Бахшҳо
11 апр 2014 12:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътироз аз дахолати омӯзгорони ДДОТ ба тугмаи духтарон

Бархе аз духтарони донишҷӯ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки масъулон ба тугмаи пироҳанашон низ дахл карда, аз онҳо баёнот мегиранд. Волидони ин гуруҳи духтарон мегӯянд, “агар чунин талаботи бемантиқу беасос идома ёбанд, аз болои масъулини донишгоҳ ба додситонию додгоҳ муроҷиат хоҳем кард”.

Зарринаи Холназар, донишҷӯи соли аввали факултаи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, 9 апрел масъули донишгоҳ оид ба таълиму тарбия ӯро водор кардааст, барои тугмаи камзӯлаш баёнот бинависад. Ӯ дар шарҳи қазия афзуд, ҳангоме аз долони факулта мегузашт, муаллима ӯро нигоҳ дошта, тугмаи камзӯлашро тафтиш кардааст. “Муаллима баъд аз он ки дид пойафзолам пошнаи баланд дорад ва дигар ягон камбуд дар сару либосам нест, гуфт, тугмаи камзӯлат ба ман маъқул нест. Гир баёнот навис...”,-нақл кард Заррина.

Зарринаи Холназар афзуд, ин эроди муаллима дар ҳолест, ки ду ҳафта боз дарси психология (равоншиносӣ) намегузаранд, аммо ягон масъул парвои онро надорад: “Як сол мешавад, ки таҳсил мекунам. Ягон муаллим оид ба таълиму тарбияро надидам, ки бо муомилаи хуш суҳбат кунад. Ҳамааш дағалона муносибат мекунанд. Аз ин муносибаташон фикр мекунӣ, ки дар ягон мактаби душвортарбияҳо таҳсил дорӣ.”

Хадича Холиқова, модари Заррина, дар суҳбат ба “Озодагон” аз низоми сару либос дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки барои як тугма водор мекунанд баёнот нависанду нисбат ба таълим камтаваҷҷуҳанд, шикоят кард: “Куртаи гулдор, юбкаи дароз, туфлии бе пошна напӯшед мегӯянд. Бо мегӯянд, ки атри қиммат занед, ман ҳеч ин низомро нафаҳмидам. Мо ҳам ҳар рӯз аз куҷо пул меёбем, ки ин ҳама талаботи Донишгоҳро иҷро кунем. Ҳар рӯз баъд аз дарс ба ҷое, ки фикри дарсро кунанд, меоянду пагоҳ чӣ пӯшида равем мегӯянд. Бас аст!”

Ин дар ҳолест, ки масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон эродгирӣ аз тугмаро рад карда, таъкид карданд, ки норозигишон бештар аз кӯтоҳии камзӯли Заррина Холназарова будааст.

Қаблан низ масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон як гуруҳи донишҷӯдухтаронро ба далели пошнаи пасташон ба дарсҳо роҳ надода буданд. Искандар Аминов, муовини раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шарҳи роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пошнапаст - “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”

Искандар Аминов афзуд, бар асоси низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.
Мӯҳр
сомони
ба КИРОВ. Аз тахаллусат маьлум ки русмичоз хасти! Баракс инхо духтаронро урен карда истодааст,ба уренхо кор надоранд.

"Мухтарам" Рахмонов А.Р.! шояд барои тар нашудани почахои эзор, духтарони донишгохатонро минбаъд бе почома мекардед..... ха.... боз.... фаромуш накунед, ки онхо мураббияи ояндаанд, аз хамаашон талаб кунед, то дар айёми донишчуи хатман яктоги таваллуд кунанд ва тачрибаомузиро бо тифли худашон гузаронанд, на бо кудаки халк!!!!!!!!!!!!!!!!

Киров ман Пушкин. Дар даврахои мо ин хел гапхо набуд.

Ина хамика аклу фаросат доранд муаллимони ДДО. Хай ай ректорашон чи буи умед буд, ки боз аз муаллимонаш ягон фикри солимро интизор шавем. Як вакт А. Рахмонов синф ба синф гашта телефонхои донишчуёна бо дасту пойхояш зада мешикаст. Холо бошад пошинаи баланд. Баъд у Искандар Аминов кияй, ки пошинаи пастро зазаровар мегуяд. У ягон ортопедай ё хирургай? Бо кадом далел ин фикрхои беаклонаро ба донишчудухтарон бор мекунад? Ба фикри ман хамин маводи Озодагон метавон асос шуд барои дафъ кардани ин муаллимон аз Донишгох ва санчиши прокурори....

М,
нонм, Ман дар кори хамин мухбирони Озодагон дар хайрат хастам. Як мавзуъи дуруст нест. Як тахлили хуб дида намешавад. Ба монанди занхои лаби об, факат кор шурандози ва чангандози аст. Баъзехо хамин кадар бахс мекунед, тахлил накарда, аз кулли муаллимон сар карда то Ректорро сиёх карда истодаед. Як бор фикр намекарда бошед, ки оё хамин муаллим ба хамин донишчу ягон хусумати шахси дорадар ё не? Зеро аз худи хамин макола хам бар меояд, ки гап сари як муалима меравад. Ман худ донишчуи дигар Донишгох будам ва медонам, ки вакте, ки муалим чап гирад вай ба хар рох метавонад, содда карда гуем захрашро мечаконад, пас дар ин чо ахли коллектив чи гунахкор аст ????? Донишгох худаш чи гунох дорад. Бояд дар ин чо худи муалима мучозот шавад, ки барои чунин шахсони кинагир сабак шавад. Шояд аз ин муносибат, дигар устодон ва худи рохбарияти Донишгох огох нест. Оё аз пушти як донишчуе,ки холо курси якумро хатто, тамом накардааст ,ки ба кадри киммати муалимон расад, як Донишгохи калон муносибати манфи ба худ гирад ????? Ин якум, аз беаклии худи хамин донишчу дарак медихад, ки вай ба нимсоли хонданаш нуфузи Донишгохашро дар замин мезанад. Масалан, мо хамчун донишчу шабу руз хоб накарда барои обруи Донишгох дар олимпиадахо мубориза мебурдем, пас ин донишчу бошад чи кор кард барои рушди Донишгохаш ?????? Ин макола аз бесаводии худи мухбир низ дарак медихад, зеро макола бояд тахлили хамачонибаро дар бар гирад, на ин, ки факат як хулосаи донишчуи гумрох ва мухбири шурандозро. Агар озод бошед, хулосаи шахси бе тарафро нашр кунед

нонм,

э акаи Хоиши содда, хаму тгмара албат ягон заводи Зайд Садов бровардай. Абдучаббор Рафмонуф дарак ёфтай.

"Озодагон" бе каму кост чавоби навиштаи Абдучабборро тавассути котибааш - Холиса чоп кард. Мухтарам Абдучаббор, ман туро наздик намедонам, вале дар ДОТ ба номи Айнй кор мекунам. Афсус, ки худро таъриф мекуниву туро таъриф мекунанд. Мархум Асозода чазаба дошт. Донишро сахт мегирифт. Ба намечиву намечии донишчуён кор надошт. Коре кун, ки баъдат хакорат нашунавй.

Об хам равшан мешудаст дия а апаи Холисамох! Абдучаборрам руз барин равшан ё об барин тозаю соф гуфта пардоед дия.

чй хел гаразхои шахсй будаст. гап зан мо хам фахмем. аку ту хам мукобили журналисто бо дастгирии Абдучабор дасиса мекуни чибало. ай дасти шмо занои лави ов хамаи кор миёя. ира точикистон меган апаи . зайда суд кеен аку новбати журналисто расид.

Ин мухбирони Озодагон ва Озоди ба гайр аз шурандози ва чангандози дар байни чомеа дигар коре надоранд. Маълум аст, ки макола заказной аст ва идеяхои шахси алохидаро пайгири мекунанд. Масалан холате шуда буд, ки ман худам бо журналист сухбат карда, як гап мегуям, вале дар макола мехонам баръакс журналист хамок максадхои гаразноки худашро пайгири карда, аз худаш харчи бофта навиштааст, ин аблахии журналистист. Баъзеи журналистон то хамин дарача расидагианд, ки хатто вичдонашонро хам мефурушанд. Умуман эътикоди ман, аз хамин журналистони озодагон ва озоди барвакт гаштааст. Агар озодии баён мехохед нашр кунед.

Aчаб сабре Худо дорад!

хеч гап не ба амалакардош чавоб мега и одам

Айни
Хамин Искандар Аминов ин кадар барои саломатии духтарон захмат мекашидаги бошад, ба чои масалаи балетка, нагзтар мешуд хар сахар кефир медод ба духтарон!!! :) :) :)

Ai. Bakhilisha diga namedona. Chko bkna. Oxi mardumii. Kambagal megiratt. Aiba donn

Danila24
Рохбари ин донишгохро иваз намудан лозим аст!!! Ин ба монанди сериал шуд, хар руз сериали нав... Тенч намешинан, бачои илм омузонан чи коро кардаистоданд.

Гарик
Хахахаха бачахо биёе як маслихат хами номи Рахмоновро Тугма ё каблук гузорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)