Бахшҳо

Тавсифи Раҳмон аз барномаи Порошенко дар Украина

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паёми шодбошӣ Петр Порошенкоро бо пирӯзияш дар интихоботи раисиҷумҳури Украина табрик гуфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар п аёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “бо камоли майл Шуморо бо пирӯзӣ дар интихоботи раисиҷумҳури Украина табрик мекунам. Пирӯзии Шумо на танҳо баёнгари ҳимояти қавии мардуми Украина аз барномаатон аст, ки ба муътадилсозии вазъ ва рушди минбаъдаи кишваратон равона гардидааст, балки шаҳодати он аст, ки интихобкунандагон сидқан мехоҳанд, дар фазои сулҳу оромӣ ва рушд зиндагӣ кунанд.”

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки дар оянда муносиботи Тоҷикистону-Украина густариш хоҳанд ёфт. Дар ниҳоят раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Порошенко дар фаъолоияти давлатӣ муваффақият ва барои мардуми Украина сулҳу саодатмандиро таманно кардааст.

Порошенко дар интихоботи президентии ғайринавбатии Украина, ки 25 майи соли ҷорӣ баргузор шуд, бо ба даст овардани 54,7 дарсади раъйи мардум ба рақибонаш пирӯз шуд. Ба иттилои Кумиссюни марказии интихоботи Украина, Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини ин кишвар, танҳо 13%-и ороро соҳиб шуда, номзадҳои дигар аз ин камтарро ба даст овардаанд.
Мӯҳр
акл,
ЭЙ тролл! Тролли зархарид! Тубаринҳоро дар кишварҳои ғарб Troll ё Imagemaker - имиҷмейкер ном мондаанд. Ман дар ин бора дертар бо тафсир хоҳам навишт. Русия тоҷиконро маҷбур ба муҳоҷирати меҳнатӣ набурдааст. Ин дуруст аст. Вале дарвозаашро низ маҳкам намекунад. Медонӣ барои чӣ? Барои онки, он шайтон аз муҳоҷирини меҳатӣ ҳамеша ба сифати инструменти шантаж истифода мебарад. Замоне сиёсати ҳукумати Тоҷикистон нафоридаш, он инструментро ба роҳ меандозад. Тайи 10 соли ахир мо борҳо шоҳиди ин амали номардонаи Русия шудаем. Ҳамкорони Путлерро дар Тоҷикистон ман намехоҳам ба забон бигирам. Агар бигирам аз сензураи Озодагон намегузарад. Қисса кӯтоҳ, дар Тоҷикистон доираҳое ҳастанд, ки намехоҳанд мардуми зиёд инҷо бекор гарданд, зеро онҳоро бо кор таъмин карда наметавонанд. Аз эътирозу шӯриши мардум метарсанд. Инро Путлер нағз дарк мекунад ва моҳирона истифода мебарад. Аз ҷониби дигар, барои Русия қувваи арзони "хоки сиёҳи корӣ" ҳамеша даркор аст. Аз ин хотир Тоҷикистони гапгир барои вай як манбаъи захираи коргар боқӣ мемонад. Ва инчунин намегузорад, ки Тоҷикистон бо кишварҳои дигар муносибати наздик дошта бошад. Дар ин бора матали тоҷикӣ ҳаст. "НАЗДАМ НАЁ, КИ ДИДАТ НАМЕТАВОНАМ; ДУР НАРАВ, КИ ГУРГАТ МЕХӮРАД!" Сиёсати Русия ана ҳамин тавр ифлос аст! Сиёсати шайтонӣ! Кораш фақат шантаж, экспансия, рӯсиёҳӣ ва якеро бо дигар ҷанг андохтан. Хушбахтона рӯз то рӯз ин сиёсат ошкор ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум гардида истодааст. Дур нест он рӯз, ки рус дар рӯи замин танҳо мемонад. Агар дар онҷо демократияи воқеӣ ғалаба накунад. Валеи ин мавзӯи сӯҳбати дигар аст.

ИН КАДАР РОСИЯРО НАХ МЕЗАНЕД. КАНИ АМРИКОЯТ БАРОИ ТОЧИКАТ ЗАВОДУ ФАБРИК БИСОЗАД Е ИН КИ МА ШАХРВАНДИ ДАЪВАТ БИКУНАД. ДАР ЧАШМИ АМРИКО ТУБАРИНХО ТЕРРОРИСТЕД. ИН АМРКОЯТ ТОЧИКИСТОНРО ХИЧ МЕШУМОРАД БОЗ ТУ АМРИКОИПАРАСТИ ДОРИ. РОСИЯ ДАР ХАКИКАТ БУЗУРГ АСТ ВА ХОХАД МОНД ВА ИНРО ТАЪРИХ НИШОН ДОДА ИСТОДААСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)