Бахшҳо

Тоҷикро ба зону шинонданд? Вокунишҳо ба ҳайкал дар Маскав

Азми Департаменти мероси фарҳангии Маскав барои насби ҳайкали муҳоҷири тоҷик миёни корбарони сомонаи “Озодагон” вокунишҳои зиддунақизро ба миён овард. Бархе агар ин иқдоми мақомоти русро мисоли ибрат барои зимомдорони тоҷик хондаанд, қисми дигар онро паст задани номи миллат ва “ба зону шинондани тоҷикон” арзёбӣ кардаанд.

Як хонандаи “Озодагон”, ки худро "тоҷики кӯҳистонӣ" муаррифӣ кардааст, ин ҳайкалро, ки аз як коргари оддии тоҷик, зимни санггузорӣ дар роҳравҳои Маскав иборат хоҳад буд, як “шармандагӣ” унвон кардааст: “Ана шармандагӣ. Бе ҳамин ҳам дар тамоми ҳайкалҳое, ки дар Маскав ва дигар қисмҳои Шӯравии собиқ монда шудаанд тоҷикон бо кетману бел истодаанд (намояндагони дигар ҷумҳуриҳо бо яроқ ва лавозимоти илмӣ). Акнун тоҷики қаламкашу шамшерзан, бо сари баланди пурғурурро ба зону шинонданд дар кишвари бегона. Войи мо, ки ғурурамонро аз даст додаем. Войи мову войи миллати мову войи ояндагонамон, ки барояшон чизе намондем. Мо ку аз пешиниёни худ чизеро гирифтем, ки каме бо он фахр кардем, вале акнун?... Эй кош чун қафқозиҳо дузду роҳзан мешудему каме боғурур. Ин хабаре нест, ки мо бо он фахр кунем ва ё хурсандӣ.”

Аммо “Пеле”, корбари дигари “Озодагон” сохтмончиро, як касби бонуфуз хонда, афзудааст, ки шарт нест, ҳайкали марди тоҷикро бо яроқ ё қаламу китоб гузоранд: “Аз яроқдор чӣ фоида расидааст, ё аз ҳамон шоиру нависанда? Сохтмончӣ биноҳои баланд месозад, шаҳрҳоро обод мекунад, ки мову шумо барин одамҳо дар он зиндагӣ мекунанд.”

Хонандаи дигари “Озодагон”--“Марадона” бо “Пеле” розӣ нест ва чунин иҳори ақида кардааст, “барои Шумо сухане гуфтан дар бораи мафкура (подсознание), ки мардумро бо он асрҳо мешиносанд беҳуда аст. Фарз кардем, ки тамоми Маскавро сохтем, аммо дар он кӣ зиндагӣ мекунад? Нафароне, ки дар он хонаҳо зиндагонӣ ва ё кор мекунанд, ману шуморо бо мондани ин ҳайкал ҳурмат мекунанд? На! Ҳаргиз! Зеро ҳайкали мо чунин гузошта шудааст, ки мо дар назди инҳо ба зону задаем. Ва маънои ин ҳайкал танҳо сохтмончӣ ва изҳори сипоси мардуми Маскав нест. Маънояш ин аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба зону задааст, дар назди мардуми он кишвару гадоӣ мекунад, илтиҷо мекунад, ки маро дастгирӣ намоед. Аз ин бояд шуруъ кард!”

“Асрор”, як шарҳнависи дигари “Озодагон” ин иқдоми бегонагонро мисоли ибрат барои мақомоти тоҷик хондааст, чун тамоми Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирон нон мехурад: “Бегонагон ҳайкал мегузоранду мо, ки аз ранҷи онҳо зиндагӣ мекунем, билета қиммат мекунем.”

“Писари муҳоҷир” низ барои ин иқдом ба раҳбарияти Маскав изҳори миннатдорӣ карда, изҳори боварӣ намудааст, ки “агар Русия намешуд, бо ин аҳволи ҳукуматдорӣ 90 фоизи миллати тоҷик гадо шуда, аз байн мерафт.”

“Муҳоҷир”, корбари дигари “Озодагон” низ аз он нигарон аст, ки мабодо ин ҳайкали муҳоҷири меҳнатии тоҷик боиси махсара дар байни муҳоҷирони дигару сокинони маҳаллӣ гардад.

Ин назарҳо дар ҳолеянд, ки Департаменти мероси фарҳангии Маскав қарор кардааст, дар маҳаллаи маъруф ба ВДНХ барои муҳоҷири тоҷик ҳайкал гузорад. Тибқи иттилои ин ниҳод, қарор ба хотири арҷгузорӣ ба меҳнат ва саҳми тоҷикон дар ободии Маскав қабул шуда, ташаббускорони асосии он сокинони муқими Маскав будаанд. Лоиҳаи ин ҳайкал, ки аллакай дар Галлерияи санъати Зураб Серетели таҳия шудааст, як коргари оддии тоҷикро дар бар мегирад, ки дар роҳрави Маскав ба санггузорӣ машғул аст.

ШУМО метавонед, назари худро ба ин иқдоми мақомоти Маскав дар зери ин матлаб нашр кунед.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эй мардум фахр кунед, ки ба марди коргари точик дар маркази Ф.Россия хайкал мегузоранд. Агар ин гуна хайкалро ба марди туркман, киргиз, узбек ё казох мегузоштанд онхо як соли дароз дар расонахои оммаашон гуфта мешиштанд. Бояд расман сафиру намояндагони мухочирати Чумхурии Точикистон дар якчояги бо мэрияи Москва ва Думаи Ф.Россия хайкали мазкурро кушоянд. Дар замони шурави дар хамаи 15 республика танхо ба синфи коргар хайкал месохтанд, яъне сохтмончи, дехкон ва гайра. Шукр кунед.

Кондрат Рилеев
Инчо гунахкор худи мардикоронанд.Онхо бояд ба кишвар пул нафиристанд.Ё худ талаб кунанд,ки бонки алохида барои ворид шудани маблагхои алохидаи мардикорон ташкил шавад,дар ин асос онхо бевосита худашон корхонахои калони 200-300 миллиондоллараи умумичамъияти сохта омада истехсолотро чори ва ба хар як ин корхо 2-3 хазор коргарро ба кор чалб кунанд.Дар зарфи 10 сол бо чунин тарзи кор метавонанд,ки дар шахру нохияхои кишвар 100 корхонаи бузурги истехсоли бо чалби 200 -300 хазор коргар сохта истехсолро дучанд ва сафи мардикорро кохиш дода,дар ватан шароит ташкил кардан мумкин аст,вагарна бо ин сиёсати стихиявии саноатикунонии Точикистон ва сохтани як цехчаи канноти миллати моро рузхои вазнине дар пеш хохад буд.

.
Кондрат Рилеев,

Ин ватан бесохибай, ки гастарбайтерхоро ичозат бта чи коре ки хоханд бкнан? Шумо кор мекне, чиновнико хурдан мегиран.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)