Бахшҳо

Вокуниш ба прокурор: Ба номуси мардум дастдарозӣ накунед

Интиқоди Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд аз фарҳанги либоспӯшии занон дар шимоли кишвар, ки гуфтааст, “либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад?” вокунишҳои зиёдеро миёни корбарони “Озодагон” ба миён овард.

Аксари корбарон ин интиқодро актарафа ва дур аз воқеият хонда, дахолати як додситон ба либоспӯшии занҳоро дастдарозӣ ба номуси мардум донистаанд. Камол, як корбари “Озодагон” навиштааст, “прокурор (додситон) ба назорати иҷрои қонун сару кор дорад, на ба либоспӯшии занон. Агар ин либоспӯшӣ қонунро вайрон карда бошад, марҳамат дахолат кунад. Вале чун қонун вайрон нашудааст, ин суханонро гуфтан ҷоиз нест. Баръакс, додситон ҳамчун ҳомии қонун бояд гӯяд, ки ҳаққи ҳар инсон аст, ки чӣ хел либос мепӯшад ва касе набояд дахолат кунад”. Дар таъйиди ҳарфҳои Камол, корбари дигаре бо номи Умар навиштааст, “ришҳои мардонро тарошидед, лекин илтимос ба номуси мардум, яъне зану духтарҳояшон дастдарозӣ накунед!”

Абдуллоҳ яке аз корбарон “пайравӣ”-и бархе аз занҳои тоҷик ба мардуми арабу эрониро ҳаққи конститутсионии онҳо дониста, гуфтааст, Тоҷикистон як давлати демократӣ мебошад ва сокинони он ҳаққи интихоби сару либосро доранд: “Чи гунае ки бархе аз занҳо ҳақ доранд, либоси аврупоӣ пӯшанд, занҳои дигар низ бар асоси Сарқонуни кишвар ҳақ доранд либоси арабӣ ё эронӣ ба бар кунанд”.Аммо Абдуллоҳ менависад, агар додситонии вилояти Суғд дар баробари либосҳои эронию арабӣ дар бораи аврупоӣ низ ҳарф мезад, ҳатман ин интиқоди ӯ дастгирӣ меёфт, вале вақте аз воқеият чашм пӯшидааст, наметавонад бо андешаҳои ӯ розӣ бошад. Ӯ гуфтааст, “дар фарҳанги либоспӯшии мо бисёртар хатар либоси аврупоӣ дорад, шумо ҷаноби Курбонзода оё намедонед, ки фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик чӣ тавр буд, занҳои тоҷик ҳатто то солҳои 1995 либоси миллӣ доштанду либосҳои чакани кушоду рӯймоли сафед ба бар мекарданд. Аммо имрӯз кам нафароне ёфт мешаванд, ки либоси миллиро риъоя кунанд, ман ҳам бо шумо розиям ки ба ҷои он либосҳои сиёҳ либосҳои миллиро кушод духта бипӯшанду дар сар рӯймоли тоҷикӣ дошта бошанд, вале он либосҳое, ки ба фарҳанги либоспӯшии мардуми мо зарар дорад, ин либосҳои аврупоӣ аст, ки мебахшед, тамоми нозукиҳои занонаи духтарони тоҷикро намоён мекунад”.

Дар идома корбаре низ бо номи “Прокурор” ба Қурбонзода тавсия додааст, ки ба ҷойи дахолат кардан ба либоспӯшии занҳо дунболи ифшокунии ҷиноятҳо бошад, чун ба гуфтаи ӯ, масъалаи сару либоси занҳоро бояд Кумитаи занон интиқод кунад: “Як бор хуб фикр кунед ҷаноби додситон, наход аз мини ёбкаву куртаҳои нимурёни аврупоӣ ин либосҳои мегуфтаи шумо ғайриқабул бошад?”“Прокурор” гуфтааст, шояд Қурбонзода нияти додситони кулли Тоҷикистон шуданро дорад, аммо барои ӯ беҳтар аст, дунболи муайянкунии омилҳои худкушӣ бошад, чун дар ин самт нафъаш ба мардум зиёд мерасад: “бигзор танаи шортик ё фаранҷӣ бигарданду заводу фабрика ё танку сомолёт созанд”.

Корбари дигаре низ бо номи “Ҷовид” аз дахолати як додситон ба либоспӯшии занҳо интиқод карда, дар таъйиди суханҳои “Прокурор” илова кардааст, “мегӯӣ дигар мушкилот вуҷуд надошта бошад, мардум аз гуруснагӣ мемиранд, ту бошӣ аз пушти сатру муллоҳо мегардӣ, бигзор ҳар чӣ мепӯшанд, пӯшанд, ин фармудаи Худованд аст, вазифаи шумо таъмини аҳолӣ бо ҷои кору шароити хуб аст. Ҳатто ҳоло дигар президент низ гапи мегуфтанӣ надораду гӯиё тамоми мушкилот ҳал шудаву танҳо ҳамин сару либоси мардум мондааст”.

Аммо “Тоҷик” аз ҳарфҳои додситони Суғд пуштибонӣ кардааст. Ӯ менависад: “пос ва гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ яке аз вазифаҳои асосии миллати тоҷик бояд бошад. Ҳамаи он шахсоне, ки худро ман тоҷик мегӯянд бояд анъанаҳои миллиро ҳифз намоянд. Вагарна зери таъсири миллатҳои бегона аз байн мераванд. Як бор ба миллатҳои дигар нигоҳ кунанд. Масалан, афғонҳо, русҳо, қирғизу қазоқу ғайра, онҳо дар ҳар куҷо бо либоси миллӣ ва анъанаҳои худ фахр мекунанд. Нишонаи дини Ислом дар либоспӯшӣ нест, балки дар рафтору кирдор мебошад. Инчунин, ҳар як падару модар нагузорад, ки фарзандаш либоси аврупоӣ пӯшад”.

Интиқод додситонии вилояти Суғд аз “бегонапарастӣ”-и занҳои тоҷик дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта академик Абдуҷаббор Раҳмонов, райиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва профессор Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии кишвар дар маҳфили “Дизайни либосҳои муосир” аз ихтирои сару либоси замонавӣ ба занҳои тоҷик истиқбол карда буданд. Раҳбарони ду донишгоҳи кишвар, гуфтанд, “миллати тоҷик фарҳангу тамаддуни таърихӣ ва ғанӣ дорад. Дар ҳар давр вобаста ба тақозои замон мардуми мо либоси зебою шинам ва хос ба расму оини хешро ба тан кардаанд. Чун кишвари азизи мо дар айёми ҷаҳонишавӣ қарор дорад, зарур аст, ки сару либос ва пойафзоли ба замона мувофиқ ихтироъ гардад. Боиси хушнудист, ки дар Донишгоҳи технологӣ факултаи махсуси дизайн ва тарроҳии либос фаъолият мекунад ва аз ҷониби муҳассилини ин даргоҳ навъҳои гуногуни зиёди либосҳо тарҳрезӣ шудаанд”.


Акс аз маҳфили “Дизайни либосҳои муосир”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ислом.70mail.ru
хакикатан буи адолат намондааст дар хаминчо факат прокурор як камбуди кардааст яьне дар бораи нимуренпушхо хам харф бояд мезад дигар ягон камбуди фикр мекунам нест. Як чиз маро дар хайрат зад,барои чи дар бораи шахсони горатгар, мардумозор, миллаткушт ва гайриинсони хама хомушанду вакто ки як шахсе ки инсони окил,адолатпарвар,хоксор ки шахсан медонам як хатогии ночиз ки дар хама хатоги хаст мешав ад ин кадар хучум мешавад?Барои хамин ин кадар Худованд милллатро ба газабаш гирифтор кардааст бародарон шахсан хамаи авлодам бо хичоб хастанд ва то дами марг бо хичоб иншооллох мегарданд ин хама бахона агар касе номус дорад ягон кас дар номуси у дахолат кардан наметавонад.илтимос адолат бошад чоп кун

Салом бародарон ва хоҳарон!
Барои дар оянда ба мувафаққият ноил гардидан, бояд гузаштаро таҳлил ва омӯхта ба имрӯза муқоиса намоӣ.
Ба ин суханон гуфтаниам, ки мардуми тоҷик (мардон ва занон) хусусиятҳои хоси иҷтимоӣ-фарҳангии худро дошт. Занҳои мо имрӯз пайрави аз фарҳанги бегона карда, бехабаранд, ки мардон аз ин кори онҳо ҳануз омода нестанд, яъне ин кори онҳо ба ғурури ҷавонмардии тоҷикона нанг меорад. Бинобар ин, ман тавсияи прокуроро мувофиқ ба замон ва дуруст мешуморам ва худ низ тавсия медиҳам, ки аз пӯшидани либосҳои бегона, яъне араби, эронӣ ва аврупоӣ даст кашида, либосҳои милии худро, ки тарроҳон имрӯзҳо духта истодаанд ба бар кунанд.

Шахрванд
Хамин додситону дигар инсонхое, ки танкиди либоси мусалмонон мекунанд, як бор андеша накарданд, ки чаро духтарон бояд нозукихои худро пушонанд? Ман як мисоли одди меорам, ки кифоя мекунад барои чи Худованд амр кардааст ба занон, ки аз хона берун шаванд як либосе пушанд ки зиннату аврати уро пушонад.
Як тачриба гузаронед:
1. Як духтареро (е занро) бо либоси аврупои пушонда ороиш дихед ва дар кади рох гуед истаду мошин пояд. Назорат намоед, гайри оне, ки таксиву маршруктахо чарогак дода меистанд, бисере мошинхои гаронбахо истода мепурсанд ки эй духтар кучо мерави? бие савор шав то хоната мебарем, е ки кучо равони мебарем мерасонем. Яъне ин писархо на аз дилсузи меистанд балки барои он меистанд, ки шояд ин духтар гапдаро бошаду савор шавад ва бо духтар шинос шуда амали гайриахлокона анчом диханд. Яъне нияти инсонхои бадахлокро метавонанд амали созанд.

2. Як духтари дигарро (е занро) бо либоси кушоди точики, турки, эрони, араби фаркаш нест пушонеду руймол дошта бошад, ки пеши бари сина пушонида бошад, гуед як 20-30 дакика дар рох мошин пояд. Назорат кунед, ки чанд мошин меистад. Бовар кунед ягон мошин гайри таксиву маршрутка агар чарогак (фар) дода наистанду напурсанд, дигар ягон мошин истода кучо мерави гуфта намепурсад. Чунки либоси пушидааш як хайбате дорад ва ягон одамони гургсират чуръати истода пурсиданро намекунад ва медонад, ки у савор намешавад. Худатон аз ин мисоли овардаи ман хулоса бароред ва фахмед, ки махз барои аз мардони гургсифат эмин мондан Худованд мегуяд нозукихои баданро пушонед. Ва ба ин гуна либос мардон майли шаъхвони пайдо намекунанд. Яъне бо ин амал иффати зан хифз мешавад. Вассалом

Геракл-Зевс
АБДУЧАББОРИ РАХМОН-АКАДЕМИК Ё ТАВБА!ХА-ХА-ХУ!ИН МАРДАК ЗАМОНИ ШУРАВИ ХАНГОМИ ДОХИЛШАВИ БА АСПИРАНТУРА БАХОИ 2 ГИРИФТА БА ОНЧО ДОХИЛ ШУДА НАТАВОНИСТА БУД!ХА-ХА-ХУ!ШУКРОНАИ ИСТИКЛОЛИЯТ НИЗ ДАР ХАМИН АСТ.ХАМ ТЕЗ АПИРАНТ МЕШАЙ-ХАМ ДОКТОРАНТУ ХАМ ЧЛЕН КОРУ БАЪД АКАДЕМИК-ХА-ХА-ХУ!

58
Бехтараш у тахлил мекард ки чаро занону духтарони точик ки солхои пеш хатто аз хонааш як кадам дур намерафт имруз дар пахнои руссияву дашти кипчок чи мекунанд а?

Абдуллох,
Ман ба хамон дод ситони гуфтани хастам ки ,ту дахолат накун чизероки , Аллох, ба мо амр карда аст. Анушервони Одил,

Муҳаммад
Салом. Зан ба мисли духи (атр) мемонад ки агар даҳони он боз бошад тамоми атр дар ҳаво бухор мешавад ва гем мешавад. Агар занон ҳам либосе бипушанд ки бадани онҳо пушида бошад худро ҳифз кардаанд. Чи маъни дорад ки мо аз либосҳое истифода кунем ки қувваи ҷинсии ҷавонони моро бедор кунад ва онҳоро ба тарабхонаҳо ва диско клубҳо бикашонад. ВА боиси сар задани ҳар навъ ҷиноят шавад.

Кавми бегайрат чи донад кимати номусро!?

кулябец
Либоси милли ё араби пушидани занонро конун муайян намекунад . Хар як шахс худаш интихоб мекунад, ки чи намуд либос пушад! Агар ба суди чахони мурочиат кунем гуфтахои ин амалдорон мукобили сарконуни Точикистон мебарояд . Хозир асри 21 мункин дар телевизион ягон фильми олмони тамошо карда ба либоси он актёрт монанд либос дузонанд . Ин магар аз руи конун чарима карда мешавад ё ба чавобгари кашида мешавад? Ё либоси араби? Даврони СССР духтарон хеле ботарбия ва боиффат буданд! Хозир чи?

Карим
Агар ҳамин сатрпушакҳо ва бисёр мардон ба заноне, ки аврупоӣ мепушанд (мини юбкаҳоро монед, на ҳама мепушанд) чаққа намешуданд, ба онҳо низ ягон кас намерасид. Мутаассифона, ҳама ҷой аз духтарон ҳамин сатрпуширо талаб карданд.

Дар ҳамин вокунишҳо асосан мардон бла-бла мекунанд.
МАРДОН! Воқеан, нарасед ба либоспушии занон.

Вақте ки мардуми мо ба дараҷаи фаҳмиши дурусти баробарии занон расад, ҳамон вақт чунин талаботи роҳбару прокуророн бас мешавад. Ҳлзир бошад зарур аст. Имрӯз онҳо барои ҳуқуқу озодиҳои заное мубориза мебаранд.
Фаҳмо -

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)