Бахшҳо

Шукрона: "Аз тарс ҳиҷобамро гирифта, сӯзанро дар даҳонам гузоштам, ки... ба меъдаам рафт" (ВИДЕО)

Шукрона Давлатова, хонандаи синфи панҷуми мактаби №172-и ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, аз тарси он ки муаллима озораш надиҳад, пеш аз дохили синфхона шудан рӯсарии худро аз сар гирифта, сӯзани онро дар даҳонаш гузоштааст, ки баъдан ба меъдаш рафтааст.

Ҳоло Шукрона ҳамроҳи модари худ дар бемористони Қарияи Болои Душанбест ва табибон талош мекунанд, ӯро муоина карда, сӯзанро аз меъдааш берун оранд. Шаҳло Раҳимова, модари Шукрона, рӯзи 3 июн дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса як ҳафтаи пеш иттифоқ уфтода, то кунун дар маркази “Нурафзо” духтарашро шаш бор муоина кардаанд. Ба қавли Раҳимова, шабҳо духтари наврасаш бо ранҷи зиёд хоб меравад ва шикоят мекунад, ки сӯзан меъдаашро сӯрох менамояд.



Худи Шукрона дар як сӯҳбати видеоӣ нақл кард, ки “вақте дар долони мактаб будем, муаллима Иброҳимова ҷанг кард, ки сатратро гир. Майлаш гуфтам. Аз муаллима тарсида, рӯсариро гирифтаву сӯзанро дар даҳонам монда, ногаҳон туфамро фурӯ бурдам, ки сӯзан ҳам рафт.” Шукрона мегӯяд, омӯзгорон намегузоранд, ки онҳо бо сатр дар дарсҳо ҳозир шаванд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, аҳли хонаводаашон ӯро бидуни сатр ба мактаб гусел намекунанд. “Мулалима мегӯяд, ба пеши мактаб расидед, сатрҳоятонро гиред. Ба ҷояш лентача кунед, ки директор бинад, ҷанг мекунад”,-мегӯяд ӯ.

Модари Шукрона мегӯяд, то ҳол дар ин бора ба ягон ниҳод муроҷиат накарда, барои муоинаи духтараш бештар аз дусад сомонӣ харҷ кардааст. Аз рӯи нақли ӯ, хонаводаи онҳо миёнаҳолона зиндагӣ мекунанд ва ҳоло барои идомаи табобати духтараш маблағи кофӣ надоранд. Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз корбарони Фейсбук барои ёрӣ ба Шукрона Давлатова пешниҳоди ҷамъоварии маблағро кардаанд. Худи Шукрона ва модараш ҳисоби бонкӣ надоранд ва корбарон мегӯянд, мумкин аст, онро тавассути ҳисоби бонкии як одами боварнок ҷамъоварӣ ва сипас дастраси ин духтари мактабхони ҳиҷобдор ва хонаводаи ӯ кунанд.



Холбозор Пӯлодов, табиби Қарияи Боло, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, хонаводаи Шукрона ба онҳо 29 май муроҷиат кардаанд. “Ҳангоми навбатдории мо омада гуфтанд, ки духтар сӯзан хӯрда, як рӯз ба ҳеч кас нагуфтааст. Ин сӯзани борик буда, халанда нест. Он вақт дар рӯдаи борик буд. Мо назоарт кардем, ягон шикояти дард набуд. Гуфтанд, ки шароит нест ва пагоҳ меоем. Вақте пагоҳаш омаданд, сӯзан ба рӯдаи ғафс гузаштааст. Дирӯз ба бахши рентгенӣ омаданд, дидем, ки сӯзан нест. Барои ҳамин, ҳоло бояд ба таврик омил муоина карда, бовар ҳосил намоем, ки сӯзан ҳанӯз ҳам дар меъда ҳаст, ё не. Агар бошад, он халанда нест, фақат бояд назорат кунем. Дар ғайри сурат ҷарроҳӣ хоҳад шуд”,-гуфт Пӯлодов.

Чанд сол пеш Вазорати маорифи Тоҷикистон низоми либоси ягона (униформ) ва ё формаи мактабиро ҷорӣ кард, ки бар асоси он бо сатр ё рӯсарӣ ҳозир шудан дар таълимгоҳҳо, яъне мактабҳои миёнаву донишгоҳҳо, мамнуъст. Омӯзгорон аз толибаҳо ва донишҷӯён тақозо мекунанд, ки ҳамеша бо либоси ягона ба дарсҳо оянд.
Мӯҳр
Сомон
Бародарон моро арабхои бефарханг ба чи роххое бурда истодаанд!Ояндаи Точикистон торик аст ва миллату давлат аз байн хохад рафт.Русари хеч гох моли точик набуду нест.Хатто дар минтакахои зиёди Точикасилон то инкилоби Уктабр низ ин хичоб набуд!Ин корро арабхо бо пули нефту долар бо хидояти арабу яхуди карда истодаанд.Нагз медонанд,ки пойбанди хурофот намудани мусулмонон маънои пеш нарафтани техникаи онхоро дошта,мусулмонро метавон гуломвор то киёмат кор фармуд!

О пушидани сатр дар дар о ба муаллима чи халал мерасонад о мо давлати демократи о духтароне ки юбкахои кутох мепушанд барои чи пеши рохи онхоро намегиранд!!!

О, номаъкул карда хичоб кати мактаб ба меояд хамин духтар? Талабаи мактаб як либоси ба низом мувофик пушиданаш даркор, ки мактаббача буданаш аник шавад. Умуман, хамин хичобпуши аз кучо пайдо шуд, ки барои занхои мо ранги "мода" шудааст. Як катор занхо хичобашон хамин тавр аст ки ба баданаш часпидаги, хамон стринги аз таги хичоб пушидагиш метобад. Баъзе мебини, духтар ё зане ки дар гузашта сабкупой хисоб мешуд, имруз сатр пушидаги, лекин аз эхтимол дур нест ки боз ба хамон корхои пештарааш машгул аст.
умуман, ман фикр мекунам, ягон созмонхое хаст ки барои хамин тоифа занхо барои сатр пушиданашон маблаге медихад ва ин намуд фаъолиятро маблаггузори мекунад.

АБРОР
САТР-САТРА МОЛИ ХИНДУХОСТ-АРАБХО НИЗ АЗ ОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД.ИН ЛИБОС БА МИЛЛАТИ МО ЗАРРАЕ МУНОСИБАТ НАДОРАД.ОНРО ХОЛО КИСМАТИ ЗИЁДИ САБУКПОЁН НИЗ МАВРИДИ ИСТИФОДА КАРОР ДОДААНД.

Xamsoyi man, ki tanfurush ast, xozir hijob kati megardad? Inro chi xel boyad faxmidan darkor?Сомон,
Сомон,

Boz durust bazeho meguyand , ki in farhangi mo nest, balki arabhost

банда
Хамон одамоне,ки сатрро имидж мегуянд агар сухани навиштаатон дар бораи бусо буси кардани духтарони бо сатр дуруг бошад Аллох шуморо аз зиёнкорон гардонадваллохи ин шааАллох дуо мекунем Шумо мехохед мисли шумо ин духтар бе о шавад Ин амри катъии Аллох аст агар шумо агар гуед ки гап дар дил хаст ин шиори яхудхост агар шумо гуед сатр лозим не аз руи акидаи ханафи аз дини ислом берун хастед боз мегуям одамоне ки исломро поймол мекунанд шпумо бар зидди расулу Аллох бар омада истодаед мохам мисли бисёре аз шум мухочир дар амони аллох

Peshka
Sobir,
Magar hasoyai tanfurushat badi hijob giriftan in korashro partoft? Agar ha, pas hush ba holash. Vagarna gunahkor ast. Bovari doram ki dar mahallaat 100-ho zanoni bosatri pokiza hastandu ammo tu dilsiyoh fakat yaki gunahkori uro yod karda ba hama reklama kardi.

Умар
Цитата: Сомон
Сомон
4 июн 2014 07:50

Сомони бесомон.То инкилоб занхои точик фаранчи бадар мекарданд.Суханхоят ба якдигар зидданд.Магар сатр ба донишомузи халал мерасонад?Эй бенангу беномусон,занхои худ,хохарони худро ба чинсу футболка пушонда куча гусел кунед бо сари луч.Ба духтарони мардум кордор набошед.Шумо ягон чизи мукаддас надоред ва суханхои пучи шумо оиди пешравию окибмони ва оварда часпонидани ин мавзуъ бо хичоб бемантиканд

Damir,
дамири хафтафахм он спонсор "КУРЪОНИ ШАРИФ" аст,ки дар он чунин тарзи либоспушии занон ичозат дода шудааст.

Лили
Уродская пропаганда.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)