Бахшҳо
25 май 2014 08:06Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шарҳи расмии ВКД дар бораи марги Турсунов ва ноиби пешини Убайдуллоев

Дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтоду мошин ба дарё сарозер шуд, Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси шаҳри Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони ҳамин донишгоҳ ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд. Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, ду нафар аз мусофирон – Умед Бақоев ва Кашуба Владимир – ҷон ба саломат бурдаанд.

Бино ба иттилои ВКД, ҷасади Облоқул Сангинов (соли таваллуд 1955) ва Абдулҳақ Оев (соли таваллуд 1963) дарёфт ва ба хок супурда шуда, аммо то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов (соли таваллуд 1961) идома дорад.

Абдулҳақ Оев, муовини собиқи шаҳрдори Душанбе дар умури роҳу нақлиёт моҳи январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор гардида буд. Худи Оев гуфта буд, ба далели аз ҳад зиёд будани кораш чор бор аризаи истеъфояшро навишта ва мехоҳад, бештар ба илм машғул бошад.

Абдуқаҳҳор Турсунов ҳам солҳои зиёди умри худро барои тарбия ва парвариши шогирдон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сарф карда, муовинати раиси донишгоҳ дар бахши илмро бар уҳда дошт. Ӯ соли 1960 дар рустои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи политехникӣ ва соли 1986 Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскавро хатм намудааст. Турсунов рисолаи номзадияшро соли 1990 дар шаҳри Тошканд ва рисолаи докторияшро соли 2003 дар Русия ҳимоя мекунад. Ӯ муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмист.


Дар акс: Абдуқаҳҳор Турсунов (чап) ва Абдулҳақ Оев (рост)
Мӯҳр
шогирд
рухатон шод бод устодони азиз ба ахли оилаатон сабри чамил ато фармояд

шогирди хар се устод
сад афсус, ин чи намуд давлатдори аст, бовар кунед мардум мо бо хамрохии як катор устодони ДТТ дар чустучуи устод Турсунов хастем, аммо як нафар аз кормандони хукумат ё ин ки аз МЧС нестанд ки барои ковтукоби устод ёри расонанд

Хамида
Чояшон чаннат шавад. Худо магфират кунад

Дуо мекунем, ки чои гузаштагон чаннат бошад. Барои илми точик талафоти бузург аст. Ба ахли пайвандонашон сабри чамил аз даргохи Яздони пок талаб мекунам. Хуб мешуд хама бародарони савобчуй дар пайдо кардани устод Турсунов сахми худро мегузоштанд.......

Ногуфта намонад ки устод Турсунов якумин доктори илмхои техники дар Точикистон дар сохаи истифодабарии наклиёти автомоили мебошанд. Ва бо Сангинов низ хамсоя хам буданд. Худо ба ахли хонаводаи хар сеи ин олимони бузург ато бахшад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)