Бахшҳо

Суолҳо ба Ҷаноби Олӣ: Шукрона мекунед, агар...?

Хусрави Рустам, сокини пойтахт

Гирифтори садҳо мушкил будани Тоҷикистону тоҷикистониён ба касе пӯшида нест. Аммо анъанае ба миён омада, ки чун лаб барои ибрози мушкил кушоӣ ба шукрона накардан муттаҳамат мекунанд. Ин ибораро ба хусус мақомот ва расонаҳои давлатӣ ба мавриду бемаврид ҳамчун яроқ истифода мекунанд.

Ношукрӣ дар асл амали хубе нест ва шокир будан хулқи писандида аст. Аммо барои рафъи мушкилот пеш аз ҳама шинохтану муайян намудани худи мушкил зарур аст ва аз мушкил ҳарф задану навиштан маънои ношукриро надорад. Баръакс оне, ки ҳарф аз мушкилоти кишвар мезанад, мантиқан хостори аз миён бурдани мушкил ва боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азиз аст.

Воқеан онҳое, ки ибораи “шукрона кунед”-ро яроқи хеш қарор додаанд номи президентро ба худ сипар мекунанд. Суханҳояшон тақрибан чунин аст: -Ҷаноби олӣ сулҳ кард, ҷангро фаромӯш кардед? Шукрона кунед!

Азбаски ҷонибдорони идеяи «шукрона» дар суханрониву навиштаҳояшон номи президентро истифода менамоянд ва аз номи ӯ сӯиистифода мекунанд, мо тасмим гирифтем дар ҳамин иртибот бевосита ба худи президент бо суолҳои худ муроҷиат намоем.

Ҷаноби президент!
Тасаввур кунед, вақти дар ҳаммом оббозӣ карданатон барқ қатъ мешавад. Оё дар ҳамин вақт шукрона мекунед?
Вақте дар як сол 7 моҳ барқро бо лимит бигиред, он ҳам бидуни вақту соати муайян, шукрона мекунед?
Вақте набераи хурдсолатон дар хонаи бетонӣ аз сардӣ меларзад, шукрона мекунед?
Вақте дар тролейбус нишастаеду то манзил нарасида, барқ хомӯш мешавад ё симаш меканад, шукрона мекунед?
Ё вақте набераи хурдсолатонро ба театр мебаранду бо далели хомӯш шудани барқ намоишномаро тамошо накарда, ба хона бармегардад ва 10 сомониатон ҳам ба боди фано меравад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте барои аз Душанбе ба Хуҷанд рафтан, ба пулчинакҳои ширкати дар кадом як ҷазира сабтиномшудаи соҳибаш номаълум дар навбат истода чандин сомонӣ медиҳед, шукрона мекунед?
Вақте барои дуруст кардани кадом як ҳуҷҷат ё гирифтани як маълумотнома дар дилхоҳ мақомот аз шумо ғайриқонунӣ пул мепурсанд, шукрона мекунед?
Вақте барои ба донишгоҳ дохил кардани фарзандатон пул мепурсанду вақте онро тамом мекунад барои қабул ба кор пул мехоҳанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, кормандони БДА аз ронандаҳо пул гирифта, ба қоидавайронкуниҳояшон чашм мепӯшанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, як мансабдор, ки маошаш барои зиндагии якмоҳа намерасаду кушку қаср ва мошинҳои навтарин дорад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте бо далели омадани кадом як меҳмони хориҷӣ соатҳои дароз маҷбуред дар кӯчаҳо пиёда ҳайрону саргардон бошед, шукрона мекунед?
Вақте дар кишваре зиндагӣ мекунед, ки даъвои сарчашмаи обҳои мусаффо буданро дорад, аммо оби ошомиданиро аз чандин километр мекашонед, шукрона мекунед?
Вақте дар хонаи баландошёнаи бетонӣ барқро қатъ мекунанд ва дигар на газ ҳасту на низоми гармидиҳӣ ҳатто оби оддӣ, Шумо шукрона мекунед?

Ҷаноби Олӣ!

Вақте, ки чашм ба роҳи фарзанди муҳоҷиратон солҳо интизорӣ мекашед, шукрона мекунед?
Вақте яке аз пайвандони Шуморо беадолатона ба зиндон мефиристанд, шукрона мекунед?
Вақте фарзандонатон дар Ватани худ кор намеёбанд, шукрона мекунед?
Вақте бар ивази 40 сола меҳнататон 80-90 сомонӣ нафақа медиҳанд, шукрона мекунед?...
Мӯҳр
шамс
Хамаи идорахои далати ба фасоду ришвагири муддати 20 сол олудаанд ва мардум дар як шабонаруз хамаги 8 соат бо барки 180 волта таьминанд., шукрона мекунед?

кулоби
Падарат,
Ба бепадар гуфтаниям ба фикрам аз суханхои Хусрави Рустам ки ин кадар доду вой дори у Хусрави бародар хакикатро гуфтааст холо бисьере аз камбухои халки моро нагуфтааст шумо барин ашхос душмани Точикистону халкаш хастен ки шунидани хакикатро надоред дар асл медонед ки чунин камбудихо хастанд вале аз тарси хамаро аз даст додан шунидан намехохед ва он хам ба зарари шумо барин ашхос аст ки бо сабру тахаммули мардум бози дорен.

Ман
Вакте бо бахонаи 2 рузи хунуки хукукхои шуморо поймол сохта,дар рузи истирохат шуморо ба кору тахсил мачбур кунанд ва агар сухан баланд кардед,аз кор хорич кунанд,магар шукрона мекунед?Ба хар хол шукри Аллох.

Чаноби оли давлата тинч кард, чаноби оли сулх овард, чаноби оли 22 сол мисли падар барои шумо гамхори мекунад, чаноби оли боз 22 соли дигар хукумат меронад, шумо бечораноли карда гардетон ноинсофхо

кулоби
Муслим,
Ба Муслим ту бародар вакти пулгири дар хамон чо буди ки ин кадар ба бовари сухан мегуйи

freedom
Падарат,

Гуш кун ту доно, охурбин! Агар ин проблемахоро мехост хал кунад дар муддати 5-6 сол хал мекард! 23сол шуд, кучо обод шуд? Хамааш шиками худашро фикр мекунад, ба халку Ватан кор надоранд!

Гарибшо
Офарин бар ту бародар!! (Хусрави Рустам) Мо бояд як чизро фаромуш накуненм ки аз АЛЛОХИ пок хамеша бояд шукрона кунем. Аммо аз чаноби оливу дигар чиновнико хеч гох мо бояд шукрона накунем чун, ки вайхо ба мо сулх наовардаанд сулх аз ду чониб буд ва инрохам хама медонад. Мо бояд имрузхо озод зиндаги кунему озод сухан гуем. Вале бо хамин барномахои "шукронаи чаноби оли"-ашон мафкураи хама чавононро чунин паст мекунанд, ки гуёки хама корро Чаноби олишон карда бошад. Дар шабакахое ки давлатиян хамаруза таърифи чаноби оли хаст магар аз хамин таърифхое ки ягон натича надоран магар мардум хаста намешуда бошанд?

муҳоҷир
шукрона кардан танҳо зебандани ҳамон ҶО ва атрофиёнаш аст, чун ҳеч мушкиле надоранд ва раҳбарии кишвареро бар уҳда доранд, ки мардумонаш ором ва таҳаммулпазиранд ва ба тамоми хорию зори тоқат мекунанд...

Хусравчон кандата зан! Холо хам кам навистаи!
Барои чунин чуръате, ки карди албата чои шукрона ана ин аст, ки шахсе хам мисли Шумо натарсида нисбати режими "шукронаю", "сулхофарин"
садо додааст!
Офарин бодат!
Ташаккур бо чунин шахсоне, ки натарсида фикрашона мегуянд! Бояд аз Украина мухолифини точик ибрат омузад!

порсо
рустам офараин ба ту чони гапро гуфти лекин инхо ин тудахо холо пояшон заминро намебинад хазор савол хам дихи тамасхур карда мен ишинад пусташон гайрипусти одами шудааст.Лекин чуръат карда навишти ахсан ба ту боз хамон сагалакхойи дарбори туро сарзаниш мекунанд ки кулборашон пур онхо гами халкро надоранд лекин наавад фисади мардум чонибдоратанд.

Далер
Дар як руз (ба хисоби миёнаи солона) 3-4 тобути мухочирронро ба кишвар интикол медиханд магар ба хамаи инхо шукрона мекунед?

Донишчу барои ведемости имтихони гирифтанаш ба у ба таври мачбури сахмияи Рогун фурухта шуд ва то хол давоми чор сол ягон натичае нест (дар холеки донишчу ба маблаги 400 сомони сахмия харида буд) чи ба инхам бояд аз чаноби оли шукрона кард?

21. Агар фарзанди шумо дар садама аз тарафи фарзандони сохибмансабон кушта шаваду бо 120 сомони чарима халос шавад, шукрона мекунед?
22. Агар Шумо даъвои конунии ташкили хизби навро кунеду Шуморо барои ин коратон бо тухмат ба зиндон андозанд, шукрона мекунед?
23. Агар дар 22 соли охир масъалаи гармидихии як шахро, ки ягона шахрхое дар микеси собик СССР хастанд, ки системаи гармидихи надорад ва дар зимистон ларзида руз гузарони, шукрона мекунед?
24.Агар Шумо хохед, ки фарзандонатон ба фиску фасод руй наоварда ба тарабхонаю дискоклубу шабклубхо нарафтаю ба чои ин ба масчид раванду ахлоки хамидаро пеша кунанду Шуморо нагузоранд рафта, шукрона мекунед?
25. Агар Шумо маъракае ба пули худатон анчом додани хастеду ба Шумо онро ичозат надиханд, Шукрона мекунед?
26. Агар Шумо хохед ки чанозаи падаратона бо васияташ эшони Нуридинчон хонаду ва кадом даюсе Шуморо ичозат надихад, Шумо шукрона мекунед?
27. Агар писаратона дар зиндон кушанду боз гунохро ба гардани он монанд, Шумо шукрона мекунед?
28. Агар Шуморо доимо ва бегунох аз тарики телевизон бадкасдона сиёх кунанду тухмат кунанд, Шумо шукрона мекунед?
29. Агар овози Шуморо дар тамоми интихоботхо дузданд, Шумо шукрона мекунед?
30. Агар дар ватанат мисли беватанон боши, Шукрона мекунед?
Дигархо азиз инро руйхатро идома дихед, ки дигар дилам токати ин шукронахоро накард!

Як гуфтем да
Хусрави барои хар як савол аз заказчик чанл пул гирифта бошад?, ба зиндагии чандвактааш мерасида бошад? ачоиб, худаш аз чунин подош шукрона мекарда бошад?))

ЧАВОБ БА МУСЛИМ (ин ба фикарам аз кофарам кофиртар аст) ва ПАДАРАТ:
Гуш кунед агар Шумо барино дар чамъият намешуд мо албата шукрона мекардем.
Афсус, шумо барин чамъиятро худо ба замин фуру намебврад, агар ба замин фупу мебурд он вакт албата Шукрона мекардем.
Шумо донед, ки вазифаи бевосита призедент аст ичрои ин вазифахо ва ислохи кмбудихо ки у дар давмои зиёда аз 22 сол анчом дода натавонист!

Сабаби асосии чанги дохилие ки буд ин дар сари хукумат мондани клани Хучандихо буд, ки солхои тулони яке ба дигаре иваз мешуду ба дигар минтака рох набуд. Аммо ба ин дарача онхо вазъиятро нарасонида буданд! Ин режими худкома аз клани хучандихо 1млн маротиба гузаронд ва окибат гуфтаи як латифае турб хохад буд!

ОЗОДАГОН илтимос нарезондаю начаконда чоп кунед

акаи эмомали 7 сол дар душанбе хонему боз дипломро гирифта расия ойем боз шукронаи ватану подшох гуйем магар?? am

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)