Бахшҳо
10 окт 2014 12:12Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Баҳси Иззат Амон ва Умаралӣ Қувватов барои “Ниссан Тиана”

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ва Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”, ки худро аз мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, барои як мошини "Ниссан тиана" баҳс доранд.

Иззат Амон бо нашри як баёния дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иддао дорад, ки Қувватов овозаҳо паҳн кардааст, ки “гӯиё барои ман ба ивази 1,5 миллион рубл мошини “Ниссан тиана” харидаасту 70 ҳазор доллар пули нақд додааст. Аммо Худо шоҳид, ки байни ману Умаралӣ ҳарфе аз пулу мол набуд. Ҳар хизмате, ки барои Умаралӣ кардам, аз барои миллат кардаам.”

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия шарҳ додааст, ки ду сол пеш барои кӯмак мошини Қувватовро ба номи худ сабт кардааст, чун қайди Маскавро доштааст. Ӯ дар хитоб ба Қувватов менависад, “мошинеро, ки ба қавли худатон харида, ба ман туҳфа кардед, аз номи ман бароред. Ду сол боз андоз месупорам. Огоҳии охирин. Агар ин дафъа ҳам коре нашуд мошинро ба утилизатсия медиҳам. Ин бор ҷиддӣ мегӯям.”

Иззат Амон гуфтааст, мустақиман наметавонад ин ҳарфҳоро ба Умаралӣ Қувватов расонад, чун Қувватов ӯро аз рӯйхати дӯстонаш дар фейсбук ҳазф кардааст.

Ин таниши ду мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки ду соли пеш баъди фирори Қувватов аз Душанбе ба Маскав онҳо якҷо буданд ва дар ҳамоишҳо аз барномаю иқдоми ҳамдигар тавсиф мекарданд.
Мӯҳр
eee hamin kadar vak-vak- karden yak moshin dodan xalosmi?eee inho gado budiyanku.moshin ham nadoredmi?muhojironba gueton 1 dolari jam karda tiyand boz gurusna namoned xorijba sharmandahoi gado.

Ай чиба мети мошинша? савор шуда гаштан гир, у ай хугда бояй!

одил
Эй шармандахо, сирратонро худатон фош карда истодаед. Иншоолох, ки русиёхи ду дунёед. Маълум мешавад, ки фурухташудаеду, нархи якдигарро муайян кардаед. Хайфи Шумо!

Модари точик
"Хар хизмате барои Умарали кардам, аз барои миллат кардам..." Наход, ки миллати точик факат Умарали бошад?????????777 Миллати точик таърихи чандхазорсола дорад, ки ниёз ба Умараливу Иззат Амон надорад......... Хар нафари солимфикре, ки хизмат барои Ватан мекунад, дар Ватан аст. Фаромуш набояд кард: Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст. Амири бе Ватан зору хакир аст!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

ин озодагон руша сиёх мекунад бо коме сумаш дод даррав ин маколара баровард,мардум аввал умеди калон доштан ва бовариям доштан локин бо пул худфуруши кард худша озодагон, ин макола барало дуруги махс аст.

Точик
Акнун Сари якдигарро хуред шарманбахо

Бародарони азиз иззат амон ин аз тарафи амният хамчун чосуз дохил шуда буд то ки ин тамоми хабархои ин гурухро ба хукуммати точикистон расонад худашро хамчун мухолиф муъарифи кардабуд лекин ин тавр нест у барои паст задани ин гурух аз дасташ чи коре ки биёяд мекунад ин як ду руйя аст ягон сухани ин хакикат надорад инро мард гуфтан хайф аст.. чоп кунед

Модари точик,
Бале бародар дуруст кайд кардед хар нафаре ки барои ватан хизмат кардан мехохад бояд мисли Зайд Саидов дар ватан бошад

ман
проблемаи як мошина хал карда наметонен аз кучо Точикистона идора карда метонен?? шармандахо,,,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)