Бахшҳо

Оқохони чор ҷоизаи ҷаҳонии “Ҷануб-Шимол”-ро соҳиб шуд

Оқохони чаҳорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ҷоизаи Маркази аврупоии ҳамрайъӣ ва ҳамбастагии глобалиро, ки бо номи “Маркази Ҷануб-Шимол” маъруф аст, соҳиб гардид. Имсол ҳомии ҳуқуқ аз Лубнон -- Сюзан Ҷаббур низ аз дарёфти ин ҷоизаи маъруфи ҷаҳонӣ бенасиб намонд.

Маросими тақдими ҷоизаи “Маркази Ҷануб-Шимол” рӯзи 12 июн дар бинои парлумони Португалия сурат гирифта, ҷоизаро ба соҳибонаш шахсан раисиҷумҳури он кишвар супоридааст. Ҷоизаи “Ҷануб-Шимол” ҳамасола ба ду нафар – як зан ва як мард супорида мешавад, ки давоми ҳамон сол барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, рушди бисёрандешию мардумсолорӣ, инъикоси мушкилоти ҷаҳонии муносиботи байниҳамӣ ва мустаҳкамсозии муносибатҳои шарикӣ миёни кишварҳои Аврупо ва ҳамсояҳои ҷанубӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар гузашта ин ҷоизаро Рания --маликаи Урдун, Симона Вейл -- яке аз асосгузорони ҳамгироии аврупоӣ, Кофи Аннон -- собиқ дабири кулли Созмони Милал, Мариу Соареш ва Шанана Гужмау – сиёсатмадорон, Боб Гелдоф ва Питер Гэбриел -- мусиқишиносон соҳиб шудаанд.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, ки ахиран ин ҷоизаро гирифт, 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Ӯ дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари “Шабакаи Рушди Оқохон” (AKDN) мебошад. Оқохон пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Оқохони чаҳорум чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Нахустин ва бузургтарин маркази фарҳангии исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе чаҳор соли пеш мавриди истифода қарор гирифт, ки айни ҳол яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои гунонуни фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад.
Мӯҳр
Ҷоиза муборак Волоҳазрат!
Бо вуҷуди оне, ки Волоҳазрат ҳидоятгар ва роҳнамои тамоми инсонияти мутамаддин дар масоили гуногун гаштаанд, супоридани Ҷоиза бояд боиси ифтихори мусулмонони олам бошад

точикписар
Дар рахи хакикат камар бастааст. Бо хости Худо халолатон бод!!!!!!!!!!

GHOIZA BA SHUMO VA HAMAI MO MUBORAK!!! TU NURIK BA CARI MO DOIM PARTAVFISHON VID.

Душанбе
Чоизи муборак Волохазрат!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)