Бахшҳо

ВИДЕО: Изҳороти Шукурҷон Зуҳуров зидди Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи 24 апрел ҳангоми баҳсҳо дар бораи тарҳи пешниҳодии ҲНИТ гуфт, “ба умеди ОБСЕ (САҲА) нашавед”. Оқои Зуҳуров ин ҳарфҳоро вақте ба забон овард, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон, изҳор дошт, ҳангоми таҳияи тарҳи пешниҳодиашон эроду тавсияҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ)-ро низ ба назар гирифтаанд.

Раиси Маҷлиси Намояндагон дар идома афзуд, “як камтар таҳлил кунед, дар куҷое, ки дасти онҳо то охир буд, дар он ҷо ҳеч вақт на тинҷӣ буд, на оромӣ буд ва на демократия буд. Ин як. Дувум ҳамин аст, ки ҳар як минтақа, мардум ва миллат менталитет, шароит ва таърихи худашонро доранд.” Шукурҷон Зуҳуров гуфт, бовар дорад, ҳарфҳои ӯ дар дохили парлумон намемонанд, вале бо ин ҳол таъкид кард, ки ин нуқтаи назари ӯст.



Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ахиран интихоботи моҳи ноябри соли гузаштаи Тоҷикистонро назорат ва чанде пештар хулосаву тавсияҳояшонро пешниҳод карданд. Онҳо интихоботи президентиеро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, интихоботи бидуни рақобат дониста, барои шаффофу озодтар гузаштани чунин маъракаи муҳим ба ҳукумат беш аз 30 тавсия доданд.
Мӯҳр
Ha ogoi Zuhurov, shaf shaf nakarda shaftolu gued oxir. chi joi sharm, Tojikiston ku davlati demokrati va huquq bunyod ast. Bo in vasila guftanied ki mo hukumatdoron kreslaro ba yagon kas namedi hem da... Baroi hami ogoi Kabiri boyad ba umed CAXA nashavad...

Шукурчон Зухуров яке аз аввалин сиёсатмадоронест ки дар Точикистон бори аввал гапи ростро бе парда гуфт. Офарин акои Шукурчон. Барои мардуми Аврупои ин гапи нав нест. Путин Лавров. Лукашенко ин суханхоро нисбати ОБСЕ борхо аз минбархои баланди байналмилали гуфтаанд. Дар сиёсати хоричи ин чизи нав ва ачиб нест. О бародарони азиз, кани хисси ватандустии мою Шумо. Кадом ташкилоти хоричи як сумро ба Шумо бехуда медихад. Ба гуфти Шабдолов "Сирри бепул танхо дар капкон" барои каламуш мешавад. Дар тамоми дунё интихоботхоро ОБСЕ мегуяд ношафоф буд. Лекин чаро як бор ин суханхоро ба Амрикою Лондон ва дигар кишвархои гарб намегуяд. Ончо гуё демократия хасту халос. Фикр мекунед Украинаро мардуми худаш аз дарун вайрон кард. Ончоро бо пули Обсе ва бо дасти дигарон вайрон карданд. бинобар ин бори дигар Офарин сад офарин Шукрчон Зухуров байракбардори миллат, фарзанди баору номуси миллат. Озодагон илтимос чоп кунед

Шамсулло
Мо мардуми точик медонем ва дарк мекунем,ки дар Точикистон дар муддати 22 сол ягон маротиба интихоботхои шаффофу демократи барпо нашудааст. Агар интихоботхо шаффоф ва демократи мегузаштанд ,холо дар хакикат дар парлумон вакилони хакикии мардуми менишастанд ва зиндагии мардум хело ва хело хам нагзтар мешуд. Парлумони Точикистон мардуми нест ва аз манфиати мардуми одди химоя намекунад

Хой бародарон!!! Охир киро мо душман мебарорем?? Ин боз як "отвлекающий маневр"-хукуматдорон... Шарманда нашавем боз якбори дигар... Инхо Зухуровхо мардуми моро боз якбори дигар шарманда карданиянд. Проблемаи асоси ин бехбудии мардуми Точикистон аст. Агар касе бо ман рози набошад ба руи ман туф кунед!! О ина гапашро бинед, ки ин як назар дуркуни аст.

Ашраф
салом оё то хол барои барои чи аблава давом дорад оё ин аблабахо конуни Чумхуррии Точикитон нахонданд ми то хол кад-кади кучахо ва хонахо бача кофта мегардн. Бачахои бечора куча ба куча хона ба хона гурехта мегардан

сокини 102,
рахмат бародар. гапи росту хак. ин як намуд маневр мегуян. одат кардаги хастан. пагох мебини бо дигар гапу кор.

Ш.Зуҳуровбаринҳо 22 сол боз дар курсиҳои ин ҳукумат дарахт барин реша давондаанд, аз оянда низ умед дошта, ҳамеша бо васвасаи ҳукуматдорони рус "фаъолият" доранд. Магар онҳо демократия мехоҳанд? Ҳаргиз не! Оё ҳамин кас набуданд, ки баназдикӣ дар Петербург аз дасти Валентина Матвиенко (раиси кумитаи равобити байнипорлумонии Думаи Русия) чи мукофоте гирифтанд? Мушаххасоташ дар ёдам нест. Ҳоло ки равобити Русия бо Амрико ва Урупои Ғарбӣ дар партави ҳодисоти Украина бисёр сард аст, балегӯякони русҳо ва бадгӯякони ғарбиҳо фақат дар Тоҷикистону Белорус мондаанд халос. Суханони Ш.З. аз Маскаву Петербург манша мегирад.
Баъзеи аз ҳамқавмҳои мо табиати кӯрнамакӣ доранд. Вақте ба сарамон фоҷеае фуруд омад, он вақт барои кӯмак аввал ба мамолики Ғарбу Амрико хитоб мекунанд. Каме ором шуданду чарб гирифтанд, кӣ хуб, Руссия хуб.
Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:"СУХАН ДОНИСТА ГӮЙ, КИ ДӮСТРО ДУШМАН НАГАРДОНӢ, ЗИ ҲАРФИ БЕТАММУЛ ОШНО БЕГОНА МЕГАРДАД!
Ин суханонро сиёсатбозони мо бояд сармашқи кори хеш донанд.......

Dev
Zaboni tojiki hele zaboni ganivu dorost , agar janobashonZuhurov kame durandesh mebudand, in guna pojdarhavo harf namezadand. Ohir hamin suhanhoro kame digar namud guftan mumkin bud ku to in tashkilotho az shumo ne az davlati tojik ruj nagardonad. Onho metavonand hamai sadakapulihoro ba Tojikiston digar nadihand, shumo& Ko bosheton pulhoi bajokardagiatonro ru nameoreton, pas boz mo mardumi beroh azob mekashem...

dfkb
ягон гапи бечо назадааст
далели равшани ин гуфтахо Украина мебошад ки бинетон ба чи дарача расид.Ин шабуруз дар Украина чанги граждани рафта истодааст. Ин холатба Украинаро аврупоихо бо хамкории америка бо дасти фашистони правый сектор расониданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)