Бахшҳо

Фоҷиаи миллат. Омилҳои узбакшавии тоҷикони Узбакистон чист?

Саиди САЪДӢ

Дар соли 1924 бо дасисаи пантуркистон ва сиёсати тоҷикситезии давлати импературии Русия марзбандии беадолатона сурат гирифта, дар таъини сарнавишти сиёсии миллат нақши манфӣ бозид. Дар соли 1926 ин ду ишғолгарони собиқ сарзамини Хуросони шимолӣ дар ҳаққи тоҷикон боз як ҷинояти муҳиме содир карданд: дар ин сол 70 дарсади аҳолии яке аз марказҳои қадимаи маданияти тоҷикон – Самарқанду Бухоро ва чанд навоҳии дигари тоҷикнишинро дар аснод узбак навиштанд.

Дар ҳуҷҷатҳо узбак навиштани тоҷикон дар солҳои баъд низ идома дошт. Ҳоло тахминан 90 дарсади мардуми Самарқанд, Бухоро ва дигар навоҳӣ дар асноду шиносномаҳо узбак қайд шудаанд. То охири солҳои сиюми садаи бистум маориф ва дабиристонҳо низ ба забони форсии тоҷикӣ хеле кам буданд. Бо кӯшиши фидокоронаи баъзе миллатпарастони тоҷик, ки дар он солҳо дар сари мансаби ҳукумати Тоҷикистон буданд (мисли Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов) теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар Узбакистон афзуд. То охири солҳои чилум тахминан 85 дарсади тоҷикони Узбакистон ба забони модарӣ дар дабиристонҳо таҳсил мекарданд.

Вале аз охири солҳои чилуми асри бистум теъдоди мактабҳои тоҷикӣ кам шудан гирифтанд. Дар ҳар даҳсола аз солҳои панҷоҳум оғоз карда ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳо тахминан дар баъзе маҳалҳо 5 дарсад ва дар баъзе дигар 10 дарсад коҳиш меёфтанд. Ба ин рӯйдоди нохуши зиддитоҷикӣ на худи миллати тоҷик эътибор медоду на давлати абарқудрати Шӯравӣ. Чунин вонамуд мекарданд, ки дар кишвари Шӯравӣ ҳамаи миллатҳо бо ҳам дӯстона зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи масоили миллӣ кайҳо ҳал шудаанд. Ҳама осудаҳолона умр ба сар мебаранд, кулли миллатҳо хушбахтанд. Ҳамаи миллатҳо баробаранд, дар ҳаққи онҳо адолату инсоф ҳукмрон аст.

Режими мустабиди давлати абарқудрат, ки аз демократия, озодии сухан ва озодии инсон фарсахҳо дур буд, тоҷики бечора ҳаққу имконият надошт, ки аз поймол шудани ҳуқуқу манофеи миллии худ садои эътироз баланд кунад. Зеро дар ин сурат ӯро ба миллатгароӣ муттаҳам мекарданд ва ба маҳкама ҳам шояд мекашиданд. Ҳамин тариқ, аз охири солҳои чилум то поёни солҳои 80-ум дар бисёр навоҳии Узбакистон миқдори дабиристонҳои тоҷикӣ аз 85-90 дарсади солҳои чилум ба 50 дарсад кам шуданд. Вазъият дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-и қарни бистум хеле тағйир ёфт. Дар ин солҳо ба туфайли сиёсати демократӣ ва ошкорбаёнии роҳбари давлати Шӯравӣ Горбачев теъдоди мактабу синфҳои тоҷикӣ хеле афзуд. Албатта, ин раванди мусбат худ аз худ ба вуҷуд наомадааст. Ашхоси ватандӯсти миллат дар ин ҷода хеле аз худ кору пайкор ва фидокорӣ нишон доданд.

Масалан, дар Самарқанд дар он айём дар баъзе мактабҳое, ки ҳанӯз дар охири солҳои чилум ва аввали солҳои панҷоҳум ба забони узбакӣ баргардонда шуда буданд, боз аз нав синфҳои тоҷикӣ дари худро ба рӯи донишомӯзон боз карданд. Аз ҷумлаи онҳо мактаби рақами 10 дар маҳаллаҳои Чорраҳа ва Хуҷандиён, дар мактаби рақами 21 дар маҳаллаҳои Даҳбедӣ, Шарбатдорон ва Қаробой Оқсаққол, дар мактаби рақами 27 дар маҳаллаҳои Зоминӣ, Ёминӣ ва Мирзо Пӯлод, дар мактаби рақами 9 дар маҳаллаҳои Девори Кӯндаланг, Масҷиди Зангӯладор ва Қайра дар қисмати шаҳри кӯҳнаи Самарқанд теъдоди дабиристонҳои тоҷикӣ зиёд шуданд. Ин гуна дигаргуниҳо дар бахши маорифи форсӣ дар деҳоти вилоят низ ба амал омаданд.

Ин ҳама пешрафтҳои чашмгир дар соҳаи маорифу фарҳанги тоҷикон аз боло рафтани шуури худшиносии миллии мардум далолат медод. Аммо баъд аз эълон шудани истиқлолияти ҷумҳурӣ дар соли 1991 ва хусусан ба мақоми давлатӣ (с.1990) расидани забони узбакӣ аз аввали солҳои 90 теъдоди мактабу синфхонаҳои тоҷикӣ сол ба сол коҳиш ёфтан дорад. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳрҳои бостонии тоҷикнишини Самарқанду Бухоро ягон синфи тоҷикӣ вуҷуд надорад. Дар дигар шаҳру навоҳии тоҷикнишин аҳвол ҳамин гуна аст. Масалан, тибқи маълумот дар ноҳияи тоҷикнишини Нурато мактаби тоҷикӣ қариб ба нестӣ расидааст ва ҳол он ки ду-се даҳсола пеш дар ин ноҳия чанд дабиристонҳои форсӣ-тоҷикӣ арзи вуҷуд доштанд.

Вазъият дар вилояти Сурхондарё андак беҳтар аст. Дар ин ҷо бисёр мактабҳо тоҷикӣ нигоҳ дошта шудаанд. Дар ин вилоят низ дар бархе аз маҳаллоту рустоҳо мактаби тоҷикӣ аз ибтидо вуҷуд надоштанд, баъзеашон баъдан баста шуданд. Мутобиқи гузоришҳо танҳо дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ягон мактаби тоҷикӣ баста нашудааст. Ҳамаи сӯхиён ба забони модарӣ таҳсил мекунанд. Дар деҳоти вилояти Самарқанд низ тақрибан 10 дабиристони соф тоҷикӣ ва 15-18 мактаби омехтаи тоҷикӣ ва узбакӣ вуҷуд дорад. Лекин агар ҳоли ҳозир ва оянда дар ин соҳа мубориза ва талоше сурат напазирад, хавфи боз ҳам кам шудан ва дар охир нест шудани мактабу классҳои тоҷикӣ ба миён хоҳад омад.

Як сабаби коҳиши дабиристонҳои тоҷикӣ дар Узбакистон чунонки дар боло низ зикр кардем, ба мақоми давлатӣ бардошта шудани забони узбакист. Дар байни мардуми авом дар бораи забони давлатӣ чунин ақида пайдо шуд, ки гӯиё дар ҳама ҷой, дар кулли риштаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданияти кишвар забони узбакӣ истифода шуда, забонҳои дигар, аз ҷумла форсии тоҷикӣ дигар корбурд намешавад. Чунин фикри ғалат дар натиҷаи ноогоҳии халқ аз қонуни забони давлатӣ ҳосил шудааст. Ва ҳол он ки дар қонуни забони давлатӣ мақому ҳуқуқи забонҳои ғайр, ки дар ҷумҳурӣ роиҷ ҳастанд, мушаххас шудааст.

Аз 24 моддаи қонуни забон дар 17-18-тои он роҷеъ ба забонҳои миллии халқҳои сокини ҷумҳурӣ сухан рафтааст. Пас дар ин ҷо гуноҳи рӯшанфикрон, алалхусус, омӯзгорон аст, ки ба мардум мазмуну моҳияти қонуни забони давлатиро дуруст тавзеҳ надодаанд. Боз як сабаби ҷузъии ин рӯйдоди манфӣ камбуди китобҳои дарсӣ дар мактабҳо мебошад. Қабл аз истиқлолияти Узбакистон китобҳои таълимӣ барои дабиристонҳои тоҷикии ин кишвар дар Душанбе чоп мешуд. Баъди истиқлолият ин анъана барҳам хӯрд. Нашри китобҳои дарсии форсӣ-тоҷикӣ ба дӯши худи ҷумҳурӣ гузошта шуд. Бисёр китобҳои дарсиро лозим шуд, ки аз нав тарҷума кунанд ё ки олимони кишвар худ таълиф намоянд. Ин амал албатта, фурсату замони муайян мехост. Ҳамин тариқ бисёр донишомӯзони тоҷик дар муддати 10-15 сол бидуни васоити таълимӣ монданд. Ин ҳам баҳонае шуд барои баъзе падару модарон, муаллимон ва мудирони мактабҳо барои бастани классу дабиристонҳои тоҷикӣ.

(ИДОМА ДОРАД)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сатор Хисор
Бародар Сами ! 1000- Соле,ки мангети е туркначот рохбари карда бошад хам лекин зобони давлати Точики буд!!!!!

самарканди
дустони азиз Точикони арчманд!!!! арманхоро касе озари накарду осетинхоро касе гурчи, точикхои пешин худашон хостанд ки бо ду дасти адаб узбек шаванд. Чаро???? сабаби аввал мазхаб буд!!!! пантуркистхо шарт пешниход карданд ки агар форсгуи пас шиъаи ... инхо ки сунни буданд то шиъаашон нагуянд рози шуданд ки худро узбек нависанд Холо хам дар точикистон хазорон точик аз миллати худ гофиланд барояшон мухим ки онхоро мусалмон-сунни гуянд мухим нест ки кадом миллат бошанд. Ин фахмиши фанатики миллати точикро окибат нобуд хохад кард. Давлати СОМОНИЁНРО низ хамин фахмиш нобуд сохт. Муллохо фатво доданд ки агар ду подшохи мусалмон чанг кунанд мусалмонони раийат бояд вориди чанг нашаванд . Точикони сомони ин фатворо пазируфтанд аммо туркхои газнави напазируфтанд онхо Махмудро чонибдори карданд инхо Сомониро не. пас дуввуми маглуб шуд. Таърихро хондан лозим...имруз низ эхсос мешавад ки точикон аз фахмиши милли дида ба гароиши мазхаби бештар мутеъанд . агар дуруст зехн монед имруз хам ба ин иллат аз Эрон пархез ва ба Сауди тавччух дорад.. динамон бо фархангамон дар чанг буд. фарханги милли Рудакиву Дакикиву Балъамиву Сомониву Синову Фирдавсиву носиру хилоливу Румиву Хофизу ..офарид таасуби мазхаби эшонро таъкибу тахдид мекард... панохамон ба ХУДО бо ин фахмишу тафаккур...

Точики бонангу ор
Бародар Зоир,дар узбакшавии точикони Самарканду Бухоро ва дигар нохияхову вилоятхои узбакистон хоинони миллатро дуруст номбар карди, ба гайр аз Садри Зиё-падари шодравон Мухаммадчон Шакурии Бухорои, ки мактаби илмию адабии Бухоро буд. Дар таксимбандии марзи Осиёи миёна Садри Зиё набуд. Хоини миллати ТОЧИК Абдулло Рахимбоев, Файзулло Хосаев(Бухорои), Абдурауфи Фитрат, ки дар Туркия мактаби пантуркистиро хонда буданду пантуркист шуданд, бо номи "Чавонбухориён" гугахгоранд. Абдулло Рахимбоев Шахсан ба СТАЛИН гуфтааст:"Дар Осиёи Миёна, точик гуфтаги миллат нест". Имруз дар шахри Хучанд дар ру ба руи УНИВЕРМАГИ АВЕСТО Нимпайкараи ин хоини миллат (А. Рахимбоев)дар катори баркароркунандагони хокимияти Совети дар Хучанд гузошта шудааст, Хамчун"Кахрамон". Дар шохрохе,ки ба самти н. Мастчох,Ашт ва шахраки Табошахр меравад, дар сари рох-аниктараш дар мавзеъи - ОРОМ бо харфхои калон чунин навишта шудааст: АХД ба номи Рахимбоев. Оё Рохбарони вилояти Сугд ва н. Б. Гафуров аз ин "Кахрамонихои ин Кахрамон", бехабаранд?. Мо точикон бояд аз махалгарои ба милатгарои гузарем. Хайкали ин ХОИНИ миллатро барканор ва АХД-и ба номи у бударо ба номи ягон шахси арзанда гузорем.

Бародар Зоир,дар узбакшавии точикони Самарканду Бухоро ва дигар нохияхову вилоятхои узбакистон хоинони миллатро дуруст номбар карди, ба гайр аз Садри Зиё-падари шодравон Мухаммадчон Шакурии Бухорои, ки мактаби илмию адабии Бухороро сарвар буд. Дар таксимбандии марзи Осиёи миёна Садри Зиё набуд. Хоини миллати ТОЧИК Абдулло Рахимбоев, Файзулло Хосаев(Бухорои), Абдурауфи Фитрат, ки дар Туркия мактаби пантуркистиро хонда буданду пантуркист шуданд, бо номи "Чавонбухориён" гугахгоранд. Абдулло Рахимбоев Шахсан ба СТАЛИН гуфтааст:"Дар Осиёи Миёна, точик гуфтаги миллат нест". Имруз дар шахри Хучанд дар ру ба руи УНИВЕРМАГИ АВЕСТО Нимпайкараи ин хоини миллат (А. Рахимбоев)дар катори баркароркунандагони хокимияти Совети дар Хучанд гузошта шудааст, Хамчун"Кахрамон". Дар шохрохе,ки ба самти н. Мастчох,Ашт ва шахраки Табошахр меравад, дар сари рох-аниктараш дар мавзеъи - ОРОМ бо харфхои калон чунин навишта шудааст: АХД ба номи Рахимбоев. Оё Рохбарони вилояти Сугд ва н. Б. Гафуров аз ин "Кахрамонихои ин Кахрамон", бехабаранд?. Мо точикон бояд аз махалгарои ба милатгарои гузарем. Хайкали ин ХОИНИ миллатро барканор ва АХД-и ба номи у бударо ба номи ягон шахси арзанда гузорем.

Шаби торику бими мавчу гирдобе чунин хоил,
Кучо донанд холи мо сабуксорони манзилхо. гуфтааст хазрати Хофиз. барои дарки узбакшавии точикон каме дар узбакистон зистан лозим аст. Баъзехо акида доранд, ки мачбур намекунанд, оххохо ище как мачбур мекунанд. Точик боши пасттарини дар касалхонаву аскариву кору фаъолиятат чунон монеъа мемонанд, ки сам рад не будеш. Чи кадар хешу табори маро аз кор пеш карданд, мактабхои точикииро кариб ба нести расонданд тагйири алифбо карданд, то точики ЧТ дигар точики ЧУ ро нафахмад ва гайраву ин сиёсати точиккуши идома дорад. Як дакика хам садои "Самарканду Бухорову фаргонаву нурато аз точикон аст" бояд хап нагардад. Бигзор дар гуши мехмонхои кипчоки танхо хамин "наво" садо дихад.

Ба он ки худро БА САМАРИ БЕСАМАР номидааст:
Вакти чангхо хам шумо барин бачахо буданд, ки окибати тезиашонро нафахмида дод мезаданд, ки хонаи душманро месузанд. Охир хонаи худашон хам сухт хамрохи хазорон одамони бегунохи дигар... Дигар хел фикр кардан, роххои хамзистиро чустан лозим. Рохи тафохум ва эхтироми якдигарро. Мисли инсони мутамаддин. Бо ин тахдидхо ба сиёсати Узбекистон таъсир расонда наметавонем. Хурмат кардан даркор, то ки дар онхо хам одамоне зиёд шаванд, ки рохи хурмати точиконро интихоб мекунанд. Шоироне, ки бо онхо мефахрем, садсолахо пеш башариятро насихат кардаанд: "Одамон аз дусти ёбанд бахт..." Лекин мо такрор мекунему дарк намесозем, ки чи маъни доранд ин гапхо. Ин гап хулосаи садсолахои фикр аст, аммо шумо баринхо боз садсолахоро инкор карда, ба хонасузи омодаед!

tojik
Dushmaniro moned. Uzbaku Tojik hamash yakta astand. To 1924 tojikistonu uzbakistion vujud nadoshtand. Hama yakjo zindagi kardand.

Наим
Точики бонангу ор дуруст гуфти!Касе,ки хайкали Абдулло Рахимбоевро мегузорад ва ба номаш арч мегузорад у точик набуда,сад дар сад пантуркист ва хоини давлату миллати Точикистон аст!Гузоштани хайкали-ин аз суи Узбакистон сурат гирифтааст.Инро-содда-напиндоред бародарон.Хукумати Точикистон барои баркандаи он бояд чораандеши кунад.Зеро дар вилояти Сугд зимоми давлатдори ва пулу мол дар дасти узбак буда,точики хучанди кадру манзалате надорад!

Ба самар
Бо ин дидгохи некбинонаат рузе мерасад ки зиндагиатро бар бод хохи дод.. аз классика мисол набиёр классика хеле насихат кардаанд.. ту китобхои торихира бояд хонию бини .. бо узбак хамзисти.. холи накардаи агар кардаи мисли хамонхо шудаи.. бо узбак хамзисти карда намешавад.. хамон вакт мешавад ки мисли одам бо одам муносибат кунанд ки намекунанд.. узбак тиннатан як хасуди дар вучудаш дорад.... ва харосашон хам аз як шудани тамоми точикони Осиёи миёна ва афгонистон аст.. факат ин газбандиву марзбандхо як сабаб- як сабаб дорад ки хамин аст.. хамин ки шахрнишин шуд хоната месузад.. бисёр хушбин мабош тачрибашударо намеозмоянд..

ФИЛИАЛИ ширкати сайёхии "Сугдиён-Помир Тур" ба таваччухи хамаи хохишмандон мерасонад, ки хар мох гурухи сайёхонро аз шахри Хучанд ба шахрхои БУЗУРГИ САМАРКАНД ВА БУХОРО ба саёхати 5 руза барои зиёрати чойхои мукаддас ва таърихи бурда меоварад.
тел: 92-709-42-49.
e-mail: muhamedov.amonullo@mail.ru
web-page: https://fs-pamirtour.tj

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)