Бахшҳо

"Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист"

Зафари Суфӣ

Ростӣ намехостам чанд рӯзи дигар чизе дар бораи қазияи боздошти Абдураҳим Шукуров бинависам. Зеро як усули доимӣ барои навиштан доштам, ки эҳтимолан имрӯз барои аввалин бор ва умедворам барои охирин бор шикаста мешавад. Ман ҳеч гоҳ бар мабнои бардошт аз нигоҳи нафрат чизе нанавиштаам, ҳарчанд ҳамарӯза ва гоҳо сари ҳар қадам рухдодҳои нафрангезро шоҳид будаам, тамоми тавонамро ба кор гирифтаам, ки дар бораи он чизе нанависам ва бардоштамро дар қалбам бигӯронам. Дарк мекунам дилам як қабристони бузурге шуда ва шояд рӯзе битаркаду ману ин қабристонро бифиристад ба водии хомӯшон...

Агар милиса инест, ки тайи ин ду рӯзи ахир бо он рӯ ба рӯ шудам ва дидам, ки барои хуш омадан ба касе ва дар талоши рӯйпӯш кардани амали ғайриқонунии ҳамкораш тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро зери по мекунад, ман безорам аз ҳафт пушташ ва аз ин пас онро душмани ҷони худ медонам!

Агар милиса инест, ки худро ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳофизи назми ҷомеа мехонаду огоҳона тавтеагарона ва дар камоли ҳамоқат ҳуқуқи шаҳрвандонро зери по мекунаду ҳеч масъулияте дар баробари амали ғайриқонунияш ҳис намекунад ва дар камоли такаббур назми ҷомеаро барҳам мезанаду қудратнамоӣ мекунад, ман нафринаш мекунам! Ҳаром бод ноне барои худашу фарзандонаш аз ҳисоби буҷа, ки ҳосили пардохти андози шаҳрвандон ва аз ҷумла ману ҳамкоронам аст! Ман аз ҳамаашон безорам! Ҳоло шояд иддао бикунанд, ки байнашон хубу бад ҳаст. Набуд! Бовар кунед, бо ҳар кадомашон бархурд доштам, ҳосиле ҷуз фиреб, найранг, дурӯғгӯӣ ва бадӣ надошт. Оне, ки ширинзабонӣ мекард, дар камоли номардӣ фиреб медод! Тасаввури мани сода дар бораи милиса, ки бояд афроди ростгӯ, ахлоқмадор, ҷавонмард ва қонунгарову ҳомии ҳуқуқ мебошад, саробе беш набудааст.

Ман солҳо пеш ба низоми додгоҳӣ боварамро аз даст дода будам. Аз он вақте ки як қозии порахӯр ва қаллоб дар додгоҳи олии кишвар се нашрияи мустақилу вакили мудофеъро барои нашри изҳорот ба додгоҳ кашонду як солу ним саргардон кард, ман безори низоми додгоҳӣ шудам. Ҳарчанд пас аз гузашти соле чанд ин қозиро ба ҷурми қаллобӣ дар ҳамон парванда, ки мо перомунаш навишта будем, гунаҳкор донисту барои ҳашт соли зиндон маҳкум кард, безории ман аз низоми додгоҳӣ бештар шуду камтар не! Дирӯз ҳам кирдори қозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар баррасии ғайриқонунии парвандаи ҳамкорам Абдураҳим боз як бори дигар безориям аз низоми додгоҳиро бештар кард.

Ба назар мерасад дигар дар ин ниҳодҳо меъёр қонун, ахлоқ, номус, шараф, мардӣ ва аз ин қабил арзишҳои инсонӣ нест. Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, фиреб, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист ва муҳим ҳисобот додану пеши роҳбарият ҷойгоҳи худро ҳифз кардан аст. Инҳо ба ҳадде оҷиз, нотавон ва беғайрат, ки сахт бовар доранд, агар аз ин мавқеи доштаашон барканор шаванд аз гуруснагӣ мемиранд. Инҳо ризқро аз Худо неву аз бандаи Худо мехоҳанд. Чун худашон гирифтори ҳама навъ таҳқир будаву ҳастанд, мехоҳанд дигаронро низ монанди худашон бибинанд. Яъне, ҳама гирифтори маризии худкамбинӣ ҳастанду бо зери по кардани ҳуқуқи дигарон, нодида гирифтани арзишҳову қонун мехоҳанд ин худкамбиниро ҷуброн кунанд. Ман аз ҳамаатон нафрат дорам! Ман безори ҳамаатон!

Дар қазияи Абдураҳим ҳеч пирӯзие дар миён нест! Дарвоқеъ, агар пирӯзие ҳаст, он пирӯзии беадолатӣ бар адолат аст. Мо дар камоли мазлумият дар баробари поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ҳирфаии як ҳамкорамон қарор гирифтем.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо зери по кардани тамоми меъёри қонунҳои кишвар наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум ба ҳафт рӯз боздошти маъмурӣ кард. Пас аз ҳамраъйии ҷомеаи рӯзноманигории кишвар ва роҳбарони расонаҳои хабарӣ буд, ки мақомоти ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таку дав уфтоданду бо сад роҳ Абдураҳимро розӣ кардаанд, ки ба додгоҳи шаҳри Душанбе ариза бинависад. Ин ҷо аз ҳамаи рӯзноманигорон ва азизоне, ки моро дар ин қазия пуштибонӣ карданд, сипосгузорем. Шумо воқеан нишон додед, ки дар баробари беадолатӣ хомуш нахоҳед буд!

Аммо корзор барои барқарории адолат ҳамчунон идома хоҳад дошт ва мо ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нестем худро мадюни илтифоти ин ё он мансабдоре бидонем. Мо хостори пирӯзии қонун будему ҳастем ва то охир чунин хоҳем буд ва барояш талош хоҳем кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
нодон
Это называется полицейская страна.......

Бо шумо сад дар сад розиам. Милисае, ки аз буча, яъне аз анджози мардумсупорида нон мехурад мардумозори мекунад. хамкавми худашро золими мекунад ва бештар аз х=ама бо хамон сару либоси низоми кару фар дорад ва гуё барояш ягон арзиши инсони вучуд надорад. Гумон мекунам дар сафи милиса онхоеанд, ки на аз кучаи одамгари гузаштаанду на саводу на вичдон доранд. Аз ин ру гумон мекунам, вакти он расида, ки сафи милисаро аз хисоби одамони оддии ба кавле синфи коргару дехкон аз нав бояд сохт. то ба кай онхо зулм мекунанду дар паси номашон руст мешаванд.

админстратори оЗОДАГОН, намдонам барои чи бошад, ки шарххои маро ба чоп намедихед. мехостам сабабашро бифахмам. хол он ки ман онхоро бо номи аслиам менависам на ин ки бо номхои сохтаву бофта. саломат бошед!

Бо бародар Зафар хамфикрам ва мегуям, ки харомаш бод бар касе ки аз пули халк (буча) нон хураду боз ба халк зулм кунад. Милисаро бояд ба пурраги мисли солхо 1918 аз сафи халки одди аз нав ташкил кард. вакти бозсози дар милиса кайхо фаро расида. Гумон мекунам ба сафи милиса одамонеро махсус меёбанд, ки на савод, на фарханг, на муощират ва на одамгари доранд. Худоё ин чи тоифаест, ки ба тан либоси низоми ки кард гуё у сохиби ин замину осмон аст. Чи БДА ва чи милисаи катори хама як намуд ба кавлек гусфандони дар либоси гург.

Яъкуб.
Ба said!Ба Зайд чи намерасид ? Ба Зайд озодиву ободии халки мазлумаш намерасид , варна аз чихати иктисоди тамоми шароитхо дошт.

ali
Хак ба чониби зафар суфи. Шумо саидхо аз бокимондахои мугулу яхудихоед. Барои миллату рахбарони кунуни хизмати хирсона доред. Бо хукмхои золимонаатон. Бахусус нисбати зайд фитнаеро мехезонед,, ки худатон низ дар он нобуд хохед шуд.

Farhod
Said boyad chize ba zayd namerasid ? Man baroyaton meguyam farazan hamin beadolatihoi kormandoni hifzi huquq zaydro majbur kardaast ki hizb tashkil kunad. Ba inash chi megued? Ba zayd chi namerasid? Az in savoli shumo guftan mumkin ast ki shumo parvoi digaronro nadored.

ЗИРАК КАМ КАМ
НАВ ФАХМИДЕД!! ЭХ ШУМО ЖУРНАЛИСТ НЕСТЕД !ДАР ЧОМЕЪА БАЙНИ МАРДУМ КОР КАРДА ХАТТО ПЕШИ ПОЯТОНРО ДИДА НАМЕТАВОНЕД ЖУРНАЛИСТИ ХАКИКИ АЗ ОКИБАТИ ДАВЛАТ ХАТТО ДАР САНДУКИ КИ ЧАНД ПУЛ АЗ КУЧО ОМАДАГИША МЕДОНАД ЭХ ЧАВОНИ РАФТ ДА.БУБАХШЕД ФАХМИДАМ ШУМО НАВИСАНДАЕД !ЖУРНАЛИСТИКА ЭТО ГРАНИЦА НАРОДА.!!

Ба Саид гуфтаниям, агарчи медонам ки ту фабрикаи "ЧАВОБ" хасти...вале боз хам мегуям; ба Зайд хама чи мерасид!!! Мушкили вай факат хамин буд ки, дарди чомеъаро бештар эхсос крад, ва тахкиршавии милат вайро ором нагузошт ва пушаймон хам нест, ин сухане ки "БА ВАЙ ЧИ НАМЕРАСИД" гапи шахсоне хаст ки ё ухдадор хастанд ки ин гапро гуйянд ё факат шиками серро шараф медонанд...Аммо бештар ба сухани "занхои исёнгар" монанд хаст.....

огох
Дар назари шумо САИД тичорату сарват доштан аломати хушбахти бошад баъзехо хушбахтии худро дар хушбахтии дигарон мебинанд бани одам аъзои якдигаранд аз тарафи дигар дароем ДАР мо сарватманду вазифадор хам камбагалай барои онки бо тарсу вахм зиндаги мекунанд стрес доранд кариб хамаи коргарони давлати ва точирон аз маошашон зиед харч мекунанд аз кучо меоранд маълум . одам бо тарс зиндаги куни мазаву лазати сарват хурок зан ва дигархоро намефахми окибат давлени канд дилкасал жилуткахам духтуро меган ай хисоби асабай хуласи гап Хуб мешид ки кадрхои бакуватро ба кор мегирифтанд Чаноби оли ва системаи андозро содда ва коргарони бучетиро давлатиро маоши баланд бо тарзи карзи дарозмудат хонаву мошин бо чихози хона таъминашон мекарданд ки дастнигар набошанд кор кунанд мо бачахои бо нангу номус зиед дорем ки фарзанди худаш чиноят кунад ба чавобгари мекашад шояд суханхои ман ба ватану миллат фоида расонад муздаш бо Худост агар не чи кунем хакро пушондан зарар ба дусту душман аст

Саид и журналиста насихатхои монанд ба тахдид накн барои мо хамикаш маълумай ки мардак суратш кати руйрост гап задаистодааст гурда дора ранги зафар сурата бброр баъд мо мегем ки зур бдай .ай чанор гап мезани.Мохам тра бшносем охи ту хакки ку .Мо тарафдори тугри бдан.......

Ҳақ ба ҷониби Шумост, бародари азиз. Бояд ҳақиқати ҳолро гуфт. Умед дорем, ки гуши пандпазире ҳаст, то ибрат гирад. Барои Зайд ҳама чиз мерасид, вале виҷдону имонаш уро нагузоштанд, ки худ серу пур, аммо аксари ҳамватанон дар ҳолати фақру нодорӣ зиндагӣ кунанд. Зеро чунин андеша айни инсоф аст. Маълум аст, ки ин маҳрумиятҳо мардумро ба ҳар пастию разолат мубтало намуда, ба амнияти иҷтимоӣ метавонад халал эҷод кунад. Аммо андешаи ислоҳхоҳии уро нодуруст маънидод намуданд, ки мояи таассуфу ҳасрат ва дилшикастагии муслиҳон аст.

ОГОХ
АВАЛ МЕГАЗАНТ ЯКЕ ОВОЗ БРОВАРДИ АЙ ЗВОНТ МЕКАПАНЕ ....................

Приветствуем Зафар ака!!!!!!!! Аз руи буд, шуд!

ODAMKHUDO
Har ki bo dushmanii khalk ravon ast chu bahr,Zud boshad ki sari khesh chu girdob khurad.

Ба акаи Зафа Суфи!!!
1. Дар масъалаи сохтори милитсия!!! Камбудихои ин соха ва дигар макомоти амният дар шакли конструктиви доимо бояд дар ВАО инъикос гардад, на балки он замоне, ки иттифоке меафтад..., ки ба Шумо ё Идораи Шумо рабт дорад... Ин сохтор дар хама кишвархо, ба чуз чанд кишвари истисно хамин ахлоки яксонро доранд.. Вале матлаб бояд бидуни эхсосот навишат шавад то вокуниши чониби мукобил мантики гардад. Хулоса аз навиштани матлаб самарае гирифта шавад.
2. Дар робита бо акаи Зайд Саидов. Ман уро шахсан мешинохтам. Вактои охир тагйир хурда буд. Дуруст аст, ки шояд аз дустони фасодаш... Вале ин хам айби ун аст, ки чунин дустонро пайдо карда буд.. МАн аз дилсузи мегуям. ки у бояд ин рохи КУРБОН НАМУДАНИ ХУДРО интихоб намекард.. Муборизаи сиёси роххои мухталиф дорад ва барои собирин Худованд усулхои бисёреро фармудааст...
3. Дар масъалаи расидан, нарасидани эхтиёчоти модди, шукрона кардан-- У бояд Маснавии маънавиро то боздошт шуданаш кироат мекард. Вакте, ки уро 3-4 дафъа Дустони дилсузаш гуфтанд, ки аз ин рох баргард. У ДАР ЧАВОБ ГУФТ, КИ МАН ХАМ МЕФАХАМАМ КИ РОХИ ХАТОСТ ВАЛЕ ДАР ИН СУРАТ МАН "ПОЛИТИЧЕСКИЙ ТРУП" ХОХАМ ШУД. Яъне сиёси гаштан барояш аз дигар арзишхо авлотар буд он замон..
4. Чаро Шумо безори мекунед, менталитет (зехнияти) миллат хамин аст. Аз ки безори мекунед?????????????

нигох
э бародар Зафар Суфи Шумо точик хастед ё ягон миллати дигар. 70% калимахоятон ба гумонам аз забони эрониву озариву бо садхои забонхои дигар аст. Илтимос журналистон калимахои точикии оммафахмро истифода баред. Акидахову мавкеъатонро сад дар сажд дастгири мекунем. лекин илтимос забони точикииро истифода баред ба хама журналистон дахл дорад.

77
Ба нигох

Макола пурра фахмост барои одами босавод. Ба забони точикист. Он "забони фахмои" ту хамон забони бачахои боло аст? Зафра набояд ба "забони фахмои" шумо нависад. Шумо бояд забони точикиро ед гиред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)