Бахшҳо
13 фев 2014 17:53Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

ҲНИТ дар бораи нафари муттаҳам ба таҷовузи 2 духтарандараш

Натиҷаи таҳқиқи гуруҳи кории Ҳизби наҳзати исломӣ, ки Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсӣ ва Муҳаммаднабӣ Бердиев, раиси бахш дар Ҳисор шомили он будаанд, нишон додааст, ки Маҳмадулло Холов -- нафари муттаҳам дар таҷовузи ду духтарандари ноболиғаш, ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуда, риш ҳам надоштааст.

ҲНИТ баъд аз зӯҳри 13 феврал дар торнамои худ навишт, гуруҳи корӣ мушаххас кардаанд, ки Маҳмадулло Холов, воқеан, зодаи деҳаи Обигарми дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор буда, соли 2003 ба Исфара рафта будааст. Ба гуфтаи ҳайати гуруҳи корӣ, Холов баъдан бо Мунира Тӯхтаева издивоҷ намуда, дар хонаи ӯ дар Гузари Эшон (Ҷӯгимаҳалла)-и ин шаҳр зиндагӣ мекардааст.

Ҳамсояҳои Мунира Тӯхтаева нақл кардаанд, ки Маҳмадулло Холов гоҳо ба хонаи ӯ омада, ҳамчун «табиби мардумӣ» дар Исфараву Конибодом ва дигар ноҳияҳои атрофи ин минтақа фаъолият доштааст. “Шаҳодатномаи №016473, ки бар асоси он Маҳмадулло Холов узви ҲНИТ гуфта мешуд, сохта ва тақаллубист. Чунки бо ин рақам шаҳрванд Азиза Солиева, сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара ҳамчун узви воқеии ҳизб шинохта мешавад”,-навиштааст торнамои ҲНИТ. Ҳизби наҳзати исломӣ ришу мӯйлаби Маҳмадулло Холовро низ сунъӣ дониста гуфтааст, афроди наздик ба ӯ ҳангоми тамошои навор Холовро нашинохтаанд. “Чунки дар асл ин айбдоршаванда риш надоштааст”,-мегӯянд гуруҳи корӣ.

ҲНИТ дар бораи нафари муттаҳам ба таҷовузи 2 духтарандарашНаздикони Холов илова кардаанд, ки ӯ саводи динӣ надошта, ҳатто намоз ҳам намехонд. Ба қавли масъулони ҲНИТ, Холовро чанд нафари ниқобдор гӯиё чанд рӯз қабл аз намоиши гузориши телевизионии Кумитаи амнияти миллӣ аз манзили зисташ бо худ бурдаанд. “Баъд аз анҷоми чунин саҳнасозиҳо Маҳмадулло Холов дар ҳолати зарби равонӣ ба ноҳияи Ҳисор меояд, ки дар баданаш осори латукӯб мушоҳида мешудааст. Баъд аз дидани навори телевизионӣ ва зоҳири сохтаи хеш зарбаи дигари равонӣ мебинад ва гӯиё ба беморхонаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ интиқол ёфтааст”,-навиштааст торнамои ҲНИТ.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, тасмим доранд, “дар мавриди ҳодисаи тақаллубкории шаҳодатномаи ҳизбӣ ва пахши таҳқиромези навори телевизиониву равона кардани муҳтавои он бар зидди ҲНИТ дар наздиктарин фурсат ба додгоҳ муроҷиат кунанд”.



Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки шоми 7 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони ӯгайи ноболиғаш муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст. Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
далер
бовар кунед шармам меояд аз ин давлатдори

Drugay
Drugay 100% Drugay hamasha tayorkadagiyan odami ba dikkat tamosho knen

Аз имсол тамоми аъзохои ХНИТ бояд ба пахтачини сафарбар шаванд. Аз бекори дар масчиду оши худоию чанозахо факат корашон гайбату тухматгуи ва гилакори. Бираван, пахта чинанд, аз ин ба Точикистон фоида бисёртар мерасад. Дуою фотихара муйсафедон хам дода метавонанд. Шарт нест муллои бузбала рузи дароз шикам чаронад. Бигзор пахта чинад.

Хурам
Дар хаминчо касе, ки шархи худро чой кардаст хама зидди хукумат гап задааст. Аз хамин хулоса кардан мумкин ки 99 фоизи Точикистон аз хамин спектаклхо безоранд. Ачиб инхо бо ин кирдорашон фикр намекарда бошанд ки газаби мардумро меоранд.

Бахром
Карочи муборизаи шадид противи ХНит рафтестай. Значит ду сесоли дигада бояд и хизба бандан. И риши мардака ай пашми кадом така кле кадабошан

Ба гуфти М.Кабири дар яке аз баромадхояшон " шишаи сабри НАХЗАт устувор аст ва хохад буд. Тахаммулпазир хастем мо. То он дарача тахаммулпазир хастем, ки душманон худ аз тахаммулпазириамон сари худро мехуранд".

бе ном
боз як фиреби давлат ошкор шуд

pop
э бас будагисте и чандум муллохай ки хами хел номаъхкули мекунад. Ба номи Ислом дог овардед. ана и дуруг бошад, о ходисахои дигаре ки дар Рашту дар варзобу нохияи Ленин шуд, солои пеш дар Ёвону хазор чои дига шуда буд, уноро чи мегуед. Муллохо дигар ба масчид наравед, хеч касро таълиму тарбия накунед, хар кас худаш дар хонаш намозоша мехонад, дар рохаш рост бшад, хамин бехтарин ибодат аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)