Бахшҳо

Сайфулло Сафаров дар бораи "мансабхарӣ”, Александр Содиқов ва Сурия

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гузориши дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар бораи “мансабхарӣ”-ро дахолат ба корҳои дохилии кишвар номид. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, иддаои сафорат дар бораи ба як кори маъмулӣ табдил шудани мансабхарӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.

Ҷаноби Сафаров, ки дар нишасти хабарии 7 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “агар чунин дахолати сафорати кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилӣ бештар шавад, ба бесуботӣ оварда хоҳад расонд”. Дар ин замина ӯ аз “бинӣ халондан”-и кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилии баъзе аз давлатҳои исломӣ ёдоварӣ намуда, натиҷаи онро “инқилобҳои баҳори арабӣ” донист.

Ҳафтаи гузашта Дафтари умури иқтисодии сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як гузориш тавсияҳои худро барои беҳбуди вазъи сармоягузорӣ дар кишвар ироа кард. Дар ин гузориши сафорати Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла омадааст, “фақиртарин кишвари пасошӯравӣ - Тоҷикистон бар асоси тамоми нишондодҳои иқтисодӣ аз ҳамсоякишварҳои худ ақиб мемонад. Дар ин кишвар ба сармоягузороне имкони фаъолият дода мешавад, ки коррупсия ва тамоми печдарпечии бюрократиро қабул дошта, робитаи наздик бо мақомҳои баланди давлатиро ба роҳ мондаанд.”

Дар идомаи гузориш таъкид шудааст, пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рӯпуш кардани ниёзҳои худ роҳҳои дигар пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабҳои давлатӣ дар ин кишвар ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, одатан онҳо барои боқӣ мондан дар курсӣ ба раҳбарияти худ ришва медиҳанд.

Сайфулло Сафаров дар ин нишасти хабарӣ, инчунин, ба масъалаи Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки дар охири моҳи июни соли ҷорӣ ба гумони ҷосусӣ дар Хоруғ боздошт шуда буд, изҳори назар кард. Ӯ гуфт, танҳо додгоҳ ҷурми Содиқовро муайян карда, гунаҳкор ё бегуноҳ будани ӯро эълон хоҳад кард.

Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар идома аз гароиши теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои мамнӯи исломӣ изҳори ташвиш кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 сокини ҷавони кишвар дар ҳайати чунин гуруҳҳо дар Сурия қарор доранд. Ҷаноби Сафаров сабабҳои пайвастани ҷавонон ба чунин гуруҳҳоро “дур мондан аз мактаб” ва “мушкилоти иқтисодӣ” донист. “Ҳоло сари ин мавзӯъ тадқиқот гузаронда истодаем ва баъдан натиҷаашро пешниҳод хоҳем кард”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
Масчои
Тамоми мардуми точикистон медонад ва харруз мебинад,ки то кадом дарача макомоти давлати ба фасоди дарачаи оли гута задааст.Пора додану пора гирифтан як кори мукакрари шудааст.Хатто агар пора надихи дар ин чпамъият ба мисли як зоги сафед хохи шуду ,худи мардум ба ту бо хайрони нигахт мекунанд.Ва хатто писханд хам мезананд шахси мумсик будаи гуфта!Ини миллат ин чамъият ба нести омада расидааст.Ин ччмаъиятро дуругут фасод саросар гирифтааст!Ба Сафаров гуфтаниам,ки каме бозист,андеша намо,ки барои чи ту бояд имонатро фурухта руирост дуруг мегуи!Магар даромадан ба органехои хомии хукук пулаки нест? Худи ман,ки факультаи хукукро тамом карда будам бо ин рупару шудам. хатто як спраувкаи оддиро дар пасттарин зинаи хукумат яъне чамоати кишлок бе пора ва пули зиёдати гирифта намешавад.Эй бекнангу ьбеномусон шумо давлату миллати точикро ба кадом руз оварда расонидед?то кай дуруг хохед гуфт?то кай мардумфиреби?то КАЙ?Хайрият хамин амрикову аврупо хаст,ки каме бошад хам ин хоинони миллатро хушёр менамояд.Вагарна инхо кайхост,ки халки худро заррачае писанд намекунанду ба хасе баробар намекунанд.

Суханони Сайфулло бори дигар исбот менамояд ки Точикистон чи аз нигохи иктисоди, сиеси, ичтимои пасмондатарин кишвари дуне аст. Гузориши сафорати Амрико дахолат нест, балки як гузоришест ки дар он вокеият зикр шудааст. чоплусону хушомадгуен инро дахолат медонанд, хар интикоде бошад ба омадани ноамни иртибот медиханд. Дар Точикистон тамоми мансабхо дар бадали ришват дода мешавад, хариду фуруш мешавад. Он чи ки аен аст хочат ба баен нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)