Бахшҳо
05 мар 2014 08:26Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

ВИДЕО: Ҷоизаи Мишел, ҳамсари Обама, ба рақиби Эмомалӣ Раҳмон

Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама -- раисиҷумҳури Амрико рӯзи чоруми март ба Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Дурнамо+” ва номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли гузашта, ҷоизаи “Шуҷоати зан”-и Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро тақдим кард.

Ин ҷоиза соли 2007, замоне ки Кандализа Райс вазири умури хориҷии Амрико буд, таъсис шуда, имсол дар қатори Бобоназарова нӯҳ зани дигари фаъоли ҷаҳон аз Украинаву Ҳиндустон ва... Афғонистон низ чунин ҷоизаро соҳибӣ намуданд.



ВИДЕО: Ҷоизаи Мишел, ҳамсари Обама, ба рақиби Эмомалӣ РаҳмонМаросими тақдими ин 10 ҷоиза барои занони шуҷоъ дар Вашингтон сурат гирифт, ки Ойниҳол Бобоназарова низ дар он ҷо ҳузур дошт. Наздикони ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, Бобоназарова феълан дар Амрикост ва рӯзи шанбе ба Тоҷикистон бармегардад. Онҳо аз тақдими ҷоиза ба раҳбари созмони “Дурнамо+” изҳори хушнудӣ карда, барои қадрдонияш аз Мишел Обама изҳори сипос намуданд. “Бобоназарова бо даъвати мақомоти амрикоӣ ба Вашингтон рафта буд ва баъд аз тақдими ҷоиза боз ба Ватан бармегардад”,-гуфтанд наздиконаш.

Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи соли гузаштаи президентии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократ ва афроди саршиносу баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ шомили он буданд, вориди сабқат шуда, рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд. Вале ба далели гӯиё ҷамъ наовардани 210 ҳазор имзои зарурӣ аз тарафи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз бозӣ хориҷ шуд.

Дар торнамои Вазорати умури хориҷии Амрико навишта шудааст, ки Ойниҳол Бобоназарова аз соли 1997, баъд аз анҷоми ҷанги дохилӣ, то ҳоло аз ҳуқуқи занон ҳимоят карда, пайваста аз шиканҷа дар зиндонҳо ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд.

Хонум Бобоназарова дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.

ВИДЕО: Ҷоизаи Мишел, ҳамсари Обама, ба рақиби Эмомалӣ РаҳмонНоми даҳ барандаи ҷоизаи "Шуҷоати зан" дар соли 2014:

Насрин Оряхил, мудири таваллудхонаи “Малалай” дар Кобул (Афғонистон);

Рошика Део, ҳомии ҳуқуқи занон ва фаъоли сиёсӣ (Фиҷи);

Русудан Готсиридзе, усқуфи калисои евангилии баптистии Гурҷистон (Гурҷистон);

Ясмин Барриос Агуилар, президенти трибунал - додгоҳи олӣ (Гватемала);

Лакшмӣ, ҳаракатчии “Манъи ҳамла бо кислота” (Ҳиндустон);

Фатимата Туре, фаъоли ҷамъиятӣ ва мудири иҷрокунанда (Малӣ);

Маҳа Ал-Муниф, асосгузор ва мудири иҷрокунандаи барномаи миллии бехатарии оила (Арабистони Саудӣ);

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Дурнамо+” (Тоҷикистон);

Руслана Лижичко, фидоии Евромайдон ва сарояндаи халқии Украин (Украина);

Биатрис Мтетва, ҳомии ҳуқуқи башар (Зимбабве)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Tabrik apai Oinikhol Bobonazarova..

Исфаринский
Ба Америка агар демократия лозим мебуд кайхо Рахмонро аз Точикистон гум мекард.Афсус,ки Точикистон на газ дораду на нефт то хукуматдорони давлатхои абаркудтрат ин беспределиро бубинанду,барои аз вазифа рафтани у ёри диханд.Шахсоне,ки Бобоназароваро танкид мекунед аввал гиребони хешро бибуед.Зеро худ Рахмон мустакил набуду нест.Уро Узбакистон а Руссия сари кудрат оарданд.Холо бошад у аз хати кашидаи Руссия хатто як кадамаке берун намеояд.Барои чунин рафтораш Руссия ба Рахмон чашм мепушад...

Ёвар
Ч,он,Ба Ту, Ч,он ва Муваҳҳиду дигар косалесони ҳукумат ва кормандони фабрикаи ҷавоб! Ойниҳол Бобоназарова аз рӯзи нахусти ба фаъолияти илмӣ ва сиёсӣ сар карданаш маълум буд, ки ӯ одами кист. Ӯ ҳамеша одами мо, мардуми бечора буду ҳаст ва ҳамеша дар паҳлӯи мо мемонад. Вале Шумо косалесони ҳукумат, фардо хидматгори хоҷаи дигаре мешавед Ойниҳол Бобоназарова ҳарчанд аз ҷинси зан аст, вале кори ҳазорон мардро мекунад ва ӯ марди майдон буд, ки номардон аз вай тарсиданд ва роҳашро дар интихобот бастанд. Дар Тоҷикистони мо чи бисёранд ба ном мардони занфеъл ва чи кампайдоанд занони мардхислат чун Ойниҳол Бобоназарова. Агар шумори чунин мардони занфеъл дар Тоҷикистон кам мешуд ва баръакс шумори чунин занони мардхислат зиёда мегардид, Ватанамон гул гул мешукуфт ва ҳар як тоҷик ифтихори чунин Ватан мекард...

Ахсан
Офарин! Ин зан бехтар аз 100 мард муаррифгари Точикистон шуд. Хасудон бисузед.

бос
Ин созмон чоизаро барои занхои безебтарини чахон медихад. Ба акс нигох кунед. Чоп кунед. Яктарафа кор карда истодаед Озодагон.

Ба донишчуи бесару по!
Ту аз сабаби бесаводи аз майдони Украина факат балонсузониро фахмидайи. Чунки даруни сарат холи аст. Ту аслан донишчу хам нести ва аз хасаду рашки сиёси мумкин шабхо туро хоб кардан намонад. Вале Худо ба хости бадхохон кор намекунад. Дар арафаи Навруз агар ту мусулмони дастат халолкарда мешуди нияти нек мекарди. Хушёр бош ки бисёр балонхо баробари аловзани оташаш дар одами аловзада расида дархол мекушад. Хайфи ту, фисин

Дехкон
охир ба 700 сомони 1мохи донишчу нагегзара. лекин писарони вазир дар 1 руз зиёда аз 700 сомони мухранд. ёбу гир ДЕМОКРАТИЯЙ дааааа

Агар медонистед, ки максаду хадафи ин чоиза, ки аз тарафи ИМА пешниход ва дода мешавад, шояд он кадар хушхол намешудед.

Мардум факат кабати болои масоилро мебинаду халос. Ойнихол, бар замми он, ки зани донишманду кордону коршинос аст, ба фирефтаи ин чоиза гирифтор шуд, ва онро кабул кард.

Охир дастони мардуме, ки ин чоизаро ташкил кардаанду месупоранд, гарки хуни чанд бечораю бенаво аст, чи дар Шарки Наздик ва чи дар Ветнаму Афгонистон.
кариб мамлакате нест, ки Амрико бо у начангида бошад.

Озар
Бос,унчо мис-2014 нест,ки занхои зеборо бибаранд! ин бесаводон бухлу кинаро бас накарданд,ки накарданд.дар 22-сол акалан натавонистед мардумро бо барк таъмин кунед,факат тухмату тахкирро метавонед,тамом васаллом!!!

Часур Душанбе
Муалима барои нооромии Точикистон чанд кадар долари Америкой ба шумо ,Зоиров ва Кабири доданд??? Шумо дар парлумон хам чосуси худро доред.Таърих Шуморо намебахшад.!!!!!!!!!!!!!!!

Аппаи Ойнихол дар расм ва вокеан ШЕРИ НАРАЙ. Шери шерзодазо. Чоиза ва иди бонувон муборак, хонуми баномуси миллат!

ana xudro nishon dod ki budanasha in oiniholi josus.farmoni nav girifta meoyad.kgb-vstrechaiteeeeeee.

MAN TAMOMI ZANHOI TOJIKRO BA IN RUZI IDASHON ,,8-UMI MART,,TABRIK GUFTA AZ,, OINIHOL BOBONAZAROVA,,PURSIDANIAM KI YAGON NABERA NADORAD MANRO BA DOMODI QABUL KUNAD DONISHJUI DONISHGOHI ,,,,,,AL AZHAR,,,I SHARIF PAKULTETIZABONI ARABI HOFIZI QURON HOFIZI ZIYODA 3000 AZ HADSHOI,, RASULI AKRAM SUHANGUI BO ZABONI,, ARABI-ANGLISI RUSI,,BA ZABONI,,MODARI MEBOSHAM SOKINI SHARI,,QURGONTEPPA,,I VILOYATI,,HATLON,,

равшан
мо шахрвандони точикистон нафахмидем .ки оинихол ба мардуми точик чи хизмат карда ьошад. ки ба ягон чоиза сазовор нест амрикохо бисер нагз мешинохтианд агенти худшона чоиза дода гаштианд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)