Бахшҳо

Эшони Маҳмудҷон “фиктивный брак”-ро раво донист, ба шарте ки...

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии шинохта ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, “ақди сохта” ё “фиктивный брак”-и муҳоҷирони корӣ бо занону духтарони русро ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия раво хондааст.

Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли яке аз муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия дар торнамои Turajon.org гуфтааст, “аз сабаби зарур будани ин ақд барои ба даст овардани шиноснома ҷоиз аст.”

Аммо Тӯраҷонзода дар шарҳи гуфтаҳояш таъкид кардааст, бастани ақди сохта бо зани русе маънои онро надорад, ки ӯ дар никоҳи Шумо ворид шудаасту ҳамсаратон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон, барои пайравони дини Ислом кардани никоҳ шарт мебошад, чун ақд (загс)-и имрӯза, ба номи қонун оғоз мешавад ва дар шариати исломӣ муътабар нест: “Дар шариати Ислом никоҳ ва талоқи исломӣ муътабаранд.”

Ин фатвои Тӯраҷонзода дар ҳолест, ки ҳоло дар Русия бар асоси омори ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ ба сар мебаранд ва дар пайи пурзӯр шудани қавонини будубош дар қаламрави ин кишвар фаъолият ва пайдо кардани ҷойҳои корӣ хеле мушкил шудааст. Доштани шиносномаи Русия барои муҳоҷирони корӣ дар ҳама соҳа аз манфиат холӣ набуда, ҳангоми қабул ба кору муайян кардани музди меҳнат афзалиятҳои худро дорад. Аз ин рӯ, бархе аз муҳоҷирони корӣ бо духтарону занони рус “ақди сохта” карда, барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия талош мекунанд.
Мӯҳр
ЭШОН,
"Гражданствои Русия, гражданствои Русия...". Ин шакли зиндагиро "хизматгори ду хоҷа" мегӯянд. Шумо бо ҳамин рӯз зиндагӣ доред. Агар аксари мардуми Тоҷикистон "гражданствои Русия" гирад, медонед, он гоҳ чӣ мешавад? Русия барои ҳимояи "шаҳрвандонаш", бигзор шаҳрвандони тақаллуби ҳам бошанд, Тоҷикистонро осонакак фурӯ мебарад. Мисли Осетияи Шимолӣ (дар Гурҷистон). Магар беҳтар нест, ки аз гулӯни ҳукумати хеш бигиред. Ба ҷойи корхонаву фабрика, дар Тоҷикистон бозору мағозаҳо сохта мешаванд. То ба кай дар мулки бегона дарбадар мегардед. шумо онҷо фиктивний брак мекунед. Ку кафолат, ки оқибат ҳамхоба намешавед? Агар инҷо занҳоятон ҳамин хел рафтор бикунанд, чӣ? То ба кай онҳо " МАРО ДАР ҶАВОНӢ ПИР КАРД!", гӯён боиффату покиза мегарданд

ЭШОН
Юсуф,
Э бародар кани барои 2 миллион нафар ахоли чои кории хуб бо маоши хуб пайдо кун хамаи мигрантхо гашта меоянд.

ФАЗЛИЯ, МУХАММАД!!!"""
БИНИИИ ХАРДУТА ГОВ БИЧИКА
БЕСАВОДЕН ЧИЕН.
О ХАМУНА ХУБТАО БХОН!""
БАЪДИ ХОНДАН КАМТАР ФИКР КУН КИ ЧИ ХОНДИ.
МАЪНОИ ХОНДАГИТА НАМЕДОНИ.
ТРАМ ЛЯМ ЛЯМ ЧИЗЕ ФОРАТ МЕГАВИСИ.

БАИН НИКОХ ДАР ЯК ПАСТЕЛ ХОБ НАМЕРИ КИ ЗИНО ШАВАЙУ КУДАК ШАВА.
ИНА ХИДЛАИ ШАРЪИ МЕГАН

Мухаммад
Барои онхоеки Мухаммадро тахкир мекунанд.Авалан ки шумо худ бесаводед ва аз ислом хабаре надоред чаро чун ки барои (Ф.Б) ё никохи вучуднадошта ё дуругин шумо хуччатхои дуругро ба ин ё он хукумат пешниход мекунед ва аз аввал бо дуруг сохиби максад мешавед.Аз Расули АЛЛОХ суол карданд оё мусалмон метавонад тарсончак бошад Хазрат фармуд бале боз суол шуд оё мусалмон метавонад зинокор бошад Хазрат фармуд бале боз суол шуд оё мусалмон метавонад дуруггу бошад Хазрат фармуд харгиз.Пас дуруг набояд гуфт дуруг набояд кор кард.Худатон андеша кунед бородарони гироми Паёмбари Ислом рост мегуяд ё ин домулло?

Саидчон
Ассалому аллайкум бародарону хохарони азиз! Шумо фатворо нодуруст нафахмед. Инчо гап сари хуччатросткуни меравад ва мардуми моро ин хеле зарур хаст. Ман як вактхо дар Москва кору фаъолият доштам дар хамунча як рафик наздам омад барои ичора гирифтани якхонаги мо назди "агентства"е рафтем ва онхо барои мо хонаро пайдо намуданд, ба шарте,ки мо "прописка"и Россияро дошта бошем чун мо инро надошем онхо худашон як духтари русро хамчун зан барои ин рафики ман пайдо карданд ва мо ба номи ин духтар хонаро гирифтем. Дар асл ин хеч чои шахвату дилбастаги надошт, чун, ки ун духтар аз хардуи мо калонсол буд ва хеч хусни дилкашихам надошт. Факат мо ин духтарро як бор дидем ва моро муарифи карданд, ки ин хам дар лахзаи бо агентство шартбандии мо буд. Мо хаки ин духтарро додем ва хонаро сохиб шудем. Акнун бигуед кучои ин нодуруст буд. Турачонзодахо бехтарин олимони Точикистон хастанд. Ман онхоро аз наздик хам надидаам,лекин дар сухани Хакки онхо даст боло мекунам. Саломат бошед..

Нонхурак
Аксари шарҳҳо манфӣ садо додаанд ва ин бесабаб нест.
Аввало аз нуқтаи назари домулло, барои гирифтани шаҳрвандии Руссия раво бошад, ки як шаҳрванди мусалмони Тоҷикистон бо хонуме ва ё марде аз Русия издивоҷи ҷаҳлӣ бибандад. Бале, домулло дуруст фармудаанд, ки ин маънии ба никоҳи мусалмонӣ даровардани ҷинси муқобил набуда, балки роҳе барои расидан ба ҳадаф, яъне пайдо кардани шаҳрвандии Русия аст.
Аз тарафи дигар, аввал бояд дуруст фаҳмид, ки никоҳи исломӣ чӣ ҳаст, дар он чанд фарз, чанд воҷиб ва чанд суннат аст. Фикр мекунам, агар домулло ин чизҳоро мефаҳмонд, чунин суитафоҳум барнамехест. То ҷое ман - як мусалмони чаласавод хабар дорам, дар никоҳи исломӣ фарз ҳамон бошад, ки ҳар ду тараф ризоияти худро барои ҳамсарӣ ба забон биёранду, нафари севум (як мард ва ё се зан) ба ҳангоми ин амалкарди онҳо ҳузур дошта бошад, яъне шоҳид бошад. Дигар хутбаи никоҳу панд[center][/center] дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайнанд, ки дар ЗАГС аз номи қонун (конститутсия) ба шумо гушрас мекунанд, ки ин амал шарт (фарз) нест.
Аз ин рӯ, ҳатто ки ЗАГС аз рӯи қонунҳои худо набошад, вале фарзи никоҳ, яъне ризоияти тарафайн дар ҳузури шоҳидон алакай риоя шудааст. Пас он никоҳ ҳам никоҳ ба шумор меравад ва ҳукми никоҳро аз рӯ қонунҳои худо пайдо мекунад.
Дин бошад, таъмини адолат ва ростӣ дар ҷомеаро бар дӯш дорад. Фатвои дуруғгӯӣ аз ҷониби ин домулло метавонад чанд сабаб дошта бошад:якум, ӯ ҷомеа гуфта, фақат Тоҷикисто ё ҳудудаи аз он тангтарро дар назар дошта бошад; сониян, домулло шояд хабар надоранд, ки одами дуруғгӯй ҳама ҷо дуруғ мегӯяд; саввум, эшон шояд супориши кадом хоҷагонеро иҷро карда истодааст, то нуфуси Тоҷикон дар Руссия зиёд шавад ваё соҳибони шиносномаҳои русӣ дар Тоҷикистон зиёд шавад, то орзӯи деринаи Николаи Як ҷомаи амал пушад, яъне Жириновский музаҳояшро дар обҳои гарми уқёнуси Ҳинд бишӯяд.
Вассалом!

Точик
Инчо кормандони фабрикаи тухмату игвои хукумат якчо бо салафихои муздури Саудия ба хазрати Эшони Махмудчон хучум кардаанд. Эшон ошкор гуфтаанд ки загси фиктиви никох нест. Хатто загси хакики низ. Зеро акди загсро бо номи конун е кишвар мебанданд. Акди никох хамон вакт дуруст мешавад ки бо номи Худои Ягона баста шавад. Ин ду тоифа харду душманони исломи хакики хастанд. Салафихо мисли хукуматихо исломи поки мухаммадиро кабул надоранд.

бародарони азиз Аллоh (ч.ч) мегуянд Барои бандагонам хамеша сабуки мехохам ва дини ислом хам ки рох басуи худост барои бандагон осони мехохад .
Пас гуфтаи эшон дурустаст токи шумо гурусна луч намонд ва ин кор барои онхоеки мухточанд на бахар яки шумхо .
эй бародаронеки ай ислом дуред хар гапро нагуед чунки моро дар охират аз хар як суханхоямон пурсиш мекунанд боки худо е'ратон бод .
Худое' хамаи бандагонатро тахфик ато намо ва барохи рост хидояташон намо ОМИН Е' РАББИЛ ОЛАМИН ! bully

Тасхех
Донишмандон ин масъаларо вакте барои мардуми араб дар аврупо суол кардан ичозат надоданд, зеро дуруг аст ва Ислом ба дуруг созгор нест. Дигар ин ки ин никох ахди гализ (мустахкамтарин) аст, ахдест бо номи Худо анчом мегирад, барои хамин донишмандоне, ки мисли онхо мо якто хам дар Точикистон надорем чуръати халол ё дуруст буданашро нагуфтаанд.

Адл
Хазор тавба аз чунин фатво. Наход бо дигар миллатхо акди никох бастан гунох набошад, яъне бо гайримусулмонхо. Никох, ки карди бо он зан хохи нахохи дар алокаи чинси мешави, ки ин зино мешавад, зеро никохи мусулмони надори. Дигар ин ки бо бастани никохи сохта эмони одами мусулмон коста мегардад, ки бо ин рох хам худу хам дигаронро фиреб дода истодааст. Охир зани рус хам мусулмон набошад хам, лекин инсон аст, ки уро фиреб медихи. Муъмин бародари муъмин гуфта, магар мумкин аст, якдигарро фиреб дихи, махсусан ба хотири шахрвандии росияро ба даст овардан. Хол он, ки ватандори аз гушаи эмон аст. Он кас, ки ватанашро бо хар рох дигар мекунад, бе эмон аст. Фикр мекунам ин фатво галат аст. Дар хакикат мешунидем, ки мегуфтанд Турачонзодахо мисли эронихо никохи муваккатиро мепазиранд, рост будааст.

Muhojir
Баъзехора садкаи хондани фатво кунад. Ин фатво барои мухочирони кории мо бенихоят зарур аст ва иншоаллох аз руи ин фатво амал карда баракат меебанд ва шарту шароити кору зиндагиро хуб мекунанд. Э

Фикру андешахои баъзехоро мехони сарат вайрон мешад. Хол хамин бошад гарантия хаст ки ба ин афкору кирдору рафтору андешахо мо хеч вакт пеш намеравем. Солхои пеш баъзе муллохои бесавод мегуфтанд, ки кати кошук хурок нахур, чароги керосиндор насузен, нав мошин пайдо шуда буд (шайтонаробада нашинен). О и домулло гами мухочирора хурда и фатвора дод, чунки хар руз ба сайтшон савол ирсол мекунанд, шумо ай кайхон фаромедед аз кучо хастед?. Хар кас ихтиер дорад, манда маъкулай амал мекунам бо фатво шумода ки маъкул нест кабул накунед. Мардум ин кадар бехирад хам мешудааст. Тавба

ШПЕНГЛЕР
ДАР ТУЛИ ЧОРЯК АСР БОРЕ ХАМ ТАБАССУМИ МУАССИРУ РУХБАХШ НАНАМУДА БУДАМ. ВОБАСТА БА ЧАРАЁНИ ЗАМОН БА САВОЛИ АХМАКОНАИ МУХОЧИР ЧАВОБИ СОЗИШКОРОНА ДОДА ШУДААСТ. ДАР ЗАМОНИ МУОСИР БА ЧОИ ОН КИ АКЛИ ХУДРО ВУСЪАТ ДОДА БА ОН ТАКЯ НАМОИ, БЕФАХМИ НАМУДА САВОЛРО БА СУРОГАИ ГАЛАТ ФИРИСТОДААСТ.

масква
домулло аз шумо илтимос дар байни мусулмонон корхои бефойда ва фитна ангезро бас кунед чи даркор акл бози гардем ба асли ислом чи мегуяд кудакхо дар интизори падар шумо фатво медихед ки мондагиаш хам раванд ба расия ин беинсофи аст илтимос аз худо тарс домулло
чоп шавад ба домуллои насихатгар расад

Фазлия
Мухочир,

Хай ту мухочир ончо бо русхо никох карда гард мисли хамон Саиди аз барномаи "Пусть говорят". аз зану волидайнат фаромуш карда. инчо ягон хитои ё афгон бо хамсархои шумо эхтимол фиктивний карда гардад. пеш аз дари як касро задан аввал аз дару тирезаи худатон фикр кунед.

АЙ МАРДУМ АВВАЛ ПУРРА ВА АМИК ФАХМ КУНЕД МАКСАДИ эШОНРО БАЪД ГАП ЗАНЕД, МАКСАДРО НАФАХМИДА ХУДРО ОЛИМ МЕТАРОШЕД, ИН ХАМ БАРОИ ОСОНИИ КОРИ МАРДУМИ БЕЧОРАИ МУХОЧИР ОВАРДААСТ АММО ШУМО ФИТНА МЕОРЕН... БЕ ИН ХАМ АЛАКАЙ БИСЁРИХО БО ХАР РОХ СОХИБИ ХАМ ЗАНИ РУС ВА ХАМ ШИНОСНОМАИ РУСИЯ ГАШТАНД-КУ???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)