Бахшҳо

Подшоҳ не, Президент: Аз қавли Абуҳанифа дурӯғ нагӯед!

Далер ШАРИФОВ

Хеле вақт аст, дар расонаҳову минбарҳои масҷид бештар аз эҳтиром ва шукргузорӣ ба подшоҳ ё роҳбари давлат, манзур президент гуфта мешавад. Ҷумлаҳои “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст”, “ Бадгӯӣ дар ҳаққи сардори давлат ғазаби парвардигорро меорад”, “Ҳамеша бояд аз сардори давлат шукр гуфт” ва монанди инҳо аз забони руҳониёни саршинос, муфтӣ ва имом-хатибони масҷидҳо бештар садо медиҳад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ин гуфтаҳоро асоси динӣ бидиҳанд ва ҳатто аз роҳбари мазҳаби ҳанафиён - Имом Абуҳанифа (раҳмати Худо бар ӯ бод) далел ҳам меоранд. Ба ин маънӣ, ки “пешвои мазҳаби мо - Имоми Аъзам шогирди худ Абуюсуфро насиҳаткунон мегӯяд, “подшоҳро эҳтиром намо ва манзалаташро гиромӣ дор”.

Аввалан, ин уламои муҳтарам ва имом-хатибони донишманд бояд бидонанд, ки Имом Абуҳанифа дар низоми хилофат, ки онҷо тамоми қонуни шариат иҷро мешуд, зиндагӣ ва умр ба сар бурдааст. Он ҷо ҳеч мухолифате бо ҳиҷоб, таълими Қуръон набуд ва ҷавонони то сини ҳаждаҳ низ дар масҷидравӣ мушкил надоштанд. Даъват барои худдории занон дар намозҳои ҷамоат ҳам аз забони ҳеч руҳонӣ садо намедод. Гузашта аз ин, тамоми дастуроти илоҳӣ тибқи қонуни шариат амалӣ мегашт. Он ки ин амалишавиҳо хуб буданд ё бад, мавзӯи баҳси дигар аст.

Дуввум, Абуҳанифа (раҳмати Худо бар ӯ бод) итоат аз подшоҳи одил, подшоҳи мувофиқ бо дастуроти Қуръону суннатро воҷиб медонанд.

Саввум, эътирози мардум ва гуфтани камбудиҳо ҳатто дар замони хулафои рошид - Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ (Худо аз онҳо розӣ бод) магар набуд? Чӣ касоне аз онҳо ҳукуматдорӣ ва адолати олӣ доштанд, ки мардум меомаданд ва ҳарфашонро дар баробари онҳо мегуфтанд. Дунё то ба ҳол чунин роҳбарони одилу хоксорро надидааст. Ё он вақт масъалаи “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст” матраҳ набуд? Агар итоат аз подшоҳ воҷиб буд, пас чаро Имом Абуҳанифа амри халифаро дар баробари мансаби муфтигӣ қабул накард ё имоми муҳтарам ба суханони худаш амал намекард?

Абуҳанифа ба Қуръону суннат ва ҳарфи худаш пойбанд буд ва амал мекард, аз ин рӯ вақте ботилро дид аз ҳақ дифоъ кард.

Чаҳорум, шояд аксари мулло ё руҳониёни саршинос надонанд, ки кишвари моро на подшоҳ, балки Президент идора мекунад. Истифодаи калимаи подшоҳ ё пешво ё ҳар вожаи дигар дар баробари Президент ё сардори давлат хилофи қонун буда, ин амал ба сохти конститутсионӣ ва низоми давлатдории мо латма мезанад ва он ҷиноят маҳсуб мешавад. Ман аз ин гуна уламо даъват мекунам, агар барои хондану дуруст фаҳмидани андеша ва афкори Имом Абуҳанифа ранҷ мекашед ва товони онро надоред, ҳадди ақал муқаррароти қонуни асосии кишварро риоя намоед. Агар мафҳуми оятҳои Қуръон ё аҳодиси паёмбар бароятон душворие пеш меоварад, ҳамчун як шаҳрванд хоҳиш дорам, боби чаҳоруми КОНСТИТУТСИЯ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНро мутолиа кунед, ки “ПРЕЗИДЕНТ” ном дорад. Ман аз онҳое, ки кафили ин муқаддасоти миллӣ мебошанд хоҳиш дорам, сари ин бебандубориро бигиранд. Ва иҷоза надиҳанд, КОНСТИТУТСИЯ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН танҳо як коғаз бошад!


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Яъкуб.Душанбешахр.
Ифтихор бояд дошта бошем чунин чавонхо дорем .Гарчанде ин Хукуматдорон танхо чавонони мадху санохонро факат тавсифу таъриф мекунанд.Инсони окил бояд аз чунин чавонхои нотарсу часур ифтихор дошта бошад!!

Майкл Муссо
Ассалому алайкум ва ... Хушо ба холи ин дусти мо, ки ин мавзуъро мавриди бахс карор дод ва мукаррам ва он "ашкиро" насихат кард. Вале дилам ба як чиз месузад-Охир Чаро Мукаррам ва Хусайн ба хама чиз далел аз Куръони мачид меоранд. Ё магар аз газаби Худо наметарсанд? Мукарраму Хусайн дар консертхо нишаста чиро тамошо мекунанд? Кадом раиси вилоят ва шахр дар сафи пеши намоз менишинад панч вакт?
Ман ин Мукаррамро пеш аз муфти шуданаш аз телевизионхо баромадашро тамошо мекардам ва гумон мекардам шахси хуб бошад,чун симои хуб низ дошт, аммо алъон симоаш низ бад шудааст! Аз Худо тарсед-Мукаррам ва Хусайн!!!!!!!!!!!!!!

тарафдор
Офарин Далер Худо мададгорат бошад.

Хуб аст, ки чавонони мо чунин масъалагузори мекунанд. Вокеан хам, ба фалсафаи нави давлатдории точикон, ки дар Сарконун мустахкам шудааст, мафхуми "подшох" бегона аст. Шояд, ин чо манфиатхои гуруххои алохида бошад, ки бо рохи гумрох намудани мардум максадхои муайяни худро амали мекунанд. Лекин чунин гузориши масъала маънои онро надорад, ки мо нисбати президент беэхтиром бошем. Новобаста аз он ки ба ин мансаб ки интихоб шудааст, президент рамзи давлат ва вахдати милли мебошад ва аз ин ру эхтиром ба ин мансабдори оли барои хар як шахрванди Точикистон амри вочиб аст. Агар ин коида дар маърифати сиёсии мардум чой нашавад, пас, мо аз ухдаи давлатдлории нахохем баромад...

Хуршед
Ба призидент ва конун итоат накарданро исломихои ифроти, аз чумла салафихо таблиг мекунанд. Худо накрда агар онхо дар Точикстон зиёд шаванд мардуми точика бадбахт месозанд, мисле ки чангиёни Давлати исломи Ирокро ба хун огушта кардаанд. Дин барои онхо як василаи таблигот аст, хадафи аслии онхо хокимият ва катлу горат аст. Чомеаи мадани набояд нисбат ба ин падидахо бетараф бошад.

Tohir
Hoy dalerjon, Mard bowi ina guy kay oxiron dafa Quroni Azimuwanro ba dast girifta xondi? Oyo har ruz vayo hafta mexoni yoki vaqte ki balo dar sad baad xudojuyu Rasuldustdor mewavi? yak kitobi Quronu Hadisro kuwo, mafhumi ululamr chi budanawa medoni?
Zamone hast ki hamajoro fitnavu warru baloi zan saropech karda giriftaastu kam nafarest ki orzuhovu murodhoi nafsawro hokimast, boz ya fitnai digar zada baroyad. hamon namerasid ki yake uzvi Famine ba masjid uryon kunad, Vaqtaw rasad zan ham ba masjid biyoyad vale chawmi zamona xunrez ast.
Buzurgoni Ahli sunnavaljamoat ba namozi Hajjoju digar Umavii fosiqwuda iqtido kardand. AbuHanifa az bimi ba nafare noadolatona hukm kardan, yane tarsi ruzi qiyomat na inki kayfii, ba amri Amir guw naandoxt.
Bad kadom to 18 solaro dar masjid raftan man kardayand? ina biyo profsayuz masjidi salafiho, bin chand nafari az 18 poyon hast. Qonun nodurust ast, vale ki onro amal mekunad? Ozodagon iltimos nawr namoyed, Umedvoram ba savoli dar bolo pursida javob xohand dod?

Рафиқ
Далер мошоаллоҳ...ман ин нафаро хуб мешиносам он дар мактаби ҳанафигии асил тарбия ёфтааст....шояд кам касе огоаҳ бошад далер яке аз донандаҳои хуби ақида ва фиқҳи мазҳаби ҳанафи аст....далер инро ошокоро ба мардум расон чи пинҳон медори то мардум донанд, ки чиқадар дар доираи ин мазҳаб таълим гирифтаи...галстука як метр баста гаштаи инҳо фикр кардаанд, ки ту шариата чен онҳо мефаҳми...далер хоҳиш ба ин мардум ки салафи палафи доранд инро фаҳмон...боқи бояд зери доршам гапи ҳақро гуфт мисли соҳиӣи мазҳаб Имом Абуҳанифа

Хакикатчу
Рахмат бар падару модарат бародари азиз Далер Худо илмата дучанд зиёд кунад гуфти шоир, ки Ту, ки медониву нагуфти,
Бо мусулмониат чи мегуфти. Худо нигахбонат

Ахсант бародар Худованд химатата аз ин хам зиед гардона(омин) Ана акидаву фатво барои пайравони Абу Ханифа?

Рахмат бародар. коратро давом дех! Шер шав!

шохид
ОФАРИН, БОРАКАЛЛОХ ДАЛЕРЧОН

musalmon
Sarvari dar dini mo hkidmatgarist.....

сухани хуб фикр мекунам монанди ман вазифаи хуб надори ва гарна тухам чун дигарон барои таъриф ва тавсифи чаноб чизе аз бузургон далил пеш мекарди......

Аз Шумо хеле миннатдорем, Далерчон. Муваффакият хамеша ератон бод.

ПРЕЗИДЕНТ
бА ДУРАНДЕШ. ЯК ҚИСМ ОДАМОН ДАР ҲАР МАҚОМУ МАНСАБЕ БОШАНД ДОИМИ ҲАРФИ ҲАҚРО МЕГУЯНД...МИСЛИ ДАЛЕР ВА ДАЛЕР МОНАНДҲО ...ИН БОРҲО ИСБОТ ШУДААСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)