Бахшҳо

Сайфулло Сафаров: “Онҳое, ки аз Ватан рафтанд, пушаймон шуда меоянд”

Гуруҳе аз сокинони Тоҷикистон ба далели наёфтани ҷои кору шароити муносиб барои зиндагӣ кишварро тарк мекунанд ва барои худ дар хориҷ, аз ҷумла Русияву Амрико, ҷой меҷӯянд. Ин дафъа “Озодагон” аз мусоҳибони худ пурсид, дар Тоҷикистон худро то куҷо роҳат ё “комфорт” эҳсос мекунанд?


Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Дар Тоҷикистон, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекардам. Зеро ин Ватани ман аст, зодгоҳи ман аст. Ватан ҳатто дар мушкилӣ, барои ватандӯст як ҷойи роҳат бояд бошад. Ҷойе бошад, ки беҳтар аз онҷо макони дигаре набошад. Бубинед, мардуми Украина дар кадом вазъият замини худро ҳифз мекунанд. Онҳое, ки рафтанд, боз пушаймон мешаванд ва ба Ватани худашон бармегарданд. Онҳое, ки зиндагии роҳатро дар шароити иҷтимоӣ мефаҳманд, дар Амрико ҳам бошанд, нороҳат мешаванд. Чунки ҳолати равонии онҳо чунин аст. Онҳо ҳамеша аз ҳамсоя, худ, Ватан норозӣ боқӣ мемонанд. Ҳатто дар Амрико ва дар кишварҳои мутараққӣ ҳам одамоне ҳастанд, ки хонаву дар надоранд. Дар истгоҳу дигар ҷойҳо хоб мекунанд. Дар Ватани мо чунин нест, шояд ягон ақлгумкарда ва ё майзадае бошад”.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос:
“Бо дарназардошти шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳозира гуфтан мушкил аст, ки дар Тоҷикистон касе зиндагии роҳат дошта бошад. Чунки шароити иҷтимоии мо чунин имконият намедиҳад. Инчунин, аксар шаҳрвандони мо дар муҳоҷират қарор доранд. Инҷо чанд мушкил аст ва дар заминаи ин мушкилот мушкилоти фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳам пайдо мешавад”.

Асомиддин АТОЕВ, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон:
“Ҳама чизи олам нисбист. Дар умум гуфтаниам, ки, бале, зиндагии шоиста дорам, алҳамдуллилоҳ. Худро хушбин меҳисобаму бовар мекунам, ки тадриҷан зиндагӣ беҳтар мешавад. Барои беҳтар шудани он кӯшиш ҳам мекунам, ки то қадри имкониятам саҳмгузор бошам. Ҳамчун шаҳрванди ҷомеа на танҳо ҳуқуқи худро ҳифз намоям, балки масъулияти худро низ шиносаму ҳадди аққал ҳуқуқи дигаронро поймол накунам. Ҳамчун коршинос мушкиливу камбудиҳои соҳаро ошкорову бо далел нишон диҳаму роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод кунам. Ҳарчанд ҳис мекунам ки хомӯш истодану дурӯғ гуфтанро баъзеҳо авлотару боз ҳам авлотар медонанд. Албатта, чунин муносибат заифкунандаи эътимод аст. Лек боз ҳам дар умум, онҳо муваққатианд. Офаридгор бузург аст”.
Мӯҳр
Мухтарам, Сайфулло Сафаров ду руз, зиёд не ду руз дар хонаи бебарку об зиндаги кун баъд мефахми

дурандеш
Умри одамизод мутаасифона хело кутох аст,барои хамин дар кучое набошад,зиндагият хуш гузарад, хамон чой Ватан хаст. Ватан гуФта,пойбанди кошшокиву нодори шавем,ин хам нодуруст аст. Гуфтахои Н. Островскийро ба ед оред.

Ватан ончое,ки озораш набошад.Барои халки бечора Руссия ватан шуд.Нисбати Точикистони азиз зиндаги хубтар бесахтиву беозори ва бешиканча мегузарад.Точикистон ватани мост кай хохем меравам,,,,,,,,,,

Domullo
Safarov - in fikru digar fikrash khelo khom hastand!

.
said,

ту ба хамон Россия хам рафти хеч чиз нашуди, дар хамин чо хам хеч чиз намешави.

ГАДО
Як шахс шеъри Бигзор гадо бошам, дар хоки ватан бошамро танкид карду гуфт, ман безорам аз он ватане, ки ГАДО бошам. Хак асту рост. Модоме, ки дар дигар давлат бошаму зиндагиам хуб аст, хамон чо ватани ман аст. Хамин Сафаров барин хо агар бекор монанд, сразу загран паспорт карда думро хода мекунанд.

Мфхфи
Чавоб ба Кремлин. Мебахши дар давраи СССР мардум зиндагии хуб дошт ва бо маоши он вакта сати иктисоди оилахои точикам. Он вакто корхонаву идорахо ва ширкатхо шахси набуданд. Хешутаборбози хам набуд. Агар ту боз хам ту гарох шурборо дуст дори бо устод Сайфулло Сафаров хурдан гир. Шахну шараф ва номусро хар касе аз ин Ватан меравад дорад, аммо озир асри 21 зидагии давраи СССР ба хозира баробар накун. Ба андешаи ту касе мачбур ба хотири кути лоямут мервад у бе шараф аст? Албатаре зиёда аз 1 милиён мухочири точик аз нангу номуса аз шарафманд буданашон ба хотири зану фарзандонашон мачбур аз ин Ватан ба гуломи рафтанд. Бо ман бахс накун фарошам бошам мехом фарзандонам дар асри 21 пешрафта ва сохиби зинаги хуб бошанд. Озодагон илтимо фикрхоямро чоп кун.

КРЕМЛИН ДУРУГ НАГУЙ. ДАР ДАВРОНИ СОЮЗ ДАР ХОНАВОДАИ КАМБАГАЛИ КИШЛОКИ КАЙМОКУ ШИРУ МОЛУ ХОЛ АЗ ГУШТ ФАРОВОН БУД. КИШЛОКИХО ДАР ЗОДГОХАШОН БО ЗАМИН КИШТУКОР ВА ЛИМОНАРИЯЮ БОГПАРВАРИ МЕКАРДАНДУ ШАХРИХО ДАР КОРХОНАЮ ЗАВОДУ ФАБРИКХОЕ КИ УРУСХО БА МО СОХТА ДОДА БУДАНД ЗАХМАТ МЕКАШИДАНД ВА ХАМААШ ХУБ БУД. ХОЗИР ФАБРИКУ ЗАВОДХОРО МЕТАЛ КАРДА ДАР ОН ЧОХО ХЕЧ ЧИЗ НЕСТ.

Роза Люкснмбург
8 Март. Агар ки ин дуруг бошад,значить мо онвактхо дар хайати дигар СССР кору зиндаги мекардаем.

8 Март. Ширу каймоку гушт, агар ки дар оилаи точике пайдо мешуд бо зури бо ПАРТИЯ попалам мешуд.Заводхояшон аз худашон ва барои худашон кор мекард. Партия рафт заводаш хам металалом шуд.

Салом хамватанони гироми ман низ хамчун як шахрванд мехостам ибрози андеша намоям: то ба кай аз паи бадном кардану фитнаҷуии якдигар мешавем о бародаро то ватани худро обод накунем ун хама шароитхои хуб дар хорича хеч аст аз лихози рухи инсон худро факиру бекас гариб дур аз падару модар ёру бародар ва дигару дигар. Зеро
Юсуф ки ба миср подшохи мекард , Ей кош гадо мешуд дар канъон хубтар. Бовар кунед то мо худ дар паи ободии ин ватан набошем каси дигар парвои мо надорад. Ман суоле доштам барои чи мо кадри худи надорем хитоихоро дар ватани худ ба чои кор тамин карда худ дар гариби ранги саг (узр барои дагалият) сарсону саргардон мегардем???????!!!!!!!

Хар бор ин Сафаров ягон фикри подархавояшро баен кунад, таъбам хира мешавад, наход ин шахс дар МТС кор кунаду ин кадар дунебехабар бошад, аз холу зори халки халки худ фарсаххо дур бошад! Суханони ин шахс мисли намак болои сухтаи ин халки дур аз чигарбандони худ ва ба холи гуломи гирифтор. Сафаров агар камтар аз тадкикоту омор ва харатери миллат хабар медошт хеч гох ин сафсатаро намехонд. Дар замони Шурави миллати точик аз хама кам берун аз Точикистон ба сар мебурд. (Ба омори расмии Шурави нигар Сафаров)Миллати пойбанди ватани худ буд, думболи моли дуне ватани худро тарк намекард.

“Дар Тоҷикистон, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекардам рут сафед ватан барои шумо чои осудааст хама барои шуморо кор мекунад

muratti,
ШУМО ЯК БОР НАВИШТАЧОТИ САФАРОВРО ХУБ ХОНЕД. ОН КАС ФИКРИ ШАХСИИ ХУДРО ОИДИ ЗИНДАГИИ ХУД МЕГУЯНД НА ОН КИ ЗИНДАГИИ ХАЛКРО ДАР НАЗАР ДОРАД, ЗИНДАГИИ ХАЛК АЗ САФАРОВ ВОБАСТАГИ НАДОРАД, ХАР ЯК ШАХС ХУДАШ БОЯД МУСТАКИЛОНА АМАЛ КУНАД. ЯЪНЕ ХАР ЧОЕРО ХУБ МЕДОНАД БАРОИ ХУД ХАМОНЧОРА ИНТИХОБ КУНАД ТАМОМ,

Зард
Сайфуллло Сафарович ба фикрам зиндагии Шумо тинчай ягон камбуди надоред Дар кучое ки Зиндагим нагз бошад барои ман хамончо Ватан аст Узбак бошам пулдор бошам дар Чумхурии Точикистон бошам

Oxir shumo az odamone dar in masala purson shuded ki baroi onho dar hamin Tojikiston az Amriko dida beshtar rohat ast. Shumo rafta yak mardikor, taksist, digaru digarro purson shaved. Man ham ki vazir yo yagon korgarak yo shefaki kalon bosham hargiz Tojikistonro tark namekunam. Chunone ki Arastu guftaast "Vatan on joest, ki ozod boshi" vale dar kujoi Tojikiston shumo ozodiro mebined yak magoza kushodam bovar kuned az dastai andozsupori va fishor az jonibi makomoti daxldor majbur shudam magozaro bandam holo boshad bo oila hama yakjoya ba Amriko ba tavri be bozgasht raftaniem.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)