Бахшҳо
20 мар 2014 13:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муовини раиси Кумитаи дин: Таҷлили Наврӯз раво ва муфид аст

Тоҷиддин Асомиддинов, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон таҷлили иди Наврӯзи дур аз хурофоту исрофкориро аз нигоҳи Ислом раво ва муфид хондааст.

Асомиддинов такя ба сарчашмаҳои таърихию фиқҳии исломӣ гуфтааст, “наврӯз дар ҳақиқат як навъ ид ва маросими миллӣ аст, ки асосан бо баҳору бедории табиат пайвандӣ дошта, рабти он бо дину оини хоссе маълум нест.

Ба қавли муовини раиси Кумитаи дин, иди Наврӯз дар замони паёмбарони гузашта низ таҷлил шуда, аз сабаби одобу русуми муфиди иҷтимоӣ дар он ҷой доштанаш бо рӯҳияи тавҳидии динҳои осмонӣ, аз ҷумла Ислом зиддият надорад: “Суннатҳое дар ин ид ҷой гирифт, ки бевосита мавриди тасдиқ ва таъкиди Ислом мебошанд. Аз қабили хонатаконӣ, хабар гирифтан аз хешовандон (силаи раҳим), поксозии муҳити зист, ҳадя додан ба якдигар ва шукргузорию сипос аз неъматҳо.

Тоҷиддин Асомиддинов дар идома таъкид кардааст, иди Наврӯз, ки таърихи пайдоиши он ба давраҳои пеш аз Ислом бармегардад, бо зуҳури ин дин низ миёни мардуми мусулмон ҷойгоҳи муътабареро ба худ касб кардааст. “Иди наврӯз мӯҳтавои худро аз маорифи исломӣ ғанитар сохта ва дар натиҷа як иди миллӣ – мазҳабӣ гаштааст.

Инчунин муовини раиси Кумитаи дин афзудааст, ки мардуми мусулмон ҳатто дар ин ҷашни аввали баҳор дуои худро низ дошта, дар он аз Офаридагори худ тағйироти мусбӣ ва дигаргун шудан ба самти некиҳоро талаб мекунанд: "Ё муқаллиба-л-қулуби вал–абсор, ё мудаббира-л-лайли ва-н-наҳор, ё муҳаввила-л- ҳавли ва-л- аҳвол, ҳаввил ҳолано ило аҳсани-л- ҳол." (Эй Худованде, ки дигаргункунандаи дилҳо ва чашмҳо ҳастӣ ва корсози низоми шабу рӯзи дунёӣ, эй дигаргункунандаи солу ҳолҳо, ҳоли моро ба некӯтарин ҳол табдил соз.)

Асомиддинов дар охир таъкид кардааст, ки Наврӯз бо чунин мӯҳтавою ақдиаҳо аз нигоҳи Ислом раво буда, таҷлили он барои ҷомеаи исломӣ аз манфиат холӣ нест.
Мӯҳр
шамол
алабатта арабхои биёбонии ширишутурхур ва калтакалосхурро бо иди Навруз коре набуд.. зро худ иде ва фарханг надоштанд...умуман касе ки иди Наврузро куфр ва харом мегуяд аблахе беш нест агар араб хам бошаду аз асри 7 хам....ин фанатикхоро ба Сибир хеч не ба Мургоб 10 соли бурдан даркор то ба кадрпи НАВРУЗ бирасанд...Мо дар он дунё низ розиям бо кавми точику иронии худ бипайвндем на ба арабхо. бихишти араб ба худашон насиб кунад...

мухамад
БА БАША.Нимчамулло аввало иди миллиро аз дини фарк кардан даркор Навруз иди кишту кор аст.иди рузи нави сол аст.Тамоми олами дуне соли нав доранд вале ягон кас онро ба дин таалук намедихад.ОН олимоне ки дар бораи ин сухан карданду идро харом гуфтанд сабаб дошт: аввал ин иди милли буд ба онхо зхтиеч надошт.дуввум он муллохо аз ин фоида надоштанд чунки ягон кас ба онхо пул намедод.Аз руи хамин инро харом гуфтанд чунки онхо не хиссиети милли доштанду не исломи.Бадан шумо онхоро ба катори олимхо чо додед лекин онхо олим набуданду фитнагаро буданд.Сабаби тамоми чангу чидол ин аз дасти хамон олимхои дар нохунак.МЕросе ки онхо аз худ монданд душмани дар ислом шуд.Хамон муллохо буданд ки аз дасташон донишмандон бузург кофир эьлон мешуданд.гарчанде худашон як мехи оханиро сохтан наметавонистанд.Агар шумо СИНОРО,БЕРУНИРО олим гуед меарзад.ки ифтихори миллатанд.лекин шайхони чохилу рухониени риекор хеч вакт олим нестанду намешаванд.Касби онхо тафрика.фитна ва аз хисоби ин зиндаг мекунанд.Агар инхо бо рохи дуруст хидоят мекарданд як исломро ба 73 кисм пора намекарданд.

Самир
ба салафиену тарафдорони курокури онхо гуфтаниям;
агар тамоман фидоии дин бошед чои шумо дар кунчи хона е масчид аст - на дар интернету на дар чату одноклассники
тоату ибодат бояд чои аввал бошад на нигох ба духтарону занон, на таблиги кур-куронаи арабои сауди
касе ба бахси мадани омода бошад - мархамат!

Салом бародарони азизу диндоре ки ба маколаи муовини раиси кумитаи дин таъликот ва назароти худро иншо кардаед умедворам хамеша дар. Панохи эзади маннон хаминхел кушо. Ва. Ба чомеъа муфид вокеъ гардед.
Маколаи муовини кумитаи дин аз назари дини ва мухтавои дини доштан барраси намешавад балки нависандаи макола бар он аст ки собит намояд ки ин ид як иди фарханги ва милли ачдоди. Точикон аст. Ва хеч рабте ба идхои
Дини надорад бародарони азизу арчуманди мо ки ин маколаро тахлил ва барраси мекунанд бояд бифахманд ки ин ид ба монанди иди 9 сентиябр рузи истиклол ба монанди рузи забони точики. Ба монанди иди рузи. Хониш. Ва.....
Агар мулло ва олими дахр хам ки бошед агар иди фарханги миллиро аз идхои дини чудо карда натавонед вой бар холи илми тахсилкардаатон ва вой бар холи мардуме ки ба харфи шумо гуш медиханд ва аз пушти ингуна одамхо намоз мехонанд
Охир бародари азизам карни 21 ум аст бедор шавед ва китобхои зиёд мутолеа кунед то фахмиш ва идроки як инсони одди ва олимро дошта бошед то битавонед фарк байни фарханг ва динро дарк намоед ба худо бовар кунед манхам чанд сол
Дар кишвархои араби ва исломи будам ва кишвархои арабистонумиср гашту гузор доштам ва дидамки олимону диндоронашон дар сафи мардуми одди истода ин рузхо ва ин гуна идхоро чоиз медонанд бовар кунед аз фахму дарку идроки
Баъзе аз олимуну ходимони дини точикистон одам хичолат мекашад ки наход ки дар асри 21 ханузхам ингуна олимон дар точикистони азизамон вучуд дошта бошад.аввал фахми иди фарханги миллиро дошта баъ д дар мавриди идхои исломию
Гайри исломи назару андешаи худро иншо кунед то агар олимони фарханги ва ходимони маъориф маколаатонро мутолеа карданд бар холи зоратон ханда накунанд ки ин бечорахо хануз дар асри пеш аз ренесонс зиндаги мекунанд бовар кунед
Бовар дорам олимони гайри дини маколаи шуморо хатто назар намекунанд чун хондани маколаи касеки фарки фарзангу динро намефахмад аз назарашон бефоида аст илтимос аз назари илми бахсу мунозира кунед на аз руи эхсос ва таъассуб.

Салом ба хонандагони ин мақола
ман як чиз ро гуфтаниям ки соҳиби ин мақола Асомиддинов - Муовини Раиси кумитаи дин- аз муллоҳое аст ки илми исломиро бар асоси мазҳаби ҳаққи Ҳанафӣ дар санаи 90 ум дар Тоҷикистон зери асотиди ва Устодони Тоҷикӣ гирифта аст аммо таҳсилоти у дар эрон барои омузиши Илми Фалсафа будааст ки набояд туҳматҳое барои нисбат доданаш ба мазҳаби дигаре занем. инсоф кардан даркор.

Мусулмон
ман хайрон аз онам ки барои як иди навруз ин кадар бахс мекнан мегуян ин иди ачдодони мост ..охир иди курбону иди рамазонам иди ачдодони мост ..айб надониста мегуян ки кофир бисер чизхо сохт .кане бародар гуед ки ин кадар олиме ки точик дорад ва тамоми дуне мешиносад инхо кофир будан..сино беруни хаем чоми фирдавси саъди хофиз инхо шайхони рохи ислом будан .тамоми дуне то хол монанди шайх синоро надидааст ..то хол илми уро меомузан ...ачдодонатон гастрабайтер набудан .ачдодонатон намегуфтан ки бе русия мо мемурем ..аз ачдод сухан мегуеду арвохонашонро меранчонед..
кай ислом манъ кардааст ки илм наомуз ..таебали аз худатон бахонаи ислом мене ..агар ислом ин дини пок намебуд чандин асрхо пойдор намемонд ..томоми дуне исломро шинохт ..дар тамоми дуне чашн мегиран иди курбону рамазонро ..дини зардуштро ки медонад хеч кас у пойдор намон ин7ам як аср давом накард таи чан соле буду халос..афсус сада афсус ба ин оянда ки чи мешгавад ба ин кур курона

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)