Бахшҳо

(ВИДЕО) Лутфулло Давлатов дар бораи навори “муллоҳо” ва боигариаш

Лутфулло Давлатов, раиси телевизиони “Сафина”, пахши наворҳо дар бораи афроде, ки занону духтаронро аз роҳи хондани “дуо” табобат мекунанду ҳамчун “муллои ҷодугар” муаррифӣ мешаванд, ба нафъи кор донист. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 9 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ин воқеияти ҳол аст ва ҳадаф аз намоиши чунин филмҳо ҳушдор додани мардум мебошад.

"Дар бораи наворҳо, чӣ кор кунем? Ягон одаме нест, ки гӯяд ман гуноҳ дорам ва ягон одаме наметавонад, гӯяд: покам, фариштаам. Шояд аз асрҳои аср ҳамин чизҳо буд. Ба наздикӣ навори нафаре намоиш дода шуд, ки бо "шланг" табобат мекунад. Он ҷо ягон калима дар бораи аъзои Ҳизби наҳзат ё чизи дигар набуд. Афсӯс, ки дар ҷомеа ҳамин хел чизҳо ҳастанд ва баъзе чизҳои дигар ҳам аст, ки нишон намедиҳем. На ин ки як диндор, ҳар касе, ки набошад, онро нишон медиҳем. Ба мо ингуна супориш аст",-таъкид дошт Лутфулло Давлатов.



Дар идома раҳбари телевизиони “Сафина” ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар бораи дороиҳояш низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, аз оғоз одами эҷодӣ буд ва солҳои зиёд дар хобгоҳу манзили иҷора зистааст. “"Аз бачагӣ дар театр кор мекардам, эҷодкор будам. Корманди театр аз ҳамон даврҳо сатҳи зиндагии хуб надошт. Ҳеч чиз надоштам, 8-9 сол дар хобгоҳҳо зиндагӣ кардем, лекин тоқат кардем, дар ҳамин шаҳр мондем. Баъд хона доданд. Боигарии ман - 5 фарзандам”,-баён дошт Давлатов. Вале ӯ дақиқан нагуфт, манзиле, ки ҳоло ӯ ба сар мебарад, кай ва аз тарафи кӣ дода шудааст. Инчунин, Лутфулло Давлатов, дар бораи фаъолияту таҳсили фарзандонаш ошкор суҳбат накард ва танҳо гуфт, “бачаҳои хубанд. Ман рисолати падарии худро иҷро кардам. Ҳамаи фарзандонамро хононда, хонадор карда, соҳиби вазифа кардам ва он тарафаш таваккалашон ба Худо. Дар ҳама ҷо содиқона кор кардаам”.

Лутфулло Давлатов моҳи декабри соли 1958 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1979 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри шаҳри Конибодом оғоз намуда, аз соли 1985 то соли 2004 дар театри Лоҳутӣ буд.

Ӯ дар намоишномаҳои телевизионии «Зани оҳанин», «Ҳайкал», «Дуздӣ», «Курсии сеҳрнок», «Аноӣ», филмспектакли «Ғуруб», инчунин, филмҳои «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» нақшҳои муҳимро бозидааст. Ҷаноби Давлатов ба телевизион соли 2004 ба ҳайси сармуҳаррири идораи мусиқии Шабакаи аввал омада, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон", солҳои 2008-2009 директори Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" фаъолият кардааст.

Ӯ 30 сентябри соли 2009 ба вазифаи раҳбари "Сафина" таъин гардид ва то кунун дар ин мақом ифои вазифа дорад. Бо унвони ифтихории "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" ва медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ шудааст.
Мӯҳр
domullo
geographiyash tugri omadast ba vazifaash

dilash dobriy!

Banda janobi Lutfullo Davlatovro az zamoni faoliyatash da teatri Lohuti meshinosam.Muwaffak boshad.Behruz

Кукузов
Муслим,
Муслим! Ту касе хастики харф мезани кори худата кун

X.O
90% халкамон хаминхел худ таъриф куниро дуст медоранд.

Салом
Магар нишастхои матбуоти барои фахмидани дороихои шахсони мансабдор ва ё рохбар, зану фарзанд, келину наберахояшон аст? О напурсидед, ки ТВ-хо чаро тамошобин надоранд? Чаро хама шабакахои мо супориши барнома доранду халос? Ох садхо саволи дигари бечавоб.... Озодагон Шумо ин хзел журналисти бемантик саволмедода надоштед ку ...............

РОРО
И ЛУТФУЛЛО ЧИ МЕГААА? О МАННА ЧИ КОРАЙ БА БАЧУ КАЧИ ТУ, ТУ ГУ ТЕАТРИ ОИНА ЧО ШИД?

Лутфулло Давлатов вакте сари чамбари мошин худатон мешинед хамон Москвичи зардакатонро фаромуш накунед. Агар хамон москвичи зардакатон мебуд холо шумо ронандагони дигарро хангоми рондани воситаи наклиёт хеч гох прижымат намекардед.

Аврангзеб
Лутфулло Давлатов дар телевизион чи мекунад?Равад артисиша кардан гирад.Сатхи телевизионхои марказии кишварро ба телевизионхои музофотии солхои 60-ум оварда расонидаанд.О як ба телевизионхои кишвари полуфеодалии Афгонистон нигаред!Аз мо 50 сол пеш гузашта рафтост!

Лутфулло давлатов мегуяд солхои пеш як курта мебаромад авал ман мепушидам ягбор ба клипои пешинат нигар хаму футболкаву куртаи сурха то поринара мепушиди таъриф чи даркор дар мачлиси корхона одамонро паст назан унохам барои падару модарашон ширинан харчанд друга меги шумо фарзандои манен дорои оператора дар назар дорам манку хамаги 9 мох кор кардаму аз сафина рафтаам лекин коргарон мегуянд

озодагон хохиш хаминро чоп кунед барои чи беинсофона ганари коргарора мебра дар хами савол чавоб бга хама механдан дар руш неки чко кнан камбагало раис аст актер прадои 70 000 долара муборак Лутфулочон нагу хичи надорм хела чамш кадай ман 41 сол аст мешиносамат актер ки хасти коргарот боварт кардан ролда нагз бози мекни меган... дар мачлисо одамора кам изо бте худо нигох дорад хама фахмид ки акидаат нисбати коргар чи бдай сози даркори вайрон шди бра дам бги....бехтарин таманиёт

Журналист
Лутфулло Давлата ман медонам як куртаи сурх дошт як сабз хай бечора дигар хеч чиз надошт хоб гохи 33 мкр да зиндвги мекард бояд одамизод гузашташа ба ед биерад дар назди чой хонаи рохат мегаштен ки ягон одам як порс лагман харад шикаматона сер кунед......!бо эхтиром кангурти

бародаро кори мову шумо чи бехтарин инсон аст хай урам фахмидан даркор кам кам ай хаки калам назани тичорат пули кам овардестай
ё не чуба аз даруни худаш кирм мехурад маълум ки кормандони тв сафина раисро дуст намедоранд ба пеш раиси мухтарам ино гуфтан мегиран зиндагира пеш бурдан даркор

хар ки гузашташа ёд накна одам нест у аз и олам нест Лутфуло принсипои Пиров махмадсаида кор бурдестай неки ранги аму ай мансаб рузе мерава бад мефахма дустоша ай душманош таърифакай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)