Бахшҳо

Эшони Нуриддин: Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар Тоҷикистон хок нашудааст

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо вафоти Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, шахсияти шинохтаи ҷаҳони Ислом дар Тоҷикистонро рад карда, гуфтааст, мазоре, ки бо номи ӯ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст, асоси таърихӣ надорад.

Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли корбари торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - turajon.org, гуфтааст, “мазоре, ки дар Ховалинг ба номи Увайси Қаранӣ машҳур аст ҳеч асоси таърихӣ надорад”. Ба қавли Эшони Нуриддин, Увайси Қаранӣ аслан ба қаламрави Тоҷикистон пой нагузошта, дар минтақаи маъруф ба номи Сиффини Сурия, наздикии марзи Ироқ ба ҳалокат расидааст ва то ҳол қабри ӯ ба таври дақиқ маълум нест.

“Увайс замони хилофати Ҳазрати Умар аз Яман ба Мадинаи мунаввара омад ва Ҳазрати Умар бо ӯ мулоқот кард ва аз ӯ талаби истиғфор хост. Баъд аз ин аз Мадинаи Мунаввара ба Куфа (шаҳре дар Ироқ) омад. Ривояти Муслим. Дар замони хилофати Ҳазрати Алӣ аз тарафдорони эшон буданд ва дар ҷанги Сиффин дар соли 37 ҳиҷрӣ ба шаҳодат расиданд, ҳамчуноне, ки ин гуфтаҳо дар кутуби таърих мисли Сияру аъломиннубалои Имом Заҳабӣ омадааст”- афзудааст ин руҳонии тоҷик.

Увайси Қаранӣ ба қавли Эшони Нуриддин “яке аз авлиёуллоҳ ва бандагони солиҳи Худо” буда, замони паёмбарии Муҳаммад (с)-ро дарёфт кардааст, аммо “аз сабаби бемории модараш” бо паёмбар мулоқот накардааст: “Паёмбари акрам (с) саҳобаҳоро амр карданд, вақте Увайсро диданд аз ӯ талаб кунанд, то баряшон аз Худо талаби истиғфор кунад”.

Ҳоло дар Тоҷикистон, дақиқтараш дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мазоре ба ӯ рабт дода мешавад, ки ҳамасола аз дохилу хориҷ то 20 ҳазор зоир ба зиёрати он меоянд. Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар доираи як сафари расмии худ аз ин макон боздид карда буд.
Мӯҳр
Ба ҷое зиёрати мазорҳо панҷ вақт намозро адо кунед, дуруғ нагуед, ғайбат накунед ба бандагони Хyдоро хидмат кунед беҳтар хоҳад бyд.

мувахид
Офарин бобои эшони Нуриддинчон хакикат талх АСТ вале ин мардуми содаи мазорпараст хакикатро фахмидан намехоханд Худованд хамаи моро барохи рост хидоят кунад ОМИН!

Мурод
Салом ба имоми Аьзам авало ки ту номи хута мон чаро аз номи бузургон харфа мезани ту тарсончае душмани бо уламохо ин худ амали бад хаст ту хута хурмат ку

Абумуслим
Чавоб дихд охир ин калимаи Карани о калимаи туркист агар ба точики тарчума кунем кара бин мешад агар карани гуем дидбонгох бин мешадПас маълум кунед ки Уайси каравни кист муфассал дар борааш китоб нависед Як боевик дар джурохагии Нохияхои Хамадони ва Восеъ барои падараш макьара бунед кардааст дар робита ба ин як кас гуфт ки пас аз сад сол мегуянд ки дар ин чо бутзргворе дафн карда шудааст ва хама онро зиерат мекунанд

Эшони Нуриддин дуруст фармудаанд
Пиромуни ин мазор инчониб маколаи муфассале дар мачаллаи "Мероси ниёгон" ба забони руси ва дар мачаллаи "Фарханг" бо забони точики бар мабнои 7 сарчашмаи таърихи навиштам. Ин мазор хеч рабте ба Увайси Карани надорад
Бо такя ба ахбори боэътимоди сарчашмахои таърихи хулоса мешавад, ки баъди дар чанги Сиффин, ки дар мохи сафари соли 37 х.к. ки баробар ба июл-августи 657 мелодист, байни Али ва Муъовия набардхо ба вукўъ пайваст ва Увайс аз чониби Али чангид ва кушта шуд. Бинобар ин мазори Увайси Карани берун аз билоди араб буда наметавонист ва тибки иттилоъи Ибни Батута мушаххасан дар Димишк будааст.
Бояд зикр кард, ки сарзамини Хутталон баъди муборизоти шадид дар соли 119 хк./737 аз чониби Асад ибни Абдуллох – воли ва сарлашкари араб дар Хуросон фатх шуд, яъне баъд аз 80 соли кушта шудани Увайси Карани дар Сиффин дини ислом дар Хатлон мунташир ёфт.
Пас ин мазори султон Увайси вокеъ дар нохияи Ховалинг буда марбути кадомин касест?
Дар сарчашмаіои таърихи аз Увайс мирзо, ки аз сулолаи темури буд ва дар манотики Хисори Шодмон, Хутталон ва Бадахшон то солхои бистуми асри шонздах хукумат кардааст, зикре рафта. Дар манобеъи таърихи ў бо номи султон Увайс мирзо, Хонмирзо, Вайсхон («Хабибу-с-сияр»), Мирзохон («Таърихи Рашиди») зикр ёфтааст. Увайс писари Махмуд мирзои темури буд, ки ба хангоми ба тахти салтанати Самарканд нишастани падараш, яъне Махмуд мирзо (аз июли соли 1494 то авоили соли 1495), симмати хокими Тошкандро ба дўш дошт. Модари Увайс мирзо – Султоннигор хонум аз духтарони хони мугул -хокими Тошкант - Юнусхон буд.
Бобур мирзо ва Мухаммад Хайдари Дуглот (муаллифи «Таърихи Рашиди») чун Увайс мирзо аз наберагони Юнусхони мугул хастанд, аммо модари Увайс мирзо бо модари Бобур – Кутлугнигор хонум ва модари Мухаммад Хайдари Дуглот – Хубнигор хонум хохарони хамтани набудаанд.
Соли 1501 Бобур хукуматро дар Самарканд ба даст гирифт ва Увайс мирзоро хокими Хисори Шодмон, Хутталон ва Бадахшон таъйин кард. Баъд аз он ки дар соли 913 х.к.. (1507-1508) Хисори Шодмон ва як кисмати Хутталон аз чониби Шайбонихон забт гардид, Увайс мирзо то соли 926 х.к.. (1519-1520), ки маргаш фаро расид, хокими кисмати аъзами Хатлон ва Бадахшон буд. Бадахшон ва кисмати умдаи Хатлон то соли 1584 зери хукумати писари Увайс мирзо – Сулаймоншох ва наберагони ў карор доштанд.
Хулоса, бо такя ба ахбори сарчашмахои таърихи метавон гуфт, ки мазори вокеъбуда дар нохияи Ховалин хеч робитае ба Увайси Карани надорад. Чун ин мазор дар каламраве, ки як замон султон Увайс мирзои темури дар он хукумат кардааст, карор дорад ва шахси мадфун дар мазор хамноми шахсияти таърихии дар ин мантака хукумат карда мебошад, иловатан рутбаи султони дорад, бинобар он натича ин аст, ки бояд ин шабохатхо каробате ва ё робите бо хам дошта бошанд. Барои маълумоти бештар ба маколахои Хамза Камол ручуъ шавад
Доктори улуми таърих
Хамза Камол

kishvar
Увайс ибн Амир аль-Карани (араб. أويس القاراني‎‎; 594, Йемен — 657, Сирия) — йеменский мусульманин, шахид и табиин. Жил во время пророка Мухаммеда, но ни разу не видел его.

Ещё в детстве потерял отца. После знакомства с Али ибн Абу Талибом переехал в Куфу. Ибн Баттута пишет, что Карани умер в Сиффинской битве, сражаясь в рядах Али. Могила Увайса находится в городе Ракка в Сирии.

кулоби
786
Салом мардуми мусулмон.
Ин эшон нест. Як мулло аст.
Ин кабри С.Карани нест холо ки харфаш баромадаст мо хам эътикот ва боварамонро бигем
Ман аз як бузурге шинидам ки маркад ва мазори як дуст як паёмбари Аллох Ч.Ч. аст ма бовар дорам. Касе аз зиёраташ зарар накардааст. Шафоаташам ба хеле аз мардуми точик растдааст. Инхоро ки дидем хакикат аст. Дусти Худо бунанашро шак накунед.
Ин далели таърихи хам ки дакик нес аз навиштахош пайдоаст мега дар атрофи Хатлону бадахшон бд, на ховалинг.
Ононе ки дустони Худоро дуст мешуморанду бар шафоаташ эътикод доранд бар зиёраташон давом медиханд чу дустии дустони Худо вочиб аст ва душмании душманои Худо низ аз эмон аст.

Самардин
какая розница уча ки хаст е нест монед бо хамин бахона мардум аз хонахошон баромад як гушаи хебои диеро тамошо карда аз боду хавои хуши ин мавзеъ лахзае халоват баранд...

Ватандор
Аслан хама медонанд, ки ин бузургони ислом касе дар Точикистон дафн нашудаанд, на Султон Увайси Карайни, на Эмомчафари Содик ва Эмом Хасан Ал Аскари, аммо ихлоси мардумро бояд коста нагардонем.
Бигузор шахсони ихлосманд, саховатпеша ва рохбарони Давлату Хукумат ба ин хотир ин гушахои ноободи кишварро обод созанд, роххоро то ба ин зиёратгоххо таъмир намоянд, Охир ин мавзехо чи кадар зебоянд, саёххонро даъват намоем, ин кори дигар мешуд. Эшони Нуриддин" Америкаро" накушодааст.

Дар ин бузургвор чандин бор будам ва нури ин авлиё худоро дидам ва рухи покашро эхсос намудам. Онро ба хотири дусти Худову паёмбарамон зиёрат намудаам.

Зиёрат ба хотири Худо ибодат аст. Аз ин чо то Маккаву Мадина оромгои паёмбарону Хонаи Худоро зиёрат меравед. Магар мискинон наметавонанд оромгохи хамасру хамзамони Паёмбарамонро зиёрат кунанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)