Бахшҳо

“Рустам Ҳукумов сардори БДА-и Айниро парондааст”

Рустам Ҳукумов, писари калонии Амонуллоҳи Ҳукуматулло, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар маркази ноҳияи Айнӣ сардори Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияро бо таппонча маҷруҳ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Дар ин бора оҷонсии иттилоотии “TojNews” хабар дода, афзудааст, ҳодиса ҳафтаи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ, деҳаи Варзи манор сурат гирифтааст: “Дар наздикии Варзи манор мошини боркаш боис ба маҳкам гардидани як тарафи роҳ мешавад. Худрави Рустами Ҳукумов, ки аз ҷониби шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ҳаракат мекардааст, қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, ба самти муқобил мебарояду роҳро пурра мебандад. Бо пайдо шудани кормандони БДА ронандаи ҷавон худсарӣ карда, талаби нозиронро иҷро намекунад.”

Манбаъ мегӯяд, ба ҷои ҳодиса сардори шӯъбаи БДА ШКД ноҳия Саидҷон Набиев ҳозир шуда, кӯшиш мекунад, ки аломатҳои қайди давлатии мошини ронандаи якравро гирад, вале Рустам Ҳукумов муқобилат нишон дода, бо истифода аз таппонча сӯи сардори БДА се тир холӣ карда, ӯро маҷруҳ месозаду аз ҷойи ҳодиса мегурезад.

Мақомоти ноҳияи Айнӣ гуфтаанд, воқеан Рустам Ҳукумов бо худрави гаронарзиш, ки аломати қайди давлатиаш 1111 хх хх мебошад, боиси хархаша шуда, то дидбонгоҳи навбатии БДА рақамҳои мошинро иваз карда, мехоҳад фирор кунад, аммо кормандони милиса ӯро таъқиб карда, дар нақби Шаҳристон боздошт мекунанд: “Аз ҷониби ШКД-и ноҳия нисбат ба ин ҳодиса санад тартиб дода, ба прокуратураи ноҳия ирсол шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки дар парванда сухан дар бораи тирпаронӣ аз таппончаи пневматикӣ меравад.”

Рустам Ҳукумов соли 2008 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди 3,5 сол ба гуфтаи падараш сафед гардида, соли 2011-ум раҳо гардид.

Расо як сол қабл, 8 ба 9 октябри соли гузашта садамаи маргбори писари дигари Амонуллоҳи Ҳукуматулло - Расули Амонуллои 16-сола, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт вирди забонҳо шуд, ки се кушта бар ҷой гузошт. Дар пайи ин ҳодиса модари ин ноболиғ барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар 120 сомонӣ ҷарима шуд. Баъдан эълон гардид, сари чанбари мошин Расули Амонулло набудааст. Вазири умури дохилӣ ҳам дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ҳафт ташхис нишон дод, Расул дар ин сониҳа даст надорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хакдод
Аз дасти Прокурору суд хеч чиз намеод

Хочи
N.N, Агар Саидҷон бошад, ман ӯро мешиносам. Бачаи нотарс ва ҳақгӯй аст. Вай аз Хукум наметарсад! Ба ришвагири хам майл надорад. Як бор маро бо чанд нарушени дошта, бо огоҳ кардан сар дода буд(бовар кунед, бепул!) Худо ба вай саломатӣ диҳад!

математик
Абдулло,
Абдулло,
Бродар 3*30= 90с мешава, 50 сомони бген!!!!)))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)