорад.”



Озодагон: Яъне, гузориши онҳоро эътироф намекунед?

Шоҳиён: “Фикри ман ҳамин аст, маълумоте, ки дар гузориш ҷой дода шудааст, ин як кори маъмулии доимӣ буда, ба интихобот рабт надорад. Чунки дар гузориш омадааст, агар ҳизби “Тоҷикистони нав” таъсис меёфт, ин ҳизб дар интихобот ширкат мекард. Дар ҳоле ки ҳама медонад, ҳизбе бо номи “Тоҷикистони нав” сабти ном нашудааст. Барои сабти ном гардидан ҳам ҳеч асноди заруриро ба Вазорати адлия пешниҳод накардаанд. Танҳо як гуруҳи ташаббускор ҷамъ шуданду онҳо хоҳиш доштанд, то ҳизбе бо номи “Тоҷикистони нав” таъсис бидиҳанд. Ташкил кардани ҳизби сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ин як кори маъмурӣ ҳаст.”

Озодагон: Аммо дар гузориши Дидбонгоҳи ҳуқуқи башар аз адами рақобати аслӣ миёни номзадҳо ба мақоми президентӣ ҳам ишора шудааст...

Шоҳиён: “Ин фикри ҳамон ташкилот ҳаст. Ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Дар воқеъ, номзадҳои аслӣ дар Тоҷикистон рақобат доранд. Аз аввал 7 ҳизби сиёсӣ изҳор дошт, ки барои ширкат дар интихоботи президентӣ номзади худро пешниҳод хоҳад кард. Дар натиҷа, 6 номзад расман сабти ном шуд. Намояндаи як ҳизби сиёсӣ аз сабаби гирд наовардани имзои лозимӣ сабти ном нагардид. Санадҳои ин номзад пешниҳод нашуд ба мо ва аз ин хотир КМИР натавонист, ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳад. Имрӯз ҳама мебинем, ки ҳар як номзади пешбарӣ шуда, барномаи алоҳидаи пешазинтихоботии худро дошта, мавқеъ ва назари онҳо ба вазъи кишвар аз якдигар фарқ мекунад. Он ҳама вохӯриҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, исбот мекунад, ки номзадҳо дар ҳақиқат ҳаракат доранд. Онҳо талош доранд, то дар интихоботи қарибулвуқӯъ овози бештарро ба даст оранд.”

Озодагон: Як нуктае, ки бештар мавриди интиқоди таҳлилгарон қарор мегирад, ин мулоқоти номзадҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Гуфта мешавад, дар мулоқоти номзадҳо раисиҷумҳури феълӣ, ки аз ҷумлаи номзадҳо ҳаст, ҳузур надошта, танҳо 5 номзад иштирок доранд...

Шоҳиён: “Қонун муайян кардааст, ки аз лаҳзаи дар КМИР сабти ном шудан, номзадҳо ҳуқуқи пеш бурдани таблиғоту ташвиқотро доранд. Шумо иттилоъ доред, ки номзадҳо метавонанд ба мулоқот бо мардум нараванд ва шахси боэътимоди худро фиристанд. Мутобиқи маълумоти мо, ситоди пешазинтихоботии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) хеле фаъолона кор мебарад. Онҳо барномаи номзади худ, президенти феълӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки номзад аз ҲХДТ дар ин баробар президенти амалкунандаи Тоҷикистон аст ва тибқи қонқнгузории кишвар то вақти баргузории интихобот, то ҷаласаи якҷояи Маҷлиси олӣ ва савгандёдкунии президенти нав, раисиҷумҳур то ба охир ҳамчун роҳбари давлат фаъолият мекунад. Сафарҳои корие ҳаст, ки ба вазифаи эшон рабт дорад.”

Озодагон: То анҷоми марҳилаи ҷамъоварии имзо сару садо атрофи як номзад - Ойниҳол Бобоназарова, ки аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, зиёд буд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бо сабти ном нагардидани номзадии хонум Бобоназарова фазои пешазинтихоботӣ ҳарорати худро гум кардааст. Шумо чӣ назар доред?

Шоҳиён: “Ақидаи ман дигар аст. Интихоботи президентии Тоҷикистон як маъракаи хеле муҳими сиёсие ҳаст, ки дар ин раванд тамоми шаҳрвандони кишвар бо як шакле таваҷҷӯҳ мекунанд. Онҳое, ки ҳаққи ширкат доранд, бетараф намемонанд. Ман фикр намекунам, пешбарӣ шудани ин ё он шахсият боиси бисёр гарм шудани раванди интихобот бошад. Ман дида истодаам, ки намояндаи 6 номзад дар асоси имконияти баробар ширкат доранд. Ҳамаи онҳо шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ҳудуди кишвар мавқеи худро доранд ва аз ҷиҳати ихтисосӣ бисёр касбӣ ҳастанд. Барнома ва унвонҳои илмӣ доранд. Фикр мекунам, ин раванд то ба охир дар сатҳи баланд идома мекунад.”

Озодагон: Аммо баъзе ишораҳое буданд, ки гӯиё номзадҳое ҳастанд, ки барои ҳизби ҳоким ва ё КМИР чандон номзади бегона нестанд ва як гуна кумакҳо аз тарафи Шумо ҳам ба онҳо расида бошад. Атрофи ин чӣ мегӯед?

Шоҳиён: “Ин ҳама ғалат ҳаст. КМИР мақоми масъули баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аст. КМИР тибқи қонун вазифадор аст, ки ин ҷараёни интихоботро танҳо дар доираи қонун баргузор кунад. Инчунин, қонун КМИР-ро вазифадор кардааст, дар раванди баргузории интихобот ва махсусан дар замони сабти ном кардани номзадҳо ба ҳеч номзаде имтиёз ва бартарӣ дода нашавад, тамоми шарту шароит барои ҳамаи номзадҳо бояд баробар бошад. Имконияти моддиву техникӣ якхела бошад. Барои ҳамаи номзадҳо мо маблағи баробар ҷудо карда, барои баромад дар телевизион ҳам ба ҳама вақти муайян гирифтем. Дар мавриди ҷамъовардани имзоҳо аз аввал то ба охир мавқеи КМИР аз он иборат буд, ки барои номзадҳо ҳеч монеа ва душворӣ бояд эҷод карда нашавад. Мактуби расмӣ ба раисони ноҳияҳо фиристодем, ки ба раванди баргузории интихоботи озод мусоидат кунад. Ҷамъоварии имзо ба гурӯҳҳои ташаббускор вобаста буд. Дар натиҷа маълум гардид, ки 6 ҳизби сиёсӣ имзо ҷамъ карда, номзадҳояшон сабти ном шуд. Он номзаде, ки аз тарафи ҲНИТ буд, ягон мавод пешниҳод накард. Агарчӣ мо бо дархости Ҳизби коммунист, сотсиалист ва демократ мӯҳлати ҷамъоварии имзоро 3 рӯзи дигар тамдид кардем.”

Озодагон: Ситоди интихоботии номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) аз он шикоят доштанд, ки раисони шаҳру навоҳӣ барои ҷамъоварии имзо монеа эҷод мекардаанд. Оё аз номи онҳо ба Шумо шикояти расмӣ расидааст?

Шоҳиён: “Аввал ин ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ҳаққи пешбарӣ кардани номзад ба мансаби президентии Тоҷикистонро надорад. Ҳамин таъсиси ИНИТ ҳам аҷиб аст. Гӯиё ду ҳизб якҷоя шуда, бо кумаки чанд гурӯҳи дигар иттиҳод таъсис дода, дар интихобот ширкат карданӣ буданд. Аҷибаш ҳам дар он аст, ки як ҳизби ин иттиҳод, сотсиал-демократҳо аз аввал дар ин иттиҳод набуданд. Ҳатто анҷумани худро баъд аз анҷоми маъракаи ҷамъоварии имзо баргузор намуданд. Чӣ гуна ҳизб аст? Аҷоибаш ин ки ҳизби сотсиал-демократ баъди анҷоми маърака анҷуман кардаву масоили марбут ба интихоботро муҳокима мекунад.”

Озодагон: Яъне, онҳоро эътироф намекунед?

Шоҳиён: “Албатта, эътироф намекунем. Қонунгузории Тоҷикистон муаяйн кардааст, ки ҳар ҳизб ва ё иттиҳоде, ки дар ҳудуди кишвар амал мекунад, бояд талаботи Сарқонунро риоя кунад. Баъди ба итмом расидани марҳила атрофи интихобот сухан гуфтанро мо қабул надорем. ҲСДТ бояд дар мӯҳлати пешбиникардаи қонун анҷуман карда, мавқеашро мегуфт. Аммо ин корро накард. Баъди анҷоми фурсати сӯҳбат кардан атрофи ин мавзӯъро мо қабул надорем, беасос аст.”

Озодагон: Чанде пештар ҳизби сотсиал-демократ эълон кард, дар сурати сабти ном нашудани номзадии Бобоназарова интихоботро бойкот хоҳад кард. Оё ин ба ҷараёни интихобот чӣ таъсире хоҳад гузошт?

Шоҳиён: “Аввал маънои бойкотро фаҳмидан лозим аст, ки ин чист, чӣ мазмун, чӣ маъно дорад? Бойкот дар ҳақиқат - як эътироз, эрод, нобоварӣ аз ҷониби як гурӯҳ, шахс ё як ҳизби сиёсӣ ба рафти амалӣ шудани чорабинӣ. Аммо вақте ҲСДТ дар раванди баргузории интихобот аз ҳуқуқи қонунии худ истифода накард, эътирози онҳоро мо чӣ гуна эътироф мекунем? Эътироз ё бойкот карданӣ, ки буданд, аз аввал эълон мекарданд, ки аз рӯи чанд сабаб ин корро анҷом медиҳанд. Лекин тибқи иттилое, ки мо аз расонаҳои хабарӣ гирифтем, ҲСДТ аввал эълон дошт, анҷуман мекунаду номзад дорад. Рӯзи анҷуман, ки наздик шуд, баргузории анҷуманашро бо сабабҳое ба таъхир гузошт. То замони анҷом гардидани пешбарии номзад ба мансаби президентӣ ҳар баҳонаҳо оварданд. Рӯзи 12 октябр баъди ба анҷоми марҳилаҳое, ки ҳизби сиёсӣ ҳақ дорад, ин корро накарданд. Як гурӯҳе, намедонам, дар хонаи Раҳматилло Зойиров ҷамъ шуданд. Боз гапҳои бемантиқ, беасос ва подарҳаво ину онро зери шубҳа мегузоранд. Ҳамааш беасос аст.”

Озодагон: Вале Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳам гуфт, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ мекунад...

Шоҳиён: “Ман шинос шудам. Дар ҳақиқат, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ин масъаларо дида баромаданд ва мавқеъро гуфтанд. Вале онҳо ишора доштанд, ки ин маънои бойкотро надорад. Тарафдорони ҲНИТ дар интихобот ширкат мекунанд, изҳорот медиҳанд ё на, ин ҳаққи онҳост. Қонун муаяйн кардааст, ширкат дар интихоботи президентӣ ин ихтиёрӣ ҳаст. Натанҳо Шӯрои сиёсии ҲНИТ, балки ҳар шаҳрванде, ки хоҳиш надорад, метавонад ширкат наварзад. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳамон вақт эътибор дорад, ки 50 дарсади интихобкунандагон ширкат дошта бошанд.”

Озодагон: Вале ҲНИТ эътироз аз он дорад, ки 210 ҳазор имзои муқарраркардаи Шумо барзиёд аз меъёри 5-дарсадаи Қонуни асосист. Ин ҳизб иддао дорад, ки 202 ҳазор имзои ҷамъовардаи ойниҳол Бобоназарова барои сабтиноми ӯ кофист. Шумо чӣ мегӯед?

Шоҳиён: “210 ҳазор имзоро КМИР баъд аз ҳисобу китоби дақиқ эълон дошт. Он 202 ҳазоре, ки гуфтанд, дуруст нест. Номзади ҲНИТ нахуст эълон дошт, ки 201 ҳазору 236 овоз ҷамъ карданд, баъд гуфтанд, 202 ҳазор имзо дорем. Дар асл, мо ҳеч имзоро надидем. Мо танҳо як чизро дидем - Кабирӣ дар як рӯз 10 имзо, Зойиров 200 имзо ва Ҳакимов гуфт, ки 100 имзо ҷамъ кардааст. Қонун муайян кардааст, барои сабти ном шудани номзад субъекти пешбарикунанда бояд ба КМИР чанд асноде пешниҳод дошта бошад: протоколи анҷуман дар мавриди пешбарии номзад, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон, ки аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардаанд, тарҷумаи ҳоли номзад, аризаи номзад дар мавриди розигияш барои ширкат. Аз ин санадҳо ҲНИТ ба мо ҳеч чизе пешниҳод накардааст. Мо ҳам бисёр мехостем, онҳо маводи худро ба мо пешниҳод кунанд, то бибинем асос дорад, ё на.”

Озодагон: Ба фикри Шумо чаро пешниход накарданд?

Шоҳиён: “Ман сабабашро намедонам. Агар онҳо бисёр мехостанд, ки сабти ном шаванд, бояд пешниҳод мекарданд.”

Озодагон: Вале онҳо мегӯянд, ба далели таъмини амнияти шаҳрвандони имзогузошта протоколҳоро ба Шумо пешниҳод накардаанд...

Шоҳиён: “Ин қисмати изҳороти ҲНИТ асос надорад. КМИР на мақоми таъқибкунандаи ҷиноят ҳаст, на сохторе, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дохил мешавад. Инҷо намояндагони аксар ҳизбҳои сиёсӣ ворид ҳастанд, аз ҷумла намояндаи ҲНИТ. Он бланкаҳое, ки бо имзои шаҳрвандон пешниҳод мешавад, танҳо барои дақиқ кардани синну сол, таваллуд ва ҷойи иқомат мебошад. Дар баъзе бланкаҳо ному насаб буд, аммо синну сол ва ҷои иқомат набуд. Вақти тафтиши бланкаҳои имзо аз тарафи ҳизбҳо мо то ҳазор имзоҳоро беэътибор донистем. Вале ҲНИТ ба мо ҳеч санад пешниҳод накард.”

Озодагон: Мегӯянд, ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ин корро накардаанд...

Шоҳиён: “Чӣ ташвиш доранд? Магар раиси КМИР ё аъзои Кумисюни марказии интихобот ҳаққи боз кардани парвандаро нисбат ба шаҳрвандон дорад? Мо чунин ҳуқуқ надорем. Вазифаи мо ташкил ва баргузор кардани интихобот мебошад. Санаде, ки ба мо пешниҳод мешавад, аз ҷумла бланкаҳо зери муҳофизат нигоҳ дошта мешавад. Аслан ҲНИТ чӣ қадар аъзо дорад, барои касе пӯшида нест. Маълумот дар мавриди тарафдорони ҲНИТ ҳам дар Вазорати адлия ҳаст ва ҳам дар мақомоти шаҳру ноҳияҳо. Мо гуногунандешии сиёсиро эътироф кардем, ҳеч шубҳае бояд пайдо намешуд.”

Озодагон: Дар нишасти матбуотӣ Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод дошт, ки як гурӯҳи корӣ барои санҷиши имзои ҳар номзад таъсис дода шавад. Дар он сурат онҳо низ имзои худро пешниҳод хоҳанд кард. Оё имкони таъсиси чунин гурӯҳ вуҷуд дошт ва ё дорад?

Шоҳиён: “Ин таклиф ҳам ғайриқонунӣ ҳаст. Қонунгузории мо муаяйн накардааст, ки ҳангоми санҷидани имзоҳо, ба Кумисюн намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ворид бишаванд. Дар ягон маврид мо ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳем. Ҳеч мақомот, аз ҷумла КМИР ҳақ надорад, меъёри қонунгузории кишварро иҷро накунад.”

Озодагон: Бисёриҳо мегӯянд, таблиғи Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаҳои телевизионӣ дар остонаи интихобот хеле зиёд шудааст. Ба назари Шумо, беҳтар набуд, аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳо дар арафаи интихобот гузоришҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ камтар пахш шавад?

Шоҳиён: “Аввал ин ки интихоботи президентӣ дар як давраи ҳассос сурат мегирад. Дар замоне ки дар кишвари мо корҳои ободонӣ босуръат рафта истодааст. Ҳамаи мо мебинем, ки симои кишвари мо иваз мешавад. Ин натиҷаи меҳнати мардум ва фаъолияти ҳукумат аст. Мантиқан дуруст намеояд, ки дар арафаи интихобот мо аз пахши чунин гузоришҳо як кам худдорӣ кунем. Боз тарафи дигарро ҳам набояд фаромӯш кард, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон як дастгоҳи идеологии ҳукумат аст. Онҳо сиёсати давлатро таблиғ мекунанд.”

Озодагон: Дар мавориди нозирон чӣ мегӯед? То куҷо холисона ба ҷараёни интихобот баҳо хоҳанд дод?

Шоҳиён: Қонуни мо кафолат додааст, нозирони байналмилалӣ ҳақ доранд, назорат баранд. Мо дастурамал ҳам қабул кардем дар мавриди фаъолияти онҳо. Ин ҳама ба он хотир аст, ки интихоботи мо ошкор ва шаффоф бошад. Мо шароитро муҳайё мекунем, ба кадом минтақае, ки хоҳанд, раванду бинанд. Баъд аз интихобот ва изҳороти онҳо, баъд мо мавқеи худро хоҳем гуфт.”
Мӯҳр
Интихобкунанда
БА Ш.ШОЕВ ГУФТАНИЯМ,КИ КАМЕ ХАМ БОШАД,БОЯД ХАКИКАТРО ГУФТ.
Ба хама мардуми точик маълум аст,ки дар Точикистон дар 20- соли хукмронии Э.Рахмон,ягон маротиба интихоботхои шаффофу демократи ва озод баргузор нашудааст ва инро худи хукуматдорон хам нагз медонанд ва агар интихоботхо шаффофу демократи мегузаштанд,дар макоми президенти кайхо, нафари одилу демократ ва дар хакикат мардуми аз тарафм мардум интихоб мешуд на чаноби Э.Рахмон.

vali
Богбон,
Дилёб,
шумо як бесаводо шишта бо дар бораи сиёсат гап мезанен авал а ай б фарк кнен бад гап занен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)