Бахшҳо

Хоҳиши Тӯраҷонзодаҳо аз бонувоне, ки сатр мепӯшанд

Торнамои Тураҷон.Орг, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар пайи зиёд шудани вокунишҳо ба тарзи ҳиҷоб ё худ рӯсарипӯшию сатри духтарони мусулмон шартҳои асосии онро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.

Торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “сифатҳои аслии сатри исломӣ сето мебошад: аввал ин ки ба ҷуз рӯй ва кафу қадам, дигар тамоми бадани занро аз фарқи сар то қадам пӯшонад, кушоду васеъ бошад, то нуқтаҳои барҷастаи андоми занро зоҳир насозад ва низ тунук ё нозуку баданнамо набошад, ки андомҳои шаҳватангези занро ба намоиш гузорад.”

Тураҷон.Орг дар шарҳи ин навиштаҳояш таъкид мекунад, паёмбар (с) занонеро, ки либосҳои тангу тунук ва баданнамо мепӯшанд лаънат кардааст: “Паёмбар онҳоро “Косиётун ориётун" - яъне, занҳои дар зоҳир пӯшида, вале дар асл бараҳна ва нимбараҳна хондаанду ин тарзи либоспӯширо яке аз нишонаҳои охируззамон гуфтаанд.”

Вале торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо пӯшидани сатрҳои тангро аз либосҳои нимбараҳна авло дониста, мегӯяд, аз назари андоза ва дараҷаи гуноҳ байни зане, ки сатри танг мепӯшад, бо зане, ки бараҳна ва нимбараҳна либосҳои аврупоӣ ба бар кардааст, фарқ вуҷуд дорад. Ин торнамои исломии кишвар дар охир аз бонувон ва хонумон, аз ҷумла корбарони худ даъват кардааст, аз пӯшидани ин навъи сатр (танг) худдорӣ варзанд, чун аз нигоҳи шариати Ислом нораво мебошад.
Мӯҳр
Бо ин ду- се нодон ки чунон медонанд,
Аз чахл ки донои чахон эшонанд.
Хар бош ки онон зи хари чандонанд,
Хар ки у на хар аст, кофираш мехонанд.

(Умар Хайёми Нишопури)

афзал
хой муллохо - ба пушидани занхо чи кор доред?
худо хар каса ба акли худаш офаридааст - шуморо полис наофаридаст ку

Диловар
Офарин домуллои азиз. Сатр аз мо буд, аз мо мемонад. Худатонро даронед хам, бародарони точик баномус шудаанд ва хохарону духтаронашонро босатр карда истодаанд. Сатр моли МУСАЛМОН аст.

Барно
Фикр мекардам,ки хама сатрпушон намоз мехонанд ва бояд дар туйхо дар назди мардон ракс накунанд. Баъдтар фахмидам, ки гуфти худашон просто "модда - муди Жади" карда будаанд. Ракси лезгинкаро чунон бомахорат раксиданд, ки ман духтаре, ки як хает либоси аврупои мепушам (вале либоси тангу нимбарахна нест) гуфти русхо ШОК шудам :).Баъд фахмидам, ки шухии бачахо "боло сатр, ..... кинотеатр" рост будааст". Гайр аз он калимахои бемаъниро, ки онхоро бештар бачахои бетарбия ба забон меоранд, бисер мегуянд. Фикр мекунам, ботини шахс бояд бо намуди зохириаш мувофикат кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)