Бахшҳо

Шикояти Амирбек Суфиев аз болои раҳбари “Умед-88” ба Эмомалӣ Раҳмон

Сармуҳосиби ширкати “Умед-88”, ки бо фурӯши сузишворӣ дар қаламрави Тоҷикистон машғул аст, мегӯяд, аз сӯи раҳбарияти ин ширкат таҳти фишору таъқиб қарор дошта, алайҳи ӯ иттиҳомоти зиёде равона карда шудааст. Амирбек Суфиев, сармуҳосиби ин ширкат бо ирсоли номае ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон талаби кумак карда, ба хотири мунсифона ҳал шудани моҷарояш қазияи ӯро таҳти назорат худ қарор диҳад.

Дар номаи Суфиев ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дастраси расонаҳо низ шудааст, аз ҷумла омадааст: “Ҷаноби Олӣ ба Шумо ҳамчун падар муроҷиат менамоям, ки кори маро Додситонии кулли кишвар дар чаҳорчӯби қонун омӯхта, хулоса пешниҳод намояд. Чунки ман дар оилаи камбағал ба дунё омадааму модари пир дорам ва ягона нафари таъминкунандаи оила ба ҳисоб меравам.”


Шикояти Амирбек Суфиев аз болои раҳбари “Умед-88” ба Эмомалӣ РаҳмонБа гуфтаи Суфиев раҳбари ширкати “Умед-88” гӯиё ӯро дар азхудкунии маблағи ҳаҷмаш ниҳоят калон муттаҳам намуда, аз болои ӯ ба Додситонии кулл шикоят бурдааст. Суфиев таъкид дорад, масъулини ин ширкат мехоҳанд ӯро бо иттиҳоми бофта паси панҷара андозанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, вале гӯиё ба ҷони худу пайвандони дар Ватан боқӣ мондааш, эҳсоси хатар дорад. Суфиев дар шарҳи гуфтаҳояш илова намудааст, “дар ҳоле маҷбур шудам Ватанро тарк кунам, ки раҳбарияти “Умед-88” ба ман ҳушдор дода, гуфт, ҳамаи корҳои маро ҷобаҷо мекунӣ аз бонк як миллиону дусад ҳазор доллари амрикоӣ аз ҳисоби амволи худат барои корхонаи ман мегирӣ ва баъд аз Тоҷикистон баромада меравӣ."

Сармуҳосиби “Умед-88” мегӯяд, ӯ зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, соли 2011 барои кор ба ин ширкати маъруф даъват шудааст. Вай соҳиби се фарзанд аст ва бино ба иттилои худаш феълан дар Русия ба сар мебарад.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаббатшо Баллаев, мудири шуъбаи ҳуқуқии ширкати "Умед-88", тамоми иддаои Амирбек Суфиевро рад кардааст. Ӯ дар номаеба унвонии мо навиштааст, "баъд аз он ки фахмидем, Суфиев гурехтааст, бо ариза ба макомоти қудратӣ муроҷиат намудем. Ариза мавриди баррасӣ карор дорад ва бинобар фош накардани сирри тафтишот ҳоло аз шарҳи пурраи он худдорӣ менамоем. Амирбек Суфиев агар гунахкор набошад, мархамат ба Тоҷикистон омада, бегунохии худро исбот намояд. Аммо ӯ медонад, ки гунахкор аст ва ба ин хотир аз дур бо аризаҳои туҳматомез репутатсияи кории ширкати моро мехоҳад паст занад. Ин амали ӯ ба намакдон туф карданро мемонад. Оид ба он ки дар Тоҷикистон мондани ӯ ба ҷонаш хатар дорад, бори дигар тӯҳмат будани суханони Суфиевро исбот менамояд."
Мӯҳр
ЦУМ
Холо кучоба бошад сармухосиб

Матчинский боец.
Бо Мастчохи бозит нагирад рохбари 88. Хамтут мекунад руят
сиёх мешавад!

Холо ин ширкат бегунохаст гуед. Оё инро аз тахти дил мегуед ва бовари доред. Гап баромадааст, ки пули кории сохтумончихоро надодаед ку. Дар ин низ Суфиев гунахкор аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)