Бахшҳо

Кабирӣ интихоботи 6 ноябрро “бохти миллати тоҷик” номид

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки бо як сафари ғайрирасмӣ дар Туркия қарор дорад, интихоботи президентии 6 ноябрро “бохти воқеӣ барои миллати тоҷик” хонд.

Вай дар як тамос бо Ozodagon.com гуфт, “агар Эмомалӣ Раҳмон низ худро ҷузъи ин миллат медонад, пас, ӯ ҳам дар маҷмӯъ бохтааст”. Ба қавли оқои Кабирӣ, давраи оянда барои Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама душвор хоҳад шуд, “зеро даҳҳо масъалаи ҳалнашударо худ ба худаш аз давраҳои қаблӣ ба мерос гузошт, ҳол он ки тибқи ваъдааш он масоил кайҳо боз ҳалли худро меёфтанд. Даҳҳо масоили дигар изофа хоҳанд шуд, ки бузургтаринаш ҷавобгӯ будан ба ниёзҳои насли нав аст.”

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар идомаи сӯҳбаташ бо Ozodagon.com афзуд, ҷаноби Раҳмон бояд дарк карда бошад, ки рақамҳои эълоншуда аз натиҷаҳои интихобот низ воқеӣ нестанд, “бахусус, фоизи ширкаткардагон дар интихобот. Намедонам, оё ӯ метавонад ин ҳама иштибоҳоти гузаштаро дар ин давра ислоҳ кунад, ё не. Оне, ки кишвар ба як тағйирот ниёз дорад, ба ҳама маълум аст ва ӯ бояд исбот кунад, ки тарафдори тағйирот дар сиёсат, иқтисод ва умуман услуби давлатдорист.”

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, барои ин кори зиёде аз ӯ талаб намешавад, кофист, ки ислоҳоти решаиро баъд аз интихобот оғоз намояд: “Бояд бифаҳмад, ки ислоҳот танҳо ба нафъи ҷомеа ва миллат нест, ба худи ӯ низ лозим аст. Хуб мешуд, як бор консепсияи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳро меомӯхт, аз он метавонад барои ислоҳоти оянда идеяҳои зиёде пайдо намояд. Вале, боз ҳам агар аз рӯйи принсипи "ё ҳама чиз, ё ҳеч чиз" амал намояд, мушкилии худро бештар намудаасту халос.”

Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳизбаш гуфта буд, аз ширкат дар интихоботи президентӣ худдорӣ мекунад, як ҳафта пеш аз баргузории интихоботи президентӣ аввал ба Қатар ва баъдан ба Туркия рафт. Вай дар сӯҳбати пешинааш бо Ozodagon.com гуфта буд, зарурати онро намебинад, ки дар рӯзи интихобот ба Тоҷикистон биёяд.
Мӯҳр
Суруш
Кабири хиёнати бузургро ту барои миллат дар ин интихобот карди!!! Ман аз хамин рафтори ту, ки ба хотири халал ворид нашудан ба тичратат дар интихобот иштирок накарди ва хатто дар рузи интихобот дар дохили кишвар мисли Зоиров Р. истода гап назади, билети хизбиамро даронам. Дигар аъзои ХНИТ нестам. Ман аъзои ин хизб буданро дуст медоштам, аммо хиёнати ту ва ту баринхо дигар дар назди ман хамчун як узви ин хизб набахшидани аст.

NuR
Бо арзи дуруду салом мехостам якчанд нуктаро хидмати дустон арз кунам.

Ин соле, ки мегузарад барои банда хеле бобарор буд, чун маени нерухои мухолиф зиед будам ва назароту акоиди онхоро нисбати ватан, миллат, дилну мазхаб ба хуби дарк кардам.

Кулли муфолифин, ки намояндаи ахзоб, чунбиш ва ташкилотхои "исломи ва е мазхаби" нестанд, хам мухолифи рохбарияти имрузаи кишвар ва хам "мухолифи исломихо" хастанд. Ва хамчоя аз паи сахвхои мухолифини Исломи хастанд, то онхоро санге бизананд.

Бадин тарик чанд мулохизаи бародаронае ба дустонамон дорам.
Бародарон, агар афродеро ба хотири эътикодашон пазиро нестед, чаро бо онон иттиход мекунед?!
Чаро мудом аз хиенати Кабири харф мезанед дар холе, ки пешниходи номзадии хонум Ойнихол тасмими ИНИТ буд на Кабири?! Хоб агар Зоиров мухолифи тасмими ИНИТ буд пас чаро аз иттиход хорич нашуд?! Е шумо мехостед хостаи Зоиров як чову кабул, ва хостаи Иттиход дар умум дигарчову кабул на???

chi xele ki xudo xost hamun meshavad.rahmon bo hukumat hej vakt boi nametiyad.va xalk dar intixobi rahmon xatoe nakardaast.tu fikri xuta kun ki badi savgandxurii janob kinoi nav sar meshavad.

впп
Мухидин Кабири ки буданашро якбори дигар нишондод вай дар хакикат хаминхел хаст ягон сунатро ичро намекудаду мугуяд бикунед ку худат риш мон умуман азноми исломи пок инхел одамхо бояд баромад накунанд ислоим чизи дигар аст на онеки Кабири мефахмад

ввп
Суруш,
тухам мисли вай хасти чи ё худивай

Субхон
Устод Кабири марди ХУДОСТ. Худованд нигахбонут устод мо бо шумоем.Ромиз,

корхонаи наски барори дар фуруш аст маълумот 904030495

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)