Бахшҳо

Посухи Тӯраҷонзода ба “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзодаву ёронаш

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, бо нашри матлабе ба муаллифони китоби “Ҷаҳони андеша” посух дода, бовар надоштани эшон ба мавҷудияти Худовандро ноқисулақлию камдонишӣ хондааст.

Ин руҳонии тоҷик бо иқтибос аз тарҷумаи ҳоли бархе аз олимон гуфтааст, “боварӣ ба Худо маънои ҷоҳилу хаёлпарастӣ ва хурофотӣ буданро надорад. Агар чунин бошад, пас, чӣ гуна Шумо дастовардҳои илмии уламои гузаштаи таърих, аз ҷумла Нютону Дарвин, Эйнштейну Сино, Ҳайсамию Фирдавсиро мепазиред?”

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло садҳо далелу омилҳое ҳастанд, ки вуҷуди Худовандро исбот мекунанду дигар набояд дар ин бора шакку шубҳа кард ё дунболи ҳуҷҷат гашт: “Ба қавли Мавлонои Рум ва Мирзо Абдулқодири Бедил дигар имрӯз барои исботи ҳастии Худо далелу бурҳон ҷустан ва ё дархост намудан нанг ва аблаҳӣ аст. Ҳамонгуна, ки дар рӯзи равшан бо чароғ ҷустани офтоб ҳамоқату нодонист.”

Эшони Маҳмудҷон дар идома афзудааст, тавре муаллифони “Ҷаҳони андеша” ақида доранд, “ҳар киро ва ё ҳар миллатеро илму донишаш бештар, куфру инкораш нисбати вуҷуди Худо бештар...” пас, бояд аксари донишмандон дар тӯли таърих ва сониян мардуми Аврупову Амрико, ки пешрафтатарини миллатҳо дар илму дониш ҳастанд, нисбат ба ҳастии Худо мункиртару кофиртар мебуданд. “Вақте 90% мардуми кураи замин, ба хусус аксари нобиғаҳо ва донишмандон дар тӯли таърих то имрӯз, бо Шумо – ай мункирони Худо – ҳамфикру ҳамақида нестанд, пас, беҳтар аст, Шумо нахуст ба ақли худ, ва сипас ба илму дониши шахшудаи худ таҷдиди назар намоед, то агар қобили муолиҷа ва ислоҳ бошад, пас дар пайи дармон ва ислоҳи он шавед! Ва агар ислоҳнопазир бошад, пас айбу нуқсон аз ҷониби шумо ва ақли ноқиси шумост, на хуршеди оламоро...”,- навиштааст ӯ.

Дар охир Эшони Маҳмудҷон изҳор доштааст, "монанди достони Фиръавни Миср ва фиръавниёни асри 20, ҳар кадом аз мо ва Шумо хонандагони азиз дар таърихчаи зиндагии хеш саргузашти бисёр касонеро медонем, ки дар айёми ҷавонӣ ва мансабдорию сарватмандӣ, ончунон масту мағрури дунё ва молу мансаби дунё буданд, ки Худову ибодаташ ба гушаи хаёлу хотири эшон намегузашт. Ва баъзе аз онҳо, аз ҷумла баъзе мансабдорони комунист ва комунистмаоб на танҳо мункири Худо, балки душмани сарсахти Ӯву дин ва мардони роҳаш буданд. Ҳатто бо Худо ва динаш эълони ҷанг карда буданд. Ҳангоме ки эшон ба рӯзгори пирӣ ва нафақаю бознишастагӣ расиданду дарҳои ҳукумат ва мансабдориро ба рӯи худ бастанд, ба сабаби заъфу нотавонӣ умедашон аз тӯли зиндагӣ ва мансабу вазифа қатъ шуд, фосилаи худро бо қабр ва дарвозаи марг чанд қадам диданд, якбора 180 дараҷа тағйири равиш доданду бо ришу тасбиҳ, Худогӯю намозхон ва масҷидрав шуданд. Сабаб ва иллати ин инқилоби азим ва таҳаввулоти бузург дар зиндагии афроди гузашта дар чист? Албатта, посухи ин суол, ҳамон имони фитрӣ ва майлу ҷозибаи руҳӣ – равонӣ аст, ки дар чунин ҳолати ноумедӣ онҳоро ба сӯи Худо мекашонад.”
Мӯҳр
Зид
Бародар Олим мавзуро дурустар хон суханхои бе худа назан аз Худо тарс!

Шоири чавон
Посух ба оне, ки худашро Олим ном нихода, ба танкиди уламохо ва шахсони диндор пардохтааст.

-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-
Туро унвон ки дод, эй олими зор,
Ки санг партофтаисти суйи диндор?
Надори токати бишнидани хак,
Магуй аслову зинхор харфи нохак.
Намедони магар, эй олими хор,
Ки бобои ту хам буд шахси ришдор?
Бидон, риш суннати пайгамбарон аст,
Ва хам зебандаи шери нарон аст.
Назебад риш хар як занмичозро,
Ва хар бегайрату хар гозу козро,
Ба гайбат кардани кас мохир хасти,
Ба мисоли занони сохир хасти.
Туро ин лак - лакиданхот
Чамшуд,
Магар меорадат нафъе ва ё суд.?!
Вале аз ин бар эшони Махмуд,
Намерасад зарар ва ё ки камбуд!
Зи ман як маслихатест дустона,
Бирав биншин андар кунчи хона,
Бихон, боз хам бихон такрор ба такрор,
Ки дохили сарат холист чу дутор.
Машав олиму аллома чу Икбол,
Бишав як шахси солим, некгуфтор!
-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-

Таҳсин
ОФАРИН БА ҶАНОБИ ОЛИМУ ДОНИШМАНДИ БАРУМАНД ВА ШЕРИ МАЙДОНИ ТОҶИН МАҲМУДҶОН. ин мункири Худоро дигар касе намехоҳад катиш ру ба ру шавад. Худаш хам дарк кардааст, ки хама ва хама аз он нафрат доранд, ин аст задани Худо, ки садо надорад, вале бо ин илме, ки тамоми ҳаёт омухтааст ва калонсол шудааст, ки бояд ақалан барои калонсолияш ҳурмат шавад, онро низ аз даст дод.

Олим,

Дигарон молашон, ки садҳо ва ҳазор маротиба зиёдтар аст инҳо яъне бадтаранд ба назари ту?
Шояд аз шогирдони Бе.зод боши, ки ҳам бо роҳи домуллоҳо намехоҳи рави ва ҳам ҳидоят талаб дорӣ. Домуллоҳо роҳи Муҳаммад (с)-ро рафтаанд, ...
агар дар ҳақаиқат ҳиядо хостор боши бо ин гуна намешавад, аввал бояд тавба куни аз ин суханони гуфтааст, вагарна...

Комил
ХУДОРО ШУКР КИ МО ХАМИНХЕЛ ОЛИМ ДОРЕМ ХУДОВАНД ШУМОРО ВА АХЛУ БАЙТИ ШУМОРО НИГОХ ДОРАД СИДКАН МАН ШУМОРО ДУСТ ДОШТАМ!

Салом Устоди бузург Эшони Махмудчон. Афсус ки ин чавобро додед. Акнун онхо ба максад расиданд. Афсус. Максад инкори Худованд набуд, максад ин буд, ки эхсосоти уламои исломи ё умуман мусулмонон ба тахрик дарояд ва чавоб диханд. Ва фитна огоз шавад. Афсус ки Шумо ба ин кручок галтидед ва чавоб додед. Акнун онхо хурсанд хастанд. Ифтихор мекунанд. Максад Худо набуд, максад тахрики Шумо буд. Онхо ба максад расиданд Афсус. Бо дасти мубораки Шумо. Акнун барои тахкир парванда, шикоят, маломат барои "тангназари" ва гайра сар мешавад...
Эй афсус, чаро ин чавобро додед...

Чавоб ба Олим: он мулохои пеш аз инкилоби октябра ки мегуи монанди баъзе мулохои хозира будан, ки бо хохиши хочагонашон фатво мебуроварданд на монанди Турачонзодахо

мухочир аз хичрат
АСАЛОМУ АЛАЙКУМ БОБОЙ ЭШОН ХУДОВАНД ШУМОБАРИН ЧАВОН МАРДОНРО САФТОНА ЗИЁОД ГАРДОНА БОБОЙ ЭШОН ДАСТИ ДУЪО ЯКЧОЙА БА ДАРГОХИ ХУДОВАНД БАРДОРЕМ ТОКИ БАНОМ ИН ШУРОИ УЛАМОРА ТАВФИКИ БАНДАГИ ЗИЁОТАР АТО КУНАД ТО ДАР ФИКРИ ХУДОВАНДУ ВА МИЛАТ ПАРЕШОНИ (ТОЧИКИ) БОШАНД ИЛТИМОС ОЗОДАГОН БА НАШР РАСОН

саъди
олим каме андеша кун ва мавзуро хубтар бихон

Салимбой
ин эшон метавонист бидуни истифодаи калимаи чохилу аблаху дигар ва дигар чавоб гардонад чун дар хуни инхо тахкири инсон нишастааст бе иловаи калимахои дагал фикрашонро баён карда наметавонанд, ана ин бадбахтии Точикистон аст аммо чаро асаби мешаванд ба сухани як файласуф дар холе ки медонанд касе ба гуфтаи у хамрох намешавад натарсед касе бо иН Суханхо Худоро инкор нмекунад

Олим
Ба он бародар ки ачдодонаш табармусулмон шуданд ва у мехохад инро инкор кунад чохилист.Бадан ман ба Бекзод ва ХХДТкоре надорам чунки дар пулгириаш иштирок надоштам ва дуруг гуфтан аз руи мусулмони гунохаст.Пеши худо Бекзод аз рафтораш худаш чавоб мегуяд ва китобаш як зарра арзиш надорад дар пешам чунки ин акидаи шахсии вай аст на исбот аз руи курьон.Тавба ман барои гапи хак намекунам ва рохгуме нестам.ки чалласаводхоро гуш кунам .Шукри худо мекунам.ки камтарак хондан метавонам ва хулоса худам мебарораму эхтиеч ба муллохо надорам.Акун бародарон шумо бигуед ислом магар ято нест?Курьони карим як нест? Пайомбари худо як нест? Мгар сабаби таксимшавии ислом ба фиркахои зиед ин олимхои дин набуданд? Асосгузори салафию вахобию.ансорулло хамин олимхо набуданд.Хамин олимхои дин дар нохунак набуданд ки одамхои босаводро несту нобуд мекарданд.Магар РУДАКИ.Сино.Фирдавси Хилоли ва г.х номбардори миллату донанди курьон буданд аз дасти рухониени дарбори дар азоб набуданд.Олими дин он шахс аст ки факат дар рохи худо ва дини ислом на дар мазхабхои гуногун.Вате ки олими ин еон мазхаб асти ба нафи мазхабаш хакикатро инкор мекунад ва тухми шайтониро дар ислом пахн мекунад.Магар ин азруи дини мубини ислом аст.Хар ки хато кунад пеши худо чавоби гунохашро худаш медихад

Точик
Чавоби Точик ба точик. Тамоми матлаб ин чо нашр нашудааст. Шояд 5 дар садаш иктибос оварда шудааст. Агар далел мехохед асли маколаро дар сайти turajonzoda org мутолиа намоед. Хачми макола хеле калон аст.

Ахмад
Худованд шуморо хидоят зияд дихад эшони турачонзадахо ва хубтар хизмат кунен дар ислом

Мухтарам Турачонзода охи ин хукуматдорони мо хамааш тарбияи атеисти гирифтаги. Ино хеч вакт ба дузаху чаннат ва Худо бовар нахоанд кард.

Ахсан
Шумо боиси тахсин ва фахри миллат хастед Устод Махмудчон. Ин шурои ба ном уламо парвое надоранд. Худованд обуру ва иззате, ки ба Шумо ва хонадонатон додааст боз хам зиедтар гардонад. Маколахои шумо баенгари он хастанд, ки шумо ва бародаронатон дар хакикат олим хастед ва вориси паембар ба хисоб меравед. Ман бисер афсус мехурам бар он курсаводон ва нотавонбиноне, ки ин оилаи бузурги муваххидро чи гуна ба шиаги тухмату муттахам мекунанд. Худованд илматонро зиеда гардонад ва дар панохаш нигах дорад. Омин

Дахри
Бахси инкори худо фалсафист ва илмист ва аслан чизи нав нест. Дахрихо, яъне онхое, ки вучуди худоро инкор мекарданд дар асрхои миёна низ буданд. Мушкил дар он аст, ки мавчудияти худоро на инкор карда мешавд ва на исбот. Он нируеро, ки дар динхои гуногун худо меноманд, дахрихо нируи фавкулодии табии меноманд, ки ба зиндагии одамон хеч дахолат намекунад, дар хар сурат дахолати он хеч эхсос намешавад.
Масъалаи дигар таносуби чахонбинии илми ва дини дар чомеаи инсони аст. Дар ин шабу руз илм чунон тараки кардааст ва чунин дастовардхо дорад, ки чахонбинии дини дар бораи оламу одам дар назди он хеле сода ба назар мерасд. Дар кишвархои пешрафтаи Аврупо чахонбинии илми чахонбинии диниро хеле танг кардааст. Гумон меравад дар дахсолахои наздик хамаи динхои чахон дар мукобили чахонбинии илми ба мушкилоти зиёд ру ба ру мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)