Бахшҳо

Кабирӣ дар бораи тағйирот ва мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур, ба ҳайси раҳбари Хадамоти гумрук аз кишвари феодалӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад.

Кабирӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии русии “А24” гуфтааст, ин таъйинот бозгӯи он аст, ки давлати Тоҷикистон танҳо дар Қонуни асосӣ демократӣ ва дунявӣ буда, дар асл ба як кишвари асримиёнагӣ наздик ба монархия монанд аст. Ба қавли раиси ҲНИТ, Тоҷикистон танҳо дар либос ва ороиши бинову маъракаҳо ҳамчун кишвари муосир ва мудерн дида мешавад: “Вале дар воқеъ, ба як кишвари феодалӣ табдил ёфтааст.”

Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “вокуниши мухолифони тоҷик ба ин мансаб таъйин шудани Рустами Эмомалӣ чист?” иброз медорад, ки инҷо дигар вокуниши мухолифин зарурат надорад. Чун ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо ин иқдоми худ миссияи мухолифинро дар ин бора иҷро кардааст. Раиси ҲНИТ мегӯяд, вазифаи мухолифин ошкор ва гуфтани камбуди ҳукуматҳо аст. “Дар бархе аз кишварҳо, ки ҳукумат барои пӯшонидани камбуду мушкилоти худ талош мекунад, ин кор барои мухолифин мушкил пеш меорад, аммо ҳукумати Тоҷикистон бо ин амал вазифаи мухолифинро иҷро кард ва акнун барои мухолифон ҳатмӣ нест, камбуди ҳукуматро ҷӯянд, чун он алакай ошкор аст”,-гуфтааст ӯ.

Оқои Кабирӣ илова намудааст, омадани писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин симат аз иштибоҳ ва эҷоди як мушкил барои ҳукумати кишвар дарак медиҳад. Ӯ бар ин аст, ки ба ин таъйинот аз ҷониби бисёриҳо баҳои манфӣ дода шуда, норозигӣ на танҳо миёни мухолифин, балки байни тарафдорони худи ҳукумат низ эҷод кардааст. “Ба чунин масъалаҳо, бахусус дар як кишваре, ки худро демократию дунявӣ меҳисобад, бояд хеле эҳтиёт кард”,-таъкид доштааст ӯ.

Ин сиёсатмадори тоҷик афзудааст, ҳарчанд аз ташкилшавии ҳукумати нави Тоҷикистон ягон иллюзия надошт, вале умедвор буд, сафи аъзои ҳукумати навташкилро бештар ҷавонон ва намояндагони аҳзоби гуногун, ё ҳадди ақал муттахассисон ва технократҳои бидуни ҳизбу берун аз қабилагароӣ ташкил медиҳад. Ӯ таъкид дорад, ки дар Тоҷикистон бо ивазкунии аъзои ҳукумат, ки ин ҳам дар тими нави Раҳмон тақрибан ягон чеҳраи нав дида намешавад, ҳеч чиз тағйир нахоҳад ёфт. Чун дар ин кишвар дар ҳама соҳа президент тасмим мегираду вазирон танҳо иҷрокунанда мебошанд: “Мутаассифона, дар мо вазириро танҳо иҷрокунанда медонанд, аммо дар асл масъулияти вазирӣ танҳо бо ин хатм намешавад, балки ӯ бояд худ низ қарор қабул кунад ва барои ин амали худ ҷавобгар бошад. Вале дар Тоҷикистон танҳо президент ин ҳамаро мекунаду фақат худи ӯ ҷавобгар аст.”
Мӯҳр
МУХАММАД
ШУМО ХИЗБИ ............. КАБИРИ!!НА ДУНЕИ МАРДУМРО ОБОД МЕКУНЕД НА ОХИРАТИ ХУДРО ШУМО БА ДИН ВА МАРДУМ ХИЕНАТ МЕКУНЕД ДИНРО БА ЭРОН МЕФУРУШЕД ОРЗУИ МАРДУМРО БА ХУКУМАТ ШУМО ................................................................................

................................................................................

..................................

Устод Мухиддин Кабири дар хакикат дуруст гуфтааст...Аллох мададгорад бошад.

Savol ba muhtaram Kabiri: Guftahoi Shumo tanho ba pisaroni digar nafaron taaluq doradu xalos! Magar pisari shaxsii xudatonro dar yod nadored?! Charo pisari shumo Pirazanro dar natijai sadamai naqliyoti ba halokat rasond, Shumo az rui vijdon baromad va haqro nagufted?! Medonam ki hamai in NASIB astu xalos! Lekin, hamchun korshinosi xub, tarafdori tanqidu kambudiho nashavedu, peshnixod kined, ki chi kor boyad kard! Kambudiho ba hamagon maglum ast, va peshnihodhoi bagze siyosatmadoroni partiyavie ki bo zaboni xujainhoi xorijiashon va bisyortar baroi manfiyathoi hamon xujainhoyashon meshavad ba mo shudanash gayrimumkin boyad boshad! Ba haamaton muvaffaqiyat!

Инро хама медонанд , аммо Кабири гуфт . Тиъин кардани Рустам иштибох не , балки аблахист ва ин ишора бар он астки хукмронии сулолаи Рахмониен огоз шуд ва соли 2020 номзади президент таъин шуд. Боки Худо доност .

муаллим
Мошоаллох устод Кабири монда набоши

Кабири Шумо чи мехохед? як сахнае дар миён гузор, ки хукумат ба Шумо вазифа пешниход кунаду баъд Шумо кабуд накунед. Дигар сахнаю хиллахоятро хама медонанд.Шумо чавонро ба сафи ХНИТ чалб мекунам гуфта, ягон муйсафеди имондоре, ки буд бо хар найранг аз хизб пеш карди! Холо бошад касе, ки кори Шуморо дастгири накунад пеш карда истодаи? ХНИТ хамаро мунофик карди!!! Забонат мисли забони шайтон мемонад Кабири хохиш мекунам дигар ба миллату давлати ТОЧИКОН дуруяги накунед ХАМ ХУДАТ ХАМ АМАКАТ БОЗОР СОБИР!!!! хохиш мекунам чоп кунед. Ин назари шахсии ман аст. Маг хам мухлиси кабири будам акнун дигар нестам ...

Дилшод
Ман гумони бад нисбати М.Кабири намекунам вале агар бозигар бошад хар чи зудтар аз ин кораш даст бикашад, бехтар аст

Muhojir bacha
Обод боши устоди мехрубон як туи аз холи зори гарибон хабардор мекни хамара хеле бо ту фахр мекнем ва шукронаи онро дорам ки як рушанфикр дорем ман хамеша дуогуят мебошам гапи хака хдт меги обод боши устод хамеша хаминтавр сарбаланд боши устод.

ODAMKHUDO
JOI TAAJUB NADORAD AGAR RUZE BA SOMONJON UNVONI GENERALIRO BIDIHAND

ODAMKHUDO
JOI TAAJUB NADORAD AGAR RUZE BA SOMONJON UNVONI GENERALIRO BIDIHAND

Кабири буду шуди гапро гуфтааст ва аз ин бештару кушодтар гуфтан имкон надорад! Сиёсатмадори варзида ва огах аз койидахои бозист! Онхое, ки каме коидаро вайрон карданд бо хазорон чурми гушношуниди феодали рузашон сиёх асть...Ресспект Кабири!

хайр хеч гап надорад огои кабири имруз футболбоз раиси гумрук шуд фардо дарбон раисчумхур хохад шуд. 90 дар 100 вазирон хатто дар бораи мансаби худ иттилооти кофи надоранд кучо бимонад ба писари раисчумхур....
озодагон медонам ки алакай кисаги гаштаи умед аст ислох щаведу назари мардумро чоп кунед....

Фаридун
Гуфтахои чаноби кабири дурустанд дар Точикистони мо руз то руз зиндаги вазинитар шудестай ягон пешрави нест факат таго бози ва ришвахури пеш рафтестай

аналитик
Кабири агар дар хакикат мухолифи хукумат мешуди чоят дар пахлуи Зайд Саид буд. Тамоми авлодат бизнес карда гаштааст ягон кас корат намегирад барои он ки одами хукумат хасти.

Bas akun Kabiri ... Digar na gaput mano dorad na xudat. Manarxia budani Tojikistona Xama Medonist... ne ki dar Tarsonchak budani tura xichka namedonist. Cho mekuni tu digar gapu gapchara .... Tu digar saf - sata xonda Bugard siminar ba siminar !! Gapa Bobonazarova gap zana ... Tuda xarfi J kalon.
Rustam davron karda Bugard ... Kamakak doshti ki bo I vazaifa kamit kardakta. Ai aftut Malumai ki Rustam paxlavon nesti

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)