Бахшҳо

Кӣ маъракаи “Довталаб-2014”-ро ба бизнес табдил медиҳад?

Бархе аз омӯзгорони макотиби миёнаи Тоҷикистон мегӯянд, мудирият онҳоро водор кардааст, дастурамали тозанашри “Роҳнамои довталаб”-ро ба ҳамаи хатмкунандагон, сарфи назар аз он, ки нияти дохилшавӣ ба макотиби олӣ дорад ё на бо арзиши аз 8 то 20 сомонӣ фурӯшанд.

Як омӯзгори мактаби миёна аз ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мудири мактабашон ҳамаи хатмкунандагонро новобаста аз шароити оилавӣ маҷбур дорад, китобчаи “Роҳнамои довталаб”-ро харидорӣ намоянд.

Ин омӯзгор, ки ном ва рақами мактабашро низ зикр кард, вале “Озодагон” ба хотири гурез аз мушкилисозиҳои эҳтимолӣ номашро ифшо намекунад, гуфт: Ростӣ, ман ҳамчун омӯзгор дар миёнароҳ мондаам ва касе ҳам ба мо намегӯяд, нархи расмии ин китобчаҳо чанд сум аст. Ҳоло аз 8 то 20 сомонӣ онҳоро фурӯхта истодаанд. Ҳатто талаб доранд, донишомӯзон аз оилаҳои камбизоат низ маблағи онҳоро пардохт кунанд. Аз мудири мактаб хостам, аз сағераҳо маблағ нагирам, аммо ӯ гуфт, маро маҷбур доранд, ки фурӯш.

Ин омӯзгор аз қавли мудири мактабашон гуфт, ки гӯиё масъулини маорифи ноҳия ба онҳо дастур додаанд, то китобчаҳо ба ҳамаи хатмкунандагон, новобаста аз нияташон барои идомаи таҳсил фурӯхта шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Мирзо Эшов, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо “Озодагон” фурӯши иҷбории “Роҳнамои довталаб” дар макотиби миёнаи ин минтақаро рад карда, гуфт, ин хабарҳо асос надоранд: Ягон масъули шуъбаи маориф ба ягон мудири мактаб дар ин бора дастуре надодааст ва албатта ин китобчаҳо бо нархи шаш сомонию 30 дирам ба донишомӯзон ироа шудааст ва ин ҳам ба таври ихтиёрӣ. Шояд ягон мудири мактаб ба ин кор худсарона даст задааст, вале мо ин масъаларо зери назорати қатъӣ мегирем.

Маркази табъу нашри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар робита эълон кард, ки нархи давлатии китобчаи “Роҳнамои довталаб” 6 сомонию 30 дирамро ташкил медиҳад. Комилшо Исоев, раҳбари ин марказ мегӯяд, фурӯши ин китобчаҳо иҷборӣ набуда ва касе ҳам ҳақ надорад бо нархи гарон онҳоро ба фурӯш гузорад: Мо ба тамоми шуъбаҳои маориф, бахусус ба дурдастрин минтақаҳо ба мисли ноҳияи Масчоҳи Куҳӣ, Мурғоб бо нархи 6 сомонию 30 дирам бурда расонидаем, ки касе ҳаққи аз ин зиёд фурӯхтани китобчаҳоро надорад." Аммо ба гуфтаи ӯ, "бархе аз марокизи табъу нашри хусусӣ низ шояд ба чопи ин китобчаҳо дар шакли ранга пардохта бошанд, ки албатта қиммати онҳо фарқ хоҳад кард.”

Исоев таъкид кард, ки ин амали марокизи хусусӣ худсарона ва ғариқонунӣ буда, фурӯшандаи китобчаҳои чопнамудаи онҳо низ дар макотиб ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Баробари ин омӯзгор аз ноҳияи Қубодиён илова кард, мақомоти ҳукумати маҳаллии ин минтақа тамоми хатмкунандагонро барои сабти ном кардан дар Маркази миллии тестӣ маҷбур доранд: “Тӯли се ё чаҳор рӯз мешавад, кормандони ҳукумат ва шуғлӣ аҳолӣ омада маҷбур доранд, то тамоми донишомӯзонамро барои сабти ном ба Маркази миллии тестӣ равон созам. Мо дар давлате зиндагӣ дорем, ки соҳибихтиёру демократӣ мебошад. Ҳар хатмкунанда худ бояд интихоб кунад, ки таҳсилро давом медиҳад ё не. Афроди шароит надоштааш чӣ гуна рафта худро сабти ном кунад.

Ин дар ҳолест, хизматрасонӣ зимни супоридани ҳуҷҷатҳо ба Маркази миллии тестӣ 150 сомонӣ муайян шудааст.

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон, ки имсол масъулияти қабули довталабон ба донишгоҳҳои кишварро ба дӯш дорад, ахиран аз тавҷҷуҳи ками довталабон шикоят карда буд. Сабтиноми довталабон дар Макази милли тестӣ аз 1-уми март шурӯъ гардида, то 15 -уми апрел идома меёбад. Феълан барои сабти номи довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст.
Мӯҳр
Собик омузгор,
Аз гуфтаҳои Шумо маълум мешавад, ки аз он пулҳои бо ҳар ҳилаву найранг аз талабаҳо ситондашуда директорони мактаб ба мудирони маъориф, милиса, прокурор ва Вазорати маъориф чутал (доля) медиҳанд?Ҳамон аст, ки солҳо боз пеши ин фасодро касе гирифта наметавонад. Кас ҳайрон мешавад, дар як синф фарзандони тамоми қишрҳои ҷомеъа (савдогар, коргар, муаллим, духтур, милиса, судяву прокурор, кормандони баландпояи давлатӣ) мехонанд. Аз ҳамаи онҳо пул ситонда мешавад. Аз чи боис, ҳама хомӯшанд.....? Аз чизе шарм медоранд ё рӯи хотири фарзанд мекунанд? Шояд ҳарду. Ба ҳар сурат, макотиби кишвар кайҳост, ки бидуни иззату обру монда, ба "аҷинабозор" табдил ёфтааст. Пас, аз "омӯзгорони" ин аҷинабозорҳо талаба чи меомӯзад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)