Бахшҳо

Боздошти Далер Нақибов аз ҷониби Кумитаи амният

Далер Нақибов, корманди Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст.

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, Нақибов аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст. Бархе аз кормандони қатории Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дар суҳбати бидуни сабт ба "Озодагон" вуҷуд доштани чунин сарусадоро таъйид карда, афзуданд Нақибовро ҳамчун корманди поквиҷдон мешиносанд ва ба фасодкории ӯ бовар надоранд.

Гуфта мешавад, ки дар ин робита Манучеҳри Маҳкам, сардори раёсати консулӣ ва роҳбари бевоситаи Нақибов низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Манучеҳри Маҳкам писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар симмати раҳбари сарраёсати консулии Тоҷикистон Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз намуд.

Дар ҳамин ҳол расман Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ накард ва дар Кумитаи амнияти миллии кишвар низ аз шарҳи он худдорӣ намуданд.
Мӯҳр
Х,олдон
Домоди Мавлонова бошад хеч кораш карда наметавонанд. Мебурояд, как милинкий мебурояд. Боз амният узр хам мепурсад))))

Раиси суди конституционни кучора нигох мекна, як умр конун гуфта китоб менависа. Бояд фарзанда дуруст тарбия мекард.

Дар давраи Чамолидин ягон хел ришвагири набуд, тартибот низ буд, тамоми конунгузори ичро мешуд, муносибати кормандон хеле боодобона буд. Рахмати калон ба падари Чамолидин барои тарбияи ин хел фарзанд. Чамолидин обруи кишварро дар назди хоричиён умуман хамаи корафтодагон хело баланд бардошта буд. Офарин!!! Ташаккур!!!
Баъди рафтани Чамолидин дар консулгари ягон конунгузори риоя намешуд, кормандон хеле дагалона, НОПИСАНДОНА рафтор мекарданд, обуруи кишварамонро дар назди хоричиён хеле-хеле паст кара буданд
Ба ришвахурии Далер рости гап боварам намебиёяд, шояд тасодуфан ва миёнрави карда бошад, барои он, ки хеле чавони босавод ва боодоб мебошад.

Эй беакли RS, дар порагирй айбро ба Худо мазан! Ин чй гап: "Худованд ягон инсона ба ин руз дучор накунад"? Мемурй, ки взятка нагирй. Чй Очонсии коррупсия барои зебаш ё барои Зайду бачаакои болоай? Ин мутахамхо боз Худоро гунахгор мекунанде. Озордчик чоп кун, илтимос.

Александр Тупчибоши
Барои халки точик норавшан аст,ки дар вазорати корхои хоричии кишвар чи гуна шахсхо,бо чи гуна донишу фахмишу биниш кор мекунанд.Ба хар хол ин ниход бояд чои точикони тоза ба босавод бошад.То точики тоза набоши,дилат ба ин миллату давлат хеч гох нахохад сухт.

.
Охир ин муломихунук ба даст афтид. Аз пули харом хамин кадар ботаккабур шудаанд ин бадбахтхо, ки бо одамон хуши гапзани надоранд.

Точик
Чамолиддинро падараш инсони поквичдон аст. Худованд хидоят намояд!

Балъами
Танхо писарони чор нафар кормандони баландпоя,ки замони шурави касе набуданд имруз чойгузини ин вазорат шудаанд.Фикр мекунам,ки дар интихоботи карибулвукуъ ахли чомеъаи кишвар ва хизбхои сиёси ба ин масъалаи мухим диккати бештаре бояд диханд.Вазъи хассоси чомеъаи чахони,беобуруги ва паст рафтани номи СНГ ва дигар масъалахои печида,асри 21-ро асри пурпечутобтарин асри таърихи чахон хохад гардонид.Аз ин ру дар ин макомот бояд ворисони аслии миллат аз авлодони дворянхои точики замони шурави ва пеш аз инкилоби ва хамчунин кадрхои детдоми кор кунанд.Давлатдори дигар давлатдории солхои 93-97 нест.Аз хама мухимаш имруз исбот шуда истодааст,ки бо чахонбини пасти шуури якхизбаи болшевики наметавон дар сиёсати чахони ному чой ёфт.

Олим
Оре, худдори мекунанд, чунки чавоб мешавад. Гунохаш "тасдик" намешавад. Аз худашон охир.

.
Рости гап ки будани ин Накибовро намедонам. Лекин хамин расми ракси вальсашро дидаму дар назарам шум шуд. Наход одами мусулмон хамин гуна ракс кунад ва боз онро сабт намуда ба намоиши хамагон гузорад.

Чанголак
агар гапи мара мегирифтиву новеллаи "Ишки лакайдухтар"- ро наменавишти ба чунин "подстава" гирифтор намешуди, акнун говсудут мекунанд.

шарм
Далера ба фикрм крайни мекунан Манучехр бачаи раиси Суди конститусиони ва домоди муовини якуми прокурори генерали мебошад уно чи коре, ки кунан конуни хисобш мекунан. так что Далер мерайда,,,,,

Саттор
М пулачмкунаки худашро бояд химоя кунад. М хама хамчун одами пулпараст ва махалбоз медонанд, чунки факат бо пулдорон дусти дошт.

Мавлон
Худо часорати кормандони амнията зиедтар кунаду имонашона ва садокатшона нисбати Ватан зиед гардонад. То ки порахурону фасодзадахора аз ин мулки азиз решакан кунанд. Ба назари ман Далер бе донистани супарвайзараш ин корро накардааст. Мехом ки чазоя мучрим бинад на ин ки як шахси бегунох. Хар касе ки аз барои ризои Худо кор намекунад Худо сазоша тияд ( махаллпарасти ва шиносбози).

Умед
Бояд бидонем, ки барои тайёр намудани як кадри баландихтисос чи кадар захмат бояд кашид. Хама медонанд , ки Далер зиёда аз чор сол мешавад, ки дар вазорат кор мекунад ва чор забони хоричиро хуб медонад. Далер пеш аз домоди Хайринисо Мавлонова будан хам дар инчо кор мекард. Бовари дорам , ки Далер ба ин кори бад даст намезанад ва ин рузе огох хохад шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)