Бахшҳо

Иззат Амон: Ашраф Гулов аз ҳама консулҳои пешин гузаронд

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз беҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба раиси ҷумҳур шикоят кардааст.

Иззат Амон дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, “дишаб (5 сентябр) пулиси ноҳияи Маскав дар деҳаи Немчиновка шаҳрванди Тоҷикистон Парвина Солиеваро бо кӯдаки 5-солааш бо иттиҳоми дуздӣ (албатта туҳмат) зиндонӣ кардааст. Модар бо фарзанди худ шабро дар маҳбаси шӯъбаи пулис дар миёни бадмастон рӯз кардааст”.

Ба гуфтаи раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав, шавҳари ин зан – Фарҳодҷон Солиев донишҷӯи Донишгоҳи байналмиллалии Маскав, барои кумак ба онҳо муроҷиат кардааст: “Аз субҳ то соати 16:00 дар пулисхона будем, ба мо гуфтанд, 1 соат баъд муфаттиш меояд, вале наомад. Ҳамин тавр рӯзро дар шӯъбаи пулис гузарондем, то бо муфаттиш вохӯрем. Баъдтар фаҳмидем, ки муфаттиш дар ҳамон ҷо будааст. Танҳо нахоста бо мо вохӯрад”.

Иззат Амон дар идома менависад, ки бегоҳи он рӯз (6 сентябр) муфаттиш ба шавҳари он зан телефон карда, маҷбур намудааст, ҳамсараш ба тамоми ҳуҷҷатҳо имзо гузорад, вагарна ӯро 7 сол зиндон мекунанд. “Дирӯз бояд мо ҷасади писарбачаи 19-соларо ба Ватан мефиристодем. Аз ҳамин сабаб натавонистем то бегоҳ он ҷо бошем”,-илова кардааст ӯ.

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз фаъолияти консули Тоҷикистон дар Русия - Ашраф Гулов ҳам интиқод карда, бо муроҷиат ба президенти кишвар гуфтааст: “Чаро ман ҳама инро ба шумо мегӯям, дар ҳоле ки хуб медонам, ба шумо низ фарқе надорад, ки як зани тоҷик бо фарзандаш бо туҳмат шабро дар пулисхонаи рус рӯз мекунад. Зеро ки шумо домоди худатон - Ашраф Гуловро дар ин кишвар консул таъин кардед. Ӯ бошад аз ҳамаи консулҳои пешин гузаронд. Чаро мо бояд ба чунин ҷойҳо равему домоди шумо дар як кабинети гарм бо духтаракони гулрӯ чой нушида шинад? Магар ӯ аз ҳисоби хуни муҳоҷирон 5000 доллар маош намегирад?”
Мӯҳр
Дар хакикат Рохбари нави консулии Точикистон дар Москва барои шахрвандони Точикистон тамоми шароитхоро фарохам овардааст. Чи тавре, ки мегуянд дар чамъият шахсони шатох бисёранд. Барои хамин ба хар як сухани бемаъни гуш андохтан лозим нест. Рафти аввал бинед ва баъдан бахо дихед. Ба мухтарам консул АШРАФ ахсан мегуям.

Мухочирбача
Ашраф Гулов Офарин бизнеси баъзе миенаравхои ба монанди Изат Амон Каромат Шариф ба гайрахоро пеши рохашонро гирифти. Офарин дари кабули консулгари ба руй харяк одам кушода шудаги

мухочир
Илтимос агар сахтатон хам расад, декин дар даруни точикистон ягон вазифае намонд ки онро ба хешутабори президент надода бошанд, акалан дар хамин сафоратхо як одамеро монед ки дилаш ба холи мардуми гарибу дарбадару бечора сузаду точикро рахм кунад. охир наход гайри хешутабори президент ягон одами дигар набошад бовар кунед сафоратро ячейкаи хонаводаи худашон кардаанд. рахм кунед ба холи мухочири зори бехонаи точик

Saidshoh.......man bovar doram ki Izzat Amon durugh namegiyad......Fakt dorad...mana 1 zab bo kudaki navzodash dar habs....in dakt nest ????Pason man az anglisi donii konsul shak doram

Ассафох
Каромат Шарипов ва Иззат Амон хамеша барои хукумати феъли ва хушомадгуёну лаганбардоронашон чун хиёнаткор,чосус,игвогар боки мемонанд.Омили аслии ин тухматбанди нисбаташон фошгуи,вокуниш ва хифозати мухочирони мазлуму факири точик мебошад. Ва хар нафаре аз хак ва ё аз ишколхои хукумат садо барорад аз чониби садрнишинон сало бар осмон зада мешавад. Дар вокеъ Иззат намедонад,ки Ашраф Гул амсоли Абдулмачид Дости хадаф,салохияти корияшро намедонад,ки аз чи иборат аст. Точики сохибватани бе ватан дар Ватан кадре надорад......

ir
Мухтарам Иззат Амон Шумо охирон бор кай рафта аз холу ахволи кунсулгари хабар гирифтед? магар хабар доред ки чи кадар дигаргунихо ва бехбудихо баъди омадани Ашраф Гулов шудаанд? Магар хабар доред ки Ашраф Гулов пеш аз хама барои собикаи кории кофии дипломати ва тачрибаи рохбари дар вазифахои гуногуни пурмасъул ба ин вазифа гардидааст.


табиби мардуми
Изат Амон шахси бисер асаби аст, ба табобат ниез дорад. Хатто аз симои руяш маълум шуда истодааст. Лекин ба чомеа зарари чидди надорад, аз дандон бештар забонаш буротар кор мекунад. он хам танхо дар он сурат, ки фармоиш шавад

Саидшох
Ман дар ду масъала сад дар сад бовари дорам, якум ин гуфтахои изат амон супоришист ё ин ки барои пияр ин гапхоро гуфтааст то ин ки аз шахсияти Гулов истифода бурда аз ин сабаб нуфузи нопок гирад, махс сиёсист ин масъала . Лек бародар Изат фаромуш накун ки офтобро ба доман пушонида намешавад, Гулов ба монанди офтобе аст ки ба хамааи мухочирон ба як чашм менигарад ва ба хамааш дасти кумак дароз мекунад . Ин кадар хизматои Гуловро додида гирифтан ин номардист гуфтахои ту мурдакашак сабаби дигархам дорад, шояг Гулов мухочиронро бе мамоният кабул мекунад, ту ва дигар хаммаслаконат, ки хуни мухочиронро мемакитет бизнеси нопокатон кор намекунад, бо ин рох кушиш кардеси Гулов ро бе обру куни, Обруи Гулов дар дасти Аллох аст, ва кардаи Гуловхам барои Халку ватан мебошад. Чихеле ки як олими машхури амрико гуфтааст Лидерро сохта намешавад, лидерро Модар мезояд. Аз хамин хотир аз шумо хохиш менамоям ки зур назанед, ки кувти вардошти Гуловро надоред бо миенатон нашиканад.
Гуловхам инсон аст шояд хатое кунад, бад барои як хато ин кадар хубихора надида гирифтан ин сифати одамгари нест,
Дар тарики нафси худ кас нест мухточи далел
Бе асо рохи дахон маълум бошад курро,
аз хамин хотир ин хама зурзанихои ту барои нафси нопокат мебошад.
Шумо як шахси боистеъдодро дидан намехохед, мехохед , ки Гуловхам ранги консулхои пешина истирохат карда гардад,фаромуш намунед , ки Гулов ичозат намедихад шуморо ки ба хуни мухочиронро макед. Барои онки Гулов вичдон дорад номус дорад.
Ба кавли Фирдавси
Фиристода бояд, ки доно бувад
Ба гуфтан далеру, ба дониш тавоно бувад.
Хар як чи ба хости Худо мешавад, чунонки бузургонамон фармудаанд,
Агар теги олам бичунбад зи чой
Набурад рагеро нахохад ХУДО.
Худованд хамин шахсро хостааст дар ин мансаб лоик донистааст ки шуддаст, афсус ки шумо дар такдири Илохи тан намедихед, чи чои фахмондан аст шуморо. Аз шумо бародар Изат Амон хохиш менамоям, афсус хта бародар гуфтан айбаст лек дини мо бадбиниро кину дарунсияхиро ичозат намедихад, Аз ин баъд рафта аз консулгари бинед мард бошед, хакикатро гуед дигар Гулов ро хамчун мутахасиси Чавон ва дипломати Боистеъдод муарифи кунед, на ин ки хеши ину он он кас пеш аз оне ки домоди Чаноб аст мутахасиси хуб ва шахси хоксор мебошанд, Бо забонхои Руси ва англиси хуб харф мезананд.
Афсус ки дуне хамин буддаст ба Паембарамон бади карданд куфр гуфтанф бас мо кием ки нагуянд

М-м Иззат Амон на хамма одамизод хисиёти фолбиниро доранд узр. Дар чои кориашон шишта, донан ки дар ноҳияи Маскав деҳаи Немчиновка, чи коро шуда истодаанд. Агар шахвари Парвина Солиева ба Шумо не ба Ашраф Гулов мурочиат мекард ман боварии комил дорам ки ин вокеъа рохи халашро меёфт бе диккат намемонд. Аз Шумо як хохиш хамкори кунед на он, ки аз пушти як дигар кофтуков карда гардед, шуриш наандозед.

Муслим
баъзе аз рохбарони нисбатан босавод дар чаласахо аз ноухдабароии "тагадорон" и бесавод ба дод омада таъкид мекарданд, ки вазифаро бо хар рох гирифтан осон, ичрояш мушкил. Вокеан сухани дуруст. Биродароне, ки Ашрафчона таъриф доред, бигуед акалан як ду маротиба аз тарики телевизиони Россия баромад карда хукуки мухочиринро химоят кунад, русхо ва соири миллатхо фахманд, ки точик босаводу сохиб дорад,пас мо низ эътирозе надорем ва мегуем, ки вазифа халол. Дар гузашта суханронии консулхои сафорати Узбекистон, Озорбойчон ва чанд кишвари дигарро аз шабакахои телевизионии Россия оиди химояи шахрвандонашон ва бардоштани имичи давлаташонро тамошо карда кайф карда будем,

Муслим
Бародари азиз,
барои он ки имичи давлат баланд шавад, пеш аз хама шахрвандонашон бояд кушуш кунанд. Аввал бахшиш ва баъдан худи шахрвандони мо гунахкоранд, ки онро дар Россия одам намехисобанд. Шахс агар забонро донад, хукуки худро то дарачае химоят кунад он гох ин гуна мушкилихо ба миён намеоянд. Мушкилии асосии мухочирони точик дар Россия ин пеш аз хама дуруст накардани хуччатхо, саривакт ба кайд нагирифтан ва г. мебошад. Шахрванд пеш аз он ки ба хорича равад бояд донад, ки дар кучо кор хохад кард ва дар кучо истикомат. Аз хаво ба хоричи кишвар рафтан ва ба мушкили гирифтор шудан ин худ як ахмакист. Вакте, ки шахс накша мекашад, ки ба Россия меравад бояд пеш аз хама забони он кишварро омузад. Кадом шахрванди мо пеш аз рафтан забони ин ё он давлатро меомузад. Гунахкори асоси мо худ хастем.

Бетараф
Саидшох! Дар асл ин аст, ки Иззат Амон худаш фоиди хангуфт мегирифт аз консули хамчун восита ва аз хамин хотир чонаш дард мекунад чунки Ашраф худаш инсони комил ва серу пур аст ва ниез ба пули мухочирон надорад. Аз омадани у бисер чизхо аз нав шуданд. Каналхои пулкоркунии Изатро бурид. Инсони босавод ва фурутан аст. Дастгири кормандон ва мехрубон аст. Хар як ҳахсро дасгири намуда бевосита ба у кумаки худро дарег намедорад.Ба хеч кас ичозат намедихад то аз хисоби мухочирин мисли Изат Амон пул кор кунанд.
Мардуми одди ки тасаввурот надоранд аз бозихои Иззат Амон зуд хашмгин мешаванд ва нофахмида хар чиз менависанд.
Хар касе ки ба суханхои Иззат Амон бовар дорад як бор худаш ба конусли равад ва бинад. Хамсухбат шавад. Ва онгах аз бозихои арзоншудаи Изат бохабар мешавад. Дар тули 10 соли охир ягон кас каблан дар Консули рохи пулкокунии воситахоро нагирифта буд, ва у Ашраф тавонист пешири кунад. Холо бошад азнавсозихоро идома дода истодааст, то ки пули мухичирин бехуда сарф нагардад. У аз оилаи серу пур аст ва ниез ба ду се тини мухочирин ки каблан Изат ва дигар фитначуен кор мекарданд надорад.
Шумо худат тасаввур кунед, ки ин системмаи пулкоркуниие, ки каблан корамандони пешина рохандози намудаанд чи тавр аз байн меравад. У ин системаи пулкокунии воситахоро аз байн бурд ва вакт инро нишон хохад дод.

субхон
ин чи масхарабози. Мухочири точик бучетро гани мекунанду инхо аз бучет сумхои калонро мегиранду дар гами мухочир хам нестанд ....

Миллатчи
Tojik,
Чи гуфтани хасти ки 4 милион узбак ва 2 милион озари маданият доранду бо забони русси озодона гап мезананд хато карди онхо сохиб доранд ва ба монанди Точикхо 100 диаспор надоран ба махаллахо чудо нашудаанд.
Узбаку Озарихо миллатчи хастан барои хамин номи миллаташона не худашон паст мезананд не мемонанд ки дигархо паст зананд.
Кариб 20 сол шуд ки дар федерацияи Россия кор мекунам дар бораи мухочирони Точик факат Иззат Амон, Кароматулло Шарипов ва Гавхар Джураева баромад мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)