Бахшҳо
30 июл 2014 10:02Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси Оҷонсӣ дар бораи “каттагӣ” ва таҳдиди аз 5 то 10 сол зиндон барои Шӯҳрат Қудратов

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ ё коррупсия дар Тоҷикистон, боздошти Шӯҳрат Қудратов -- яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидовро шарҳ дод. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 30 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “бар асоси иттиҳомоте, ки алайҳи Қудратов эълон шудааст, аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад”.

ВИДЕОИ суҳбати Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи Шӯҳрат Қудратов

Раиси Оҷонсӣ дар бораи “каттагӣ” ва таҳдиди аз 5 то 10 сол зиндон барои Шӯҳрат ҚудратовШӯҳрат Қудратов, аз ҳуқуқдонҳои шинохтаи тоҷик, ки то кунун дар чандин парвандаҳои пурсарусадое, мисли Ҷӯрабек Охунов, “Азия-Плюс” ва Зайд Саидов иштирок кардааст, ҳафтаи пеш ба иттиҳоми пешниҳоди 2,5 ҳазор доллар “пора” ба яке аз додрасҳои Душанбе боздошт гардид. Раҳматилло Зоиров, ки ҳоло аз ҳуқуқи Қудратов дифоъ мекунад, гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ин маблағро барои ҷуброни зарари ҷабрдида, на барои пора ба додгоҳ гирифтааст.

Аммо раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфт, “дар ҳаракати Қудратов сад фоиз таркиби ҷиноят аст ва дар озодӣ буда наметавонад. Вай метавонад, ба ҳар восита ба шоҳидҳо таъсир расонад. Сабт аст, ки ман худам шахсан онро гӯш кардам. Дар як ҳолат як ҳазор дар як ҳолати дигар 1,5 ҳазор доллар мегирад. Он одаме, ки пора медиҳад, ҳамчун шоҳид аст, аммо мехоҳанд, ӯро ҳамчун айбдоркунанда дар парванда гунаҳкор кунанд. Он одам мегӯяд, охир ман шоҳидам, барои чӣ маблағ диҳам? Аммо ӯ мегӯяд, ки не туро ҳабс мекунанд. Қудратов мегӯяд, ман бо судя худам гапзанон кардам, бо прокурор худат ҳал кун.”

Абдуфаттоҳи Ғоиб илова кард, баъд аз як моҳ сабтҳои Шӯҳрат Қудратовро нашр хоҳад кард: “Шояд Шумо фикр кунед, ки нисбат ба ин шахс хусумат дорам. Аммо дар даст санад дорам. Ин суратҳои садама бо иштироки Шуҳрат Қудратов аст. Ӯ ба иштирокчии дигари садама мегӯяд, ман одами баобрӯ ҳастам, арз накунед, зарарро пардохт мекунам. Аммо баъдан каттагӣ мекунаду маблағро намедиҳад. Он зан дар ин садама 3 ҳазор сомонӣ зарар дидааст, ки то ҳол Шӯҳрат Қудратов онро пардохт накардааст.”

Инчунин, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро зикр кард, ки Қудратовро муваззаф кард, барои таҳқири Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и парвандаи таҷовуз ба номуси Зайд Саидов 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кунад: “Сабти овози Қудратов аст, ки он духтарро таҳқир мекунад. Ташхис нишон дод, ки ин овози Қудратов аст. Чӣ даркор аст чунин таҳқирҳо? Кӣ гунаҳкор аст? Боз гапҳо ҳастанд, ки ӯро мақомот таъқиб мекунанд.”

Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз фаъолияти бархе адвокатҳо интиқод намуд, ки ба ҳайси миёнарав зимни додани пора баромад мекунанд: “Вазифаи адвокат аз ин гирифта ба вай додан нест. Вазифааш расондани ёрии ҳуқуқӣ аст. Тибқи қонуни нави мо дар бораи адвокатҳо шахсони дорои доғи судӣ ҳақ надорад, адвокат шавад.”

Ӯ илова намуд, соли гузашта 17 ҳолат ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 14 ҳолати фасодкории вакилони мудофеъ ё адвокатҳо ошкор шудаанд.
Мӯҳр
Додаркул
Дар кишвар фасоду парвандахои чиноии фармоиши бо максади бастани дахони халк ва хурда гаштани хеш боло рафта истодааст.Ин тавр рафтан гирад мардум аз истиклол хам безор мешаванду аз дустдории ватан хам.Орзу хоханд кард,ки субъекти Руссия шаванд ва Путинчон рохбари ошкорбайнашон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)