Бахшҳо
08 мар 2014 13:57Тоҷикистон / Видео

Бозгашти Ойниҳол Бобоназарова аз Амрико ба Ватан (АКСУ ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии “Дурнамо+” ва барандаи ҷоизаи “Шуҷоати зан”, ки тақдими он дар Вашингтон аз сӯи Мишел Обама, ҳамсари раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, сурат гирифт, шоми 7 март ба Ватан баргашт. Хабарнигори “Озодагон” дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо Бобоназарова сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод, ки онро пешкаши Шумо мекунем.


Озодагон: Қабл аз ҳама Шуморо барои дарёфти ин ҷоиза табрик мегӯем. Аз пеш медонистед, ки барои гирифтани ҷоизаи “Шуҷоати зан” ба Амрико меравед, ё бароятон ғайриинтизор буд?

Бобоназарова: “Се рӯз пеш аз даъват ба Амрико хабардор шудам, ки аз мо қадрдонӣ мешавад. Вале намедонистам, ин чӣ ҷоиза аст. Асосан ин ҷоиза аз тарафи Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчун ҷоизаи байналмилалӣ таъсис шудааст. Намояндагони Департаменти давлатии Амрико дар миёни кишварҳои ҷаҳон номзадҳоро интихоб мекунанд ва ба кумисюни ягона мефиристанд. Аз миёни ин номзадҳо доварон танҳо 10 нафарро қабул мекунанд. Вақте номзадҳо мушаххас мешаванд, аз тарафи Вазорати умури хориҷии Амрико ҷоиза тақдим мешавад. Дар асл, тибқи барнома ман бояд то 17 март дар Амрико мемондам. Дар ин муддат дар иёлатҳо моро муаррифӣ мекарданд. Аммо наметавонистам, то 17 март дар Вашингтон монам. Барои ҳамин танҳо дар маросими супурдани он ширкат доштам. Бояд бигӯям, ки занҳои мубориз дар Тоҷикистон бисёранд ва ин танҳо ҷоизаи ман нест. Ин ҷоизаи тамоми занони мубориз аст.”



Озодагон: Оё бо Мишел Обама ҳам сӯҳбати алоҳида доштед ва агар махфӣ набошад, дар бораи чӣ буд?

Бобоназрова: “Бо хонум Мишел Обама, қабл аз он ки ба толори бузург барои гирифтани ҷоиза ворид шавем, як сӯҳбати хеле кӯтоҳ доштем. Бо қисми зиёди намояндагони Департаменти давлатии Амрико низ суҳбат кардам. Аз ҷумла, бо онҳое, ки мутахассисони бахши Осиёи Марказиву Тоҷикистон ҳастанд. Давоми ду рӯзе, ки онҷо будам 10 вохӯрӣ анҷом додам. Яке аз суоли аслии онҳо ин буд, ки чӣ гуна як ҳизби исломӣ номзадии занро дар интихоботи президентии Тоҷикистон пешниҳод кард. Ман ҳам тамоми раванди корҳо ва ҷаласаҳоро фаҳмондам. Онҳо хеле хушҳол шуда ва гуфтанд, ки дар ҳақиқат Ҳизби исломӣ ҳизби мудерн (муосир, замонавӣ) аст.”

Озодагон: Баъд аз гирифтани ҷоиза дар саҳифаҳои иҷтимоӣ дар баробари табрикот, баҳсҳо дар бораи Шумо низ зиёд шуд. Гурӯҳе навиштанд, “равшан гардид, пуштибонии номзадии Ойниҳол Бобоназарова кӣ будааст”. Ин гуна баҳсҳоро чӣ гуна қабул кардед?

Бобоназарова: “Онҳое, ки андешаи комили худро надоранд, ҳар чизе хоҳанд, гуфтан мегиранд. Рости гап, ба чунин гуфтаҳо аслан аҳамият намедиҳам. Дар пушти ман Худо ҳаст. Ман ба онҳо умуман эътибор намедиҳам.”


Бозгашти Ойниҳол Бобоназарова аз Амрико ба Ватан (АКСУ ВИДЕО)

Бозгашти Ойниҳол Бобоназарова аз Амрико ба Ватан (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Ба Равшану Озодмард!!!
Акнун ки ба шумохон (дагал шавад узр) як мустамлика шудани Точикистони азизамон ният бошад ба асло не!!! Барои хамин раведу шиносномахои Русияро гиред. Лекин ин занак шаъну шарафи Точикистони истиклолро дар арсаи байналмиллали бардошт, ки мо дар хаёт карда натовониста истодаем...

Ронанда
Барои амрикою русия мо бозича шудем.биеед фикри ойандаи ватану милатро кунем.ободи ва пешрафти мо ба хеч кас даркор нест ва ягон фарди хоричи онро намехохад.бехтараш муносибатро бо давлатхои хамсоя хуб кард,вагарна окибати осиеи маркази палигон аст.мисоли одди кани гуед магар гуломдор бой шудани гуломашро мехохад? геси рогун ро дастак карда точикистону узбекистонро бо хам зид карда корро ба фоидаи давлати худ хал мекунанд.наход нафахмед ки онхо пешрафти ягон давлати мусулмонро намехоханд.ободиву пешрафти давлатхои осиеи миена ба хамдигарфахми ва муносибатхои дустонаву иктисоди вобаста аст.мурча барои худ дона чам мекунаду гунчишк барои худ.биеед мо худамон кахрамон интихоб кунем.кахрамонро халк ва таърих интихоб мекунад.кай точике мебарояд ки бо истехсолотащ обруи давлату милатро баланд мекунад.халки точикро бо кору манзил тамин мекунад ана вай кахрамони таърихи мешавад.кани гуед ки дар таърих кахрамони як милатро милати дигар интихоб кардааст?кахрамон сохтан осон аст,вале кахрамони хакики шудан душвор аст...

Точик
Ягон бор савол додед, ки дар пушти Рахмон ки меистад?
Дар пушти Рахмон Путин меистад, ки у ба Путин хизмат карда истодааст. Албатта ба ки намефорад?

Фирдавс
tojik

"rafta tojiku vatanu hukumati tojiki xudata tankidu gaibatu furuxta omadi?"

Агар Ойнихол Бобоназарова рафта дар Амрико Ватанамонро "фурухта" бошад, шумо аз хаминчо истода Ватанро ба Чин фурухтед, миллати точикро дар Русия гулом карда, номашро Равшану Чумшуд намудеду тахкир кардед!

bitars az kase ki nametarsad az xudo.inho guruhi dajjoland(antixrist)

Муслим
Муаллимаҷон, Шумо гуфтед, ки дар пушти Шумо Худо аст, на Ҳоло дар пушти Шумо "хоҷагонатон" ҳастанд. Худо ба Шумо умри дароз диҳад, лекин дар рӯзи Қиёмат мепурсад, ки ба халқу Ватанатон чи хизмате кардед. Ба гумони мо ҳеҷ чӣ Хайр, таввакалатон ба Худо.

Э модари чон шодем ки Шуморо дар чунин руз мебинем дуогуем

чи гуфтанашро чи шуданашро мумкин дар мурури замон бифахмем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)