Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи нархҳо, қурбонӣ дар мавлуди президент ва бадномкунӣ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тоҷирони кишвар хост, аз омад-омади Иди Қурбон сӯиистифода накунанду нархҳоро боло набаранд.

Абдулқодирзода, ки имрӯз, 26-уми сентябр зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе мавъиза мекард, болобарии нархҳоро дар арафаи ид, ки ба ҳукми анъана даромадааст, як гуноҳи азим хонд: “Тоҷирон аз ҷашнҳо сӯиистифода мекунанд ва нархҳоро боло мебаранд, ки гуноҳи азим асту азоби дарднок дорад.”

Муфтӣ ҳамчунин бори дигар фатвои Шӯрои уламоро алайҳи "барангехтан" зидди роҳбарон қироат карда, дар шарҳи он Либия ва Қазофиро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ чор ҷавони бехирад, кишварро хароб карданд.

Абдулқодирзода дар идомаи мавъизааш ба рӯзи 5-уми октябр-мавлуди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҷашни забон рост омадани Иди Қурбонро шарҳ дода, илова кард, ки “агар фарз кардем, ки аъзои Шӯрои уламо хато кардаанд, худашон гунаҳкор мешаванд. Мо бояд ҳамагӣ пайравӣ аз уламо кунем.”

Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар Иди Қурбон рӯзи 4-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, Абдулқодирзода гуфт, “дар Тоҷикистон куҳҳои осмонбӯсанд ва моҳи нав дертар дида мешавад. Ба ҳамин хотир Иди Қурбон 5-уми октябр таъин шудааст.”
Мӯҳр
Салом!! Аз кай инсу Куххо сади рохи вакт шудаанд, ки мо идро 1 руз дер чашн мегирем. Дар базе мавридхо барвакт чашн гирифтани Идро чи гуна шарх медода бошанд?

абду
бовар кунед хар сол КИРГИЗ НАМОЗИ ИДА ХОНДА БА МО МЕХАНДАД ТАМОМИ ДУНЁ ДАР ЯКРУЗ ИД ТОЧИКХО ФАРДОЯШ МУФТИ ТУ КАЙБА МОХА МЕБИНИ МОЯ ШАРМАНДА КАРДИКУ

Бандаи Худо
Ин муфти имруз аз хадису куръон харф мезанад, фардо аз куху обу хок. Ачиб аст.

Ассалому алайкум! Озодагон ин бор хам суханони маро тахрир карда аз хама чойхои мухимашро кайчи мекуни?!
Дар мавриди рузхо Ид Точикистон хамешв мушкили дорад, ин бори аввал нест! Аммо солхои гузашта мардум гумон мекарданд, ки ин ихтилофхо сахван неву балки асоси илми доранд, лекин имсол барало муайн гардид, ки хамаи ин ихтилофхо аз хатогии тудаи бесавод аст! Бале, бародарони мо дуруст кайд карданд, агар ин ихтилофхо аз сабаби чойгиршавии чугрофи ва як руз дертар намоён гардидани мохтоб дар Точикистон бошад, пас шурои уламо дар огози мохи шарифи Рамазон чигуна тавонистанд, ки мохтобро як руз барвактар бубинанд??? Баъдан, мо дар кураи Осиё чойгирем ва фарки вакт миёни Точикистону маркази исломии Чахон Арабистони Сауди хамаги якчанд соат аст. Магар Точикистон аз Арабистони Сауди як руз акиб аст?
Чаро мардуми точик суханони ин тудаи бесаводро кабул доранд? Чаро дар рузи асоси иди Курбонро чашн намегиранд?! Муфтии "хирадманди мо" бо ин кораш бори дигар исбот намуд, ки дини Худо ва минбари расули акрам салаллоху ъалайхи ва саламро ба бози гирифтааст ва ба чуз масхарабози кудрати кореро надорад. Боз барои дифои худ ва хамдастони худ мегуяд, агар шурои уламо хато кардаанд, пас онхо гунахкор мешаванд ва аз мардуми одди хтанхо пайрави аст! мебахшед "чаноби муфти" мо бояд чи кадари дигар ин хатохову иштибоххои шуморо тахамул намоем?
Хеле аламовар аст, чойи шармандагист..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)