Бахшҳо

Оҳанги нави Манижа Давлатова ба таронаи “Даф бизанем” (ВИДЕО)

Таронаи нави Зайнура Пӯлодова бо номи “Даф бизанем”, ки аз сӯи JC Records сабт шуда, ҳоло ба Интернет роҳ ёфтааст, номи Манижа Давлатова, овозхони тоҷикро, дигарбора вирди забонҳо кардааст. Давлатова, ки чанд соли пеш аз саҳна канор рафта, то ҳол иллати онро шарҳ надодааст, ин дафъа бо омода кардани оҳанги “Даф бизанем” аз худ дарак дод.

Зайнура Пӯлодова дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Манижа Давлатова ҳангоми сабти тарона низ дар паҳлуи буда, камбудҳояшро ислоҳ кардааст. Вай афзуд, матни “Даф бизанем”-ро Ҳоруни Роун, шоири афғон, навиштааст. Ҳоруни Роун, ки ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад, чанд сол қабл аз ин дар Тоҷикистон зиста, бо овозхонҳои тоҷик, аз ҷумла Манижа Давлатова, ҳамкории хубе дошт. Охирин таронае, ки Манижа Давлатова ду соли пеш бо номи “Осмон боронист”, иҷро кард, низ таронаи Ҳоруни Роун буд.



Манижа Давлатова тақрибан 14 соли қабл рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Консерти аввалини ӯ соли 2002 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт. Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлатова дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард. Ӯ то ҳол шарҳ надода, ки чаро ва чигуна аз саҳна канор рафт ва оё бозгашти ӯ ба саҳнаи ҳунар имконпазир аст, ё на.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
муслима
хеч як ракиб ба хунари худододи манижа тоб намерад. Бехтраш мусоидат бояд намуд чихати рушди ин хунар. Тилло дар лой хам медурахшад.

Чамила
Манижа шахсият аст аллакай,чи гуна метавонад дар баробари саньаткорои ки на савод доранд на мантику на номусу нанг хунарнамой кунад?У аз чизхо хелле хам болотар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)