Бахшҳо

Ҳимояти президент аз даъвои зиёиён алайҳи Олга Тутубалина

Гуруҳе аз зиёиёни тоҷик рӯзи 11 феврал ҳангоми баррасии даъвояшон алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони “Азия-Плюс”, дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳуҷҷатеро пешниҳод кардаанд, ки дар он Фарҳод Раҳимов, президенти тозаинтихоби Академияи улум, низ аз ин даъво ҳимоят кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дода, афзуд, “умед доштем, бо омадани президенти нав, ки шахси модерн арзёбӣ мешуд, ин даъво умуман бартараф мегардад, аммо чунин нашуд”. Иноятов, инчунин, илова кард, дар мурофиаи рӯзи 11 феврал ташхисгарони лингвистикии матлаби Тутубалина мавриди пурсиш қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, дар ҷараёни мурофиа муайян шудааст, ки аз се ташхисгари матлаби Тутубалина ихтисоси ду нафарашон ба забони русӣ ҳеч рабте надорад.

“Ин дар ҳолест, ки матлаби Олга Тутубалина бо забони русӣ навишта шудаасту ташхисгарони Кумитаи забон ва истилоҳот хулоса додаанд, ки дар он таҳқир нисбат ба қишри зиёӣ ҷой дорад”,-афзуд ӯ. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҷониби ҳимоя додрас баромади ниҳоии тарафҳоро рӯзи 13 феврал муайян кардааст. Агарчӣ, ба гуфтаи ҳимоятгарон, онҳо аз додрас хоста буданд, баромадҳои ниҳоиро ба муҳлати дертар гузорад, вале додрас ин дархостро қабул накард.

Ёдрас мекунем, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
КУРУШ
Э зиеиен чаро аз Ольга меранчед у сухани хакро нисбати шумо гуфт наранчеду гиребогатонро буйкунед ки чаро интуриед чаро хама вакт хомушед чаро метарсед акнун ба як журналисти хакикатгуй часпидида мисли кана мехохед хунашро макед не хакикат талх хам бошад тахаммул кунеду худро аз кару гунг шуданатон рахойи кунед вагарна наслхойи имрузу фардо шумомро намебахшанд.Бубинед атрофро мардум дар чи хол карор дорад.Шумо меренчед мана бозор собир бо як манзил худашу зиеиенро фурухт кана дагдагахойи у.У набуд ки дар майони шахидон гуфта буд шимолихо акнун бас шумо 70сол хукмрони кардед акнун навбати мост бубинед ин шоири махалгароро ана фарди зиеийи точик ана фархангу маърифати шоир шумо чи бонги хатар мезанед бас кунед бас магар у намедонист ки факат як минтакаи шимол дар сари кудрат буд дигар хама форг аз мансабу манзалат пас ин чи тур хама мардуми шимоли кишвари азизро таги пой зад боз чи мехохед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)