Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Тирпаронӣ дар Хоруғ, ҳалокати Собиру Мунаввар ва таҷаммӯи сокинон

Дар пайи тирпаронии рӯзи 21 майи соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Хоруғи Бадахшон се нафар ҷароҳат бардошта, аммо ду тани онҳо бо номи Собиру Мунаввардар бемористон ҷон додаанд. Дар ин бора сокинони маҳаллӣ дар тамос бо “Озодагон” иттилоъ дода, гуфтанд, айни ҳол вазъияти Фарайдун -- маҷруҳи дигар вахим арзёбӣ мешавад.

Ба қавли мусоҳибони мо, ин се нафар дар дохили худрав ё мошинаи худ мавриди тирпаронӣ қарор гирифтаанд, вале то кунун маълум нест – барои чӣ. Баъд аз ин, сокинони Хоруғ дар наздикии бинои идораи пулиси маркази Бадахшон гирд омада, шарҳи ин ҳодисаро мехоҳанд ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, гӯиё як мошин ҳам ба оташ кашида шудааст.


(Ин видеоро як манбаи Оҷонсии Тоҷнюз фиристодааст)

АКСУ ВИДЕО: Тирпаронӣ дар Хоруғ, ҳалокати Собиру Мунаввар ва таҷаммӯи сокинонЯк манбаи мо аз Хоруғ ба далели он ки номаш ифшо нашавад гуфт, таҷаммӯи сокинон тақрибан ду соат боз идома дорад ва радду бадалҳо бештар миёни ҷавонон ва маъмурони пулис сурат мегирад. То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Вале Гулоб Мамадаёзов, навбатдори Раёсати умури дохилии Бадахшон, дар сӯҳбат бо хабарнигори "Озодагон" ин ҳодисаро танҳо як нофаҳмӣ донист ва гуфт, "ҳоло вазъият ором аст". Мусоҳиби мо, инчунин, оташ задани бинои Раёсати умури дохилии шаҳри Хоруғ аз сӯи сокинонро рад карда, дар мавриди ҳалокати яке аз маҷруҳон гуфт, "ҳанӯз дақиқ нест".

Вале бар асоси хабарҳои расида, гӯиё афсарони ОМОН мехостаанд, ҷавононеро, ки барои узвият дар гуруҳҳои ба гуфтаи онҳо мафиозӣ шомиланд, боздошт намоянд, ки бо тирпаронӣ анҷом шудааст.

Хоруғ баъд аз амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар тобистони соли 2012 пайваста мавриди таваҷҷуҳ аст. Ин амалиёт ду соли пеш, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.


АКСУ ВИДЕО: Тирпаронӣ дар Хоруғ, ҳалокати Собиру Мунаввар ва таҷаммӯи сокинон


АКСУ ВИДЕО: Тирпаронӣ дар Хоруғ, ҳалокати Собиру Мунаввар ва таҷаммӯи сокинон


АКСУ ВИДЕО: Тирпаронӣ дар Хоруғ, ҳалокати Собиру Мунаввар ва таҷаммӯи сокинон
Мӯҳр
душанбе
наход,ки дар яг ватани тинчу ором хаминхел чанг ташкил кунед !! Аз хукумат хохиш дорем,ки капан хамин ташкил кунандаи хамин чангро махкам кунанд

Ин даргирихо бахона аст. инхо мехоханд ба кавли гузаштагон( алови чашми Мардуми Шарифи Бадахшонро) гиранд. Нофахми як бор аст ду бор аст!!! амалиётро анчом медиханд чанд нафарро мекушанд баъд мегуянд нофахми шудааст, то ба кай ин идома дорад.

Памирка
заминхои Бадахшона китайсхода фурухтан ягон митинг накардану як наркадилера капидан ана куштора нигох кунен хонахошон бисуза онхоера ки дили модари помирира пурхун кардану хонаша мотамдор

ya Tadjik mujik
mardumi bechorai Badakhshonzamin ki az dawlat yagon nafe ba onho namerasad in hama inshootu pulu mol wa hatto waziron az khatlon astand magar in adolat ast magar hokimiyat boyad barobar taqsim nashawad magar az jihati masohat Badakhshon kalontarin nest!!! hato yak wazir ham az in sarzamin dar ojroiyai hokimiyati dawlati kor namekunad chi guna mardumi sharifi Badakhshon miting nakunand ! az yak qishloqi dangara 80 waziru korkunoni maqomoti dawlati woy bar holi diqar manotiqi tojikiston!!! wale badakhshoniho mardumi SARBALAND hastand wayo hij goh kunbardor shuda nametawonand ! Zinda boshed Badakhshiho!!!душанбе,
душанбе,
душанбе,
душанбе,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)