Бахшҳо

Интиқоди Садриддин аз “Озодагон”: Зуртон ҳофизода мерасад? (ВИДЕО)

Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари попи тоҷик аз охирин барномаи “Weekend”-и “Озодагон”, ки дар мавриди клипҳо суҳбат мекард, интиқод кардааст.

Дар навиштае, ки аз номи ин овозхон ба Фейсбуки расмии хабаргузорӣ омадааст, кормандони “Озодагон” дар “тарсончакӣ” муттаҳам мешаванд. “Зуртон ҳофизода мерасад. Канӣ проблеммаҳои ҷомеаро бардоред. Худатонро хабарнигор мегиред, тарсончакҳо, аз Орзу ибрат гиред”,-омадааст аз Фейсбуки Садриддин. Бештари огаҳони шоу бизнес тасдиқ карданд, ки ин саҳифаи худи Садриддини Наҷмиддин аст.

Дар посух ба як номаи хабаргузорӣ, Садриддин дубора навишт, "баробари камбудиҳои клипҳо пирӯзияшро ҳам гӯед. Шумо худатон ба худатон савол диҳед, ки барои пешрафти ҷомеа ва номи тоҷик чӣ саҳм ё хидмат кардаед?" Ба дунбол, хабаргузорӣ аз ӯ дархост кард, дар мавриди силсиласафарҳои ҳунарияш ба Австралия, ки қарор аст моҳҳои декабр ва январ сурат пазирад, барои нашри як хабар маълумоти бештар ироа кунад. Аммо бо гузашти панҷ рӯз ҳеч ҷавобе нагирифтааст.

Мавзӯи “Викенд”-и ахир клипсозӣ дар Тоҷикистон буд ва онҷо аслан клипсозон мавриди назар буданд, на сарояндаҳо. Дар ин барнома аз ду клипи Садриддини Наҷмиддин ҳам мисол зада шуд.

Барномаро инҷо бубинед. Интизори назари Шумо ҳам ҳастем.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шумо халки бемаданияту бефарханг!!! Гапои савсата назане!!! Аз бемаданияту бефархангии хар яки шумо халки точика дар гариб хурмату эхтиромаш намондестай!!!

исок
хами хофизои навбаромад ки як суруда дар студия хаштод бор руйгардон бо як азоб запис мекунанд намешавад дар радио ва телевизион намонаншон аз хамино безор шудем

золи зар
ОЗОДАГОНУ ИСЛОМИХО АЗ ШАБНАМУ ФАРЗОНА БА САДРДИН ЧАСПИДЕД ИНАШАМ ПУЛХОИ АЗ ШАЙХОИ АРАБ ГИРИФТАТОНА ТИЕД ХИЧОБ ПУШАД . БА МЕНТАЛИТЕТИ ШУМО ДУРУСТ НАОЯД ТАМОШО НАКУНЕД озодагон инхоша чоп накунед худо намебахшад @

Қозӣ
ahmad,
Сарояндагӣ худ ба таърифа нест, боз куҷо ту худата таъриф карда, аз сухани ҳақ меранҷӣ.

Sadriddin shakhsi infirodist!!!!
Hunarash,sanatash biznesi yo in,ki kori ust!!!
Sadriddin az kisai Shomoyoni LAKIYON klip nakardaast,baroi hamin yagon kasi Shumo hak nadored gap zanen!!!
Marhamat sponsori klipoyash shaved bad konunhoi hudatonro jori kuned!!!
Baroi hamin hama kori hudashro kunad!!!!
Tamom!!!!!!!!!!!

шахрванд
Фикр кардам, ки домулло Садриддин чанд кишварро гашта чахонбиниш васетар шудаасту хангоми сухан гуфтан аз дипломатия кор мегирад. Каме эхтиромашам мекардам. Лекин бародар ягон журналист ба ту нагуфтааст, ки овозхониро аз Хайриддини Бозор (шурикча) ёд гир. Орзу хам ба андозае, ки Шуирикча санъати овозхони дорад хамонкадар хунари журналисти дорад. Ман намехохам касеро тахкир кунам аммо то Орзу ва баъди у журналистони хирфаи ва босавод зиёд буданду хастан. Аз он, ки бо эхсосот дониставу нодониста харф мегуяд ин маънои босавод будани уро нишон намедихад. вагарна Шурикчахам хар руз туй дорад ба мисли ту лекин то имруз ман миёни хунархои Шумо тафовут медидам, ки нодуруст будааст. Афсус ,,,,,,,,
Бемаданият,

мансур
и точики мо кучо як одами камтар хуба дид баъд танкидш мекна ва ирузо да дуруни и давлат чумчикоро кардаистодаанд яташ як даха гап намезана ва димш мо факат ба корои майдачайда сарукор мегирем и ай руи бесаводи мешава


Махмуд
ahmad,
То он замоне, ки чунин овозхонҳо клипу Мугамбо кино мегирад, фикри номуси миллӣ накунед. Агар инҳо намояндаи миллати мо мешуданд, бояд дар Ватан клипҳо сабт карда, Тоҷикистонро ба олам муаррифӣ мекарданд. Лекин афсӯс, инҳо зархаридҳое ҳастанд, ки бо пули хоҷагони дигар дар берун рафта клип мегиранду онро ба тоҷикон таҳмил медиҳанд. Вақте гап аз клипҳои ватанӣ рафт, тапаку похсадевору.... ро нишон медиҳанд, ки мана мо. Онҳое мегуянд, ки ба сабти ҳар гуна клип овозхонҳо ҳақ доранд, НОМАЪҚУЛ КАРДЕД. Нафаре, ки суханаш ва ҳунараш ақаллан ду мухлис дорад, барои пайравию ҳаводории онҳо масъул аст. Афсӯс, ки бемории ситорагӣ мисли саратон бедаво аст ва ин "ситораҳо" он қадар худро боло гирифтаанд, ки дигар одамонро донаи тарбуз мебинанд.

Иносфан бояд гуфт, ки ин барномаи тахлилилии хубест, ки мавзуи матрахро хуб арзёби кардааст. Офарин. Садриддин бехуда хафа шудааст. Ин барнома ба фоидаи хамаи хаводорони хунари волои точикист. Бовар кунед, агар чунин назару ибрози акида набошад, пешрафт намешавад. Харгиз. Ташаккур ба муаллифи барнома. Кандта бизан!

FARA
Ин чи забон аст, барои ман шахсан ин "артист" он кадар шиносо нест, ба замми ин суханронии у он кадар кучаги ва омиёна аст, ки гаши касро меорад . Худ бубинед: зуртон хофизода мераса - ин чи забон аст ва ин чи сухан, ки ба таъбире як хофизи гуё шинохта ба забон меорад - зуртон хофизода мераса - ин точики нест, ин таъсири забони паштунии афгонистон аст. На точикисит ва на форсист. Забонро биёмузед бародари азиз, айб аст чунин харф задан барои шумо, айб.

Аз руи назари равони хама харакатхо, суратхо, суруд ва мусика маънои худро дорад, ки на хама сарфахм мераванд; масалан, занчир маънои монеъахои зиед дар рохи ба максад расидан аст,газета мухаббати гузашта ва хабару овозаи зиед, кохи хушк ишки пинхони дар огил... Хуб мешуд аз мо муттахасисон маслихати равонию мантики мегирифтанд ва нохинчор дар пеши одамони боакл намемонданд, чунки клипхоро одамони бофахми Дуне хам нигох мекунанд.
ahmad,

Бисер мушохидаи ачоиб, бе ханда тамошо карда намешавад. Мутассифона, хунархои зебо хам ба шароити иктисоди бехтар ниез доранд. Бинобар ин сахнахо такрор мешаванд, баъзехо ки маблаги бехтар доштанд дар сохили бахру шахрхои хорича клип месозанд, аммо на хама овозхонхо ин шароитро доранд. Вакте ки пул буд, он гах илму хунар хам боло меравад, андешахои рангоранг хам пайдо мешаванд, мардум нозукбину нозуксанч мешаванд. Иншолох дар оянда иктисоди ватани азизамон болотар равад.

Хаким
Озодагон кори дуруст кардан. Хамин клипхое, ки хофизхо баровардан аз худашон пурсед чи мани дорад хамин клипхояшон?? Ба фикри ман хеч мании надорад.

ар
FARA,

Кадом хофизи хозираи точик, аз чумла Садриддин, савод дорад? Савод ки нест, хунарашон хам кучаги аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)