Саидалӣ Сиддиқов: “Бобои барфӣ ба анъанаи миллии мо рабт надорад”

Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар нақшаи барномаи асосии солинавӣ намоиши Бобои барфӣ ва Барфак ворид нашудааст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ин ду қаҳрамони аслии ҷашни Соли нави милодӣ ба анъанаҳои миллии тоҷикон пайванде надоранд.
“Ин навбат бештар ба арзишҳои миллии худамон бартарӣ дода хоҳад шуд. Барои мисол, дар барномаҳои телевизион ба мисли қабл мусиқӣ, рақсу суруд, барф, сайругашти оммавӣ ва таманниёти идона ҷой дорад, аммо бидуни нӯшокиҳои спиртӣ ва қаҳрамонҳо - Бобои барфӣ, Барфак ва арчаи солинавӣ”,-афзуд Саидалӣ Сиддиқов.
Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, албатта, намоиш надодани Бобои барфиву Барфак дар телевизионҳо амр ё супориши хосе набуда, балки муаллифи барнома чунин хостааст. Ӯ изҳори дошт, “одамон аз пашша фил месозанд. Мо нагуфтем, ки Бобои барфӣ ва Барфаку арчаи солинавӣ бад аст. Ҷомеаи мо дунявист. Ҳар кас ихтиёр дорад бо хости худ онро ҷашн гирад. Ин ҳама идҳо ҷузъе аз фарҳанги мардуми мо шудааст ва ҷанбаи хуб ҳам дорад.”
Бобои барфӣ ва Барфак дар ҳоле ба барномаҳои солинавии телевизионҳо роҳ намеёбанд, ки дар остонаи соли нави 2012 нафаре дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, мавриди ҳамла қарор гирифта, кушта шуд. Ин ҳодиса дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода буд. Саидалии Сиддиқ мегӯяд, намоиш надодани Бобои барфӣ ва Барфак ба ин надорад ва танҳо хостаи таҳиягарони барномаҳои солинависту бас.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |