Бахшҳо

Таърифи Зуҳуров аз шумораи масҷидҳои Тоҷикистон дар Эрон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, дар конфронси Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Эрон аз фазои озоди динии кишвар тавсиф карда гуфт, ҳоло Тоҷикистон аз ҳисоби масоҷид дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал аст. Ӯ илова намудааст, фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии худ дар тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва мақомоти тоҷик низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагони кишвар аз таътил эълон шудани рӯзҳои Иди Рамазону Қурбон ва таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ёдоварӣ карда, онҳоро яке аз далоили арҷгузории давлати Тоҷикистон ба дини Ислом хондааст. Зуҳуров гуфтааст, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои аввалин бор китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва ба беш аз 500 ҳазор нафар тақсим карда шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, инчунин, диққати ҳозиринро ба тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистону минтақа ҷалб кардааст. Ӯ гуфтааст, “ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд, пеш аз ҳама, лоиҳаи хатти барқе, ки имконияти аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Қулма –Қароқурум мебошад.”

Ҷаноби Зуҳуров дар идома аз сохтмони хатти лӯлаи оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту газ аз Эрон ба Тоҷикистон ва роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ёдовар шуда, онҳоро барои кишварҳои мазкур фоидаовар хондааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Масто
Darvesh, чи хел ин кадар неруро чамъ мекунед? Хатман ба хама ёд дихед ин технологияро. Бовар кунед, чоизаи Нобели ба номатон мешавад.
usto,

ЯК ЭРОНӢ
Салом... дар Тоҷикистон ҳам костиҳои дар ин маврид буда, ҳам иқдомоти муфид... як ҷониба қизоват накунем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)