Бахшҳо
21 сен 2014 13:00Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дувум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад - доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Ба қавли оқои Нуристонӣ натиҷаҳо баъдан нашр хоҳанд шуд.

Имзои тавофуқномаи чорсаҳифаӣ миёни Абдуллоҳ ва Аҳмадзай

Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арг ё Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони райиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати иҷроиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ин тавофуқнома сиёсӣ аз ҳафт бахш иборат аст. Бар асоси бахши дувуми тавофуқнома, райиси ҷумҳур раёсати кобинаро бар уҳда хоҳад дошт. Тибқи таърифи ин санад, кобина аз райиси ҷумҳур, муовинони ӯ, садри аъзами иҷроӣ, муовинони садри аъзами иҷроӣ, мушовири аршади райиси ҷумҳур ва вазирон иборат аст. Ин бахш аз тавофуқнома, раёсати шӯрои вазиронро ба уҳдаи райиси иҷроӣ гузоштааст. Шӯрои вазирон шомили вазирон ва мутамоиз аз кабина аст. Райиси иҷроӣ маҷолиси фаръии кобинаро ба уҳда хоҳад дошт.

Аз ин тавофуқи сиёсӣ бисёре аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, бо шумули Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз пуштибонҳои аслии Абдуллоҳ Абдуллоҳ истиқбол кардаанд. Намояндаҳои бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам аз ин тавофуқ изҳори хушнудӣ карданд. Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури феълии Афғонистон зимни суханронӣ дар расми имзои тавофуқнома гуфт, "Худованд ба шумо, ҳар ду бародар, комёбӣ насиб кунад, саодат насиб кунад, то шумо шабу рӯз дар хидмати миллати Афғонистон бошед ва корҳое, ки аз мо нашуд ва боқӣ монд, онҳоро шумо анҷом бидиҳед ва такмил кунед то мо орому хушҳол зиндагии худро пеш бибарем".

Дирӯз бархе расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабул кардааст, вазифаи раёсатҷумҳуриро Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазифаи раёсати иҷроӣ (сарвазирӣ)-ро худи ӯ соҳиб шаванд. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и чопи Афғонистон аз забони мақоми баландпояи тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин хабарро нашр кард. Дар ҳамин ҳол гуфта шуд, бархе ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ иддао доранд ӯ мисли интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ бар ивази дарёфти маблағ ба ин тавофуқ розӣ шудааст.

Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд 45 дар сад ва рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуданд. Аммо Комиссияи мустақили интихоботии давлати исломӣ гуфт, дар даври дувум, ки моҳи июн сурат гирифт, Аҳмадзай бо касби 56 дар сади овозҳо баранда шудааст. Ба дунбол тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ комиссияи интихоботро дар тақаллуб муттаҳам кард. Бо ташаннуҷи авзоъ, Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон барои бозшумории раъйи мардум бо ширкати нозирони байналмилалӣ розӣ шуд.

НУСХАИ ТАВОФУҚНОМАИ СИЁСӢ

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
б
Ин Абуллоро хам мисли оппозиция 30% - и точик кидат мекунанд.

Точикнажод
Доктор Абдулло бешак овози зиёдтар гирифта буд,лекин онхо аз берун такягох надоранд.Агар кавми узбак мисли точик дар Афгонистон зиёд мебуд ва сохибватан мебуд,он гох хатман такягохеро аз Узбакистон хис мекард ва хатто душмани пинхонии точикон Руссия низ ба онхо хушомад мезад.Ногуфта намонад,ки дар даври 2-юм узбакхо бо сарварии Дустум ба точикон хиёнат карда бо ваъдаи курсии вице-президентии Дустум овозхои худро ба паштиун доданд.Инчо низ накши Ислом Каримов хуб ба чашм мерасад.Махз бо супориши хамин шахс соли 1994 Дустум бо толибон ва Гулбидин як шуда мукобили Ахмадшохи точик чангида буд.Бехуда устод Нури нагуфта буд,ки чашмаш барои точикон аз узбакияи Афгонистон дар тарс аст!Мутаасифона давлатдории точикон чун имруз бесавод аст вазъи чахону кувваи лозимии точикиятро чун бегонагон намебинад!Бузургтарин кувва ва такягохи Точикистон ин точикону даризабонхои Афгонистон буда,дар лахзахои номусоид барои кишвари мо 200 хазор штик чанговари бехтарин дода метавонад!

интихобот
ТО ХАМИН ЛАХЗА АЗ ИНТИХОБОТХОИ ДЕМОКРАТИ КАМЕ БОШАД ХАМ УМЕД ДОШТАМ ЛЕКИН АЗ ИН БА БАЪД БА ЯГОН ИНТИХОБОТ БОВАР НАДОРАМ .ХАР КУЧОЕ КИ ЗУР ДАР ПУШТАТ БОШАД БАРАНДА МЕШУДАИ

антиЛУЛИ
Антигузбак,
ХУРДАНБА НОН НЕСТ.ХАМА ПОЛИТИК АНАЛИТИК ШИДА РАФТАЙ

Доктор Абдулло умеди точикони чахонро барбод дод. Точикони Афгонистон набояд дигар ба Абдулло умед банданд ва уро пуштибони худ карор дихан. Харчанд, ки Абдулло аз модари точик ба дунё омадаву тарбияти Ахмадшохи Масъудро гирифта бошад хам, бори дигар маълум кард, ки у паштун аст ва хеч вакт ба точикон содик набуд ва намемонад. Точикони Афгонистон Устод Мухаммади Нурро бояд пешвои худ карор диханд ва аз у пуштибони намоянд.

Ба Салим. Ту холи номуси точикиро надиди . Худатро точик нагу Салим нависта шо-ашро нанависти. Ту мумкин номусатро фурухтаи лекин аз номи точикон гап назан.

Tojik,
БАРОДАРОН, ДОКТОР АБДУЛЛОХ ИНТИХОБИ БЕХТАРИН КАРД, ЧУНКИ ДИГАР РОХ НАДОШТ. ИН ДЕМОКРАТИЯВУ ГАЮРИ ДАР ПОЕН БА КОР МЕРАВАД, ДАР САТХИ БОЛО ИНТЕРЕС БА КОР МЕРАВАД.
ДОКТОР АБДУЛЛОХ МЕТАВОНИСТ, КИ ТАРАФДОРОНАШРО БА ЧАНГ БА МУКОБИЛИ ТАККАЛУБКОРОНУ ФИРЕБГАРОНИ АХМАДЗАЙ ДАЪВАТ КУНАД, ВАЛЕ ИН ЧАНГ БЕОХИР МЕБУД ВА ДАР НАТИЧА МУМКИН БУД, КИ ДОКТОР АБДУЛОХРО БА МОНАНДИ ШЕРИ ПАНЧШЕР АХМАДШОХИ МАСЪУД АЗ БАЙН МЕБУРДАНД.
БАРОИ ХАМИН ВАЗИФАИ САРВАЗИРИРО ХАМ ХУДОВАНД БА ХАР КАС РАВО НАМЕБИНАД. ИНШОАЛЛОХ ДУО КУНЕМ КИ ДАР ОЯНДА ТОЧИК-ДОКТОР АБДУЛЛОХ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ИСЛОМИИ АФГОНИСТОН ШАВАД. ХОЛО У ЧАВОН АСТ!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)